Абулқосим шеърнависиро аз синни 12-солагӣ оғоз намудааст ва аввалин шеърҳои ӯ зери таъсири ашъори падараш ва маҳфилҳои адабии Кирмоншоҳ эҷод гардида, фарогири мавзуи тасаввуфӣ будаанд. Дар ҳамин давра ба худ Лоҳутӣ1 тахаллус кардааст:
Додӣ Лоҳутиям Xудой лақаб,
Малаке бин ба сурати башарам,-
гуфтааст шоир соли 1902.
Истеъдоди фитрӣ ва шавқу завқи беандоза ба ашъори классикони адабиёти форсу тоҷик Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Шайх Аттору Ҷалолиддини Румӣ ва Саъдиву Ҳофиз ба такмили маҳорати эҷодии Лоҳутӣ мусоидат намуд ва ӯ баъди ба Теҳрон рафта ба ҳаракати инқилобӣ пайвастан ба навиштани шеърҳои иҷтимоӣ шурӯъ намуд. Шеърҳои инқилобии Лоҳутиро, ки аз соли 1906 сар карда дар саҳифаҳои рӯзнома ва маҷаллаҳо дарҷ мегардиданд, ҷавонони равшанфикр дар паҳлуи ашъори инқилобии Адибулмамолики Амирӣ, Маликушшуаро Баҳор, Алиакбари Деҳхудо, Саид Ашрафиддини Гелонӣ мехонданд.
Ашъори давраи машрута
Ашъори давраи машрутаи Лоҳутӣ, ки байни солҳои 1906 –1911 эҷод шудаанд, бештар дар саҳифаҳои рӯзномаҳои «Ҳабл-ул- матин», ки дар Калкуттаи Ҳиндустон чоп мешуд ва «Эрони нав» ба табъ расидаанд. Шеъри «Эй ранҷбари сиёҳтолеъ» (аз 90 мисраъ иборат буда, дар шакли маснавӣ суруда шудааст) собит месозад, ки Лоҳутӣ ба назарияи инқилобҳои Фаронсаву Англия ва Русия ошноӣ доштааст. Шоир кӣ будани ранҷбар ва як умр дар азоб будани ӯро ошкор сохта, ягона роҳи аз ин варта раҳоӣ ёфтани ин табақаро дар иттиҳод ва талош варзидан баҳри соҳиб шудан ба ҳукумат медонад:
Ҳар вақт ҳукумат аз шумо шуд,
Дарди ту, яқин бидон, даво шуд.
Дар шеърҳои «Фарёди миллат» (1909), «Маънии одам» (1910), «Эй хуш он рӯзе, ки дунёро даруни хун бубинам» (1912) назари Лоҳутӣ ба сохти ҳамонвақтаи Эрон боз ҳам амиқтар ифода ёфтааст. Бахусус, ғазали машҳури «Ё ҳар ду» дар масъалаи фош сохтани ниятҳои манфиатҷӯёнаву зараровари вакилону вазирони давр, ки ба ҷомеаи Эрон хиёнат кардаанд, ҷолиб мебошад. Ғазали «Ё ҳар ду», ки аз ёздаҳ байт иборат аст, сар то по ифодагари ғазаб ва нафрати миллати Эрон ба ҳукуматдорон мебошад:
Ватанро фитнаи маснаднишинон дод бар душман,
Ва ё ин мардуми бедониши бозор, ё ҳар ду.
Бинои зулму истибдоди синфи муфтхӯр вайрон,
Зи чаккуш мешавад ё доси ҷавҳардор, ё ҳар ду.
Дар дигар шеърҳои давраи машрутаи Лоҳутӣ низ мавзуъҳои ватандӯстӣ ва озодихоҳӣ мавқеи муҳим доранд. Умуман, шеърҳои давраи машрутаи Лоҳутӣ аз лиҳози мавзуъ ва мундариҷа давоми якдигар буда, яке дигареро тақвият медиҳад.
Ашъори солҳои 1914–1921 эҷодкардаи Лоҳутӣ аз ҷиҳати жанру услуби нигориш инкишоф ёфта, ҷаҳонбинӣ ва ақидаҳои сиёсӣ– иҷтимоии шоирро боз ҳам амиқтар ифода мекунанд. Дар ғазали «Шарқ», ки дар Бағдод эҷод гардидааст, мавзуъҳои инқилоб ва танқиди сиёсати мустамликадорӣ ба ҳам омадаанд. Қаҳрамони лирикӣ дар шахсияти шоир тайёр аст, ки дар роҳи саодати Ватан ҷонашро дареғ надорад:
Лоҳутиё! Чу аз ҳама ҷо ранҷбартар аст,
Бояд ки зудтар бидиҳӣ ҷон барои Шарқ.
Дар байни шеърҳое, ки солҳои 1914–1917 таълиф ёфтаанд, маснавии «Шамъу парвона», ки ба тарзи тамсил навишта шудааст, мавқеи арзанда дорад. Ин шеър аз 60 мисраъ иборат буда, дар асоси муколамаи шамъу парвона сохта шудааст:
Шабе парвонае бо шамъ мегуфт,
Ки: «Эй гардида дардат бо дилам ҷуфт!...»
Ҷавобаш дод шамъи нуктапардоз,
Ки: «Эй нопухта ошиқ, ғофил аз роз!...»
