Дар асри XIII забони тоҷикӣ - форсй хеле мураккаб гардида буд. Дар кишварҳои форсигӯён насри маснӯъ доман густурда, ривоҷу равнақ дошт. Аз тарафи дигар, сабки ироқӣ низ дар шеъри Аҷам кайҳо болу пар мезад ва майдондорӣ мекард. Калимоту ибороти забони арабй дар назму наср мақоми воло пайдо кард. Вале дар баробари ҳамаи ин адибоне буданд, ки нисбат ба забони модарӣ эҳтироми зиёд доштанд ва асарҳои хешро бо забони соддаи оммафаҳм эҷод карда, ба ин восита муносибати хешро ба гузаштагон баён менамуданд. Яке аз ҳамин гуна адибон Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ буд. У дар ғазалиёт, қасидаҳо, рубоиёт ва қитъаоташ бо як ҳисси баланд, бо як тарзи баёни шоирона ҳусни ёру зебоиҳои диёрро чунон васф кардаст, ки аз ин тасвирот ҷаҳон - ҷаҳон лаззат мебаред ва дар баробари ин, ба ин восита қалби инсон ба ҳаёт гармтар ва назари инсон нисбат ба оламу одам фарохтар мегардад. Ба ин ғазал, ки «Бӯйи Наврӯз» ном дорад, таваҷҷӯҳ кунед:
Баромад боди субҳу бӯи Наврӯз,
Ба коми дӯстону бахти пирӯз.
Муборак бодат ин солу ҳама сол,
Ҳумоюн бодат ин рузу ҳама рӯз!
Чу оташ дар дарахт афканд гулнор,
Дигар мащал манеҳ, оташ маяфрӯз.
Баҳоре хуррам аст, эй гул, куҷойӣ?
Ки бинӣ булбулонро нолаву сӯз.
Ҷаҳон бе мо басе будасту бошад,
Бародар, ҷуз накӯномӣ маяндӯз.
Накӯӣ кун, ки давлат бинӣ аз вахт,
Мабар фармони бадгӯйи бадомӯз.
Манеҳ дил бар сарои умр, Саъдӣ,
Ки бар гумбад нахоҳад монд ин кӯз.
Пас аз қироати ғазал кас гумон мекунад, ки онро имрӯз ягон шоири бузурге эҷод карда бошад. Охир ҳама калимоту ибороташ фаҳмо ва ғазал ҳам ба шарху маънидод зарурат надорад. Одам, ки пир шуд, миёнаш кӯз мешавад. Дар ин байт Саъдӣ пирии хешро ёд кардааст. Яъне, қоматаш хамидааст. Аз санъати маҷозу киноя бамаврид истифода бурдааст. Ҳамин тавр, калимаҳои манқал, гул, сарои умр ва амсоли ин бори маънӣ ба дӯш доранд ва фасоҳату балогати ғазалро афзун гардонидаанд.
Аз ин нигоҳ насри Саъдӣ хам сода, равон ва дилписанд аст. Аммо гуфтори мо маънои онро надорад, ки кулли эҷодиёти адиб якмаром ва якнавохт бошад. Охир, Саъдӣ забони арабиро хеле хуб медонист ва бо ин забои баъзе асарҳои худро иншо карда буд. Табиист, ки дар баъзе мавридхо аз калимоту ибороти лисони араб истифода мебурд ва ҳатто дар «Гулистон» ҷо-ҷо абёти арабиашро овардааст. Вале онҳо каманд. Саъдӣ саъю талош меварзид, ки асарҳояш барои хонандаи оддй, марди деҳқону коргар, галакору боғпарвар дастрасу фаҳмо бошад, то онон битавонанд бе ягон душворӣ аз мақсаду мароми нависанда огоҳ бишаванд. Барои мисол танҳо як ҳикояти кӯтоҳи шайхи бузургворро меорем:
«Луқмони Ҳакимро гуфтаанд:
- Адаб аз кӣ омӯхтӣ?
- Гуфт: Аз беадабон. Ҳар чӣ аз онҳо ба назарам нописанд омад, аз он парқез кардам».
Метавон бо як боварии том гуфт, ки мазмуну мӯҳтавои он барон ҳар як хонанда фаҳмост.
