Навоӣ як қисми асарҳояшро ба забони тоҷикӣ-форсӣ эҷод кардааст. Аз мутолиаи ашъори тоҷикии адиб равшан мегардад, ки ӯ хусусияти назми моро хеле хуб медонистааст. Худи шоир ба ин маънӣ ишорат карда чунин мегӯяд:
Маънии ширину ратинам ба туркӣ беҳад аст,
Форсӣ ҳам лаълу дурҳои самин, чун бингарӣ.
Гуиё дар ростбозори су хан бикшудаам,
Як тараф дӯкони қаннодиву як су заргарӣ.
Девони тоҷикии Навоӣ бо номи «Майдони балоғат» шӯҳрат дорад ва қариб чор ҳазор байтро дар бар мегирад. Дар девони шоир ғазал мавқеи асосй дорад. Як хусусияти муҳими девони Навоӣ аз он иборат аст, ки адиб пеш аз хар як ғазал ба кадом шоири гузашта пайравӣ карда эҷод карданашро зикр мекунад. Масалан, «Татаббӯи Мир Хусрав[1]», «Татаббӯи ҳазрати Махдумӣ[2]» ва ғайра.
Ғазалҳои Навоӣ бештар дар пайравии ғазалиёти Амир Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ ва Ҷомӣ эҷод шудаанд. Мавзӯъҳои ғазалиёти Навоӣ гуногунанд. Вале шоир бештари онҳоро дар мавзӯи ишқсурудааст. Шоир баъзан дар ғазалҳояш лирикаи ишқиро бо лирикаи иҷтимоӣ омезиш медиҳад. Ин хусусият дар ҳамаи ғазалҳое, ки дар пайравии Ҳофиз ғуфтааст, ба назар мерасад. Масалан, дар ин байт шоир аз носозиҳои замон, фитнаю найранг, тӯҳмату бӯҳтонҳои як гурӯҳ одамони пастфитрати рӯзгораш шикоят карда, орзу дорад, ки онҳо росткору ростқавл, монанди алиф, мисли кади ёраш рост бошанд:
Каҷҷиву кӯтаҳии давр малулам доранд.
Рост хоҳам, алифи қомати дилдор куҷост?
Навоӣ дар ғазалиёташ зебоиҳои ҳаётро бо як ҳиссиёти баланд тараннум мекунад. Адиб омадани баҳору шукуфтани гулҳои рангорангро васф карда, одамонро даъват мекунад, ки умри инсон ғанимат аст, аз ин зебоиҳои ҳаёт баҳра бояд бурд:
Омад баҳори дилкашу гулҳои тар шукуфт,
Дилҳо аз он нишот зи гул бештар шукуфт.
Дил аз сабоҳати[3] рухи хубат кушода шуд,
Монанди ғунчае, ки ба вақти саҳар шукуфт.
Қитъа ва рубоиёти Навоӣ низ содаю равон буда, дар мавзӯъҳои гуногун суруда шудаанд. Шоир дар қитъаоти худ хислатҳои наҷиби инсониро тараннум карда, дар баробари он тамаъкорӣ, мардумфиребӣ, дурӯғгӯӣ, золимӣ барин сифатҳои пастро мазаммат намудааст.
Ҷавонмард аз карам муфлис нагардад,
Сахиро аз ато чин нест дар чеҳр.
Ба пошидан чӣ нуқс[4] ояд ба дарё,
Ба афшондан чӣ ком гардад зари меҳр?
[1] Мир Хусрав - Амир Хусрави Деҳлавӣ.
[2] Ҳазрати Махдумӣ - Абдураҳмони Ҷомӣ.
[3] Сабоҳат - хушрӯӣ, дилкашӣ, сафедчеҳрагӣ.
[4] Нуқс - нуқсон, камбудӣ.
Реклама