Мавзӯи ғазал кору рафтори намояндагони дини мубини Ислом аст. Воқеан, дар ҳар як давру замон буданд ва ҳастанд ашхосе, ки дини Исломро ба манфиати худ истифода бурданд. Хоҷа Ҳофиз ба онҳо нафрат дошт ва ононро дар баъзе ғазалиёти худ мавриди накӯхиш қарор додааст ва ҳамин ғазали «Воизон» аз ҷумлаи онҳост.
1. Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.
2. Мушкиле дорам зи донишманди маҷлис боз пурс:
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?
3. Оҳ- оҳ аз дасти саррофони гавҳарношинос!
Ҳар замон хармӯҳраро бо дурр баробар мекунанд.
4. Субҳдам аз Арш меомад хурӯше, ақл гуфт:
«Қудсиён гӯйӣ, ки шеъри Ҳофиз аз бар мекунанд.»
Хода Ҳофиз дар байти нахуст мақсади асосиашро баён кардааст. Ӯ фошофош таъкид менамояд, ки воизон, яъне он ваъзгӯёне, ки аз минбар Худою расули барҳаққи вай, дар бораи аҳкоми дин, ваъз мегӯянду мусулмононро ба ростию покӣ ҳидоят менамоянд, онҳо дар амал, дар зиндагии ҳаррӯзаашон корҳое мекунанд, ки хилофи ваъзашон бошад. Ҳамин тавр, гуфторашон ба кирдорашон баробар нест. Пас, дар байти 2 ба ин масъала амиқтар сари андеша меравад. Қаҳрамони лирикӣ бо як ҳисси кунҷковӣ аз донишмандони маҷлис, ба уламо суол дода фаҳмиданист, ки сабаби ин амал, ин рафтори воизон дар чист? Чаро дигаронро ба тавба кардан ҳидоят мекунанду худ тавба намекунанд ё тавба камтар мекунанд. Ба ин суол дар ғазал, албатта, посух нест. Бе посухи онҳо худи Хода аз кирдори онон воқиф аст. Ин тарзи гуфтор санъати таҷоҳули ориф аст, яъне донистану худро ба нодонӣ андохтан, ки яке аз хусусиятҳои ин санъати бадеӣ ба шумор меравад. Хода Ҳофиз дар байти сеюм гӯё аз бефаҳмии ин гавҳарношиносон, ки ба чунин суолҳо посухи воқеӣ дода наметавонанд ва ҳақиқатро аз сухани ботил, яъне хармӯҳраро аз дурру гуҳар фарқ карда наметавонанд, дилаш мондааст ва бо онҳо сӯҳбат карданро шоиста намедонанд. Ба ҳамин хотир дар мақтаи ғазал боз ба дунёи зебои худ бармегардад. Гӯё субхдам аз Арш ба гӯшаш садои малоик мерасад ва онон шеъри Ҳофизро хонда аз ёд мекарданду лаззат мебурданд.
Албатта, чунин фикрҳои риндона, мазаммати ошкори намояндагони дини мубини Ислом ба табъи баъзе мақомоти расмии рӯҳони созгор набуд. Ҳатто Шоҳ Шуҷоъ ба ин гуфтору рафтори Хода назари нек надошт. Ба ҳамин хотир борҳо оид ба ҳамин гуфтаҳо Хрфизро маломату сарзаниш кардааст. Вале Ҳофиз шоири озодфикр ва ринди оламсӯзе буд. Аз гуфтори шоҳу шайх сӯфиён наҳаросид, боз сахттар, ҷиддитар симои воқеии ононро дар ғазалиёташ инъикос намуд. Масалан, яке аз шайхони наздики Шоҳ Шуҷоъ Имоди Фақеҳ маҳсуб меёфт. Мувофиқи маълумоти «Хдбибуссияр» (муаллифаш Хондамир) ин шайхи бузург гурбае дошт ва ӯ гурбаро чунон омӯзонда буд, ки вай дар намозгоҳ дар паҳлуи соҳибаш Имоди Фақеҳ дар радаи дигар намозхонон истода мисли одамон ғӯё намоз мехонад, сарашро ба тарафи чапу рост мегардонд. Ҳамин тавр, амали мусулмононро такрор мекард. Ин ҳодиса дар кишвар гулгул андохт ва овоза шуд, ки шайхи бузургвор гурбаро мусулмон кардааст. Ин амали гурбаро яке аз кароматҳои Имоди Фақеҳ дониста, ӯро мадҳу ситоиш мекарданд. Аз ин кор Хода огоҳ гардид ва амали шайхро написандид. Зиёда аз ин, дар мавриди шайху гурбаи намозхони ӯ ғазале иншо кард ва сахт мазамматаш намуд:
Сӯфӣ ниҳод дому сари ҳуққа боз кард,
Бунёди макр бо фалаки ҳуққабоз кард.
