Дар қарнҳои XV-XVI адабиёти бадеӣ низ густариш ёфта, соҳаҳои мухталифи зиндагиро дар худ инъикос менамуд.
Дар ин асрҳо ҳаёти адабӣ бештар дар шаҳрҳои Ҳирот, Самарқанд, Табрез ва Бухоро ривоҷу равнақ ёфт. Дар шаҳрҳои номбурда мактабҳои адабӣ амал мекарданд, ки ин мактабҳо дар эҷоди каломи бадеӣ бо якдигар мусобиқа доштанд. Масалан, мактаби адабии Ҳирот, ки ташкилкунанда ва сарвари он мутафаккири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ буд, дар таърихи адабиёти тоҷику форстаъсири амиқе гузоштааст. Намояндагони ин мактаб адабиёти 500-600- солаи моро ҷамъбаст карда, дар аксарияти жанрҳои адабӣ асарҳои мукаммал эҷод намудаанд.
Дар нимаи дуюми асри XV ба Ҳирот аз шаҳрҳои гуногун толибилмон ва ҷавонони эҷодкор барои таҳсилу аз имтиҳони адибони бузург - Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ гузаштан меомаданд.
Онҳо дар ин ҷо истеъдоди худро такмил медоданд, ба ашъори шоирони бузурги гузашта назира мегуфтанд ва дар ҷамъомадҳои худ шеърҳои якдигарро муҳокима мекарданд. Ҷомӣ асарҳои онҳоро хонда, дар охир ба шоирони чавон маслиҳат медод. Ҳатто ҷавонони болаёқатро ба наздаш даъват карда, аз онҳо имтиҳон меғирифт. Масалан, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, Бадридҷини Ҳилолӣ ва Мавлоно Ҳотифӣ (хоҳарзодаи Ҷомӣ) аз имтиҳони устодони мактаби адабии Ҷомӣ бомуваффақият гузашта буданд.
Бешубҳа, натиҷаи ғамхории падаронаи он устодони сухан буд, ки мактаби адабии Ҳирот самараи хуб дод. Дастпарварони ин мактаб Камолиддини Биноӣ, Ҳусайни Воизи Кошифӣ, Маҳмуди Восифӣ, Бадридҷини Ҳилолӣ дар таърихи адабиёти классикии асри XVI мақоми хосса пайдо карданд. Дар асрҳои XV- XVI доираҳои адабии Самарқанд, Бухоро ва Табрез бо якдигар муносибати наздик доштанд. Вале ин доираҳои адабӣ назар ба мактаби адабии Ҳирот хеле заиф буданд. Дар доираи адабии Ироқ Қозӣ Исо, Ҷалолиддини Даввонӣ ва Дарвеши Деҳакӣ (ба эҷодиёти ӯ Ҷомӣ ва Навоӣ баҳои баланд додаанд) мавқеи калон доштанд.
Аммо баъди Хуросонро ишғол кардани Исмоили Сафавӣ бисёр бузургони илму адаб ба Ҳиндустон, Бухорову Самарқанд, Тошканд, Табрез рахти сафар бастанд ва ҳамин тавр, мактаби адабии Бухорову Тошканд қувват гирифт. Албатта, дар нашъунамои доираҳои адабӣ намояндагони мактаби адабии Ҳирот, ки асосан ба Бухорову Тошканд рафта буданд, нақши бузург доштанд. Восифӣ дар бораи вазъи илмиву адабии Бухоро маълумот дода чунин мегуяд:
«Хонаи Хоҷа Ҳошимӣ ҷамъомадгоҳи арбоби фазлу камол буд. Ҳар рӯз ҷамъе аз шоирони Бухоро дар он ҷо ҷамъ мешуданд. Одати Хода он буд, ки ҳар руз дар хузури шуаро байте мехонданд, ё ғазалеро ба миён меандохтанд ва шоиронро ба ҷавобгӯӣ ба он байт ё ғазал даъват мекарданд. Рузе гуфтанд: «Табъро бекор намебояд гузошт ва ӯро машғул мебояд дошт, ки коҳилӣ муҷиби касолати табъу тавлиди зеҳн мебошад. Баъд фармуданд, ки аз ғазалиёти Хусрави Деҳлавӣ ва ҳазрати Махдум (Ҷомӣ). Мавлоно Котибӣ ва ғайра анқариб ба сад ғазал интихоб намуда шавад. Ва ба хотири расида, ки аз ёрон илтимос намуда шавад, ки онро татаббуь намояд».
