Рӯзгори Амир Хусрав (1253-1325)

Рӯзгори Амир Хусрав (1253-1325)

 

Волидайни Амир Хусрав дар Шаҳри Сабз рӯзгори бофароғат доштанд. Вале рузгори ононро омад-омади Чингизиёни хунхор нороҳат кард. Падари Хусрав марди майдон ва шахси бовиқоре буд ва дар қатори ҳазорҳо мардум аз ин тундбоди шум зору нолон Ватанро тарк намуда, ҷониби Ҳинд роҳ пеш гирифтанд. Ҳамин тавр, Сайфиддин Маҳмуд - падари Хусрав дар дарбори султонҳои Деҳлӣ ба хизмат пардохт ва дар шаҳрчаи Патёлаи наздики Деҳлӣ макони зист ихтиёр кард. Соли 1253 дар ҳамин шаҳрча Амир Хусрав чашм ба ҷаҳон бикшуд. Аммо хурсандии ин оила дер давом накард. Панҷаи хуношоми Чингизиён диёри биҳиштосои Ҳиндро низ панҷа бизад ва боз ҷангҳои хунин саросари ин кишварро ноором гардонид. Султонҳои Ҳинд барои истикдолу озодй ба по хестанд ва алайҳи душмани гаддор миён бастанд. Падари Хусрав Сайфидҷини Маҳмуд, ки марди сипоҳӣ буд, дар ин набардҳо алайҳи чингизиён сахт биҷангид ва далерию шуҷоат нишон дод. Вале дар яке аз муҳорибаҳои сахттарин дар назди шаҳри Дехдй аз дасти шамшери ҷонситони муғул ҷон бидод. Он вақт Хусрав нав ба 8 кддам монда буд.

Ин ҳодисаи нохуш рузгори ғарибонаи ин оиларо боз ғамангезтар ва нохуштар гардонд. Хусрав аз худ калон чор бародари дигар бо номҳои Иззуддин, Алишоҳ, Тоҷудҷин ва Зоҳид дошт. Таъмин кардани рӯзгор барояшон осон набуд. Ба ҳамин маънӣ баъдтар Хусрав он рӯзгоронро ёд карда мегуяд:

Сайф аз сарам бирафту дили ман дуним монд,

Дарёи ман равон шубу дурри ятим монд.

Аммо хушбахтона, бобои Хусрав аз тарафи модар Имодулмулк ба имдодашон бирасид ва аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам маънавӣ ба аҳли хонавода дасти ёрй дароз кард. Хусрав тавонист дар зери қаноти бобои хайрандешаш Имодулмулк пайраҳаи илму донишро тай кунад. Хусрав некиҳои бобояшро тамоми умр фаромӯш накард.

Ҳамин тавр, дар пеши донишмандон ва уламои соҳибном илмҳои маъмули онвақтаро омӯхт ва аз бар намуд. Махсусан дар илми шеъру мусиқӣ бемисл гашт ва дар айёми хурдсолӣ устодони ин фанҳо имтиҳонаш бикарданд

Гузашта аз ин, Хусрав пайваста эҷодиёти шоирони пешин, девонҳои шуарои мутааххиринро меомӯхгу аз бар менамуд. Ба ин восита истеъдоди модарзодиашро сайқал медод. Хдмаи ин натиҷаҳои дилхоҳ дод. Овозаи камолаш ба гӯши султонҳои Ҳинд расид ва ӯро ба дарбор даъват намуданд. Соли 1273, ки он вақт танҳо аз бист баҳори рӯзгораш бархурдор гардида буд, по ба дарбори Ҷаҳҷу гузошт. Ду сол дар ин даргоҳ надими хосаи султон гардид. Боре амакбачаи Ҷаҳҷу Буғрохон - ҳокими Мултон меҳмони Чаҳчу гардид ва бо Хусрав сӯҳбат намуд. Барояш сӯҳбат басо самимӣ буду хушаш омад ва фармуд, ки ба Хусрав гуҳфаҳои лоиқ бидиҳанд ва пасон ӯро ба дарбори хеш - ба Мултон даъват намуд. Ин рафтору кирдори Бугрохон ба Чахчу бисёр сахт расид. Нахуст ба рафтанаш идозат надод ва сониян аз пайи нест кардани Хусрав гардид. Хусрав нияти Чаҳчуро фаҳмид. «Чанд рӯзе бигзашт, гузаштаҳо ҳанӯз аз хотираш нарафта буд. Хост, ки маро нишони бало созад. Бинобар ин роҳи Сомонияро пеш гирифтам» - менависад Хусрав.

