МАЗМУН ВА МУНДАРИҶАИ ҒАЗАЛИЁТИ ШОИР «Девони кабир».

МАЗМУН ВА МУНДАРИҶАИ ҒАЗАЛИЁТИ ШОИР «Девони кабир».

Девон асосан ғазалиёти Ҷалолиддини Балхиро дар бар мегирад ва беш аз 50 ҳазор байт дар он гулчин шудааст. Ғазалиёти адиб беш аз 7 қарн аст, ки қалби ошиқони шайдоро гарм намуда, ба инсонҳо гизои маънавӣ бахшидаанд. Ғазалиёти Мавлоно на танҳо барои форсизабонони дунё маҳбубият,

волоият, арзандагй доранд, балки барои ҳамаи мардуми олам мақбулу азизанд. Ӯ дар ғазалҳояш ишқи инсон, дарду ғами инсон ва бузургии инсонро ситоиш кардааст. Ҷалолиддини Балхӣ инсонҳоро ба якдигар баробар, бародар медонист. Барои ӯ мафҳуми миллат, халқ, дину мазҳаб як маъно доштанд ва онҳоро баробар ва яксон медонист. Душмани қаттоли ӯ Чингизхони хунхор маҳсуб шуд. Барои ӯ кишварҳо, давлатҳо, марзу бум гӯё вуҷуд надоштанд.

Ope, дарду ғами инсон, орзую омоли ахди Сайёра магз андар мағзи ғазалиёти шоирро фаро гирифтааст. Дар бораи тавоноии ин шоири файласуфи лирикӣ қиссаҳо, ривоятҳо зиёданд, ки дар хамаи онҳо Ҷалолиддин тавсифу ситоиш ёфтааст. Мавлоно Афлокӣ дар бораи шахсиятҳои бузурги илму адаб дар асараш ҳикояте, наклу ривояте овардааст. Аз ҷумла, дар бораи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳам чанд ҳикояте овардааст, ки ҳоло муносиб аст як нақли ӯро мазмунан ба шумо ҳикоят намоем. Ҷалолиддин ва Саъдӣ ҳанғоми сайру саёҳатҳояшон ба Қунияю Шероз рафта якдигарро зиёрат карда буданд ва бо ҳам риштаи дустию бародарӣ ва ҳамкории адабӣ ҳам дошта буданд. Боре малик Шамсиддин ба Саъдӣ нома навишта хоҳиш менамояд, ки барояш ғазале иншо бикунад, ки он ғазал мазмуни ғариб ва санъатҳои аҷиб дошта бошад.

Шайх Саъдӣ ғазали Мавлоно Ҷалолиддинро, ки бо чунин матлаъ оғоз меёфт:

«Ҳар нафас овози иищ мерасад аз чапу рост,

Мо ба фалак меравем, азми тамошо кирост?»

бо номае ба Шамсиддин фиристоданд ва дар он нома Саъдӣ чунин нигошта буд: «Дар иқлими Рум подшоҳе муборакқадам зуҳур кардааст ва ин нафоқат ӯрост. Аз ӯ беҳтар ғазале нагуфтаанд ва низ нахоҳанд гуфтан. Маро ҳаваси он аст, ки ба зиёрати он султон ба диёри Рум равам ва рӯйро ба хоки пойи ӯ бимолам».

Дар ҳамин мавзӯъ Давлатшоҳи Самарқандӣ дар тазкираи хеш «Тазкират-уш-шуаро» гуфтае дорад, ки ёд кардани он айни савоб хоҳад буд: «Гӯянд дар хонаи Мавлоно сутуне буд. Чун ғарқи баҳри муҳаббат шудӣ, даст дар он сутун задӣ ва ба чарх омадӣ ва ашъори пуршӯр мегуфт ва мардум он ашъор менавиштанд».

Суханони боло гувоҳи онанд, ки Мавлоноро дар рӯзгораш дар байни бузургон чун Саъдӣ эътиқодмандон буданд ва эҳтиромаш мекарданд. Саъдӣ ба ғазалиёти Ҷалолиддин баҳои сазовор дода ва ӯро дар Қуния зиёрат карда будааст. Ва ҳамчунон Ҷалолиддин ҳам ба дидори Шайх Саъдӣ мушарраф гардида будааст.

Мавзӯъҳои ғазалиёти Мавлоно хеле рангинанд. Ишқу муҳаббати илоҳӣ ва заминӣ, яъне ишқи поки инсонӣ ҳамсадои дили пуртуғёну меҳрангези ин ошиқу ин ориф будааст.

