Мазмун ва мундариҷаи идеявии ғазалиёти шоир

Мазмун ва мундариҷаи идеявии ғазалиёти шоир

Дар эҷодиёти Абдурраҳмони Ҷомӣ, чунонки қаблан арз кардем, ғазал мавқеи асосӣ дорад. Ҷомӣ дар сурудани ғазал ба шоирони бузурги гузашта - Саъдии Шерозӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва Камоли Хуҷандӣ пайравӣ намудааст:

Ин назми туст, Ҷомӣ, ё тоза дастаи гул,

К-аз «Бӯстон»-и Саъдӣ табъи Камол баста.

Ин пайравӣ дар мазмуну мундариҷа ва шаклу композитсияи он мушоҳида мешавад. Ғазалҳои Ҷомӣ асосан аз 7 байт иборатанд. Мавзӯи ғазалиёти шоир танқиди замону аҳли ҷоҳ, беадолатӣ, орзую умеди халқ ва ғайраро дар бар мегиранд. Масалан, дар ғазали поён ба аҳли ҷоҳу сарват, яъне шохону ҳокимони вақт хитоб карда меғӯяд, ки шумо дили осуда, зиндагии пурнишот ва айшу нӯши шоҳона доред, магар аз ҳоли мазлумон, бечорагон воқифед?

Осудадило, ҳоли дили зор чӣ донӣ?

Хунхории уипиоқи ҷигархор чӣ донӣ?

Ҳаргиз нахалида ба кафи пои ту хоре,

Озурдагии синаи афгор чӣ донӣ?

Шаб то ба саҳар хуфта ба хилватгаҳи нозӣ,

Бехобии ин дидаи бедор чӣ донӣ?

Дар ғазали дигараш Ҷопӣ амалдоронро сахт мазаммат намуда, таъкид менамояд, ки шумоёнро замонаи «номард» сохибмансаб кард, вале шумо дар асл нокасу бадкирдоред. Ҳеҷ ғас ба ин беадолатии замона розӣ нест, вале маҷоли сухан гуфтан надоранд. Аз ин роҳ баргардеду ба халқ неки кунед:

Гарра машав, ки хоҷа ба некӣ ситоядат,

Бадмардии замена туро некмард кард.

Гар кард хун дилам, чу забои аз сухан, вале,

Бо ӯ киро маҷоли сухан, ҳар чӣ кард, кард.

Шоир дар рӯзгори хеш медид, ки дар дарбори шохон як туда одамони қаллоб ва бехирад ҷамъ омада айшу нӯш мекунанд. Онҳо дар ҳалли бисер масъалаҳои муҳими давлатӣ оҷизӣ мекашанд. Ҷомӣ онҳоро ба зоғ ва чуғз монанд кардааст:

Ба қасри ишрату айвонӣ айши шоҳон бин,

Ки зоғ нағмасаро гашту ҷуғз қофиясанҷ.

Ҷомӣ, ки худ яке аз пешвоёни маслаки тасаввуф аст, дар зиндагӣ мушоҳида кард, ки баъзе шайхону зоҳидон ва сӯфиён дар зоҳир диндору худоҷӯянд, вале дар амал онҳо фиребгару беномӯсанд. Барои молу чиз оммаро фиреб медиҳанд. Шоир онҳоро ба анкабут, ки барои сайди магас тор метанад, монанд кардааст:

Шайхи шӯҳратҷӯи раъноро тамошо кун, ки чун

Дар либоси хос зоҳир шуд фиреби омро.

Мекашад доме пайи сайди магас чун анкабут,

Шоҳбозе ку, ки аз ҳам барканад ин домро ?

Оре, ин шоҳбоз худи шоир аст. Ӯ пардаи фиребу найрангро аз руяшон кашида, сираташонро ошкор кардааст. Ҷомӣ дар бораи онҳо бо ҳаяҷону изтироб сухан меронад. Ӯ халқро даъват менамояд, ки аз ин гуна ашхос дурӣ ҷӯянд, зеро онҳо монанди деву дад одамони бад ҳастанд. Ба ақидаи шоир бояд ҳамеша бо некой, бо хирадмандон ҳамсӯҳбат шуд:

Дило, зи қайди ҳарифони бехирад бигрез,

Ту мурги зиракӣ, аз доми деву дад бигрез.

Қабули сӯҳбати некой агар наӣ, боре

Яке бикӯш, зи ҳамсӯҳбатони бад бигрез.

Ҷомӣ таҷрибаи бойи ҳаётӣ дорад. Ӯ инсонро ба роҳи рост ҳидоят кардааст. Шоир дар баробари мазаммати ашхоси дилсиёҳ, золиму бадкирдор, ба мардуми меҳнатӣ, ба бечорагон муҳаббати беандоза дорад. Ҷомӣ дар ғазали зер бечорагонро аз золимон ҳимоят мекунад. Шоир ба золимон хитоб карда мегӯяд, ки озор додани арбоби сафо, яъне одамони дилсоф, аз халқ тамаъ хостани шумо кори бехирадон аст. Ҳар кореро, ки ба худ нолоиқу нохуб донед, онро ба диғарон низ раво набинед, зеро дили мискинон мисли шиша нозук аст. Агар шиша шиканад, онро пайванд кардан мушкил мебошад:

Эй, дар ин кохи амонӣ ба ғаму шодӣ банд,

Бандаи нафси худӣ, даъвии озодӣ чанд?

