МАВЗУЪҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ВА СУЛҲУ ДӮСТӢ

Мавзуи байналхалқӣ

Мавзуи байналхалқӣ таваҷҷуҳи Турсунзодаро ҳанӯз аз солҳои 30-юм ҷалб намуда буд. Агар дар шеъри «Зафари халқ» (1937) сиёсати иртиҷоии фашизм ва муборизаи мардуми Испания бар зидди ин вабои аср мавриди тасвир қарор гирифта бошад, пас дар шеъри «Ба духтари Астурия» (1938) ҷасорати ватанхоҳии Долорес Ибаррури ном духтари испанӣ васф гардидааст.

Фаъолияти ҷаҳонгардии М. Турсунзода боиси дар эҷодиёти адиб беш аз пеш инкишоф ёфтани мавзуи байналхалқӣ гардид. Аввалин сафари Турсунзода ба хориҷи кишвар тирамоҳи соли 1941 ба Эрон рух дода буд. Вале сафари шоир ба Ҳиндустон (1947) ба эҷодиёти ӯ тағйироти ҷиддӣ ворид намуд ва ин таҳаввулоти[128] услубӣ ва бадеиву мундариҷавӣ боиси шуҳрати ҷаҳонии шоир гардид. Аз нахустин шеъри силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» сар карда, тамоми ашъори ба мавзуи байналхалқӣ бахшидаи шоир маънӣ ва ғояи умумиинсонӣ касб карданд. Шоир дар шеъри «Бозгашт», аз ҷумла, гуфтааст:

Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре,

Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре.

Халқи ҳиндуи ситамкашро расон аз мо салом,

Эй суруди ман, агар дорӣ ту ҳам болу паре!

Дар ҳақиқат, ашъори ба сулҳу дӯстӣ ва озодиву истиқлоли халқҳои мазлуми ҷаҳон бахшидаи М. Турсунзода ҳамроҳи муаллифи худ ба масал кабӯтари тезпарвозанд, ки ба воситаи кӯҳҳои Ҳимолой ва Карпат аз баҳрҳои Сиёҳу Миёназамин, аз уқёнусҳои Ором ва Ҳинд гузар карда, то тавонистанд дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон ғояи сулҳро паҳн карданд. Дар ин гуна ашъори шоир калимаҳои сулҳ, озодӣ, дӯстӣ, амонӣ, хушбахтӣ ва бародарӣ бо хатти заррин сабт шудаанд.

Дар шеърҳои минбаъдаи ин силсила чун «Қиссаи Ҳиндустон», «Меҳмони» мағрибӣ», «Рӯди Ганг», «Боғи муаллақ», «Тара-Чандри», «Дар ёди кас», «Қадаҳи ман», «Кулоҳи про фессор Ахвледиани», «Ду роҳ» ҳисси баланди инсондӯстӣ ва бародарию муттафиқии қаҳрамони лирикӣ беш аз пеш инъикос меёбад. Мушоҳидаҳои амиқ, муҳокимарониҳои мантиқӣ шоири воқеънигорро водор мекунад, ки ба тору пуди зиндагии мардум дохил шавад ва решаҳои иҷтимоии қашшоқиву беқадрии меҳнаткашони ин сарзаминро ҷустуҷӯ намояд.

Таваҷҷуҳи шоири инсонпарварро, пеш аз ҳама, гурӯҳи беҳуқуқтарини мардуми Ҳиндустон – кастаи[129] «нафратзадагон», ки ба 60 миллион нафар мерасидааст, ҷалб менамояд. Дар шеъри дуюми силсила – «Қиссаи Ҳиндустон» ҳамин нобаробарии нанговари ҷомеаи инсонӣ мавриди тасвири бадеӣ қарор гирифтааст. Ин шеър бо чунин ҳикояти воқеӣ оғоз меёбад:

Маро рӯзе ҳикоят кард бобо,

Ки бишнав, ҷони бобо, қиссаеро:

«Замоне буд берун аз Самарканд,

Ба чашми кас намоён кулбае чанд.

Дар он манзил, ки дур аз дигарон буд,

Махавҳоро[130] ҷудоӣ як макон буд.

Намеафтод онҳоро гузоре,

На аз ёре, на аз хешу таборе...»

Хуб аст, ки мафҳуми «махав» дар Ватани шоир барҳам хӯрдааст, вале боз аҳволи бади кастаи «нафратзадагони» Ҳиндустон қалби ӯро озурда месозад. Ин эҳсосоти қалбии шоири башардӯст ба воситаи санъати таҷоҳули ориф[131] барҷаста ва ҷолиб ифода ёфтааст:

Магар ин каста авлоди башар нест,

Ки аз ӯ дигаронро ҷуз ҳазар нест?

Магар ин расм як расми қадим аст?

Магар чухра гунаҳкори азим аст?...

