Чуноне ки дар боло ишорат кардем, дар ҷангҳои истиқлолхоҳӣ, муборизаи беамон алайҳи мугулҳо девони Ибни Ямин аз байн рафт. Ба ҳар ҳол, то рӯзҳои вопасини ҳаёти хеш ӯ калам аз даст нагузошт ва эҷод кард. Девони дувуми шоир аз 16 ҳазор байт иборат мебошад. Бо камоли боварӣ метавон гуфт, ки дар осори боқимондаи Ибни Ямин жанри қитъа мақоми хоса дорад. Бештар афкори ахлоқи, сиёсӣ ва иҷтимоии шоир дар қитъаоти у инъикос ёфтаанд. Дар ин бора ба тарзи алоҳида дар поёнтар таваққуф хоҳем кард.
Пас аз жанри қитъа дар эҷодиёти адиб ғазал, қасида, рубоӣ, тарҷеъбанд, таркиббанд, мустазад омадааст. Ибни Ямин дар ғазалсарой ба Камол ва Шайх Саъдӣ пайравӣ намудааст: Вақти он омад, ки гӯяд чун Камол Ибни Ямин:
«Бо парируе, ки чун ӯ дилбари айёра нест».
Мавзӯи асосии ғазалиёти шоир тавсифи ишқи инсонист. Ба ҳамин маънӣ Ибни Ямин мегӯяд:
Ишқбозӣ бо рухи маъшуқ коре бас хуш аст,
Рӯзгори ишқ, алҳақ, рӯзгоре бас хуш аст.
Окибат, гӯянд, бошад ишқбозиро ваҳим,[1]
Ҳар чӣ хоҳӣ, бош, гӯй, ин лаҳза боре бас хуш аст.
Чуноне ки аз тарҷумаи ҳоли шоир медонем, ӯ бештари рӯзгори хешро дар ғарибӣ, дар мусофирй дур аз Ватан гузаронидааст. Асирӣ, гурбати ҷудоӣ аз фарзандон дили адибро озурда карда буданд. Ана ҳамин рӯзгори нохуш, кунҷи зиндон дар баъзе ғазалиёти шоир бисёр ба дард садо дода, қалби хонандаро ба шӯру ғалаён меорад. Дар ғазали зер шоир ёди Хуросон мекунад.
1. Субҳдам боде, ки аз хоки Хуросон медамад,
Чун дами Руҳулқудус[2] дар пайкарам ҷон медамад
2. Боди субҳ аст ин надонам? Е насими пирахан,
К-аз барои кӯр чашми пири Канъон медамад.
3. Чун гузар кардаст бар хоки Хуросон, лоҷарам
Рӯҳпарвар чун насими боғи Ризвон медамад.
4. Булбули табъи маро ояд насими куйи ӯ
Ҳамчу боди субҳгоҳӣ, к-аз гулистон медамад.
5. Мебарад ҷамъият аз Ибни Ямин якборагӣ
Нафҳае, к-аз чини он зулфи парешон медамад.
Ибни Ямин дар як ғазали дигараш, ки аз гурбат, аз зиндон раҳоӣ ёфта, майли диёр дорад, боз ба дидани диёру пайвандон ва модари меҳрубон шарафёб мегардад, хурсанд аст ва дар ин маврид хешро аз шодию фараҳ ба булбули зор, ки рӯ ба гулистон дорад, монанд кардааст. Ё дар байти дувум хешро ба Яъқуб, ки дар ғаму дарди Юсуф дар Каньон кӯр шуда буд, монанд намудааст. У габли шодй мезанад, ки ба дидори Юсуф, яъне ба дидори ёру ошно, пайвандон ва Ватани меҳрубонаш - Хуросон мушарраф мегардад. Дар баёни фикр ва эҳсоси қалби хеш шоир санъатҳои ташбеҳу истиора ва талмеҳро хеле хуб корбаст намудааст. Таваҷҷӯҳ намоед ба ғазал:
1. Ин манам бори дигар азми Хуросон карда,
Рӯй чун булбули шайдо ба гулистон карда.
2. Буда Яъкубсифат соқини байтулэҳзон
В-ин замон рӯи суи Юсуфи Каньон карда.
3. Баста эҳроми тавофи ҳарами ҳазрати дӯст,
Қиблагоҳи дилу ҷон абрӯи ҷонон карда.
4. Шодии давлати васлаш паси чандин ғами ҳаҷр,
Бар дилам мушкили даври қамар осон карда.