Ғазали «Эй ошиқон» ғазали хонданист ва бо як ҳиссиёти баланд суруда шудааст:

1. Эй ошиқон, эй ошщон, ман хокро гавҳар кунам.

Эй мутрибон, эй мутрибон, даффи шумо пурзар кунам

2.    Эй ташнагон, эй ташнагон, имрӯз саққоӣ кунам,

В-ин хокдони хушкро Ҷаннат кунам, Кавсар кунам.

3.    Эй бекасон, эй бекасон, ҷоъалфараҷ, ҷоъалфараҷ,

Ҳар хастаи ғамдидаро султон кунам, Санҷар кунам.

4.    Ман гуссаро шодӣ кунам, гумроҳро ҳодӣ кунам.

Ман гургро Юсуф кунам, ман заҳрро шаккар кунам

5.    Эй осмон, эй осмон, ҳайронтар аз наргис шавӣ,

Чун хокро анбар кунам, чун хорро абҳар кунам.

6.    Эй ақли кулл, эй ақли кулл, ту ҳар чӣ гуфтӣ, содиқӣ,

Ҳоким туӣ, Ҳотам туӣ, ман гуфтугӯ камтар кунам.

Ғазал мазмуни ирфонӣ дорад. Қаҳрамони лирикӣ ба Ҳақ расидааст ва дар байни маъшуқ (Илоҳӣ) ва ошиқ (худаш) фарқ намегузорад. Ба мазмуни ғазал аз ҳамин нигоҳ бояд назар кард.

Дар байти аввал, ки ҳамаи калимаю ибораҳояш фаҳмост, ба ошиқону мутрибон таъкид менамояд, ки ман метавонам хокро гавҳар кунам. Акнун бубинем, «гавҳар кардани хок» чӣ маънӣ дорад. Ин ибораи маҷозист. Яъне Мавлоно гуфтан мехоҳад, ки чунон қудрат дорам, ки хоки сиёҳро, ки ночиз аст, гавҳар кунам ва ё хокро гавҳар бигардонам. Маънои дигари он ин аст, ки инсон аз хок сиришта шудааст, вале вақте ки ба хок меравад, ӯ гавҳар мешавад.

Дар мисраҳои дувуми байт ба мутрибон, яъне ба сарояндагону ҳофизон нидо карда мегуяд, ки дафф - яъне ҳамон олати мусиқии шуморо аз зар пур мекунам.

Дар байти дувум ба ташнагони роҳи Ҳақ саққо (обдеҳ) шудан мехоҳад, то ки бо ҳам ин вайронаро обод кунанд.

Байтҳои 3, 4 ва 5 дастрасу фаҳмо мебошанд. Умуман қаҳрамони лирикӣ - шоир мақсад дорад, то дилҳои ғамдидаро таскин бидиҳад, шодию фараҳ бахшад. Ҳатто ба осмон, ки дар баЛандисту зераш замини хоксору беозор, хитоб карда мегӯяд, ки май пушту паноҳи заминам, хоки заминро мисли анбар хушбӯй ва хорашро равшан, зебо ва хушнамуд мегардонам. Он вақт мисли наргис ҳайрон бимонӣ. Ҳамин тавр, ҳайронии осмонро ба наргис ташбеҳ кардан заминаи воқеӣ дорад ва хеле табиӣ баромадааст, зеро гули наргис ҳамеша cap ба поён ниёз ба замин дорад. Дар мақтаи ғазал ба Ақли кулл, ки Худованд аст нидо мекунад, ки донандаи ҳар розу ниёз худат ҳастӣ, худат ҳокимӣ, худат ҳотамӣ.

Дар ин ғазал санъатҳои ташбеҳ, таҷнис, талмеҳ кинояю маҷоз бамаврид истифода шудаанд.

Ғазали «Ишқи ту шаробест» низ ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудааст.

1.    Ишқи ту шаробест, ки сӯзад дилу ҷонро,

Чун ошиқи шӯрида нанӯшид кас онро.

2.    3-ин бода касе то нашавад маст, надонад

Аҳволи дили ошиқи ошуфтаравонро.

3.    Онҷо ки ғамаш хайма занад, барканад аз бех

Андешаи кавнайну ғами ному нишонро.

4.    Султони саропардаи ишқаш чу назар кард,

Афрӯхт ба нури рухи худ ҷумла ҷаҳонро.

