1. Кӯдакию наврасии Муҳамади Авфӣ чӣ хел гузашт?
2. Сабаби ба сафар баромадани нависанда дар чӣ буд?
3. Кадом шаҳру вилоятҳоро дид? Ин шаҳрҳоро аз харита ёбед.
4. Сабаби тарки Ватан намудани адиб дар чӣ буд?
5. Поёни рӯзгори адиб дар Дехдӣ чӣ хел гузашт?
6. Чаро Авфиро адабиётшинос мегӯем?
7. «Лубоб-ул-албоб» -ро тазкира мегӯем, чаро? Хусусиятҳои тазкираро гӯед?
8. Аҳамияти тазкираи Муҳаммади Авфиро шумо дар чӣ мебинед?
9. «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт» чӣ маънӣ дорад? Номи асарро шарҳ диҳед.
10. Қисм ва бобҳои «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-ро номбар кунед.
11. Дар иншои асар нависанда аз кадом сарчашмаҳо истифода бурдааст?
12. Аристотолис дар бораи мақоми илм чӣ мегӯяд? Оё шумо ба фикри ӯ розӣ ҳастед?
13. Дар бораи Шаҳиди Балхӣ илова ба гуфтаҳои Авфӣ шумо боз чӣ маълумот доред?
14. Аз харита Мисрро ёбед. Дар бораи аҳромҳои Миср чӣ медонед? Ягон филми ҳуҷҷатиро дар ин бора дидаед?
15. Дар бораи аҳамияти «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» Маликушшуаро Баҳор чӣ гуфтааст? Гуфтаҳои ӯро хонед ва таҳлил намоед!
РӮЙХАТИ АДАБИЁТИ ИЛМӢ ВА МЕТОДӢ
1 .И.С.Брагинский. Очерки из истории таджикской литератури. Сталинабад, 1956.
2. Адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои XIII - XIV. «Дониш», Душанбе, 1989.
3. Дурдонаҳои наср, ҷилди якум. «Ирфон», Душанбе 1987.
Реклама