Шарҳи ҳоли шоир

Шарҳи ҳоли шоир

 

Моро ба ҷафо кушта пушаймон туда боиш,

Хуни дили мо рехта ҳайрон шуда бошӣ?

Барои мардуми Қирот шаби ҷумъаи соли 1529 шаби бехосият буд. Дору гир, доду фарёд, гиряву лобаи кӯдакону заной хомӯшии шабро халалдор мекард. Ясавулон ва сарбозони Убайдуллохон хонаҳои мардумонро талаву тороҷ мекарданд, одамони «гарданкаш», «ёгӣ» ё шиъамазҳабонро ба зиндону қозихона мебурданд. Чор сарбози Убайдуллохон ба назди дарвозае омаданд. Тақ-тақ карданд.

-     Кист?

-     Кушо, мо одамони хон!

Марде дарвозаро кушод.

-     Хонаи кист?! - пурсид яке аз одамони хон.

-     Бадриддини Ҳилолӣ.

-     Хабар кун, биёяд!

-    

-Ман?

Ҳа, ту! Шиъаи хар!

-    Даҳон нигоҳ доред! Одоб ҷавҳари инсон аст. Аввал пурсиш, баъд кушиш!

-   Бас сафсата. Рафтем ба маҳкамаи қозӣ. Дар ҳамон ҷо мефаҳмӣ.

Чокарон ба забон кушодани шоир имконият надода, ӯро гирифта кашон-кашон ба маҳкамаи қозӣ оварданд. Қозихона дар ин ними шаб хеле серодам буд. Пас аз интизорӣ Ҳилолиро ба назди қозикалон Шамсидҷини Қаҳтонӣ дароварданд. Чор нафар дар рӯи кӯрпачаҳои махмалин нишаста, тасбеҳ мегардонданд.

Ҳилолӣ шарту русуми инсонӣ ба ҷо оварда салом дод. Аммо салом беҷавоб монд. Қозикалон ба ҳуҷум гузашт:

-   Шумо, шоир Ҳилолӣ? Чунин бандаҳои осй ба худ лақабҳои осмонӣ ҷуста меёбанд. Садқаи ҳилоли Худой мутаъол шавед!

-   Ман ғуноҳе надорам ва сабаби ба марҳамати шумоён расиданамро намедонам.

-   Намедонӣ?! Ҳамаашро нағз медонӣ! Ҳоло ба ёдат меорем. Аввалан, дар як шеърат хони покдину маъдалатгустар, ҳомии шариати ислом Убайдуллохонро танқиду мазаммат кардаӣ. Магар ин гуноҳ нест?! Сониян, аз рӯи кору рафторат шиамазҳаб ҳастӣ. Ба шиа буданат ин ҳомиёни дину диёнат гувоҳ ҳастанд ва шиа буданатро тасдиқ мекунанд.

Мавлоно Бақоии Ланг ва Мавлоно Гулчеҳр, ки дар назди қозикалон ҳузур доштанд, аз ҷой бархеста, суханони Мавлоно Шамсиддинро тасдиқ карданд.

-   Баред! Пагоҳ дар бозори Чорсӯ амри моро амалӣ кунед! Хуршеди оламтоб кайҳо аз паси қуллаҳои кӯҳ баромада, саховатмандона нурпошӣ мекард. Вале офтоби зиндагии шоир Ҳилолӣ рӯ ба ғуруб оварда буд. Шоири номуродро ясавулон кашон-кашон ба сӯи бозори Чорсуи Х^рот мебурданд. Як гурӯҳ мардуми авом ба ҳоли шоир гиря мекарданд ва баъзе ҳасудон, нотавонбинон ва рақибони шоир ба сари Ҳилолӣ санг мепартофтанд. Сари шоир хуншор шуда буд. Қатраҳои хун ба рӯи гандумгунаш таровида, риши мошубиринҷии шоирро лолагун мекарданд. У бо сари баланд пеш мерафт. Аз байни ҳасудону нотавонбинон, дӯстон, хешу ақрабояшро меҷӯсту медид, ки онҳо гирён буданд. Шоир бо ишорат бо онҳо хайру хуш менамуд ва байти зерро бо дарду алам мехонд:

Ин қатраи хун чист бар рӯи ту, Ҳилолӣ,

Гӯё, ки дил аз еусса ба рӯи ту давида.

Ниҳоят Ҳилолиро ба бозорҷой оварданд. Дар назди ӯ ҷаллод Сайфулло шамшер дар даст меистод. Қатлгоҳ баландтар буд. Шоир издиҳомро хуб медид. Чанд дақиқа хомӯшӣ ҳукмфармо гардид. Сонӣ ба шоир иҷозат доданд, ки чанд сухан гӯяд:

-   Хешу табор, дӯстон! Бо Шумо худоҳофизӣ мекунам. Онҳо дар касди ҷони ман буданд. Имрӯз ба мақсад мерасанд. Гуноҳе надорам, ҳасудон, нотавонбинон, амири бехирад душмани ҷони ман шуданд.

