Зиндагинома ва осор
Бозор Собир соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод, дар хонаводаи кишоварз чашм ба олам кушодааст. Падари Бозор Собир аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ барнамегардад.
Бозор маълумоти миёнаро дар шаҳраки Ҳисор гирифта, соли 1962 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба итмом расондааст. Баъди хатми факултети филологияи тоҷик дар рӯзномаи «Маориф ва маданият», маҷаллаи «Садои Шарқ» ва ҳафтаномаи «Адолат» фаъолият намудааст. Соле дар Афғонистон ба сифати мутарҷим кор кардааст. Солҳои 1979 – 1989 мушовири бахши шеъри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Бозор Собир соли 1988 барои маҷмуаи шеърҳои «Бо чамидан, бо чашидан...» сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ гардид. Шоир чанд муддат дар ИМА умр ба сар бурда, дар Донишгоҳи Вашингтон забони тоҷикӣ дарс медод. Соли 2013 ӯ ба Ватан баргашт. Устод Бозор Собир 14-уми майи соли 2018 аз олам даргузашт ва ӯро дар мазори Лучоб ба хок супурданд.
Аввалин шеъри Бозор Собир соли 1958 дар рӯзномаи «Ба қуллаҳои дониш» чоп гардидааст. Нахустин маҷмуаи шоир бо номи «Пайванд» соли 1972 ба табъ расидааст. Баъдҳо маҷмуаҳои «Оташбарг» (1974; 1984 бо алифбои ниёгон), «Гули хор» (1978), «Мижгони шаб» (1981), «Офтобниҳол» (1982), «Бо чамидан, бо чашидан...» (1987), «Чашми сафедор» (1991), «Аз Ватан вақте ки мерафтам» (1998), «Аз «Гули хор» то «Симхор» (2003), «Хуни қалам» (2010) «Лолаи сиёҳ» (2013), «Боғи момаи ангур» (2016) ба нашр расидаанд.
Бозор Собир шеърҳои зиёдеро аз эҷодиёти шоирони шинохтаи ҷаҳонӣ, чун Ҷ. Байрон, С. Есенин, А. Рембо, М. Валеко, П. Неруда, Э. Межелайтис, тарҷума намудааст. Шеърҳои шоир ба забони русӣ ва як қатор забонҳои дигар тарҷума ва чоп шудаанд.
Фаъолияти эҷодӣ
Бозор Собир ҳанӯз аз шеърҳои аввалинаш пайроҳаи хоси эҷодӣ интихоб мекунад ва ба мавзуъҳои гуногун рӯ меорад. Дар шеърҳои «Мо кӯдакон будем», «Кӯдакиям ҳанӯз гирён аст», «Чашм бар ҳошияи сабзи уфуқ», «Кӯдакӣ ку?», «Бачаҳои деҳотӣ» айёми кӯдакии пурҷӯшу хурӯши бачагони деҳот бо тамоми паҳлуҳояш мавриди тасвири бадеӣ қарор гирифтааст. Дар шеъри «Кӯдакиям ҳанӯз гирён аст» ҳаёти нобасомони бачаҳои давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ниҳоят муассир ифода гардидааст:
Бачаҳоям барои ханда маро
Гоҳ-гоҳе ба ноз мепурсанд,
Ки гаҳи кӯдакии хеш магар,
Мегиристам барои ширу шакар?
Шукри тақдирашон, намедонанд,
Дар ҷаҳон гиряест дардовар,
Гиряе баҳри як буридаи нон,
Гиряе, гиряе барои падар,
Ки сари гиряи сағирон аст,
Гиряи гиряҳои инсон аст.
Такрори пайдарпайи калимаи гиря (гиряе, гиряе ё ки гиряи гиряҳо) чи қадар талх ва дардовар будани ҳаёти фарзандони аз падар маҳрумро пеши назар меорад. Дар эҷодиёти шоир тасвири хаёти бачагӣ ба деҳа пайванди ногусастанӣ дорад.
Васфи Ватан
Деҳа барои қаҳрамони лирикӣ азизтарин ва муқаддастарин макон аст:
Ман Ватанро аз қафои пода пайхас кардаам,
Рӯзу шаб бо панҷ ҳисси зотиям[211] ҳис кардаам.