Мувофиқи тадқиқоти пурратари сарчашмаҳои адабӣ ҳаёти адабии Мовароуннаҳр нисбат ба ҳаёти адабии Хуросон хеле суст ҷараён дошта будааст. Масалан, дар тарҷумаҳои (Фахрӣ, Қазвинӣ) «Маҷолис-ун-нафоис»-и Алишери Навоӣ дар бораи 471 нафар шоир маълумот до да мешавад. Аз ин 471 шоир 75 нафари онҳо аз Мовароуннаҳр мебошанду халос. Боқӣ аз мардуми Хуросонанд. Илова бар ин, аз 75 адибе, ки дар сарзамини Мовароуннаҳр зиндагӣ мекарданд, аксарияташон берун аз дарбор эҷод карда, ба коре машгул буданд. Дар мактаби адабии Ҳирот ҳам намояндагони касбу кори гуногун фаъолона иштирок доштанд. Масалан, 61 нафар шоир намояндаи 29 навъи санъати ҳунармандӣ буданд.
Ҷангҳои дохилй, зиёд гардидани зулму истисмори чӣ ашрофони дохилӣ ва чӣ ҳокимони забткор ва зам гардидани андозҳо боиси қашшоқ гардидани омма, махсусан ҳунармандон, косибон ва деҳқонон шуд. Муаллифи «Бадоеъулвақоеъ» ҳаёту зиндагии ҳамин гуна одамони мазлуму бечора ва шоирони муфлисро дар осораш бо сузу ҳаяҷони ботинӣ ба хонандагон ҳикоят мекунад. Масалан, Мавлоно Хдсаншоҳ яке аз шоирони боистеъдод буд. Шеърҳои ҳаҷвия, китъаоти ахлокии зиёде дошт. Вале бисёр фақирона зиндагӣ мекард. «Соле,- мегӯяд Зайниддини Восифӣ,- дар Ҳирот зимистони ниҳоят сахт омад. Сармо шиддат гирифт. Мавлоно Ҳасаншоҳ, ки чизе надошт, аҳволаш танг шуд, ба дон омада писарашро гуфт:
-Монанди мотамзадагон кабуд пӯш. Ба дари хонаи Мир Алишер рав! Мир ки туро бинад ва пурсад, гӯй, ки падарам аз дорулфано ба дорулбақо реҳлат намуд. Мир ҷиҳати такфин ва таҷҳиз чизе хоҳад дод. Ба бозор рафта, асбоби маош харида ба хона ор!
Чун ба ин сурат ба хонаи Мир омад, Мир ӯро талабида пурсид:
- Воқеа чист?
Гуфт:
- Падарам вафот кард.
Бо шунидани ин хабар дар чашмони Мир об чарх зад ва гуфт:
- Дареғ аз Мавлоно Ҳасаншоҳ, ки аз наводири рӯзгор буд.
Баъд ба маблаги 300 танга ба вай инъом фармуд. Рӯзи дигар
Мавлоно ба дари хонаи Мир омад. Чун чашми Мир ба вай афтод, аз ханда пушт ба девор ниҳод ва гуфт:
- Эй мулло ! Шумо мурда будед? Ин чӣ ҳолат аст?
Гуфт:
-Эй Мир, агар он инъом намешуд, мурда будем».
Ин саргузашти ғамангези Мавлоно Ҳасаншоқи шоир пурра собит менамояд, ки аҳли қалам, ахди ҳунар бо зиллату хори умр ба cap мебурданд. Маҳз дар он рӯзгор ёрию мададгорй, пуштибонию сарпарастии Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ буд, ки баъзеи онҳо як бурдаи нон ёфтаву эҷод кардаанд.
Бояд эътироф кард, ки кисми зиёди шоирони дарбор ба манфиати халқ хизмат мекарданд, идеяҳои гуманистӣ, адолатпарварй ва амсоли инро дар эҷодиёти худ тараннум менамуданд. Мисоли равшани инро мо дар эҷодиёти Зайниддин Маҳмуди Восифӣ дида метавонем. Ӯ як қисми ҳаёти худро дар дарбор гузаронид, вале эҷодиёти худро ба манфиати халқ бахшидааст. Нависанда шоирони маддоҳ, хушомадгӯйро бад мебинад ва дар баробари ин аҳли қаламро даъват менамояд, ки ҳамеша дар назди амирон, ҳокимон назарбаланд бошанд, кадри сухани худро паст назананд. Масалан, Восифӣ ин матлабро бо овардани як ҳикоят аз номи шоири асри XV Бобо Савдой ин тавр баён кардааст: «Бобо Савдоӣ бо чамоаъе аз зурафо дар хиёбоне нишаста мутоиба мегуфтанд, ки Бойсунғур Мирзо аз дур намоён мешавад. Ба ҷуз Бобо Савдоӣ ҳама хеста ба ӯ таъзим мекунанд. Баъд аз рафтани подшоҳ одамон ӯро таън кардаанд, ки чаро ба Мирзо таъзим накардй. Бобо Савдой дар ҷавоб: «Маро парвои подшоҳони олам нест. Ман писари Худоям», -мегӯяд.
