Мусаммат калимаи арабист. Он ба маънои ба ришта кашидани чизе ё донаҳои тасбеҳро дорад. Аммо ҳамчун истилоҳ маҷмуи шаклҳои шеърист.
Ҳамин тавр, аз муссамат навъҳои мусаллас, мураббаъ, мухаммас, мусаддас, мусаббаъ, мусамман, мутассаъ ва муашшар таркиб ёфтаанд.
Адибони гузашта ва имрӯзаи тоҷику форс ин шаклҳои мусамматро дар эҷодиёти худ истифода бурдаанд ва мебаранд. Вале баъзе навъҳои мусаммат дар эҷодиёти адибон серистеъмол буда, қисми дигарашон хеле кам истифода бурда мешаванд. Метавон намунаҳои зиёдеро дар осори адибон пайдо кард, ки онҳо дар навъҳои мусаммати мусаллас, мусаммати мураббаъ, мусаммати мухаммас ва мусаммати мусаддас эҷод шудаанд. Имрӯз ҳам ин анъана дар эҷодиёти шоирони тоҷик давом дорад. Лекин навъҳои мусаммати мусаббаъ, мусамман, мутассаъ ва муашшар кам истифода шудаанд ва имрӯз ҳам шоирон чандон ба ин навъҳо таваҷҷӯҳ надоранд.
Мавзӯъҳои мусаммат гуногунанд. Вале бештар дар онҳо мавзӯъҳои пандуахлоқӣ, иҷтимоӣ, тасвири табиат ва ғайра инъикос ёфтаанд. Нисбати дигар навъҳои мусаммат мухаммас мақоми хоса дорад. Бахусус дар асрҳои XVIII - XX ин шакли шеърӣ дар адабиёт рушду камол ёфт. Ҳатто адибон барои қувваи худро санҷидан ва ҳунари шоирии худро нишон додан, ба ғазалҳои шоирони маъруф мисли Саъдӣ, Амир Хусрав, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Ҷомӣ, Соиби Табрезӣ ва дигарон мухаммас мебастанд ё мухаммас эҷод мекарданд. Имрӯз ҳам ин анъанаи ниёгон давом дорад.
Мегӯянд, ки шоири асри XII Манучеҳрии Домтонӣ бунёдгузори ин навъи адабист. Бисёр мусамматҳои Манучех,рӣ аз бандҳои шашмисраъгӣ иборатанд ва ин навъ мусаммати мусаддас мебошад.
Мухаммас шакли шеъриеро мегӯянд, ки ҳар банди он аз панҷ мисраъ иборат бошад. Мухаммас мувофиқи мазмун ва салохдиди шоир 5-6 банд шуда метавонад. Тарзи қофиябандии он чунин аст: мисраъҳои банди аввал ҳамқофияанд а а а а а, чор мисраи банди сонӣ ҳамқофия буда, мисраи панҷум ба мисраъҳои банди аввал ҳамқофия мешавад /б б б б а/. Ба ҳамин тариқ, мисраи бандҳои охири дигар ба мисраҳои банди аввал ҳамқофия ҳастанд. Аз ҳамин нуқтаи назар мухаммаси «Намонд»-и Сайидоро аз назар мегузаронем:
1. Арбоби ҷудро кафи гавҳарфишон намонд,
Дасти кушодае ба муҳиту ба кон намонд,
Дар рӯзгори мо зи мурувеат нишон намонд,
«Аз ҳиммати баланд асар дар ҷаҳон намонд,
Як сарв дар саросари ин бӯстон намонд».
2. То ҷуғзтинатон ба фазои чаман шуданд,
Чун сабза сояпарвари сарву суман шуданд,
Гулҳо зи баски ҳамдами зоғу заған шуданд,
«Мурғони нагмасанҷ ҷалои ватан шуданд,
Ҷуз байзаи шикаста дар ин ошиён намонд».
3. Аз аҳли дил намонд дар ин хокдон нишон,
Бастанд обу ойина рахти худ аз миён,
Хуршед гуфт вақти видоаш ба осмон:
«Равшандилон чу барк, гузаштанд аз миён,
Хокистаре ба ҷои аз ин корвон намонд.»
4. Аз дидаи басирати[1] мо хоб шуд равон,
А бёт аз сафина[2] чу симоб шуд равон,
Таҳрир аз саҳифа чу хуноб шуд равон,
«Аз чашми сурмавори давот об шуд равон,
Ширинзабонии қалами нуктадон намонд».
5. Эй Сайидо, ту дил ба мақоми наҷот каш!
Пой аз миёни тоифаи бесу бот каш!
Чун Хизр рахти хеш ба оби ҳаёт каш!
«Соиб, забони хома ба коми давот каш,
Имрӯз чун суханталабе дар ҷаҳон намонд».
Шарти асосии шоири мухаммасбанд, пеш аз ҳама, дар он аст, ки бояд ба мазмун, вазн, қофияю радифи ғазали интихобшуда мухаммас ё байтҳои овардаи худро мувофиқ кунад. Сайидо тамоми қонуниятҳои зикршударо ба хубӣ иҷро кардааст ва мухаммаси бисёр олӣ офаридааст.
[1] Басират - фаросат, дониш, биноӣ, хирад.
[2] Сафина - киштӣ.
Реклама