5. Кай бувад боз, ки хоки кафи пояш бинам
Сурмаи равшании дидаи гирён карда,
6. Шукр гуям аз он толеъи саргаштаи хеш,
Гар бубинам раҳи ҳиҷрон-ш ба поён карда.
Ибни Ямин дар бисёр ғазалҳояш баҳору шукуфтани гулҳо, зебою рангин шудани лаби чӯйю боғу чаманро ёд мекунад ва таъкид менамояд, ки аз ин зебоиҳои табиат бояд истифода бурд. Дар ин маврид айёми ҷавонии инсонро ёд карда, хуш гузаронидани онро таманно дорад. Шоир барои тақвияти фикраш аз зарбулмасалу мақолҳо, суханони пандомези пешиниён истифода мебарад.
1. Биё, соқӣ, ба даври дӯстгонӣ,
Бидеҳ бар гул шароби аргувонӣ.
2. Канори ҷӯйбор аз хуррамӣ шуд
Чу даврони ҷавонӣ, ку ҷавонӣ?
3. Ниҳон кард об рози дил, вале хок
Падид овард асрори ниҳонӣ.
4. Чаман чун кулбаи гаҳварфурӯш аст
Зи зеварҳои дарёиву, конӣ.
5. Хушо он кас, ки чун наргис зи мастӣ
Фитад дар пойи сарви бӯстонӣ.
6. Тараб з-имрӯз бар фардо маяфкан,
Чӣ зояд ин шаби ҳубло, чӣ донӣ?
7. Маҷӯй, Ибни Ямин, ҷуз некномӣ,
Агар хоҳӣ, ки доим зинда монӣ.
8. Намирад ҳар кӣ номи нек аз ӯ монд,
Ҳамин бошад ҳаёти ҷовидонӣ.
Ғазали боло оҳанги ҳаётдӯстона дорад. Инсонро ба болидахотирӣ ва аз олами зебоӣ лаззат бурдан, зиндагиро хуш ғузаронидан ҳидоят мекунад. Вале ин маъно дар ғазал ҳадди охир нест. Адиб дар анҷоми ғазал ба хонанда боз нуктаи диғарро ёдрас мекунад ва таъкид менамояд, ки ҷавониро танҳо ба тараб, ба айшу хурсандӣ ғузаронидан шоиста нест.
Ибни Ямин таркиббанду тарҷеъбандҳои содаю гӯшнавоз ва пурмазмун эҷод кардааст, ки ин ҷо яке аз он таркиббандҳоро бо ҳам дида мебароем. Таркиббанд дар васфи тирамоҳу зимистони қаҳратун иншо шудааст. Бо камоли эътиқод метавон гуфт, ки ин шеър бо ин мазмуну мӯҳтавояш дар адабиёти гузаштаи камназир аст. Дар эҷодиёти аксар адибони классик ва имрӯза шеърҳое, ки баҳору диғар фаслҳоро тавсиф кардаанд, хеле зиёданд. Вале доир ба фасли зимистон, сардию хунукиҳои он адибон хеле кам таваҷҷӯҳ кардаанд. Дар баробари сардиқои зимистон оташ муқобил гузошта шудааст ва оташу хубиҳои он мадҳу ситоиш ёфтааст.
Дар банди нахусти таркиббанди «Зимистон» фасли тирамоҳи зарринқабо тавсиф ёфтааст ва дар байти аввал шоир аз ҷашни Меҳргон, ки дар оғози фасли тирамоҳ таҷлил меғардад, ёд кардааст:
Ё насими меҳргонро заргарӣ оин шудаст,
Лӯъбатони боғро зевар ҳама заррин шудаст.
Дар ин байт шоир нишонаҳои тирамоҳ, яъне заррин шудани боғ ва умуман табиатро тавсиф намуда истода, пасон аз омад- омади зимистон мужда медиҳад. Ин банд бо байти зерин оғоз ёфтааст:
Гашт баҳман ҳамчун Намрӯду халоиқ чун Халил,
3-он ки оташ ҳар якеро чун гулу насрин шудаст.
