1. Зиёи Нахшабӣ чаро ба Ҳиндустон сафар кард?
2. Мегӯянд, ки Зиё забони ҳиндиро медонист. Оё ҳамин фикр дуруст аст?
3. Чаро ӯ ба дарбор нарафт?
4. Зиёи Нахшабӣ кадом асарҳоро офарид?
5. Чаро нависанда ба асараш «Гулрез» ном ниҳод?
6. «Гулрез» дар кадом мавзӯъ иншо шудааст?
7. Чаро асари нависанда «Ҷузъиёту куллиёт» ном гирифт?
8. Дар кадом мавзӯъ асар баҳс мекунад?
9. Кадом асарҳои нависанда то замони мо омада нарасиданд?
10. Маънои асари «Силк-ус-сулук» -ро шарҳ диҳед.
11. Шумо номи асари нависанда «Тӯтинома»-ро чӣ хел мефаҳмед?
12. Устухонбандии «Тӯтинома» чӣ гуна аст?
13. Маймун чӣ маъно дорад?
14. Чаро Маймун тӯтиро харид?
15. Сабаби ба сафар баромадани Маймун чӣ буд?
16. Хуҷаста чаро Шоракро қатл кард?
17. Оё рафтори Хуҷаста дуруст буд?
18. Андешаи шумо дар бораи рафтори тӯтӣ чӣ гуна аст?
19. Чаро Хуҷаста тӯтиро қатл накард?
20. Назари Зиёи Нахшабӣ нисбати замонааш чӣ хел аст?
21. Адолатпарварии шоҳонро шумо дар чӣ мебинед?
22. Муносибати нависанда нисбати ҳунармандон чӣ хел аст?
23. Мукофоти амалро чӣ хел мефаҳмед?
24. Дар бораи кору рафтори нависанда шумо чӣ андеша доред?
РӮЙХАТИ АДАБИЁТИ ИЛМӢ ВА МЕТОДӢ
1. А. Алимардонов. Зиёуддини Нахшабӣ ва «Тӯтинома»-и ӯ. «Дониш», Душанбе, 1980.
2. Дастҷамъӣ. Адабиёти форсу тоҷик дар асрхои XII-X1V, қисми дувум. «Дониш», Душанбе, 1983.
3. Т. Мирзод ва диг. Методикаи таълими адабиёти тоҷик. Маориф, Душанбе, 1991.
Реклама