Сайфиддин Муҳаммади Фарғонӣ яке аз сухансароёни маъруфи адабиёти тоҷику форс маҳсуб мешавад. Ӯ дар нимаи аввали асри XIII дар Фарғона таваллуд ёфтааст ва дар ҳамин ҷо илму дониш омӯхтааст. Ӯ дар натиҷаи саъю кӯшиши зиёд аз илмҳои маъмули замона бархурдор мегардад. Сайфиддин илмҳои таърих, забону адабиёти тоҷику форс ва арабро аз худ намуда, пайваста ашъори адибони пешинро хонда, аз бар менамояд. Дар баробари ин дар назди устодон илми арӯз, қофия ва санъатҳои бадеиро аз худ менамояд ва оҳиста-оҳиста абёти шогирдонаи хешро низ иншо менамояд. Вале ҳаёти осудаю ороми шоир ба шаби тор бадал гардида, ба таъқиби муғулон, ки аллакай Мовароуннаҳру Хуросонро фатҳ карда, давлату савлат меронданд, гирифтор мегардад. Оқибат маҷбур мешавад, ки як умр Фарғонаро тарк намуда, ба тарафи Эрон роҳ пеш гирад. Ӯ дар роҳ сахтиҳои зиёд мебинад, ба таъқиби муғулҳои истилогар дучор гардида, ниҳоят ба Табрез меояд. Табрез он рузгор андак орому осуда буд. Шоир он ҷо мудҷате меистад. Аз тарафи дигар, дар он ҷо уламою удабо аз бисёр шаҳрҳои Моваруннаҳру Хуросон омада буданд. Доираҳои адабӣ дар ин шаҳри бузург диққати меқмонони шеърдӯсту ҳунарманд ва ахди адабро бештар ба худ ҷалб мекард. Сайфи Фарғонӣ маҳз дар ҳамин ҷо асарҳои Шайх Саъдиро хонда, бо ӯ гоибона шинос гардид. Дере нагузашта ба Шероз ба зиёрати Саъдӣ рафт. Саъдӣ Сайфро хуш қабул намуда, бо ҳам дӯсти ҷонӣ ғардиданд. Метавон гуфт, ки аз ҳамин вақт cap карда, Саъдӣ барои Сайфи Фарғонӣ мураббӣ ва дар ҳама кор мададгор гардид. Ба Сайф ёрии модҷӣ мерасонд. Сайф баъд аз чанд мудҷат боз ба Табрез омад. Сабаби бозгашташ он буд, ки мамдӯхи ӯ, вазири подшоҳи Элхонӣ Шамсиддини Соҳибдевон, ки марде шеърдӯсту шоирпарвар буд, чашм ба роҳаш дошт. Сайф муносибати хешро бо ин вазир ба Саъдӣ ҳикоят карда буд, бинобар ин дар рафтани шоир ризоят дод. Сайф қиссаи ба ҳузури Шамсидҷин шарафёб шуданашро ба Саъдӣ ҳикоят намуда буд:
«Чун мулозимони вазир ба арзаш расонданд, ки аз диёри Фаргона шоире омадааст, ки хешро Муҳаммад Сайфиддини Фарғонӣ гӯяд ва он кас хоҳиши зиёрати шумо доранд. Боз шеърҳои тозаэҷоди худро ҳамчун армугон овардаанд. Шамсиддини Соҳибдевон пасон меҳмонро қабул намуд ва перомуни шеъру шоирӣ ва каломи бадеӣ бо ҳам хеле сӯҳбат карданд ва Сайф аз қасидаю ғазалҳои тозаэҷодаш барои ӯ қироат кард. Шоиста он буд, ки ҳам сӯҳбат ва ҳам ашъори Сайф ба вазир писанд афтод ва ӯро аз ҷумлаи хосони хеш баргузид. Баъд бо кӯмаки Шамсиддин соҳиби ҳавлӣ шуду соҳиби ҳамсар ҳам. Албатта, дигар наметавонист, ки дар Шероз бимонад. Бозгашт, вале дӯстии байни Саъдию Сайф устувор монд. Онҳо ба воситаи нома аз ҳолу аҳволи якдигар воқиф мегардиданд ва асарҳои тозаэҷоди хешро нисори якдигар мекарданд.
Вале, мутаассифона, ҳаёти осуда, базму шабнишиниҳои дӯстона дер давом накард. Низоъҳои дарборӣ домон зад. Муқобилони Шамсиддини Соҳибдевон бар зидди ӯ бархостанд ва тавонистанд суханашонро дар назди хон гузаронанд ва хиёнату ҷинояти вазир Шамсиддини Соҳибдевонро исбот бикунанд. Бо амри хон Шамсиддин бо як гурӯҳ наздиконаш ба қатл расид ва боз Сайф бо аҳлу аёли худ гурезон шуд. Акнун боз ба Осиёи Сағир, ба Туркия рӯ овард ва дар шаҳри Оқсаройи туркони усмонӣ манзил ихтиёр кард. Ин ҳодиса дар соли 1286 ба вуқӯъ омада буд.
Ҳаёти шоир дар Оқсарой чандон хуб набуд. Вале ба ҳар ҳол осуда ва ором мегузашт, нафаси озод мекашид. Дигар игвою дасисабозиҳои дарбори элхонӣ ӯро ранҷу озор намедод. Ҳамдаму ёри меҳрубонаш китобҳо, асарҳо ва эҷодкориҳои солҳои пешинаш буданд, ки дилашро мебардоштанду бо ҳамон умед зиндагӣ мекард. Ӯ бо ёди Ватан, ёди ёру дӯстон ва бо навои рӯди ботамкини Сир шабонро рӯз карда, дилро таскин медод.
Ҳамин тавр, Сайфиддин Муҳаммади Фарғонӣ дур аз Ватан соли 1306 дар шаҳри Оқсаройи Туркия чашм аз ҷаҳон пӯшид. Барои мо равшан нест, ки то имрӯз марқади шоир дар ин шаҳр барҷост ё на. Аммо хуб медонем, ки осори ин шоири ширинкалом - Сайфи Фарғонӣ то ба имрӯз бо мост ва оянда ҳам дар қалби одамони сайёра ҷовид хоҳад монд.
Реклама