5.    Дар манзили ҳайрат мазан, эй Шаме, дари лутф,

Пӯшида ҳамон беҳ, ки кунӣ сири ниҳонро.

Адиб дар байти аввал матлабро баён намуда, ба ошиқ таъкид менамояд, ки доруи ту ҳам ҳамин шароб аст ва ғайри ту каси дигар онро нанӯшад, зеро ту ошиқи шӯридаю дар ҷустуҷӯи маъшуқ ҳастӣ.

Дар байти дувум бошад, ҳамин масъала аниқтар матраҳ меёбад ва кушода мешавад. Агар аз ин бода касе нанӯшаду маст нашавад, аз дарду ғами ошиқи бечора огоҳ нахоҳад гашт. Дар ин ҷо шаробу бода илм аст, ки талабгори бода (ошиқ) онро нӯшида, ба Ҳақ наздик мешавад, мепайвандад.

Дар байта сеюм бошад, боз таъкид менамояд, ки ошиқ ба ҳақ ки расид, худро гум мекунад.

Дар байта чорум ҳамин андеша боз давом мекунад. Ошиқ дар он ҷо аз султони саропардаи ишқ, яъне Ҳақ дидор дид ва аз нури рӯҳи он султон тамоми ҷаҳон мунаввар мегардад, пас дар анҷоми ғазал, дар мақтаи он ба хеш хитоб карда мегуяд, ки аз он чизи дидаат ба ҳайрат наой, эй Шаме, ва он чизи дидаатро аз назари рақиб пинҳон бидор ва ин амал сад шоистагй дорад. Хулоса, шоир дар ин ғазал роҳу тариқи ба Ҳақ расиданро тавсиф менамояд ва аз чамоли Парвардигор шоду масрур мегардад.

«Бимиред, бимиред, дар ишқ бимиред». Метавон ин ғазалро ба ғазалҳои пеш таҳлил шуда яксон донист. Зеро дар ин ҷо хдм пеш таърифу тавсифи ишқи илоҳист. Ба мазмуни ғазал таваҷчӯҳ намоед:

1.    Бимиред, бимиред, дар ишқ бимиред,

Дар ишқ чу мурдед, ҳама рӯҳ пазиред.

2.    Бимиред, бимиред, аз ин марг натарсед,

Ки аз хок бароед, самовот бигиред.

3.    Бимиред, бимиред, аз ин нафс бибурред,

Ки ин нафс чу банд асту шумо ҳамчун амиред.

4.    Як теша бигиред пайи ҳуфраи зиндон,

Чу зиндон бишкастед, ҳама шоҳу амиред.

5.    Бимиред, бимиред ба пеши шаҳи зебо,

Бари шоҳ чу мурдед, ҳама шоҳу вазиред.

6.    Бимиред, бимиред, аз ин абр бароед,

Чуз-он абр бароед, ҳама бадри муниред.

7.    Хамушед, хамӯшед! Хамушй дами марг аст,

Ҳам зиндагӣ ҳаст ин, ки зи хомӯш нафиред.

Мавлоно дар ин ғазал мурдани инсонро ҳакиқати воқеъӣ медонад ва чунонки мегӯяд, аз мурдан дойи гурез нест. Агар ин тавр бошад, дар роҳи ишқ, дар такопӯйи ишқ мурдан авлотар мебошад. Ағар дар ҳамин роҳ дон нисор кардед, рӯҳи илоҳиро мегиред. Пазируфтан ба мурод расидан, ишқи илоҳиро дарёб кардан аст.

Дар байта дувум солик, яъне ошиқро Мавлоно шердил менамояд, ки дар ин роҳ аз марг натарсед, зеро чу мурдед, рӯҳатон ба самовот, яъне ба боло, ба осмонҳо хоҳад рафт.

Байти сеюм ба нафс бахшида шудааст. Шоир ва мутафаккир таъкид менамояд, ки дар тай кардани ин роҳ ба шумо нафс душмани қаттол ва рақиб аст. Бинобар ин, то нафси хешро накушй, то аз ин банд худро раҳо накунӣ, ба мурод намерасй. Дар ин маврид Мавлоно нафсро ба банд, ба зиндон ва солики роҳи Ҳақро, ки роҳ паймудан мехоҳад, ба асири дар зиндонбуда шабеҳ намудааст. Дар байти чорум шоир таъкид менамояд, ки бояд аз нахуст ба муқобили нафс мубориза бурд ва чун аз зиндон, аз дасти нафс раҳо ёфтед, шумо ба мурод мерасед, он вақт шумо шоҳу амиред. Зеро нафсро куштед, голиби нафси хеш гаштед. Меарзад, месазад, ки солик дар роҳи шоҳи зебо ҷон нисор кунад. Шоҳи зебо киноя ва рамз аст ва Мавлоно Парвардигорро дар назар дорад. Агар дар ин роҳ солик ҷон диҳад ҳам, муроди дилаш ҳосил мегардад ва ӯ мисли шоҳу вазир хоҳад гашт. Мавлоно дар байти шашум боз ба масъалаи нафс, ки садди роҳи солик аст, бармегардад ва таъкид менамояд, ки «Бимиред, бимиред в-аз ин абр бароед».