Бозии чарх бишканадаш баӣза дар кулоҳ,
Зеро ки арзи шӯъбада бо аҳли роз кард.
Фардо, ки пешгоҳи ҳақиқат шавад падид,
Шарманда раҳраве, ки амал бо маҷоз кард.
Эй кабки хушхиром, куҷо меравӣ? Биист!
Ғарра машав, ки гурбаи зоҳид намоз кард.
Пас аз иншои чунин ғазалҳо рӯҳониён ва шайхони мутаассиб аз пайи озори Хоҷа шуданд ва саъю талош карданд, ки ба ҳар роҳу восита шоирро дар назди шоҳ сиёҳ кунанд, то ба ӯ ҷазо бидиҳад. Масалан, нақл мекунанд, ки баъзе шайхони риёкор ва мутаассибони дин ва одамони ШоҳШуҷоъ Ҳофизро барон байта зерин:
Гар мусулмонӣ аз ин ҳаст, ки Ҳофиз дорад,
Оҳ, агар аз паси имрӯз бувад фардое! -
кофир эълон карданд. Шоирро ҳукми қатл тахдид мекард. Ҳофиз дид, ки намешавад, пеш аз байта боло як байта иловагӣ ҳамроҳ кард, ки ин аст:
Ин ҳадисам чӣ хушомад, ки саҳаргаҳ мегуфт,
Бар дари маӣкадае бо дафу пай тарсое.
Пае, гӯяндаи ин фикри «кофирона» на ман, балки тарсое, яъне кофире будааст. Ба ҳамин восита Ҳофиз аз таъқиби мутаассибон то як андозае халос мешавад. Вале минбаъд боз ӯро барои ҳамин гуна фикрҳои риндонааш озор медоданд. Бинобар ин Ҳофиз дар ғазали «Айби риндон макун...» зоҳидону шайхонро мазаммат намуда, таъкид менамояд, ки худи шаҳс медонад, ки ӯ дар кадом роҳ аст, чӣ гуноҳ дорад. Шумо ба ӯ кордор нашавед, аз паи кори хеш бошед:
Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт!
Ки гуноҳи дигаре бар ту нахоҳанд навишт.
Ман агар некам, агар бад, ту бирав, худро бош!
Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт.
Чунонки дар боло дидем, қаҳрамони лирикӣ гоҳ бо номи Ҳофиз, ринд, ман, мо ва гоҳи дигаре бо номи девона, маете, тарсо омада, сухан мегӯяд, сӯҳбат менамояд. Бештари фикрҳои фалсафӣ аз номи гурӯҳи дуюм оварда шудаанд, ки ин, албатта, табиист. Зеро ба ашхоси мает, девона, тарсо, гадо, дарвеш ягон ҳукм бароварда, ҷазо додан раво нест. Аз ин рӯ, Ҳофиз бештари фикрҳои риндонаашро аз номи онҳо баён кардааст. Бояд донист,ки Ҳоҷи Ҳофиз худ мӯъмини воқеият ва мусулмони собиткарам буд ва касонеро мазаммат мекард, кидар эътиқоди худ содиқ набуда ва риёкорӣ мекарданд.
Реклама