Шоир аз ёд кардани моҳи баҳман оғоз ёфтани фасли зимистонро дар назар дорад ва боз дар ин маврид ба санъати талмеҳ рӯ меорад. Ибни Ямин фасли зимистонро ба Намруд ва халоиқро ба Ҳазрати Иброҳими Халиллулоҳ монанд кардааст. Чаро монанд кардааст? Барои равшан намудани ин маънӣ ривояти «Ҳазрати Иброҳим ва Намрӯд»-ро ёдовар шудан ба матлаб наздик аст. Иброҳим муқобили расму оини бутпарастӣ баромад. Барои ҳамин гуноҳаш шоҳи золиму муқтадир Намрӯд ба одамҳояш мефармояд, ки ҳезуми бисёр ҷамъ кунанд. Ҳезум мисли кӯҳ мешавад. Баъд онро оташ мезананд. Ана аз байни ҳамин оташ Иброҳим мегузарад ва кӯҳи оташ баронш мисли гулистон мегардад.
Дар рубоиёти Ибни Ямин мавзӯъҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва ишқӣ бештар ба назар мерасанд.
Бо мутрибу май ҳурсириште гар ҳаст,
Бо оби равон канори киште гар ҳаст,
Беҳ з-ин маталаб, Биҳишт беҳуда макоб!
К-он мест, ҷуз ин нест Биҳиште, гар ҳаст.
Агар зиндагият ба муроди дилат бошад, агар дар пешат мутрибу май ва зебосанаме ҷилва намояд, шукрона куну дигар аз ин зиёд талаб накун, ки Биҳишт ҳамин аст ва рӯзгорро хуш гузарон.
Ибни Ямин дар поёни умр маснавие иншо кардааст бо номи «Пандномаи Анушервон», ки он аз 115 байт иборат буда, дар вазни «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ иншо шудааст. Метавон бо камоли боварӣ гуфт, ки маснавй як ихлоснома ба шоҳасари Фирдавсист. Зеро Ибни Ямин гаштаю баргашта «Шоҳнома»-ро мехонд ва нисбати шоири бузург эҳтирому садоқат дошт. Беҳуда нагуфтааст:
Сиккас, к-андар сухан Фирдавсии Тусӣ нишонд,
Кофирам, гар ҳеҷ кас аз зумраи фурсӣ нишонд.
Аввал аз болои курсӣ дар замин омад сухан,
Ӯ суханро боз боло бурду дар курсӣ нишонд.
Ибни Ямин ҳамбастагӣ, ҳамраъйии хешро ба воситаи ҳамин маснавй баён намуд. Дар «Шоҳнома» ҳам Анушервон, ки бо номи Кисро ҳам ёд мешавад мубадонро даъват намуда, хоҳиш менамояд, ки барои кори неки оянда, барои рузгори хуши раият панду андарзаш бигӯянд. Панду андарзи ҳафт мубад дар «Шоҳнома» оварда шудааст. Агар «Пандномаи Анушервон»- ро бо гуфтори мубадон муқоиса намоед, дар байни онҳо дар мазмуну сабки баён монандиҳои зиёдеро эҳсос мекунем. Панднома ба тариқи зайл шурӯъ мегардад:
Ало, эй ҳунарманди покизарой!
Зи ман бишнав, ар ҳуш дорӣ ба ҷой.
Чу хоҳӣ шудан з-ин саройи сипанҷ,
Бимон ёдгор аз паси хеш ганҷ...
На ганҷе, ки бошад пур аз хоста,
Ба зарру ба гавҳар биёроста.
Яке ганҷи нав бояд афканд бун,
Ки бошад зару гаҳвари он сухун....
Кунун дар дил, эй номвар, ҳуш дор!
Суханҳои Нуширавон гуш дор.
Туро зинда гуфтан наёяд дуруст,
А гар зиндагонй на дар номи ту cm.
Дигар он, ки ҳақ гӯй бо ҳар касе
В-агарчи ба талхй гирояд басе.
Дигар он ки гар мард доно бувад,
Ба майдони дониш тавоно бувад...
Дигар он ки бе бим бошад касе,
Ки озори мардум наҷӯяд басе.
Дигар он ки кадри бузургон бидон!
Сухан пеши эшон ба андоза рон!
Чу қадри бузургон нигаҳ доштӣ
Сари сарвариро барафроштӣ!
Ибни Ямин пас аз додани панду андарзҳои судманд дар анҷоми маснавӣ гуфторашро ба тариқи зайл ҷамъбаст намудааст:
Ба поён расонидам ин пандҳо,
Кушодам зи ганҷи гуҳар бандҳо...
Гарат ҳаст шоистаю дилпазир,
Аз ин достой як ба як ёд гир!
[1] Вахим- бад, ханнок
[2] Рухулкудус- Ҳазрати Исо (а)
Реклама