Он вақт шумо мисли бадр мунир хоҳед гашт. Ҳамин тавр, ҳолати ошиқонро ба бадри мунир -моҳи пурра, моҳи шаби чаҳордаҳ монанд кардааст. Гузашта аз ин, Мавлоно дар мақтаи ғазали «Бимиред» инсонҳоро, хоҳ дар роҳи ишқ бошад ва ё дар такопӯйи зиндагӣ, ба мубориза, ба азму субот ҳидоят намудааст. Бузургвор хомӯшӣ ё сукут ихтиёр карданро дар ҳар кор амали нохуб ва ҳатто марг медонад. Оре, барои ба ягон ҳадаф расидан, барои ҷомаи амал пӯшидани орзуҳо, нияту ормонҳо ва ҳамчунин ба Ҳақ расидан бояд саъю талош варзид, бояд мубориза бурд, то дурри мақсуд ба қадр ояд.

Дар ғазали «Маро чӣ ғам будӣ » Мавлоно ба мавзӯъи мубрами рӯз баргашта, инсонҳоро ба сабру таҳаммул ҳидоят намудааст.

1.   Гарет симу дирам будӣ, маро мӯнис чӣ кам будӣ?

В-агар ёрам фаҷир астӣ, зи зар фориг чӣ ғам будӣ?

2.   Худоё, ҳурмати мардон, зи дунё форигаш гардон!

Аз онки фориг астӣ, ӯ зи пеши ман чӣ кам будӣ?

3.   Нигоро, гар маро оҳи в-агар ҳам дарду ҳамроҳи,

Макун оҳу махӯр ҳасрат, ки вахтам мӯҳташам будӣ?

4.   Буто, зебову некӯӣ, раҳо кун ин гадорӯйӣ,

Агар чашми ту сер астӣ, фалак моро ҳаишм будӣ.

5.   Зи тамъи одамин бошад, ки хеш аз ӯст бегона аст,

В-агар у бе тамаъ будӣ, ҳама кас ҳолу ам будӣ.

6.   Биё, чу но шав, эй маҳру на неъмат ҷу на давлат ҷӯ, 

Гар Иблис инчунин будӣ, гиаҳу соҳиб стам будӣ.

Дар байти нахусти ғазал Мавлоно, яъне қаҳрамони лирикӣ, аз он ёд мекунад, ки агар ман молу сарват, симу зар дошта бошаму ёру дустонам мӯҳтоҷ, бароям ин хуш нест. Молу симу зар бароям мӯнис шуда наметавонанд. Дар байти дувум аз Худо илтиҷо мекунад, ки аз дунёпарастӣ, аз нафси бад дӯстонашро раҳо кун, наҷот деҳ. Дар байти сеюм шоир ба рӯзгори хеш бо ёри меҳрубонаш ишорат мекунад, ки агар меҳру муҳаббат ба ман дошта бошӣ, вафодор бошӣ, пас ба ҳамаи додагиҳои Худованд шукрона бикун, дарду ҳасрат нанамо. Ана ҳамон вақт ман худро хушбахту саъодатманд ҳисоб хоҳам кард. Гузашта аз ин, шоир рафиқашро ба шикастнафсӣ, назарбаландӣ ҳидоят менамояд ва таъкид кардааст, ки ҳаргиз гадотабъ набошад. Агар чашмат аз молу макони дунё сер бошад, ҳамин бахту иқболи ман шуда метавонад, мурод аз байти чорум ҳамин аст.

