САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.       Кадом асарҳои Ҷомиро дар синфҳои поёнӣ хондаед?

2.       Дар бораи Ҷомӣ хдмасронаш чӣ гуфтаанд?

3.       Ба эҷодиёти адиб шарқшиносон чӣ гуна баҳо додаанд?

4.       Мазмуни ҳикояти «Хамсаи мутаҳайира»-ро накл кунед.

5.       Таҳсили Ҷомӣ дар Самарқанд чӣ хел гузашт?

6.       Чаро Ҷомӣ ба дарбор нарафт?

7.       Хислатҳои ибратомӯзи Ҷомиро ҳикоят кунед.

8.       Хизмати Ҷомӣ ҳамчун олим ва донишманд дар чист?

9.       Аз адиб чанд девон боқӣ мондааст?

10.    «Ҳафт авранг»-ро Ҷомӣ дар пайравии кадом шоирони гузашта иншо намудааст ва аз онҳо чӣ фарқ дорад?

11.    Чаро ғазал дар эҷодиёти Ҷомӣ мавқеи асосӣ дорад?

12.    Мавзӯъ ва хусусияти ғазалиёти адибро фаҳмонед.

13.    Идеяи шоҳи одил аз куҷо сарчашма мегирад ва пеш аз Ҷомӣ кадом адибони гузашта ин идеяро илқо намудаанд?

14.    Фарқи шоҳи одили Ҷомӣ ё Искандари Ҷомӣ аз дигар Искандарҳо дар чист?

15.    Ҷомӣ дар бораи муносибати устоду шогирд чӣ меғӯяд?

16.    Чаро чамъиятеро, ки Ҷомӣ дар «Хирадномаи Искандарӣ» тасвир кардааст, хаёлӣ меғӯянд?

17.    Ҷомӣ «Баҳористон»-ро дар пайравии кадом асари адиби гузашта навиштааст ва ба чӣ мақсад?

18.    Монандӣ ва тафовути ин ду шоҳасар дар чист?

19.    Мавзӯи асосии бобхои «Баҳористон»-ро накл кунед.

20.    Боби ҳафтуми «Баҳористон» чӣ ақамият дорад?

21.    Нуқтаи назари Ҷомӣдоир ба масъалаи таъйин намудани ҳокимон ва роҳбарони давлат аз чӣ иборат аст? Ин фикр оё имрӯз қимату арзиш дорад?

 РУЙХАТИ АДАБИЁТИ ИЛМӢ ВА МЕТОДӢ

1.   А. Афсаҳзод. Рӯзгор ва осори Абдураҳмони Ҷомӣ, «Дониш», Душанбе, 1980.

2.   А. Афсаҳзод. Таҳаввули афкори Абдураҳмони Ҷомӣ. «Дониш». Душанбе, 1981.

3.   Ш. Тагоев. Таълими эҷодиёти Абдураҳмони Ҷомӣ дар синфи VIII, «Ирфон». Душанбе, 1973.

4.   Т. Миров. Дастури методик «Адабиёти тоҷик барои синфи 9», «Маориф». Душанбе, 1986.

Реклама