Нависанда зимни ин сухан озодй ва киммату арзиши инсонро дар ҷои аввал мегузорад. Нависанда ба инсон хитоб карда, гуфтанӣ шудааст, ки ҳаргиз худашро дар назди ахди ҷоҳу сарват хору залил нагардонад, ҳамеша сарбаланд бошад.
Воқеан, аз тарафи муаллиф баён кардани ин фикр бесабаб набуд. Далелҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки дар асрҳои XV ва XVI қадру қимати инсони ҳақиқӣ дар назди шоҳу ҳокимон хеле паст гардид, ба он чун ба ҳайвон муомила мекарданд. Илова бар ин, ба ҳамаи ин хорию беҳурматӣ нигоҳ накарда, бисёр одамон расми хушомадгӯиро дар назди соҳибмансабон ба дараҷаи олӣ расонида буданд. Ба ин гурӯҳ шоирони маддоҳ Мавлоно Тунӣ, Амир Ҷалолиддин, Мавлоно Аҳлии Шерозӣ ва дигарон дохил мешуданд. Нависанда ҳамаи инро дар ҳаёт бо чашмони худ медид ва, албатта, дар ин бора хомӯш истода наметавонист.
Вале бояд зикр кард, ки дар адабиёти ин давра намояндагони мактаби адабии Абдураҳмони Ҷомӣ, ки ба он Давлатшоҳи Самарқандӣ, Мавлоно Унсӣ, Алишери Навоӣ, Ҳусайни Воизи Кошифӣ, Камолиддини Биноӣ, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, Бадриддини Ҳилолӣ ва дигарон шомил буданд, эҷодиёти худро ба манфиати халқ бахшида, идеяҳои гуманиста, адолатхоҳӣ ва раиятпарвариро тарғиб намудаанд. Масалан, Ҷомӣ мақсади зиндагии ҳар як фард, ҳар як адиб, ҳар як инсонро дар некию накӯкорӣ нисбат ба халқ мебинад. Монанди шамъ шудан лозим, то зиндагии дигаронро фурузон кунӣ, мисли абри баҳорон борон рехта, ба олами наботот ҷону дармони тоза бубахш, - ҳамин аст мақсади зиндагии ҳар як инсон,- мегуяд Ҷомӣ.
Шамъ шав, ғиамъ, ки худро сӯзӣ,
То ба он базми касон афрӯзӣ.
А бр шав, то ки чу борон резӣ,
Бар гулу хас ҳама яксон резӣ.
Адибони фавқуззикр маҳз аз рӯи чунин гуфтаҳои Ҷомӣ амал карда, эҷодиёти худро ба манфиати халқ равона карда буданд. Онҳо мадҳу ситоиши шахсони нолоиқро барои худ таън мешуморанд. Дар ин бора Бадриддини Ҳилолӣ хеле хуб гуфтааст:
Шодам, ки дар ин се баҳри асрор,
Бар сангдилон наям гуҳарбор.
Ман нома ба номи кас накардам,
Инъоми касе ҳавас накардам!
Дар эҷодиёти онҳо танқиди замона, тарзи давлатдорӣ, зулму истисмори шоҳону ҳокимон мавқеи муҳимро ишгол мекунад. Масалан, Камолидҷини Биноӣ дар баробари танқиду накӯҳиш кардани золимон, инчунин онҳоро аз оқибати нохуши кирдорашон огоҳ месозад.
Рахши давлат ба зулм агар ронӣ,
Ҳамчу хар дар халоб дар монӣ.
Поймоли ҷафо ба кас маписанд,
Ки ба мехи ҷафо шавӣ побанд.
Жанрхои адабӣ. Дар адабиёти асрҳои XV- XVI мисли асрҳои пешин асосан назм ҳукмрон буд. Асарҳои манзум чӣ аз ҷиҳати шакл ва чӣ аз ҷиҳати мазмун назар ба асарҳои насрӣ мавқеи муҳимтареро ишгол мекарданд. Ғазал, қасида, достон, рубоӣ, қитъа, мухаммас, таркиббанд, тарҷеъбанд, мустазод шаклҳои маъмултарини адабиёти ин асрҳо ба шумор мерафтанд.