- Кушед шоири бадмазҳабро! Бас лаққидан, - ба Сайфулло фармон дод шахси масъули Убайдуллохон. Сайфулло фармонро ба ҷо овард.

Соли қатли Ҳилолӣ 936 ҳиҷрист, ки ин ба соли 1529 мелодӣ рост меояд.

Падару бобои Ҳилолӣ дар шаҳри Астаробод зиндагии хоксоронае доштанд^Ҳилолӣ дар ҳамин ҷо, тахминан соли 1475 ба дунё омадааст. Ӯ таҳсили ибтидоияшро дар Астаробод гузаронида, пас ба маркази илму адаб шаҳри Ҳирот меояд. Дар ин ҷо дар як муддати кӯтоҳ илмҳои калом, мусиқӣ, таърих, нучум ва ғайраро ба хубӣ аз худ мекунад. Чуноне ки ҳамзамононаш қайд кардаанд, Ҳилолӣ ҳанӯз аз хурдӣ хушзеҳн буда, истеъдоди бузурги сухандонӣ доштааст. Аз ин ҷост, ки дар синни 15-16-солагӣ овозаи шеъри ӯ баланд мешавад ва ба сӯҳбати Ҷомию Навоӣ барин бузургони илму адаби замонаш шарафёб мегардад. Муаллифи «Таърихи хулосатулахбор» Муҳаммад Хондамир дар ин бора чунин мегӯяд: «Мавлоно Ҳилолӣ дар назми ғазал бебадал аст. Пекин дар ин айём забон аз гуфтори ашъор фурӯ баста ва аксар авқотро ба таҳсили улум сарф мекунад».

Ҳилолии ҷавон абёти адибони бузурги гузаштаро аз бар намуд. «Хамса»-ҳои Низомию Амир Хусрав ва достонҳои Абдураҳмони Ҷомиро ба тамом аз ёд медонист.

Бадриддин Ҳилолӣ бештари ҳаёташро дар Ҳ,ирот гузаронд. Оиладор шуда соҳиби фарзанд гардид. Доир ба ин масъала адиб дар достони «Лайлӣ ва Маҷнун» ба тарзи зайл ишорат кардааст:

Эй дурри шарар зи баҳри кавнайн,

Фарзанди азиз - қурратулайн.[1]

Бишнав сухани маро, ки панд аст,

Панди падар аст, судманд аст.

Хдлолӣ хеле кам сафар кардааст. Аз сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ равшан мегардад, ки ӯ танҳо як маротиба ба Қандаҳор сафар карда, бо ахди адаби он ҷой сӯҳбатҳо оростааст. Шоир марди сӯҳбаторо ва ҳозирҷавоб будааст. Чунонки муаллифи «Акбарнома» Муборак Алломӣ дар асараш зикр кардааст,

ҳокими Қандаҳор Мирзо Комрон базме ташкил мекунад. Дар он шоирон, олимон ва дигар аркони давлат иштирок доштанд. Ҳилолӣ ҳам ба базм ҳозир шуда, аз Мавлоно Наргисӣ болотар менишинад. Аз ин болонишинии Ҳилолӣ Мулло Наргисӣ меранҷад ва байти зерро навишта, ба дасти Ҳилолӣ медиҳад:

«Нокасе гар аз касе боло нишинад, бок нест,

3-он ки хас бар рӯи обу зери дарё гавҳар аст».

Ҳилолӣ фавран ҷавоб мегардонад:

Ҳар кӣ ӯро табъ бошад, ҷои ӯ болотар аст,

Ҳар киро табъе набошад, ҷои ӯ зери дар аст.

Мирзо Комрон воқиф шуда, гуфг: «Чӣ гуфтугӯ доред?» Мулло Наргисӣ арз кард: «Имрӯз мулло Ҳилолӣ ҷои худро надониста».

Мирзо гуфтанд:

-    Эй мулло Ҳилолӣ, чаро надониста боло нишастӣ? Мулло Ҳилолӣ гуфт:

-     Ман дар ин ҷо тавзеҳҳо[2] дорам.

Мирзо гуфтанд:

-     Бигӯ!

Гуфт:

-    Номи ман Ҳилол аст, номи эшон Наргис. Ҳилол дар осмон аст ва наргис дар замин бирӯяд. Дигар, шоирон Абрӯро ҳилол гӯянд ва чашмро наргис, абрӯ болои чашм аст. Аз ин сабаб боло нишастаам».

Ҳамин тавр, шоир дар айёми ҷӯшу хурӯши эҷодӣ аз дасти шоҳони ҷоҳилу золим ҷони азизи хешро ба Ҷонофарин супорид, ки мо дар боло ҳикоят кардем. Имрӯз қабри шоир дар шаҳри Ҳироти Афғонистон барҷост, зиёратгоҳи ахди хирад аст.

[1] Қурратулайн - нури дида, фарзанд

[2] Тавзеҳ — сабаби чизе ё кореро шарҳ додан.

Реклама