Лаб ба ҳар тӯъма маёлой, ки дандон шиканад,

Бар сари хони фурӯмоя зи полудаву қанд.

Санги озор мазан бар дили арбоби сафо,

К-омад осон шикани шишаву мушкил пайванд!

То писандида фитад таври ту, Ҷомӣ, ҳамаро,

Ҳар чӣ бар худ маписандӣ, дигаронро маписанд.

Ҷомӣ он касро инсони комил мешуморад, ки меҳнат мекунад ва бо меҳнати ҳалоли худ зиндагӣ менамояд. Вай ба одамони хушомадгӯ, коргурез ва муфтхӯр нафрат дорад. Аз ин ҷост, ки Ҷомӣ одамонро ба нигоҳ доштани шарафи инсонии худ даъват кардааст. У дар ин байта ғазалаш касеро, ки аз пайи молу мулк шабу рӯз дар такопӯй аст, мазаммат намудааст ва онҳоро ба қаноат, ба роҳи ҳақ, ба тоату ибодат ҳидоят кардааст:

Ҷомӣ, ба мулку молу ба ҳар сифла дил мабанд,

Кунҷи фароғу ганҷи қаноат туро бас аст.

Дар ғазали дигараш шоир кашидани озори миннати дунон, сифлагонро нафратовар ва беномӯсӣ ҳисоб мекунад. Бинобар ин бо ками худ қаноат карданро авлотар мешуморад:

Ҷомӣ, зи хони ризқ чу ноне кифоят аст,

Озори бори миннати дунон чаро кашам?

Шоир дар ғазалиёташ ишқи Аллоҳ ва баъдан ишқи поки инсониро сурудааст. Бесабаб нест, ки шоир «Кори Ҷомӣ ишқи хубон аст», - мегӯяд. Адиб гоҳе аз дидори ёр шоду масрур мегардад, меболад, ба ҳаяҷон меояд ва маъшуқаи худро ҳамчун як бут парастиш мекунад:

Ҷомӣ, аз ман саҷдаи тоат маҷӯӣ,

Чун ман акнун пеши бут cap мондаам.

Барои он ки ёри маҳбуб хуршеди авҷи кибриё аст, мегӯяд шоир, - бе ӯ зиндагӣ лаззате, саодате, мақсаде надорад. Еру маҳбуби қаҳрамони лирикӣ Парвардигор мебошад:

Бар хоки раҳ чу соя фитодему ҳамчунон,

Хуршеди авҷи кунгураи кибриёст[1] ёр.

Қаҳрамони лирикӣ аз рӯи лутфу зарофат рӯза гирифтани маҳбуби худ розӣ нест. Зеро ёри ӯ муҷассамаи олами зебоист ва рӯза ӯро беҳолу бемадор, харобу лоғар мекунад. Аз ин ҷост, ки шоир аз ёри худ хоҳиш ва илтиҷо мекунад, ки рӯза нагирад:

Нашояд, эй маҳи хуршедрух, туро рӯза,

Ки нест бар маҳу хуршед ҳеҷ ҷо рӯза...

Тани ту коҳаду ҷони ҳазор сухтадил,

Макун, макун, ки набошад туро раво рӯза.

Басе намонд, ки созад чу моҳи нав борик

Маро фироқи ҷамоли туву туро рӯза.

Ҷомӣ дар ғазали «Ид шуд» ҳамчун як ошиқи бебоку ҳиссиётпарвар намудор мешавад. Барои ӯ дидори ёр ид аст. Шоир аз ҳама идҳо (қурбон, рамазон) ҳамон соату вақтеро, ки ба дидори ёраш мушарраф шудааст, авлотар мешуморад. Албатта, ёри қаҳрамони лирикӣ Худой мутаъол аст ва шоир ишқи ӯро сурудааст:

Ид шуд, ҳар кас зи ёре идие дорад ҳавас,

Иди мову идии мо дидани рӯи ту бас.

Иди мардум дидани маҳ, иди мо дидори ту,

Ҳамчу иди мо муборак нест иди ҳеҷ кас .

Дар ин ғазал ҳиссиёти ботинии шоир басо рангин ва зебо ифода ёфтааст. Ҷомӣ ҳангоми баёни матлаб аз санъати таносуби сухан, такрор, тавсиф ва тазод бо камоли маҳорат истифода бурдааст. Такрор ёфтани калимаи «Ид», муқобил гузоштани «Ид» бо «Иди мардум» ба ғазал оҳанги зебо бахшидаанд, чозиба ва самимияти онро афзун гардонидаанд.

Дар ғазалиёти шоир табиат бо як зебоии нотакрори шоирона тасвир ёфтааст. Фасли баҳор, тамошои бӯстон, шукуфтани гулҳо умрро дароз карда, ба инсон рӯҳу мадори тоза мебахшанд ва бояд ҳар як фард аз зебоиҳо истифода барад. Чунин аст мақсади Ҷомӣ:

Мехиромад сӯи бӯстон шоҳиди раънои гул,

Меравад оби равон, mo cap ниҳад бар пои гул.

Ёфт абр аз сим ришта, сӯзан аз зар сохт меҳр,

То сабо дӯзад қабои лутф бар болои гул.

[1] Кибриё – бузургӣ, азамат, авҷи фалак.

Реклама