Мероси адабии Ҳилолӣ

Мероси адабии Ҳилолӣ

Бадриддини Ҳилолӣ асосан дар байни хосу ом ҳамчун шоири ғазалсаро машҳур гардидааст. Дар ин бора худи адиб чунин мегуяд:

Нақди ганҷинаи сухан ғазал аст,

Шукри Борӣ, ки назми ман ғазал аст.

Он ки назми ғазал тавонад гуфт,

Маснавиро чу дур тавонад суфт!

Аз ин рӯ, қисмати зиёди девони Ҳилолиро, ки соли 1521 бевосита худаш тартиб додааст, ғазал ташкил медиҳад. Девони ӯ кариб аз 360 ғазал, 32 рубоӣ, 8 қитъа, чистони «Шамъу фонӯс» ва дигар жанрҳои хурди лирикӣ иборат аст, ки микдори абёти он ба 2700 байт мерасад.

Мавзӯи қитъа ва рубоиёти шоир мухталиф буда, дар онҳо ақидаҳои фалсафӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии адиб инъикос ёфтаанд. Масалан, дар рубоии зер Ҳилолӣ таъкид мекунад, ки дар ин рузгор инсони беғам вуҷуд надорад. Таҷрибаи ҳаёт, рузгори одамони ҷамъият адибро ба чунин хулоса овардааст. Ҳилолӣ дид ва мушоҳида намуд, ки истеҳсолкунандағони неъматҳои моддй хору забунанд:

Дар олами бевафо касе хуррам нест,

Шодию нишот дар бани одам нест.

Он кас, ки дар ин замона ӯро ғам нест,

Е одам нест, ё аз ин олам нест.

Дар қитъаоти шоир нуқсонҳои ҷомеа фош гардида, шикоят аз зулм, нобаробарии иҷтимоӣ ва ғайра баланд садо медиҳанд:

Оҳ аз ин рузгори баргашта,

Ки зи ман лаҳза-лаҳза баргардад!

Гар фалакро ба коми худ хоҳам,

У ба коми каси дигар гардад.

Табиист, ки хунрезиҳо, зулму истисмори табақаи боло сабаби қашшоқии омма меғардид. Аҳвол бад буд, боз бадтар мешуд. Барои ҳамин дар анҷоми қитъа шоир аз он шукр мекунад, ки дар оянда аҳвол аз ин хам бадтар нашавад:

Лек бо ин хушам, ки толсӣ ман,

Натавонад, к-аз ин батар гардад.

Ҳилолӣ дар солҳои охири ҳаёташ се достон эҷод кардааст, ки ин сабаб дорад. Боре дар як анҷумани шоирон сухан аз Ҳилолӣ рафт. Аксарияти устодони сухан шеъри ӯро таъриф карданд ва дар эҷоди жанрҳои хурди лирикӣ, махсусан ғазалсароӣ бебадал будани шоирро ёдовар шуданд. Дар байни онҳо адибе буд, ки танҳо маснавӣ ё достон мегуфт. Ҳамин шахс Ҳилолиро мазаммат намуда мегӯяд, ки ӯ фақат ғазал мегӯяд. Дар достон гуфтан дасткӯтоҳ аст. Пас аз ин Ҳилолӣ ба навиштани достон шурӯъ мекунад. Дар ин бора Ҳилолӣ чунин мегӯяд:

Буд шахсе ба маснавӣ машҳур,

Дар фунуни сухан ба худ мағрур.

Гуфт: «Оре, агарчи бебадал аст,

Шеваи шеъри ӯ ҳамин ғазал аст.

Нест ӯро зи маснавӣ хабаре,

Дар раҳи мо зи пайравӣ асаре»

Бетааммул аз он миён ҷастам.

Ба тааммул миёни худ бастам.

Бозуи фикрро қавӣ кардам,

Рӯй дар кори маснавӣ кардам.

Ҳилолӣ дар қисмати охири достони «Лайлӣ ва Маҷнун» дар бораи се маснавияш чунин мегӯяд:

Аввал сухане, ки гуфт аз ин пеш,

Афсонан шоҳ буду дарвеш.

Зебо гуҳаре зи баъди он суфт,

Назме зи сифоти ошиқон гуфт.

Гуфт аз пайи он китоби мавзун,

Афсонаи ҷонгудози Маҷнун.

«Шоҳу Дарвеш». Маснавӣ аз 1444 байт ва 28 боб иборат аст. Се боби аввал, чун анъана, ба Худову расул, ситоиши онҳо бахшида шудаанд. Боби 4-ум дар таърифи сухан ва боби 5-ум дар сабаби назми китобанд. Пас аз ин мавзӯи асосии асар шурӯъ мегардад. Мавзӯи асосии «Шоҳу Дарвеш» ирфонӣ буда, сухан аз ишқу муҳаббати шоҳ бо дарвеше меравад.