Дар эҷодиёти аксарияти шоирони ин асрҳо ғазал мавқеи асосй дошт. Ҷомӣ низ ба ин масъала ишорат намуда, чунин мегӯяд:
Ҳаст девони шеъри ман аксар,
Ғазали ошщони шайбой.
Ғазал бештар аз ҷиҳати шакл ба ғазалҳои шоирони пешин монандй дорад. Вале ба ҳар ҳол, дар ғазалҳои ин давр, дар мундариҷаи ғоявии онҳо баъзе дигаргуниҳо мушоҳида мешавад. Чунончӣ, дар ин асрҳо шоироне пайдо мешаванд, ки дар ғазалҳои худ кору зиндагии санъатварон, аҳли ҳунар ва хусусияти касбҳои онҳоро ба тарзи мушаххас тасвир мекунанд. Ин хусусият бештар дар ғазалиёти Сайфи Бухороӣ, Абӯисҳоқи Атъима мушоҳида мешавад.
Қасида ҳам бо ду роҳ тараққӣ мекунад. Қасидаҳои ахлоқӣ, фалсафӣ бештар дар эҷодиёти Абдураҳмони Ҷомӣ, Навоӣ, Биноӣ ба назар мерасанд, ки ин давоми анъанаҳои шоирони бузурғи гузашта Рӯдакӣ, Носири Хусрав, Низомӣ, Саъдӣ ва дигарон мебошад. Қасидаҳои мадҳӣ бештар дар эҷодиёти шоирони мадҷоҳи дарбор дида мешаванд.
Навиштани асарҳои ахлоқӣ дар ин асрҳо вусъат меёбад. Махсусан, асарҳои тарбиявию ахлоқии Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Бадриддини Ҳилолӣ мавқеи калонро ишғол менамояд. «Ахлоқи Ҷалолӣ»-и Ҷалолиддини Давонӣ, «Футувватномаи султонӣ», «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-и Ҳусайни Воизи Кошифӣ, «Макоримулахлоқ»-и Хондамир, «Беҳрӯзу Баҳром»-и Камолидини Биноӣ низ ба ин мавзӯъ бахшида шуда, муаллифон дар асарҳои худ доир ба бисёр масъалаҳои ахлоқӣ фикру мулоҳизаҳои пурқимат баён кардаанд.
Дар ин асрҳо назира гуфтан ба достонҳои қаҳрамонӣ, ишқӣ- романтикӣ вусъат меёбад. Онҳо ба «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ ҷавоб мегӯянд. Вале ба ғайр аз Ҷомиву Абдибеки Шерозӣ ва дар адабиёти ӯзбек Навоӣ ба ягон каси онҳо муяссар нагардид, ки ба «Хамса» пурра ҷавоб гӯянд. Ҷомӣ бидуни ҷавоби достонҳои «Хамса», микдори онро зиёд намуда, ба ҳафт расонд, ки ин, албатта, дар хамсасароӣ як тағйироти ҷиддие буд. Шоирон Мавлоно Ҳотифӣ, Шаҳобиддини Ҷомӣ, Амир Суҳайлӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Ашраф ва дигарон танҳо ба ду-се достони «Хамса»-и Низомӣ ҷавоб гуфтаанду халос.
Ғайр аз ин, дар ин асрҳо шоирони зуллисонайн, яъне дузабона пайдо мешаванд, ки онҳо ҳам ба забони тоҷикӣ, узбекӣ ва ҳам арабӣ шеъру достой эҷод мекарданд, ки сарвари онҳо Алишери Навоӣ буд.
Дар ин давра наср ҳам хеле пеш меравад. Асарҳои насрӣ чӣ аз ҷиҳати забону тарзи баён ва чӣ аз ҷиҳати услубу композитсияи худ аз якдигар фарқи калоне доштанд. Асарҳои насрии Абдураҳмони Ҷомӣ («Баҳористон», «Нафаҳотулунс»), Ҳусайни Воизи Кошифӣ («Футувватномаи султонӣ», «Ахлоқи Мӯҳсинӣ», «Анвори Суҳайлӣ»), Фахридин Алии Сафӣ («Латоифуттавоиф»), Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, («Бадоеулвақоеъ») намунаи барҷастаи насри ин асрҳо буда, аз ҷиҳати забои ва тарзи баён содҷа ва фаҳмо мебошанд. Вале дар ҳамин давр асарҳои насрие низ иншо шудаанд, ки забонашон ниҳоят душворфаҳм буда, муаллифон бештар ба истифодаи калимаю ибораҳои арабӣ аҳамият медоданд.
Реклама