Образҳои асосии достон

Образҳои асосии достон

Дар достоин «Беҳрӯзу Баҳром» образи анъанавии адабиёти гузашта, муборизаи қувваҳои бадию некӣ мавқеи асосй дорад. Баҳром бадкирдор, бадтинат, вале Беҳрӯз нексиришт аст ва Камолиддини Биноӣ ҳам беҳтарин ақидаҳои пешқадами худро дар симои Беҳрӯз нишон додааст. Биноӣ ба воситаи кушодани характерҳо муносибаташро ба ҷомеа ва таълиму тарбияи инсон нишон додааст. Шоир дар достон ҳамчун рӯҳбардору мададгор ва ҳимоятгари омма, шахсони бечораю мазлум ба назар мерасад. Беҳрӯз дилсоф ва поквичдон аст. Ӯ меҳнат кардан ва бо меҳнати ҳалол нон хӯрданро хислати бузургу вазифаи муқаддаси ҳар як фард ҳисоб мекунад. Аз меҳнату дастранҷи дигарон нон хӯрдан нашояд. Албатта, ҳамаи ин суханон ба муфтхӯрон ва золимони замонааш дахл доранд:

Рахши давлат ба зулм агар ронӣ,

Ҳамчу хар дар халоб дар монӣ.

Поймоли ҷафо ба кас маписанд,

Ки ба мехи ҷафо шавӣ побанд.

Барои ҳамин шоир ба золимон таъкид карда мегӯяд, ки ту худатро ба ҷои мазлум гузор, дар ҷои ӯ тасаввур кун, пас он зулме, ки дар ҳаққи ӯ раво дидаӣ, дар худат имтиҳон карда бин, ки ту тоқати онро дорӣ ё не:

Зулм бар худ агар раво н-орӣ,

Даст боре зи халқ во дорӣ.

Ба хато бар касе ҷафо накунӣ,

Даст аз пои худ хато накунӣ..,

Қадам аз ҳадди худ бадар наниҳӣ,

Пой аз андоза пештар наниҳӣ.

Барои ба роҳи бад нарафтан бояд ақлу хирадро пешаи зиндагӣ намой. Мисли Беҳрӯз хирадманду софдил, ҳалолкор ва ба инсонҳо нафърасон бошӣ. Аз ин ҷост, ки Биноӣ ҷанбаи ахлоқии асарашро пурқувват намуда, «Насиҳатномаи Беҳрӯз»-ро дар анҷоми достон меорад. Ӯ ба ин восита мехоҳад инсонҳоро тарбия намоад. Шоир дар ин қисмат, пеш аз ҳама, дар бораи пайдоиши ахлоқ, сабабҳои объективии он фикру андешаҳои пурқимати худро дар симои каҳрамони асосии асар - Беҳрӯз баён кардааст.

Биноӣ рӯирост баромад карда, сабаби пайдоиши ахлоқи одамони ҷамъиятро дар асоси далелҳои эътимодбахш дар образҳои қаҳрамонҳои асосии достони «Беҳрӯзу Баҳром» равшан менамояд. Шоир доир ба сабабҳои пайдоиши ахлоқ ду ақида дорад. Ӯ чун бисёр бузургони гузашта ахлоқу одобро дар аввал ирсӣ мегуяд. Вале дар охир бар хилофи фикри боло баромада, назарияи нави материалистии худро ба миён мегузорад. Ӯ қайд мекунад, ки ахлоқи инсон, хоҳ вай бад бошад, хоҳ нек, дар натиҷаи таъсири муҳит ташаккул меёбад:

Ҳар кӣ cap зад ба гулхани пурдуд,

Ҷомааш бӯи дуд гирад зуд.

Нашавӣ, хоҷа, ҳамнишини бадон,

То нагардӣ зи хаӣли бехирадон.

В-он ки бо гулхане шавад ҳампой,

Ҷуз ба хоки сияҳ нагирад ҷой.

