Мазмун ва мундариҷаи идеявии ашъори Восифӣ. Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, чунонки дар боло ишорат рафт, на танҳо нависандаи бомаҳорат, балки олим, муаррих, забоншиносу адабиётшиноси мумтоз низ будааст. Дар «Бадоеъулвақоеъ» намунаи осори ӯ доир ба ин илмҳо оварда шудаанд. Муаллифи тазкираи «Музаккирулаҳбоб» Хоҷа Хасани Нисорӣ, ки соли 1566 онро ба анҷом расонидааст, дар бораи ҳаёту фаъолияти Восифӣ маълумот дода, ба назми ӯ баҳои баланд медиҳад. Ҷавобияҳои ӯро ба қасидаю ғазалҳои шоирони гузашта ва муосир аъло ҳисоб мекунад.
Восифӣ дар ҳамаи жанрҳои адабии адабиёти классикӣ: қасида, ғазал, рубоӣ, қитъа, байт, фард ва ғайра асар эҷод кардааст.
Як ҷиҳати муҳими назми Восифӣ дар он аст, ки ӯ кай, дар кадом маврид ва ба чӣ мақсад эҷод шудани онҳоро дар ёддоштҳояш ба тафсил нақл мекунад. Масалан, аз нақди Восифӣ равшан мегардад, ки дар соли 1514 дар Бухоро 100 ғазал эҷод кардааст, ки онҳо дар «Бадоеъулвақоеъ» пурра оварда шудаанд. Ин хусусият ба эҷодиёти адибони гузашта чандон хос нест. Як мисоли дигар. Восифӣ сабаби ба вуҷуд омадани қасидаи қаҳтӣ ва сардиро чунин ҳикоя мекунад: - Соли 1512 дар Самарақнд зимистон сахт омад:
Рӯз аз хунукӣ кашида дарҳам
Худрову намуда кутаҳу кам.
Аз сардии об мурғи обӣ
Оварда паноҳ бар кабобӣ.
Қаҳтӣ ва гаронӣ ниҳоят авҷ гирифт. Зиндагии мардум ниҳоят вазнин ва аҳволи Восифӣ бад шуд. Илова бар ин 10 толибилми қашшоқ ва гурусна ба назди Восифӣ омада, имдод металабанд. Дар ин бора муаллиф чунин мегӯяд: «Аммо кори толибилмон ба ҷое кашид ва аҳволи онҳо ба дараҷае расид, ки ду тан аз онҳо пӯстинҳои худро фурӯхта хӯрданд ва аз сахтии сармо ҷон ба Ҷонофарин супурда мурданд.
Мавлоно Алии Балхӣ, ки яке аз ёрони ҷонӣ буд, шабе ба ҳуҷраи фақир омада гуфт:
- Ин толибилмон ҳама ҳалок мешаванд, дар бораи онҳо чӣ андеша бояд кард?
- Гуфтам: - Ман низ ҳайронам ва чорае намедонам.
-Дар таърифи соли қаҳт, - гуфт ӯ, - ба мадҳи Абусаидсултон[1] қасидае бояд гуфт, то ки аз вай сила (мукофот) гӯён чизе руяд ва ба он восита сафинаи умри ин фақиронро аз ин баҳри бепоёни сармо ба соҳили фароғат гузаронем.
Гуфтам: - султон Абусаид туркест, ки асло форсӣ намедонад, чунонки мо туркӣ намедонем.
Мавлоно Алӣ гуфт:
- Ман рафиқе дорам, ки имом ва ноиби султон аст. Ӯ қасидаро ба султон таъриф кунад, кифоя аст.
Пас аз ин Восифӣ дар як шаб қасидаи «Қаҳтӣ ва сардӣ»-ро иншо мекунад. Рӯзи дигар қасидаро дар назди Абусаид мехонад ва ӯ 10 гӯсфанд, 20 ман орд, ба маблағи 600 танга пул ва чаҳор дарахт барон ҳезум инъом медиҳад.
Восифӣ он чизҳоро ба Мадраса оварда, талабагони гуруснаро аз марг наҷот медиҳад, ки албатта, ин як кори хайр, некии инсони бузург нисбат ба дармондагон ва бечорагон аст.
Қасидаи мазкур аз рӯи мазмуну мундариҷаи идеявӣ на мадҳӣ, балки ҳасбиҳолӣ аст. Дар он гуруснагӣ, ҳаёти вазнини омма ва худи муаллиф ба хубӣ инъикос ёфтааст.
Восифӣ дар қасида, қитъа, рубоӣ ва ғазалҳояш инсонро ба некномию некандешӣ даъват намуда, хислатҳои ҳамидаи онҳоро ситоиш мекунад. Дар баробари ин одамони бахил, ҳасуд, тамаъкор ва золимро сахт мазаммат кардааст.
Восифӣ дар сурудани ғазал қобилияти аҷиб доштааст. Ғазалҳои ӯ дар равонӣ, ширинӣ ва санъати сухан баланд буда, намунаҳои барҷастаи асарҳои лирикии асри XVI-и адабиёти тоҷик ба ҳисоб мераванд.
Инак, барои исботи ин ақида чанд байт аз ғазали «Хайр бод»-и шоир:
Меравам аз кӯи ту бо ҷони пурғам, хайр бод!
Бо дили пуроташу бо чашми пурнам, хайр бод.
Аҳли оламро зи ман гар буд дар хотир губор,
Ман зи олам меравам, бар аҳли олам хайр бод.
Он парӣ дар вақти рафтан аз сари меҳру вафо
Восифии хастаро мегуфт ҳар дам: «Хайр бод»!
Восифӣ ба ғазалиёти шоирони бузурги гузашта Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Котибии Нишопурӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мавлоно Унсӣ, Камолиддини Биноӣ ва дигарон назира гуфта, аз ӯҳдаи ҷавоб гуфтан ба хубӣ баромадааст. Барои исботи ин фикр ба намунаи зер диққат кунед:
ХУСРАВИ ДЕҲЛАВӢ:
Чаман чун бӯи ту дорад, ба бӯят дар чаман мирам,
Ба ёди ҳадди ту дар сояи сарву суман мирам.
ВОСИФӢ:
Чу ман аз бевафоиҳои он паймоншикан мирам,
Барафтад аз ҷаҳон расми вафо рӯзе, ки ман мирам.
КАМОЛИДДИНИ БИНОӢ:
Бисӯхт оташи нойи дили балокаши ман,
Магар найи нафаси медамад бар оташи ман?
ВОСИФӢ:
Ба рақс гарм чу гардид сарви маҳваши ман,
Зи боди домани ӯ даргирифт оташи ман.
[1] Султон Абусаид - ҳокими Самарканд, соли 1533 вафот кардааст.
Реклама