Дар ҳикояти «Пахдавони тарсончак» Саъдӣ бо як забони соддаю фаҳмо хислатҳои манфури ашхоси худхоҳу худбин, ки хешро ситоиш карда, дар паҳлавонӣ чун Рустами Достон мепиндоранд, вале дар амал ҳеҷанд, балки тарсончаку бегурдаанд, нишон додааст:
«.. .Иттифоқо, ману ин ҷавон ҳарду аз пайи ҳам равон будем. Ҳар девори кадим, ки ба пешамон мебаромад, бо қувваи бозӯ меафканд ва ҳар дарахти азим, ки медид, бо зӯри сарпанҷа аз бех меканд ва фахркунон мегуфт:
Пил ку, то китифу бозӯи гурдон бинад?!
Шер ку, то кафу сарпанҷаи мардон бинад?!
Мо дар ин ҳолат будем, ки ду ҳинду аз паси санге cap бароварданд ва оҳанги куштани мо карданд. Дар дасти яке чӯбе ва дар бағали дигаре кулӯхкубе буд. Ба ҷавон гуфтам:
Биёр он чӣ дорӣ зи мардию зӯрӣ,
Ки дуишан ба пойи худ омад ба гӯре!
Тиру камонро дидам аз дасти ҷавон афтода ва баданаш ба ларза даромада. Чорае ҷуз он надидам, ки либосу силоҳу ҷома раҳо кардем ва ҷон ба саломат бурдем».
Мусаллам аст, ки дар ин ҳикоя калимоти душворфаҳм ба назар намерасад. Илова бар ин, калимаи «пойистан», яъне пойидан ба маънои интизор шудан, нигарон будан омадааст, ки дар шеваҳои кӯҳистон калимаи серистеъмол аст. Аз ин ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки дар асри XIII дар забони адабӣ ин калима мавриди истифода қарор дошта будааст.
Ҳамин тавр, Саъдӣ барои мардумй кардани забони асарҳояш саъю кӯшиши зиёде намуд. Саъдӣ дар баробари аз халқ ғирифтани образ, сюжетҳои рангоранг, инчунин забони зиндаи халқ, калимаҳои соддаи хушоҳанг, таъбирҳои рехта, зарбулмасалу мақолҳои халқиро омӯхта, дар асарҳояш бо камоли маҳорат истифода бурд. Зимнан, бояд эътироф кард, ки Саъдӣ масъалаҳои муҳими зиндагӣ, мавзӯъҳои панду ахлоқ, танқиди замон, адолатпарварӣ ва инсондӯстии худро ба воситаи забони сода ва хушобуранги халқӣ баён кардааст.
Таъбирҳои рехта ва зарбулмасалу мақолҳои халқӣ агар, аз як тараф, ҷиҳатҳои бадеӣ—таъсири асарҳои адибро пурқувват ва барҷаста намуда, ба хонандагон завқи эстетикӣ бахшанд, аз тарафи дигар, бо санъати ҳайратовар моҳияти ҳодисаҳои хеле мураккабро ифода менамояд. Онҳо инчунин барои боз ҳам возеҳу барҷаста нишон до дани ҷаҳони ботинӣ ва ҳолатҳои рӯҳии персонажҳо ва қаҳрамонони лирикӣ аҳамияти калон доранд.
Саъдии Шерозӣ дар баробари аз халқ омӯхтан ва истифода бурдани забон, услуби нигориш, таъбирҳои рехтаи халқӣ, зарбулмасалу мақол ва дигар воситаҳои гасвир худаш ҳам таъбиру ибораҳои дилчасп ва хушоҳанг, суханҳои пурҳикмат (афоризмҳо) гуфтааст, ки дар асрҳои минбаъда мавриди истифодаи адибони дигар қарор гирифтаанд. Аксарияти суханони пурҳикмати адиби нуктасанҷ имруз ҳам дар байни халқ машҳур буда, халқ аз онҳо дар ҳар маврид истифода мебарад. Онҳо ба ганҷинаи адабиёти шифоҳӣ ҳамчун зарбулмасалу мақол дохил шудаанд.
Реклама