Дар байти панҷум тамаъ ва тамаъҷӯиро сахт мазаммат кардааст. Агар шахе ба ин хисол ороста бошад, ҳама наздикон аз вай дурӣ ҷӯянд ва агар ин хисоли баъд ӯро тарк кунад, ҳар кас ӯро амаку амакбача, ҳама ӯро холаю амма шаванд ва дӯсташ бидоранд. Ба ҳамин хотир дар байти шашум ёри вафодорро даъват менамояд, ки мисли мо на ба неъмат вафодор бошу на ба давлат ва танҳо ба пайвандон, ёрони вафодор содиқ шав. Агар чунин роҳро Шаме пеш гирифтӣ ӯ ҳам мисли мо гардидӣ.

Мегӯянд, ки акд гувоҳи дил аст, ҳар баду неке, ки аз инсон руё мешавад, нахуст аз акд сарчашма гирифта дар дил қарор мегирад. Ҳамин тавр, дили бузургтарин, волотарин, маҳбубтарин узви инсон маҳсуб меёбад. Аз ин нигоҳ, бояд дили инсонҳо поку беолоиш бошад. Ранҷондани дил, басо шигифтомезу дардомез ва гуноҳи азим аст. Аз ин ҷост, ки Мавлоно Ҷалолидҷин дар ғазали «Тавофи каъбаи дил кун» бузургии ин узви инсонро басо некӯ ситоиш ва тавсиф намудааст:

1.    Тавофи каъбаи дил кун, агар диле дорӣ!

Дил аст каъбаи маънӣ, ту гил чӣ пиндорӣ!

2.    Тавофи Каъбаи cypam Ҳақат бад-он фармуд,

Ки то ба воситаи он диле ба даст орӣ.

3.    Ҳазор бор ниёда тавофи Каъба кунӣ,

Қабули Ҳақ нашавад, гар диле биёзорӣ.

4.    Хамуш, васфи дил андар баён намегунҷад,

Агар ба ҳар сари мӯе дусад забон дорӣ.

Пеш аз он ки ғазалро таҳлил бикунем, зарур медонем, ки чанд сухан дар бораи Каъба, ки онро хонаи Худо гӯянд, ба арзатон бирасонем. Таърих гувоҳ аст, ки Каъбаро Хдзрати Иброҳими Халил бо писараш Исмоил бунёд кардаанд ва он ҷойгоҳ зиёратгоҳи ашхоси гуногунмазҳабу гуноғуноин қарор гирифт. Ҳатто бутпарастон ба он ҷо омада, бутҳоро зиёрат мекарданд, тавоф менамуданд. Пас аз он, ки Ислом пайдо гардид, ба ҷуз Ислом зиёрат кардани дину оинҳои ғайрро манъ карданд ва асли Қаъбаро барқарор намуданд. Ин соли 9-уми ҳиҷрӣ, яъне соли 631 мелодӣ буд. Аз ҳамон вақту соат аҳли Ислом ва умуман мусулмонони дунё ба Макка омада, Каъбаро зиёрат мекардагӣ шуданд. Ин мавзӯъ ва ин масъаларо бузургон баррасӣ намуда, чунин гуфтаанд:

Дил ба даст овар, ки Ҳаҷҷи акбар аст,

Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.

Каъба бунёди Холили Озар аст,

Дил гузаргоҳи Ҷалили Акбар аст.

Шоистаи гуфтан аст, ки ҳамин маънӣ дар ғазали «Тавофи каъбаи дил кун» хеле хуб инъикос ёфтааст, ки ҳоло бо ҳам онро тахлил хоҳем кард.

Дар байти нахусти ғазал Мавлоно таъкид мекунад, ки агар дил дошта бошӣ, фаҳмишат, ақлу фаросатат ба он ҷо бирасад, дили инсонҳоро зиёрат кун.

Зиёрат кардани дил чӣ маънӣ дорад? Ҳар як инсон дил дорад ва чунон, ки дар боло ёд кардем, нозуктарин аъзои инсон аст. Ағар он таҳқир бубинад, касе нотавонаш биғирад ва ғаму андӯҳ болояш нишинад, бисёр бад аст ва Худоро хуш наояд. Ашхосе, ки барои ранҷонидани диле саъю талош меварзанд, асло Парвардигор гуноҳи онҳоро намебахшад. Албатта, оятқои «Қуръон» гуфтаҳои Худою расули барҳақи вай Муҳаммади Мустафоро Мавлоно Ҷалолидҷини Балхӣ хонда, нағз дар ёд дошта. Бинобар ин ҳамин мавзӯъро аз нигоҳи хеш дар ғазали боло матраҳ кардааст. Акнун мегузарем ба тахдили ғазал. Дар байта аввал Мавлоно мегӯяд, ки агар акд дошта бошӣ, Каъбаро дил бишмору онро зиёрат кун. Албатта, зиёрат кардани дил хадафи асосии Мавлоност. Он чӣ маъно дорад? Маънояш он аст, ки дили инсонро наранҷон, озор надех,, тавонй дар ғаму шодии соҳибдиле бошӣ, дилбардориаш намо, ғаму андӯҳро аз дилаш барор. Агар ҳамин корро анҷом бидиҳӣ, шоиста бошад. Он чизе, ки мо гуфтем, маънии каъбаи дил ҳамин аст ва ҳаргиз онро нодида магир, гилаш мапиндор.