Аз ҷиҳати идея маснавӣ қимати баланд надорад. Ҳанӯз ҳамзамононаш, аз ҷумла Бобур Мирзо маснавиро танқид карда, қайд карда буд, ки ишқу муҳаббат бояд дар байни марду зан шавад, на мард бо мард (Шоҳ ва Гадо). Аммо бояд гуфт, ки маснавӣ аз лиҳози зебоӣ, содагй, равонӣ, истифодаи таъбир,

зарбулмасалу мақолҳои халқӣ, умуман, санъати суханварӣ хеле хуб иншо шудааст. Шоир баъзан дар руҷӯъҳои лирикиаш сифлагон, муддаиён, золимонро, ки ба халқ ҷабру ситам мекунанд, ба зери тозиёнаи танқид мегирад.

«Сифотулошиқии». Маснавӣ аз 1200 байт иборат буда, дар мавзӯи панду ахлок суруда шудааст. Асарҳои ахлоқии Низомии Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ ва Саъдии Шерозӣ ба адиб илҳом бахшидаанд. Ба ҳамин маънӣ Ҳилолӣ ишорат карда мегуяд:

Навиштам номае дар некномӣ,

Ки Хусрав офарин карду Низомӣ.

Калиди «Махзануласрор» бо ӯст,

Фурӯр.и «Матлаъуланвор» бо ӯст,

«Гулистон»-ест дар вай «Бӯстон»-ҳо,

Дар авроқаш ҳазорон достонҳо.

Маснавии Ҳилолӣ мисли асарҳои Низомию Амир Хусрав сужети ягона надорад. Асар аз 20 боб иборат аст. Ҳар боб мустақил буда, ба мавзӯи алоҳидае бахшида шудааст. Мавзӯи умумии асар таърифу тавсифи хислатҳои ҳамидаи инсонӣ буда, шоир дар баробари ситоиши хислатҳои нек рафтори бади одамонро накӯҳиш мекунад. Як ҷиҳати муҳими маснавӣ боз дар он аст, ки Ҳилолӣ мувофиқи мазмуни боб ҳикояҳои тамсилӣ ва ахлоқӣ меорад ва ба ин восита фикрҳои худро қувват медиҳад. Махсусан бобҳое, ки доир ба масъалаҳои сидқу вафо, саховату ҷавонмардй, сабр, қаноат, одоб, ҳаё, адолатхоҳӣ, ҳимматбаландӣ бахшида шудаанд, қимату арзиши баланд доранд ва имрӯз ҳам аҳамияти тарбиявии худро гум накардаанд.

Ҳамеша росткорон растагоранд,

Ки ғайр аз ростӣ коре надоранд.

Сафо меборад аз мардони содиқ,

Ки қавлу феълашон омад мувофиқ.

Боби 4, ки «Дар хулқи хуш» ном дорад, ба муқобили одобу ахлоқи пасти ҷавонони рӯзгори шоир равона карда шудааст. Шоир ҷавононеро, ки намуди зебо, сару либоси пурдабдаба доранд, вале одобу ахлоқашон ношоиста ва разилона аст, сахт мазаммат мекунад.

Ҷавоно, чанд бадхӯӣ тавон кард,

Зи хӯи бад ҷафоҷӯӣ тавон кард?

Ту инсонӣ, тариқи деву дад чист?

Ба он рӯи накӯ ин хӯи бад чист?

Накӯхӯ аз дари роҳат дарояд,

Чу гул ҳар ҷо ки бошад, хуш барояд.

Ҳилолӣ ҷавононро даъват менамояд, ки дар роҳи саодати халқ, ободиву ягонагии мамлакат ҳамеша тайёр бошанд. Ба душманони Ватан зарбаҳои ҷонкоҳе задан ва қаҳрамониву фидокорӣ нишон додан вазифаи муқаддаси ҳар як ватандуст аст:

Биё, эй бедили аз кор монда,

Зи бим андар паси девор монда.

Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст,

Агар рӯбаҳ далер афтод, шер аст.

Қавидил шав, ки дар майдони мардӣ,

Гар аз куштан битарсӣ, кушта гардӣ!

Суханони боло ба замони Ҳилолӣ вобастагии қавӣ доранд. Дар рӯзгори адиб Мовароуннаҳру Хуросон саҳнаи ҷангҳои шадид, кушторҳои зиёд гардидаанд. Бинобар ин, шоир оқибати фоҷиавии ин тохтутозҳоро ҳис карда, ба воситаи сухан ҳамватанонашро ба далерию қаҳрамонӣ, ба ҳимояи ватан даъват намудааст.

Достони охирини Ҳилолӣ «Лайлӣ ва Маҷнун» аст, ки шоир онро дар пайравии достонҳои ҳамноми Низомии Ганҷавӣ ва Амир Хусрави Дехдавӣ иншо намудааст. Дар бораи достони мазкур дар поёнтар алоҳида таваққуф хоҳем намуд.

Реклама