ҚИТЪАОТИ ИБНИ ЯМИН

ҚИТЪАОТИ ИБНИ ЯМИН

Чуноне ки дар боло ёд кардем Ибни Ямин дар таърихи адабиёти тоҷику форс ҳамчун шоири қитъасаро ё устоди жанри қитъа маълуму машҳур аст. Пеш аз он ки дар бораи мазмуну мундариҷаи ғоявии қитъаоти шоир маълумот диҳем, зарур медонем, ки шумо, хонандагони боҳушро, бо хусусиятҳои жанри қитъа ошно бисозем. Жанри қитъа ҳанӯз дар асрҳои IX- X дар адабиёти тоҷику форс пайдо шуда буд. Намунаҳои онро Ямин як мисол меорем:

1.    Ба тамсил Ибни Ямин гуфтааст,     а

Кунад арза бо шоҳи фармонраво.        б

2. Ҳунарманд монанди бозе бувад,      в

Ки ӯро ба дом оварӣ аз ҳаво.     б

3. Ба таълими сайдаш машав ранҷа ҳеҷ,         г

Ки нек орад он санъат ӯ худ ба ҷо.       б

4. Ҳамин бас ки он бози бегонаро         д

Кунӣ бо худ аз роҳи лутф ошно. б

Қитъа мазмунҳои туногунро дар бар мегирад. Мавзӯъҳои асосии қитъа панду ахлоқ, мазаммати шоҳону ҳокимони золиму зулмпарвар, ошкор намудани нуқсонҳои ҷомеа, инъикос намудани андешаҳои иҷтимой, сиёсй, нишон до дани ғаму андуҳ, шодию фараҳи қаҳрамони лирикӣ ва амсоли ин шуда метавонад.

Ибни Ямин аз таҷрибаи рӯзгор басо панд омӯхта, ба хулоса омадааст, ки дар ҷамъият агарчанде, ки инсон хушхӯ, хушгуфтор ва оқилу доно бошад ҳам, мӯҳтарам намешавад, зеро молу сарват надорад, камбизоат аст, агарчи Синоро бошад. Таваҷҷӯҳ намоед:

Марди озода дар миёни гурӯҳ,

Гарчи хушхӯю оқилу доност,

Мӯҳтарам он гаҳе тавонад буд,

Ки аз эшон ба молаш истигност.

В-он ки мӯҳтоҷи «ҳалқ» шуд, хор аст,

Гарчи дар илм Буалй Синост.

Ибни Ямини Фарюмадй дар қитъаҳои «Фарзанд нури дидаи ман», «Ҳар кӣ бандад камар ба хизмати халқ», «Фарзанди ҳунарманди ман», «Фалаки озҷӯ» ва ғайра ба масъалаҳои муҳими рӯзгори хеш даст зада, муносибаташро иброз медорад.

Шоир дар қитъаи «Ҳар кӣ бандад камар ба хизмати халқ» аҳли ҷоҳу мансабро ба адлу дод, ба накӯкорӣ ҳидоят мекунад, то ки онон ғамгусори ранят ва аҳли ҳунар бошанд:

Набувад меҳтарӣ ба рӯзу ба шаб

Бодаи хушгувор нӯшидан,

Ё таоми лазизро хӯрдан,

Ё либоси латиф пӯшидан.

Ё бад-он кас, ки зердаст бувад,

Ҳар замом бе сабаб хурӯшидан.

Мам бигуям, ки меҳтарӣ чӣ бувад,

Гар бихоҳӣ зи мам ниюшидан:

Ҳамагонро зи ғам раҳонидан,

Дар раоёти халқ кӯшидан.

Ибни Ямин шахси покахлоқ, покрӯзгор ва бетамаъ буд. Назди пасфитратон ҳаргиз сари ниёз хам намекард ва дар баробари ин аз дигарон низ ҳамин хислати наҷибро талаб мекунад. Таваҷҷӯҳ намоед:

1.    Ҳар балое, ки мешавад воқеъ

Дар миёни халоики олам,

2.    Чун маку бингарй, тамаъ бошад

Маншаи он бало зи бешию ком.

3.    Гар набудӣ тамаъ, наяфтодӣ

Аз Биҳишти барин бурун Одам.

4.    Ҳар кӣ нақши тамаъ зи лавҳи замир

Бистурад, вораҳад зи меҳнату ғам.

5.    Аз тамаъ дур бош, Ибни Ямин!

Гар диле боядат хушу хуррам.

Мазмуни қитъаи боло фаҳмост. Шоир сабаби ҳама нокомиҳо, бадбахтиҳоро дар тамаъ мебинад. Ибни Ямин барои исботи фикр ривояти аз Биҳишт ронда шудани Ҳазрати Одамро меорад. Натиҷаи тамаъ буд, ки Одам ба гуфтаи Худованд гӯш накард, нафсаш зӯрӣ намуд, гандум хӯрду аз Биҳишт ронда шуд. Барои ҳамин шоир дар байти панҷум ё дар анҷоми қитъа ба худ хитоб карда мегӯяд, ки агар хоҳӣ дилат шоду хуррам бошад, аз тамаъ дур бош ва бетамаъ зиндагӣ намо.

Ибни Ямин барои дӯсти бисёр пайдо кардан таъкид менамояд, ки пеш аз ҳама, бояд инсон сифатҳои нек дошта бошад:

Мард бояд, ки ҳар куҷо бошад,

Иззати хештан нигаҳ дорад.

Худписандию аблаҳӣ накунад,

Ҳар чӣ кибру манист, бигзорад.

Ба тариҷе равад, ки мардумро

Сари мӯйе зи худ наёзорад.

Ҳама касро зи хеш беҳ донад,

Ҳеҷ касро ҳақир нашморад.

Сару зар дар талаб диҳад он гаҳ,

То магар дусте ба даст орад.

Ибни Ямин дар қитъаи «Ба ними ҷав нахаранд» иттифоқу ҳамдилиро барои аз болои душманони гаддор дастболо шудан шарти асосй медонад:

Ду дӯст бо ҳам агар якдиланд дар ҳама ҳол,

Ҳазор таънаи душман ба ними ҷав нахаранд.

В-ар иттифок намоянду азм ҷазм кунанд,

Сазад, ки пардаи афлокиён зи ҳам бидаранд.

Бикӯш, Ибни Ямин, дусте ба даст овар,

Ки душманон сӯи як тан ба сад кажӣ нигарданд.

Хулласи калом, Ибни Ямин, чунонки дидем, дар эҷодиёташ инсони меқнаткаш, аҳли ҳунарро мадҳу ситоиш кардааст. Ӯ, ки худ марди меҳнатдӯст буду бо меҳнати ҳалол рӯзгорашро пеш мебурд, аз диғарон низ ҳаминро талаб мекард. Шоир тамаъкориро бад медид ва дар тӯли ҳаёташ ба ин роҳ нарафт. Ӯ марди худшинос ва ҳақбину ҳалолкор буд. Шоир ба фарҳангу адаби ниёгон, мардони баору номӯси миллат меҳру муҳаббати бузург дошт, ки гуфтори ӯ нисбати Фирдавсию «Шоҳнома»-и ӯ далели мӯътамадест, ки аз худшиносию худогоҳии Ибни Ямин гувоҳӣ медиҳад.

Реклама