Ҳусайн Воиз соли 1420 дар деҳаи Байҳақи вилояти Сабзавори Хуросон ба дунё омад. Волидайни Кошифӣ аз табақаи миёнаи аҳолӣ буда, ба кишту зироат ва чорводорию боғпарварӣ машғул буданд ва чархи зиндагиашонро пеш мебурданд. Ҳусайн дар зери болу пари падару модар ба воя расид, мактабхон шуд ва дар зодгоҳаш хату савод пайдо кард. Зеҳни бурро ва ақли расо дошт. Осори пешиниёнро омӯхт ва нақлу ривоятҳои зиёди таърихиро дар бораи қаҳрамонони гузаштаи миллат: Абумуслим, Муқаннаъ, Сунбоди Муг, Сарбадорон, Темурмалик ва дигарон мехонд ва ҳис менамуд. Ӯ ҳатто дар қамин давра «Қуръон»-ро аз ёд намуд ва гоҳ-гоҳ дар байни ҳамсолон ва шарикдарсонаш аз «Қуръон» тиловат мекард. Забонаш бурро ва лаҳни хонишаш хушоянд буду дар сомеон таъсири хуб мегузошт. Ба қироати ӯ ҳусну таваҷҷӯҳи калонсолон ҳам афзун буд ва дар баъзе маъракаҳо онҳо аз ӯ хоҳиш мекарданд, ки оёти «Қуръон»-ро барояшон тиловат кунад. Ахди деҳ аз ҳамон давра дӯсташ доштанд ва эҳтиромаш мекарданд.
Баъд ба Сабзавору Машҳад омад ва дар назди донишмандон илму адаб омӯхт, аз сирру асрори бисёр масъалаҳои илмиву адабӣ воқиф гашт ва рӯ ба зинаи камолот ниҳод. Дар ин айём ҳам солортар шуду донишу маърифаташ камол ёфт. Ба нигорандагӣ ва шеърнависӣ пардохт. Дар маҷолису маъракаҳо дар байни адибон аз адабиёт қироат мекарду ба маслиҳати бузурғон гӯш медод, аз онҳо меомӯхт. Дар Машҳад ҳамчун воиз шӯҳратманд гардид. Пас аз намози ҷумъа масҷиди ҷомеи Машҳад, ки лабрези намозхонон буд, боз соате чанд гӯш ба ваъзи Ҳусайн доштанд. Воизӣ ҳунари осон нест. Барои воиз шудан бисёр хондан, бисёр донистан лозим. Китобҳои фиқҳ, илоҳиёт, хулафои мутақаддиму мутаахирин, шайхону уламои сохдбноми исломро донистану омӯхтан даркор. Ҳусайни ҷавон аз ин сарчашмаҳо хеле хуб бархурдор буд. Ҳамин тавр, дар солҳои 1455 то 1468 Ҳусайн дар Нишопур монд. Ӯ ҳам илм омӯхту \ам воизӣ кард, вале бисёр дилаш мехост ба пойтахти Хуросон шаҳри овозадори Ҳирот, ба зиёрати Ҳазрати Мавлоно Ҷомӣ биравад ва пеши эшон ҳалқаи шогирдӣ ба гӯш занад.
Ҳамон сол, яъне соли соли 1468 ба мурод расид. Ба Ҳирот омаду ба дидори Мавлоно Ҷомӣ шарафёб гашт. Ҳамин тавр, ӯ то поёни рӯзгор яке аз дустон, ҳамсӯҳбатон ва мухлисони Ҷомию Навоӣ гашт.
Ҳусайни Воизи Кошифӣ дар ин шаҳри ободи адабпарвар дар байни уламою удабо мақому манзалат ёфт, ҷойгоҳи хешро дар байни онон муайян кард. Боз дар мактаби адабии Ҷомӣ мақоми арзанда дошт. У ба толибилмон, шоиру нависандагони ҷавон дар Мадраса даре мегуфт. Вақти боқимондаи хешро ба таснифи асарҳо сарф мекард. Овозаи воизӣ ва қироати волои ӯ ба шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросон, Эрону Ироқ ба ва пойтахтҳои кишварҳои мусулмонӣ паҳн гашт ва ӯро омада ба он ҷойҳо мебурданд.
Зайниддини Маҳмуди Восифӣ, ки яке аз шогирдони наздики Ҳусайни Воиз буд нозукиҳои ҳунари воизиро аз ӯ омӯхта буд, дар бораи устоди худ дар «Бадоеъулвақоеъ» нақлу ҳикоёти зиёд овардааст. Ӯ дар ҳар шаҳру диёре, ки мерафт хешро шогирди Мавлоно Кошифӣ муаррифӣ намуда ваъз мегуфт. Дар бисёр мавридҳо уламою удабо Восифиро аз хотири устодаш эҳтиром мекарданд.
Хусайни Воизи Кошифӣ дар тӯли рӯзгори хеш зиндагии хоксоронае дошт. То тавонист ба мӯҳтоҷон, дарвешон кӯмаки моддӣ расонд. Дар доираҳои адабӣ, дар баҳсу мунозираи удабою уламо иштирок мекард, вале дар сухан гуфтан сабру таҳаммулро ихтиёр намуд, сад бор суханро месанҷиду пасон ба забон меовард.
Кошифӣ оилаи хуб дошт. У хоҳари Абдураҳмони Ҷомиро ба занӣ гирифта, аз ӯ фарзандони хубрӯю солеҳ ёфта буд. Нависанда Мавлоно Фахридҷин Алии Сафӣ муаллифи китоби «Латоифуттавоиф» фарзанди Ҳусайни Воизи Кошифист. Алии Сафӣ дар воизӣ касби падарро ҳунармандона аз худ карда, дар нимаи дувуми асри понздаҳ дар Мовароуннаҳру Хуросон соҳибном ва маъруфу машҳур гардида буд.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ умри дароз дид ва соли 1505 дар шаҳри Ҳироти Афғонистон вафот кард.
Реклама