«Писари Ватан»
Калонтарин асари дар мавзуи Ҷанги Бузурги Ватанӣ навиштаи М. Турсунзода «Писари Ватан» мебошад. Мундариҷаи достон дар асоси роҳи ҷангии фарзандони халқи тоҷик ва дӯстиву рафоқати онҳо ба фарзандони халқи украин фароҳам омадааст. Дар ёздаҳ боби достон Қодир, падари ӯ, Саодат, Микола, Марина ва духтур амал мекунанд.
Достон аз панди падари Қодир оғоз мешавад. Симои падар чун шахси ватандӯст, ҳалолкор, таҷрибадида ва соҳиби руҳи қавиву орзую омоли наҷиб намоён мешавад. Вақте ки ҷанги хонумонсӯз оғоз меёбад, пеш аз ҳама, писарашро ба ҳимояи Ватан бармехезонад:
Ту ҳам бо дӯстонат рав ба майдон,
Нишон деҳ қудрати худро, писарҷон!
Далери ман, сазовори падар бош,
Чу шамшери падар соҳибзафар бош!
Мирзо Турсунзода ба воситаи образҳои Қодир ва Микола ҷавонони ватандӯсти Иттиҳоди Шуравиро дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ тасвир намудааст, ки барои онҳо тамоми хоки паҳновари Давлати Шуравӣ азизу муқаддас буд. Маҳз дӯстиву муттафиқии[135] онҳо ғалабаи халқҳои Шуравиро бар Германияи фашистӣ таъмин намуд.
Қодир бо хешу табор ва ёру диёр видоъ карда, ба майдони ҷанг меравад ва дар бешазорҳои Украина ҳангоми набард Миколаро аз марг наҷот дода, ба ӯ аҳди дӯстӣ мебандад. Дар боби VIII фаъолияти ҷангӣ ва муносибату дӯстии Қодиру Микола равшану возеҳ тасвир гардидааст. Микола ҳам мисли Қодир аз хатари ба сари Ватан омада ниҳоят озурда аст ва барои ҳимояи он ҷонро дареғ намедорад:
Ту бингар Украини меҳрубонро,
Рухи зарду дили пурхуни онро.
Ба роҳаш не ҳарос аз тир дорам,
На тарсе аз дами шамшер дорам.
Ба Қодир суханҳои Микола ва нидоҳои пуртаъсиру руҳбахши ёри меҳрубони ӯ – Марина, ки ҳангоми гусели ҷавон садо дода буд, таассуроти бузург мебахшад:
Микола, рав, ҳимоят кун Ватанро,
Ки бе он ту нахоҳӣ ёфт манро.
Агар ту ишқро дорӣ муқаддас,
Агар онро нигаҳ дорӣ зи нокас,
Бирав, нобуд кун яғмогаронро –
Фашистон – душманони молу ҷонро...
Тасвири ҷанг ҳангоми озод кардани деҳаи Микола басо пурқувват ва ҷолиб аст. Қодир «заминро бо сару тани душман пур карда» ва Микола «аспи ҳамчун шер ронда», деҳаи Миколаро озод мекунанд. Онҳо назди қабри Марина, ки аз дасти фашис тон ба хорӣ кушта шуда буд, қасам ёд карда, аз пайи интиқоми куштаю қурбоншудагон мешаванд.
Дар боби Х симои Қодир чун ҷанговари шуҷоъ ва чун ватандори асил боз ҳам равшантар намудор мешавад. Ӯ дар устуворӣ ба кӯҳ монанд шудааст. Қодир ҳангоми озод кардани яке аз деҳаҳо нобино шуда ба беморхона меафтад.
Дар боби Х1 вазъияти Қодир дар беморхона тасвир меёбад. Ӯ аввал афсӯс мехӯрад, ки аз наззораи олами беруна маҳрум гардида, душмани чун дарандаи захмдорро то охир саркӯб накардааст. Вале иродаи қавӣ, дили саршори орзуҳо, ҳунари беҳамтои табиби меҳрубон ва суханҳои тасаллобахши маҳбубааш – Саодат (ба воситаи мактуб) боиси пурра табобат ёфтани Қодир мегардад ва қаҳрамон роҳи ҷангии худро давом медиҳад. Махсусан, аз мактуби ҷавобии Саодат муносибати самимона ва ғамхоронаи ҷавондухтарони тоҷик дар давраи ҷанги Германияи фашистӣ хуб эҳсос мешавад:
Ту даъвои маро исбот кардӣ,
Ба аспат шоҳи душман мот кардӣ.
Машав навмед аз бедида гаштан,
Ки ҷояшро бигирад дидаи ман.
Таркибҳои «ба аспат шоҳи душман мот кардӣ» ва «ҷояшро бигирад дидаи ман» бо маънои маҷозии худ тасвирро хотирмон намудаанд. Тасвирҳои тамсилӣ низ боиси ташаккули хусусияти бадеии асар гардидаанд. Шоир дар боби VI замин, кӯҳ, об, осмон ва офтобро ба сухан дароварда, пайванди ногусастании соҳибватанонро ба Ватан таъкид намудааст:
Ба одам гуфт хоки кишвари бахт,
Ки: «Гар ту дӯст медорӣ маро сахт,
Силоҳи ҷанг бар каф гиру бархез!
Бидон инро фақат тадбиру бархез!»