Ҳамин тариқ, дар ҳар як шеъри «Қиссаи Ҳиндустон» масъалаи инсони озод, инсони соҳибҳуқуқ, ки дар ҳама ҳолат шарафи инсонии худро муҳофизат карда тавонад, ба миён гузошта шудааст. Дӯстӣ ва ҳамраъйии шоири тоҷик ба мардуми меҳнатқарини ҳинд фаъол аст ва он дар мақтаи шеъри «Рӯди Ганг» чунин садо медиҳад:

Ҳар чӣ бошад, бузургрӯд астӣ,

Ҳиссаи баҳри беҳудуд астӣ.

Рӯдворона зиндагонӣ кун!

Ҷӯш зан,

Ҷӯш зан,

Ҷавонӣ кун!

М. Турсунзода дар дигар асарҳояш, аз ҷумла дар достони «Садои Осиё (1956) ва манзумаи «Хоҳари мубориз, Африқо» (1961) низ ба мавзуи байналхалқӣ муроҷиат намудааст. Ин асарҳо маҳсули сафарҳои пайдарпайи М. Турсунзода ба кишварҳои гуногуни дунё ва фаъолияти бардавоми шоир ба сифати раиси Кумитаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо мебошанд.

Васфи сулҳ

Чунонки аз шеърҳои «Ду дастрӯмол» (1949), «Суруди сулҳ» (1950), «Нону намак» (1962), «Дил барнагашт» (1962), «Дӯстонро гум макун» (1975) маълум мешавад, мавзуи

сулҳу амонӣ ва ҳамраъйӣ яке аз рукнҳои асосии эҷодиёти М. Турсунзода мегардад. Сулҳу амонӣ, дар тасвири шоир, асоси ободии ҳар кишвар ва манбаи хушбахтии инсонҳо мебошад. Бинобар ин, ҳастии он дар ҳама қувваҳои некии табиат эҳсос мешавад. Сулҳ монанди офтоб ё баҳор, ё худ замин азизу шафиқи[132] ҳамагон аст:

Сулҳ дар гул-гул шукуфтанҳои ҷонон кишвар аст,

Дар шуои офтоби толеи баҳру бар аст.

Дар суруди аллаву бедор чашми модарон,

Хоби орому табассумҳои хуррам кӯдакон...

Сулҳро дар чашми бедори модарон ва хоби ороми кӯдакон мушоҳида кардан тасвири тазодии хубест. Дар ҳақиқат, оромиву осудаҳолии кӯдакон натиҷаи заҳмату бедорхобиҳои модарон аст. Пас, сулҳу амонӣ худ аз худ ва ба осонӣ ба даст намеояд. Шоир барои он ки душвории ғалабаи сулҳпарваронро бар ҷангҷӯён нишон диҳад, дар шеъри «Суруди сулҳ» таркибҳои хуни дил ва тапиданҳои рӯзафзуни дилро истифода кардааст:

Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,

Бо тапиданҳои беороми рӯзафзуни дил,

То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон,

Ҷангҷӯёнро кунад шармандаи рӯйи ҷаҳон.

Дӯстӣ – неъмати бебаҳо

Дар ашъори устод Турсунзода мавзуъҳои сулҳу амонӣ ва дӯстиву рафоқат чун гӯшту но хун ба ҳам пайвастанд. Ин маънӣ дар шеъри «Дӯстонро гум макун» сода ва самимӣ таъкид гардидааст:

То тавонӣ, дӯстонро гум макун,

Дӯстони меҳрубонро гум макун.

Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,

Мушкилосонкункасонро гум макун...

Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир,

Расми хуби тоҷиконро гум макун.

Шеъри «Дӯстонро гум макун» аз силсилаи шеърҳои «Дастовез» аст ва ин силсила аз 17 шеър иборат буда, дар моҳҳои июниюли соли 1975 дар бемористони Кунсевои Маскав эҷод гардидааст. Бинобар ин, шеъри мазкур як навъ васияти шоири бемор ба мардуми тоҷик мебошад.

Умуман, шоир дар шеърҳои сулҳхоҳона ва ба дӯстиву рафоқат бахшидааш тавонист, ки ҳам ҳунари нигорандагӣ, ҳам ҷаҳонбиниву мавқеи иҷтимоӣ, ҳам таҷрибаи аз ҷаҳонгардӣ андӯхтаи худро дар либоси сухани бадеӣ ба ҷилва орад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Мавзуи байналхалқӣ дар эҷодиёти шоир кай мавқеъ пайдо намуд?
  2. Кадом асарҳои дар мавзуи хориҷӣ бахшидаи Турсунзодаро медонед?
  3. Дар бораи силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» маълумот диҳед.
  4. Шоирони ҳамсафи М. Турсунзодаро, ки сулҳу дӯстиро тараннум намудаанд, номбар кунед.
  5. Кадом шеърҳои ба сулҳу дӯстӣ бахшидаи шоирро медонед?
  6. Чаро шеъри «Дӯстонро гум макун»-ро васиятномаи шоир мегӯянд?

Реклама