Дар адабиёти асримиёнагӣ парвона рамзи ошиқи содиқ ва шамъ рамзи маъшуқаи асилу покдоман аст. Дар шеъри Лоҳутӣ парвона рамзи ватандорони мубориз ва шамъ рамзи Ватани онҳо мебошад. Шоир ба воситаи суҳбати шамъу парвона таъкид менамояд, ки ватандӯсти ҳақиқӣ ҳамеша аз сӯзу гудози Ватан огоҳ буда, кӯшишу ғайрати хешро сарфи роҳи осудагию оромии Ватан менамояд. Шамъ мегӯяд:
Ту бояд аз шикоят лаб бидӯзӣ,
Агар парвонаӣ, бояд бисӯзӣ.
Маснавии «Шамъу парвона» оғози услуби фардӣ ва диди бадеиву зебоишиносии Лоҳутӣ мебошад. Шеърҳои то ин давра эҷодкардаи шоир бештар дорои хусусияти тарғиботию ташвиқотӣ буданд. Вале дар «Шамъу парвона» ҷойи оҳанги ҳангоматалабонаро як навъ садои ҳазину дилнавоз, ҷойи ҳукму таҳдидҳои урёнро андешаҳои хаёломезу орзупарвар гирифта, ғояи шеър ба воситаи тасвирҳо (шамъу парвона) ва баёни воқеа (суҳбати шамъу парвона) сурат мегирад. Дар ин шеър аввалин бор дар эҷодиёти Лоҳутӣ шамъ ҳамчун тасвири рамзии Ватан ва парвона чун баёнгари қаҳрамони лирикӣ муҳтавои сиёсӣ пайдо мекунад.
Дар ин солҳо дар эҷодиёти Лоҳутӣ дар баробари равияи рамзӣ тасвири публитсистӣ низ мавқеъ дорад, ки ба он шеърҳои «Яке Руму яке Юнон парастад», «Яке аз ранҷи мардум ризқ мехӯрд», «Ба духтари Эрон», «Зоҳид, ин даъвии ту лоиқи изҳор, ки нест» ва як қатор рубоиҳо мансубанд:
Яке Руму яке Юнон парастад,
Яке куфру яке имон парастад...
Яке аз дасти зулми Инглистон
Xалоси мулки Ҳиндустон парастад...
Агар аз кеши[93] Лоҳутӣ бипурсӣ,
Наҷоти фаълаву деҳқон парастад.
Дар байни ашъори солҳои 1914–1921 ашъори истамбулии Лоҳутӣ, ки маҳсули муҳоҷирати маҷбурии ӯ дар Истамбул (1918– 1921) мебошанд, мавқеи намоён доранд. Ашъори истам булии шоир 67 шеърро дар бар карда, қисми кулли онҳо дар шакли ғазал эҷод шудаанд ва фарогири мавзуъҳои Ватан, инқилоб, озодии занон, навсозии маориф ва ғ. мебошанд.
Дар ғазалиёти истамбулӣ ифодаи рамзию маҷозии мақсад мавқеи асосӣ дорад ва тасвирҳои лирикии ошиқонаи адабиёти классикӣ ба баёни мазмунҳои сиёсиву иҷтимоии давр тобеъ карда мешавад. Гул, булбул, хор, сайёд, шамъ, парвона, ёр, ағёр, гургу шубон, мурғ, лона, ошёна, рақиб барин мафҳумҳои бадеӣ дар ғазалиёти истамбулии Лоҳутӣ илова ба маъниҳои аслӣ мазмунҳои таҳтонӣ[94] гирифтаанд. «Ин ашъор, – қайд кардааст шоир, – аксаран бо рамзу киноя гуфта шудаанд. Сабаби ин ҳам возеҳ аст. Агар матлабро ошкор мегуфтам, сензураи[95] ҳарбии Туркия, ки дар зери назорати инглисҳо буд, ашъори зиддиимпериалистии маро ҳаргиз ба матбуот роҳ намедод. Ин аст, ки худамро булбул, ватанро боғи вайрона, Англияро гоҳ зимистони манфур номидаам, ки гулҳои боғро хазон мекунад ва гоҳ сайёди бераҳме хондаам, ки булбули маҷруҳро ба доми худ асир кардааст». Ба чанд мисраи ғазали «Аё сайёд» таваҷҷуҳ намоед:
Аё сайёд, шарме кун, маранҷон нимҷонамро,
Пару болам бикан, аммо масӯзон ошёнамро...
Дар ин кунҷи қафас дур аз гулистон сӯхтам, мурдам,
Xабар кун, эй сабо, аз ҳоли зорам боғбонамро...
Мани бечора он рӯзе ба қатли худ яқин кардам,
Ки дидам тоза бо гург улфате бошад шубонамро.
Чу Лоҳутӣ ба ҷон миннатпазирам то абад онро,
Ки бо ман меҳрубон созад бути номеҳрубонамро.
Калимаву таркибҳои ғазал дар маънои аслӣ низ ҷолиби диққат буда, аз ҳикмати зиндагӣ бархурдор мебошанд. Дар ҳақиқат, муросо кардани чӯпон ба гург боиси қатли рама мегардад ва мурғи дар қафасбуда ниёзманди боғбон аст. Вале маҳз ифодаи маҷозии калимаю таркибҳо бадеият ва образнокии ғазалро таъмин намуда, боиси баёни ҷозибаноку нишонрастари ақидаҳои сиёсиву иҷтимоии шоир гардидаанд.
Ҳамин тариқ, дар Истамбул ашъори сиёсии Лоҳутӣ мавқеъ пайдо намуд. Шоир дар ғазалҳои истамбулиаш аз ҳама латофату назокати сухани бадеӣ истифода намуда, дар адабиёти халқҳои форсизабон ғазали сиёсиро инкишоф дод.
Реклама