Ҳар кӣ атвори неку бад гирад,

Хама аз ҳамнишини худ гирад.

Биноӣ барои исботи фикраш ҳамеша кӯшиш мекунад, ки аз зиндагии одамонЪшсолҳои зиёд оварад. Мисолхои овардашуда бештар воқеӣ буда, онҳоро ё худи шоир бевосита аз cap гузаронидааст, ё ин ки ягон дӯсташ ба ӯ ҳикоят кардааст. Чунончи, доир ба масъалаи таъсири муҳит ба шахе дар маснавии «Беҳрӯзу Баҳром» чор ҳикоят оварда шудааст, ки ҳар кадом хулосаҳои шоирро тасдиқ мекунанд. Дар ҳикояти дуюм Биноӣ саргузашти як рафиқашро нақл мекунад. Ин рафиқаш дар давраи мактабхониаш ниҳоят ҷавони нағз, ҳалим, боадаб ва аз ҳамаи корҳои ношоиста парҳезкор буд. Вале баъд, ҳангоме ки бо одамони бад нишастухез мекунад, тағйир ёфта, таҳсилро тарк мекунад ва рафта-рафта, дар натиҷаи таъсири онҳо ба як нафар шахси хиёнаткор, разил ва ниҳоят ахлоқан вайрон табдил меёбад.

Ягона роҳи халосӣ аз ин кирдорҳои разилона, ба фикри шоир, тарки ҳамсуҳбатон кардан ва бо одамони хуб ҳамнишин шудан мебошад:

Гуфт:- Бигзар аз ин сияҳрӯзон,

Пой баркаш зи оташи сӯзон!

То аз ин ҳамдамони бадгуҳарат

Чӣ бало хоҳад омадан ба сарат!

Ба ҳамин тариқ, Биноӣ дойр ба пайдоиши ахлоқ ақидаи мутафаккирони гузаштаро давом додааст. Агар шоир, аз як тараф, ирсӣ будани шахсияти фардиро тарафдорӣ карда бошад, рафта-рафта, дар натиҷаи омӯхтани ҳаёту зиндагии одамон ба хулосаи ҳаётӣ омада, таъсири муҳиту ҳамсӯҳбатонро барои дигар шудани ахлоқ эътироф мекунад.

Биноӣ дар «Беҳрӯзу Баҳром» ба масъалаи кибру ғурур аҳамият додааст. Албатта, дар он замоне, ки шоир зиндагонй мекард, аҳли сарват ва табақаи доро бештар соҳиби чунин хусусият буданд. Ҳатто дар байни аҳли илму хунар пайдо шудани кибр хам як ҳодисаи воқсӣ гардида буд. Олим ва ё ҳунарманде, ки ба дониши худ мағрур мешавад, - мегуяд ӯ, -аз самари он дониш асаре боқӣ намемонад. Олим бояд аз кибр дурӣ ҷуста, ба тавозӯъ ва хоксорӣ рӯ орад, зеро фақат ба ҳамин роҳ мақбули омма шуда метавонад:

В-он ки кибр оварад зи илму ҳунар

Хунару илмро намонад асар.

Тар тавозӯъ ба илм натвонӣ,

Аҳли дониш пай ту, нодонӣ.

Албатта, сарчашмаи пайдоиши ахлоқи бад бидуни сабабҳои объективй ва субъективие, ки дар боло зикрашон рафт, ба ақидаи Камолиддини Биноӣ истеьмоли май ё арак низ будааст. Сарчашмаҳои илмӣ ва адабӣ пурра собит менамоянд, ки касалии майнӯшӣ дар замони адиб, махсусан дар байни табақаи боло хеле вусъат ёфта буд. Биноӣ дар рӯзгори хеш аз таҷриба зиёну зарари майнӯширо бисёр дидаву мушоҳида кардааст. Ба ақидаи Биноӣ аксарияти гуноҳҳои содиркардаи одамон пас аз майнӯшӣ ба амал меоянд. Ба ақидаи нависанда ин як касалии сахт ва зараровар аст, ки инсон бояд аз он даст кашад:

Эй бародар, маёр рӯ ба шароб!