Бо забону чашму гӯшу бо димоғу дасту по,
Бо чамидан,[212] бо шамидан,[213] бо чашидан, бо самоъ...[214]
Мафҳуми Ватан ва муносибати ватандор ба он дар шеъри «Бо чамидан, бо шамидан, бо чашидан...» махсусан ба воситаи санъати бадеии лаффу нашр (дар мисраъҳои банди аввал шарҳ ёфтани панҷ ҳисси зотӣ) возеҳу омӯзанда ифода ёфтааст. Мавзуи Ватан дар ашъори Бозор Собир васеъ ва доманадор мебошад. Он аз кулбаи падарӣ ва деҳи Сӯфиён сар карда, то ноҳияи Файзобод, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳатто тамоми минтақаи форсизабононро фаро мегирад. Аз ин ҷиҳат, «Тоҷикистон», ки дар шакли шеъри озод суруда шуда, аз панҷ банд иборат мебошад, ҷолиб аст. Дар ин шеър Бозор Собир аз камзаминии сарзамини Тоҷикистон маънии амиқи ватанхоҳӣ бардоштааст:
Тоҷикистон, Тоҷикистон!
Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту
Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам,
Пойи худро раҳ ба раҳ афшонда рафтам,
Аз заминат
(Сарзамини камзаминам),
Гарди хоке кам накардам.
Дар бандҳои минбаъда тасвир инкишоф меёбад. Садоқат ва самимияти қаҳрамони лирикӣ ба Тоҷикистон ба дараҷаест, ки ба кам накардани гарде аз хоки Ватан қаноат надорад. Ӯ аз сафар дар чашмаш қатраи об ва дар мижгонаш гард меорад, то бар хоку оби Ватан афзояд:
По ба ҳар хоке ниҳодам,
Гарди хокеро гирифтам дар сари мижгон,
То ба саҳроят фишонам,
Хоки саҳроят шавад як зарра бисёр.
Дар шеъри «Тоҷикистон» баён сода, самимӣ ва мушаххас мебошад. Шоир тасвирро ба воситаи такрори калимаи Тоҷикистон қувват медиҳад. Ба обу хоку санг, ки ҷавҳари сарзамини Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, бандҳои алоҳида мебахшад. Дар ҳар банд чун қатрае дар чашм, гарди хоке дар сари мижгон, даст бурдан бар сари санг таркибҳое оварда мешавад, ки боиси ифоданокии баён мегарданд. Махсусан, Бадахшонро ба модар ва сангҳоро ба тифлони аз банди пистони Бадахшон канда монанд кардани шоир таровати бадеии тасвирро афзун намудааст.
Дар банди хотимавӣ садоқат ва масъулияти ватандории қаҳрамони лирикӣ ҷамъбаст шудааст. Шоир ба воситаи такрор ва мафҳумҳои пуртазоди каму бисёр, озарму озор парастиши берӯю риё ва холисонаи Ватанро талқин мекунад:
Тоҷикистон, Тоҷикистон!
Мекунам шукри каму бисёри ту,
Мекунам шукрона аз озарму[215] аз озори[216] ту.
Аз ту ман сарват намехоҳам,
Ватан ҳастӣ, бас аст,
Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.
Ашъори Бозор Собир дар баробари мавзуъҳои ватану ватандорӣ, табиат, ишқу муҳаббат масъалаҳои таърихӣ, сиёсӣ, фалсафӣ ва пандуахлоқиро низ фаро гирифтаанд. Шоир ба шахсиятҳои маъруфи адабиёту фарҳанги тоҷик, чун Абулқосим Фирдавсӣ, Аҳмади Дониш, С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Ш. Ҳусейнзода, Т. Собиров, М. Шакурӣ, Р. Ҳошим, Ҷ. Одина, шеърҳо бахшидааст.
Шеъри Бозор Собир саросар сӯзу гудоз аст, зеро, чи хеле ки худ мегӯяд, шоирро дарду ғам шоир мекунад:
Гӯянд, ки шеър мояи дарду ғам аст,
Шоир нашавад касе, ки ӯ беалам аст.
Ҳар қатраи вожае, ки дар дафтари мост,
Чун хуни чакида аз димоғи қалам аст.
Реклама