Саъдӣ, ки худ марди донишманд, бомаърифату ҳунарманд буд, нозукиҳои ин пешаҳоро аз дигарон беҳтару хубтар медонист. Ӯ зинаҳои камолотро ба осонй тай накарда, балки дар тӯли 30 сол донишу ҳунар омӯхт ва пасон имкон пайдо кард, то пасту баландиҳои ин пешаҳоро бидонад, аз худ намояд ва дар «Гулистон» ёд кунад ва ба ояндагон барои омӯзиш пешкаш намояд.
Аз рӯзҳои нахусте, ки шогирд ба мактаб меравад, масъулияти донишомӯзии шогирдро ба омӯзгор ва ба волидайн сахт алоқаманд медонад:
Чу хоҳй, ки номат бимонад ба ҷой,
Писарро хирадмандӣ омӯзу рой.
Хирадманду парҳезгораш бидор,
Агар дӯст дорӣ, ба нозаш мадор.
Биёмӯз фарзандро дастранҷ,
В- агар даст дорӣ чу Қорун ба ганҷ.
Дар шеъри боло Саъдӣ ба волидайн чанд шарт мегузорад. Агар ин шартҳоро ба ҷо оварад, оянда фарзандаш донишманду ҳунарманд хоҳад гашт. Аввал дониш омӯзад, он гоҳ хирадаш сайқал хоҳад ёфт. Дуввум тарбият ёфта бошад, ройи нек, фазилатҳои хуби инсониро қабул бикунад. Аз хисоли бад ори бошад. Сеюм, меҳнат бикунад ва меҳнатдӯст бошад. Калимаи «дастранҷ» ҳамин маъноро дорад. Боз дар охир Саъдӣ таъкид менамояд, ки агар падар соҳиби ганҷи Қорун бошад ҳам, писараш бояд бо меҳнати хеш дастранҷи рӯзгорашро ёбад. Дар ин маврид Саъдӣ аз санъати талмеҳ, яъне ёдовар шудани шахсони асотирӣ ё таърихӣ бамаврид истифода бурдааст. Қорун гӯё як шахси дунёдору сарватманд гузашта будааст, ки калиди хазинаҳои ӯро ҳафт шутур мебардошгааст.
Саъдӣ дар тарбияи шогирд ва илму ҳунаромӯзии ӯ мақоми устод, тарбиятгарро басо арзишманд медонист ва ҳатто «Ҷабри устодро беҳ аз меҳри падар» ҳисоб кардааст.
Шоир боз таъкид кардааст, ки чун илму ҳунар аз устодон омӯхт ва соҳибҳунар гардид, набояд аз омӯзиш даст бикашад ва хешро алломаи замон шуморад, балки пайваста биомӯзад ва аз бузургони давр пурсад, донишашро сайқал диҳад:
Бипурс ҳар чӣ надонӣ, ки зулли пурсидан
Далели роҳи ту бошад ба иззи боноӣ.
Бале, танҳо ба ҳамин роҳ илму ҳунар шахсро дар байни хосу ом соҳибиззат ва соҳибэҳтиром мегардонад. Саъдӣ ҳақиқати воқеиро ба қалам дода, саъю талоши фарзандони мардуми деҳотро аз пайвандони шоҳону вазирон баргузидатар ҳисоб мекунад. Дар ин маврид ҳикоёти муносиберо овардааст:
«Ҳакиме писаронро панд қамедод, ки «Ҷонони падар, ҳунар омӯзед, ки мулку давлати дунё эътимодро нашояд ва симу зар дар сафар бар маҳал хатар аст. Ё дузд ба як бор бибарад, ё хоҷа ба тафориқ бихӯрад. Аммо ҳунар чашмаи зоянда аст ва давлати поянда. Ва агар ҳунарманд аз давлат биафтад, ғам набошад, ки ҳунар дар айни худ давлат аст. Ҳар ҷо, ки равад қадр бинаду бар садр нишинад ва беҳунар луқма чинаду сахтӣ бинад:
Вақте афтод фитнае дар Шом,
Ҳар кас аз гӯшае фаро рафтанд.
Рустозодагони донишманд
Ба вазирии подшоҳ рафтанд.
Писарони вазири ноқисақл
Ба гадоӣ ба русто рафтанд.
Саъдӣ дар камолоти ҳар ду пеша, такрор ва мавриди истифода қарор додани илму ҳунарро зарур медонад. Агар дар байни илму амал робита набошад, агар илм амалӣ нагардад, ин донишмандӣ нест. Балки олими беамал ба мисли чорпоест, ки болояш китоб гузоштаанду ин чорпо ин борро ба дӯш дорад:
«Ду кас ранҷи беҳуда бурданду саъйи бефоида карданд. Яке он, ки андухту нахӯрд ва дигар он, ки омӯхту амал накард:
Илм чандон, ки бештар хонй,
Чун амал дар ту нест, нодонӣ!
На муҳаққиқ бувад на дониишанд,
Чорпое, бар ӯ китобе чанд.
Он тиҳимагзро чӣ илму хабар,
Ки бар ӯ ҳезум аст ё дафтар?
«Якеро гуфтанд: «Олими беамал ба чӣ монад?» Гуфт: «Ба занбури беасал».
«Ҳар кӣ илм хонду амал накард, бад-он монад, ки гов ронду тухм наяфшонд».
Саъдӣ ашхосеро, ки аз номи падар ё гузаштагони хеш ифтихор доранд ё фахр мекунанд, сахт накӯҳиш кардааст.
«Аъробиеро дидам, ки писарро ҳамегуфт:
- Typo хоҳанд пурсид, ки амалат чист, нагӯянд падарат кист!»
Имрӯз ҳам сухани Саъдӣ аҳамияти калони амалӣ дорад. Бисёр ашхоси воломақом аз падар ифтихор намуда, донишу фаросат надоранд ва дар омӯхтани илму ҳунар саъю талош намеварзанд. Ба ҳамин гуна ашхос 800 сол пеш Саъдӣ панди судманд дода буд, ки падари хеш бошанд, бо саъю кӯшиш ва меҳнати ҳалол соҳиби нон ва ном шаванд.
Реклама