Баҳри андӯҳу меҳнат аст ин об.

Душмани ақлу хасми ҷон аст ин,

Хонавайронкуни ҷаҳон аст ин.

Кист майхора? - Марди маҷнунваш,

Зада дар худ ба дасти худ оташ.

Воқеан суханони оқилонаи Биноӣ имрӯз аҳамияти боз ҳам зиёдтар пайдо кардаанд.

Ғайр аз ин, шоир он шахсонеро, ки аз пушти хешутаборй савлат мекунанд, низ мазаммат мекунад:

Мард бонд, ки худ падар бошад,

Боиси фахри сад писар бошад.

В-арна фазли падар чӣ суд кунад,

Фазли шахси дигар чӣ суд кунад?

Чанд аз пои хеш мегӯӣ,

Фазли бобои хеш мегӯӣ?

Биноӣ мақоми сухан ва одоби сухан гуфтанро ҳам муҳим мушуморад. Аз ҳамин сабаб як боби алоҳидаи маснавии «Беҳрӯзу Баҳром»-ро маҳз ба ҳамин масъала мебахшад. Биноӣ мегӯяд, ки айб ва нуқсонҳои одамӣ бисёранд. Ин нуқсонҳо дар навбати худ ба воситаи забои зоҳир мешаванд. Бинобар ин, дар вақти сухан гуфтан эҳтиёт кардан лозим аст.

Суханеро, ки гуфтанӣ бошад,

Дар маҳал ё нуҳуфтанӣ бошад,

Як таассуф хӯрӣ, ки мебоист

Гуфтанаш, хомӯшӣ намешоист.

Лек агар як нагуфтанй гуй,

То қиёмат кашӣ сияҳрӯӣ.

Аз ҳамин сабаб, барои он ки хиҷил нагардӣ, - мегӯяд шоир, - аввал он суханро дар тарозуи ақл бисанҷ, пасу пеши онро мулоҳиза кун ва пас аз он, ки ба дуруст будани он боварӣ ҳосил кардй, ба забои ор:

Бар ту бодо, ки чун сухан гуй,

Бо тааммул раҳи сухан пӯӣ.

Дилат аввал сухан қарор диҳад,

Баъд аз он бар забон гузор диҳад.

Суханеро, ки дар мақол орӣ,

А ввал он беҳ, ки дар хаёл орӣ.

Ба ҳамин тариқ, Камолиддини Биноӣ қисмати асосии эҷодиёти худро ба манфиати омма бахшида, орзую омоли онҳоро тараннум намудааст. Шоир чи дар жанрҳои хурди лирикӣ ва чи дар достони «Беҳрӯзу Баҳром» аз нуқтаи назари синфии худ тарзи давлатдорӣ, зулми золимони замонаашро танқиду мазаммат менамояд. Дар баробари ин ба ҳимояи мазлумону ситамдидагон бармехезад. Инсонро аз ҳама мавҷудот баландтар мегузорад, Роҳҳои ба даст овардани илму дониш, одобу ахлоқи накӯро ба воситаи образҳо, ҳодисаю воқеаҳои ҳаётӣ боварибахш нишон медиҳад.

Дар масъалаи ташаккул ёфтани шахсият нисбат ба гузаштагон хеле пеш меравад ва материалистона собит менамояд, ки ҷамъият, муҳит дар ташаккули инсон роли калон мебозанд.

Дуруст аст, ки Биноӣ фарзанди замони худ буд. Адиб ба муқобили ҳама гуна беадолатиҳо муборизаи беамон бурда, инсони покро ситоиш намуд. Одамонро ба илмомӯзӣ, накӯкорӣ, парҳезкорӣ, поквичдонӣ ҳидоят кард, ки имрӯз ҳам фикрҳои тарбиявӣ-ахлоқии шоир қимати худро гум накардаанд.

Реклама