«Ҳасани аробакаш»
«Ҳасани аробакаш» аз амалиёти қаҳрамони асосӣ оғоз меёбад:
Пӯшт, машкоб!
Бохабар, мардум!
Ба қафоят нигаҳ кун, нонвой!
Ҳой, ҳезумфурӯши варзобӣ,
Хари худро каш аз даруни лой!
Бо чунин дӯғу валвала омад
Ҳасани ошно аробасавор.
Одамонро ба ду тараф ронда,
Мегузашт аз миёнаи бозор.
Дар чор боби достон тақдири таърихии табақаи меҳнатии аҳолӣ дар солҳои 20 – 30 садаи ХХ ба тасвир омадааст. Образи асосӣ – Ҳасан ва образҳои дигари асар чун Садаф, Иван Кузмич, раиси колхоз, Турсунзодаи донишҷӯ, хаткашон, савдогари саройкамарӣ дар ҳалли мавзуъ ва мундариҷаи асар саҳми муносиб доранд.
Ҳасан аробакаш мебошад ва ба аспу аробаи худ муҳаббати бепоён дорад. Ӯ ҳангоми сафарҳои пай дар пай аз манзараҳои табиати диёраш, аз тамошои қаторкӯҳу дарахтони Қаратоғ ва водии Ҳисор нашъаю лаззат мебарад. Ӯ ҷавони боғуруру сарбаланд аст, иззати нафс дорад ва меҳнатро асоси зиндагӣ медонад. Дар боби аввал давраи ҷавонӣ ва ривоҷи фаъолияти аробакашии Ҳасан тасвир ёфтааст. Ҳасани ҷавону камтаҷриба аспи худро нишонаи охирини Рахши Рустам дониста, онро муболиғаомез васф мекунад:
Дорад он дӯст яккаву танҳо
Бол афшонда по ниҳоданро,
Аз сари кӯҳу синаҳои дашт
Паҳлавонвор роҳ гаштанро.
Вале ҷараёни зиндагӣ, тағйироти иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон Ҳасанро водор мекунад, ки аз хислатҳои худписандӣ ва одамгурезӣ даст кашад ва ба ҷамъияти нав бошуурона мувофиқат кунад. Хислатҳои ватандӯстӣ ва озодандешии Ҳасан ҳангоми ӯро барои зиндагӣ дар Афғонистон даъват кардани савдогари саройкамарӣ барҷаста ба назар мерасад:
Ҳасани мо аробаи худро
Аз алам саҳнаи мубориза сохт.
Бойро бо ду даст боло кард,
Бо ҳама қувва бар замин андохт.
Ҳамин тариқ, Ҳасан мувофиқи тағйироти иҷтимоии давр фаъ олият карданро дуруст дарк мекунад ва бо мурури замон аз аспу ароба даст кашида, ронандаи мошин мегардад.
Хислату табиати Ҳасан дар алоқа ба дигар образҳо, махсусан ба образи Садаф боз ҳам равшантар намоён мешавад. Садаф яке аз аввалин духтарҳои тоҷик аст, ки дар солҳои 30 дар муассисаи муаллимтайёркунии Душанбе мехонад ва ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мешавад. Садаф дар асар чун духтари покдоман, бофаросат ва вафодор тасвир ёфтааст. Ӯ ба Ҳасан дил мебандад ва суботкорона барои бахти худ мубориза мебарад. Садаф ошиқи худро аз суханҳои ноҷойи дугонаҳояш муҳофизат мекунад:
Ору номусдор як мардест,
Тамае аз касе надорад он.
Ба умеди Садаф – умеди висол
Ҳеҷ гоҳе нагашт аз паймон.
Образи Иван Кузмичи табиб таҷассумгари масъалаи дӯстии халқҳои тоҷику рус мебошад. Иван Кузмич образи лаҳзавӣ мебошад, вале таҷрибаи зиёд, зиндадилӣ ва ҳазлу шӯхиҳои софдилона мавқеи ӯро дар асар меафзояд. Ҳасан низ маҳз баъди суханҳои ҳикматноки ӯ («додарам, давраи ароба гузашт, қадами сангпушт лозим нест») дар фикри ба мошин иваз намудани ароба меафтад.
Мирзо Турсунзода дар достони «Ҳасани аробакаш» аз анъанаи назми тоҷик ва таҷрибаи назми рус истифода кардааст ва дар мазмуну шакли асар навпардозиҳо зоҳир намудааст. Достон руҳияи аспбозону аробакашони даврро равшан ифода мекунад. Суханҳои ҳикматнок, мақолу зарбулмасалҳои халқӣ ба тору пуди асар дохил шуда, онҳо руҳи забони гуфтугӯйиро қувват додаанд. Шоир дар як банд мазмуни зарбулмасали «Хурӯс дар ҳама ҷо як хел садо медиҳад» ва мақоли «Ба гузашта салавот»-ро чунин ифода кардааст:
Дар ҳама ҷо ба гӯши кас як хел
Мерасад, дӯстам, садои хурӯс.
Фикри ояндаро намо минбаъд,
Ба гузашта махӯр ҳеҷ афсӯс.
Умуман, Турсунзода бо таълифи «Ҳасани аробакаш» дар назми тоҷик шакли нави достони реалистиро ба вуҷуд овард.
Реклама