Дар байта дуввум Ҷалолидҷини Балхӣ хотиррасон кардааст, ки он ҷое, ки зиёраташ мекунӣ, Каъбаи сурат аст ва он ҷоро ба он муроду мақсад зиёрат мекунӣ, ки дилеро ба даст орй ва ин дил дили Ҳақ аст. Давоми мантиқии ин байт дар байта сеюм равшантар зоҳир гардидааст. Дар ин маврид аз санъати муболига бамаврид истифода бурда, таъкид менамоянд, ки агар ҳазор маротиба пиёда Каъбаро зиёрат кунию дили касеро биёзорй, зиёрати ту дар назди Худованд қабул нашавад ва дар мақтаи ғазал андешаашро хулоса карда, боз мегӯяд, ки ҳазор- хдзор васфу ситоиши дил кунӣ, ин ҳануз хеле кам аст. Бинобар ин, аз ин зиёд мақому манзалати дилро васфу тавсиф кардан бароям душвор аст. Бинобар ин хомӯширо бароям муносиб медонам.

Ғазали «Эй қавми ба қаҷрафта, куҷоед, куҷоед?!» давоми мантиқии ғазали боло - «Тавофи Каъбаи дил кун» буда, ашхоси сарсону саргардон- -ҳоҷиёнро хитоб менамояд, ки азобу ранҷ кашида, биёбону саҳро тай мекунанд ва дар ҷустуҷӯи маъшуқанд. Вале ин маъшук дар гирду атрофи хонадони онҳо, дар деҳу шаҳри онҳо чашм ба роҳашон истодааст. Онон ашхоси мусибатзада, ғаму кулфатдида, ранҷу азобкашида дарвешон, мардуми камбизоатанд. Ба онон кӯмак бирасонед, дили онҳо ёбед, тавофи дили онҳо кунед, на аз пайи ҷустуҷӯи сурате, буте бигардеду ба зоҳир бигардед. Аз ҳамин ниғоҳ ғазали зерро таҳлил кунед ва ба ҳаёти имруз, ба гуфтаҳои роҳбари давлат қиёс намоед:

Эй қавми ба ҳаҷрафта, куҷоед, куҷоед?!

Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед!

Маииуқи ту ҳамсояи девор ба девор,

Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед?

Гар сурати бе сурати маъшуқ бубинед,

Ҳам хоҷаву ҳам бандаву ҳам кибла шумоед!

Сад бор аз он роҳ бад-он хона бирафтед.

Як бор аз он хона бад-он бом бароед!

Он хонаи лутф аст, нишонҳош бигуфтед,

Аз соҳиби он хона нитоне бинамоед!

Ба ҷавоби ин ғазали дардошнову пандомӯз шоҳбайти халқӣ:

Об дар кӯзаеу мо ташналабон мегардем,

Ер дар хонаву мо гирди ҷаҳон мегардем

-ро метавон зикр кард. Оре, ҳам хода, хам банда, ҳам қибла ва гузашта аз ин, кузаю хам хона дил аст ва онро бояд сачда кард, бояд шод гардонд. Ҳамин аст одаму одамгарӣ, хамин аст лутфу марҳамати инсони поку шариф ва чунонки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ гуфтааст, аз ҳазорон тоату ибодат, аз қазор бор зиёрати Каъба кардан зиёрати дили инсон авлотар мебошад. Гуманизми Олии Мавлоно низ дар ҳамин аст. Бояд гуфт, ки албатта Мавлоно зиёрати Қаъбаро фарзи Шоҳй бо ҷон мепазирад ва худ ҳам ба тавофи Қаъба мушарраф шудааст, вале мақсадаш дар ин ашъор он аст, ки бояд ҳадфи банда дар ин кор холисона ва ошиқона, барои ризои Худо бошад, на аз роҳи ҳавою ҳавас.

Реклама