Пас аз мудҷате шоир аз Сомония боз ба Деҳлӣ бозмегардад ва ба дарбори Ғиёсиддини Балабон ба хизмат мепардозад. Вале дере нагузашта, писари Ғнёсидҷин Муҳаммадсултон, ки дар Мултон ҳоким буд, аз падар илтимос мекунад, ки Хусравро ба наздаш ба Мултон бифиристад. Хусрав ба Мултон меояд ва дар ҳамин ҷо ба Ҳасани Деҳлавӣ вохӯрда, риштаи дӯстӣ мебанданд.Ин дӯстии ду шоири тавоно то поёни рӯзгорашон гусаста намегардад. Вале ин сӯҳбатҳо, нишоту базмҳои ошиқонаю орифона, маҷлисҳои шеъру суруд, дар назди ин шоҳзодаи шеърдӯсту шоирпарвар Муҳаммадсултон дер давом накард. Соли 1286 лашкари мугул ба Мултон ҳуҷум карда, мулкро хароб гардонид. Дар ин ҷанғ Муҳаммад ба қатл расид. Хусрав ва Ҳасан бошанд, асири лашкари мугул гардиданд. Муддате нагузашта, онҳо аз асирии муғулҳо раҳо ёфтанд.

Хусрав чун аз асирӣ раҳо ёфт, боз ба назди пайвандон ва назди модари меҳрубонаш ба Патёлй омад ва аз дидори модари меҳрубон шод гардид.

Амир Хусрав чанд муддат бо модару фарзандон дами беғам бизад. Аз сӯҳбати дӯстону дидори ёрони меҳрубон шоду мамнун буд. Бештар ба корҳои эҷодӣ банд гардид. Достонҳои таърихиашро дар ҳамин давра иншо кард. Модараш Давлатноз дар пахдӯяш буду бо суханони модарона илҳомаш мебахшид. Вале ҳар чиз аввалу анҷом дорад ва умри инсон ҳам. Давлатноз соли 1299 болои достони фарзанди мушфиқу меҳрубонаш Хусрав ҷон дод. Аз марги модар шоир ҷомаи мотам пӯши д ва дидагонаш ашкборон гардид. Хусрав ин сӯзу гудоз ва ин дарду алами хешро дар достони «Маҷнун ва Лайлӣ» баён намудааст.

Оре, модар модар аст. Хусрав ҳам аз марги шахси азизаш дили пурғам ва чашми пурнам дошт.

Амир Аловудҷин (1296-1316) Хусравро боз ба дарбор даъват менамояд. Азбаски шеърдӯсту шоирпарвар набуд, ба Хусрав чандон аҳамият надод. Аловудҷин танҳо барои нишон додани салобати давлати хеш уламою удаборо гирд оварда буд, вале онон наметавонистанд, ки дарборро ба ихтиёри худ тарк кунанд.

Амир Хусрав бештар аз султон Ҷалолидҷини Фирузшоҳ некиҳои зиёд дида буд. Ӯро ба мансаб расонид ва ба унвони ифтихории амирй сазовор гардонид. Амир Хусрав подоши некиҳои ӯро хеле хуб ёд кардааст:

Чунин бахшише, к-аз ту ҳам ёфтам,

Зи шоҳони пешина кам ёфтам.

Амир Хусрави Дехдавй фарзандони зиёд дошт.

Амир Хусрав дар ҷо-ҷойи асарҳояш аз фарзандонаш ёд кардааст. Масалан, ду духтар - Афифа ва Мастура, писаронаш Масъуд, Хизр, Рукнуддин, Айнуддин, Малик Аҳмад ва Муҳаммад - ҳамагӣ 8 нафар фарзанд доштааст. Малик Ахмад марди фозил ва орифу шоири намоёни замони худ мегардад.

Ҳамин тавр, Амир Хусрави Дехдавй дар синни 72-солагӣ 27 сентябри соли 1325 дар шаҳри Деҳлй вафот мекунад. Ҷасади шоирро дар пахдӯи пири рӯҳонияш Низомуддини Авлиё ба хок месупоранд.

Реклама