Мавлоно Ҷалолидҷини Балхӣ маҳз бо «Маснавии маънавӣ» дар адабиёту фарҳанги гузаштаи мо нақши босазое гузошт. Таъсири он ба адабиёти хурду бузурги дунё назаррас аст. Ба эҷоди асар соли 1225 шурӯъ намуда, дар гӯли 10 сол онро эҷод кард. Асар аз 26500 байт иборат аст. Он мисли достонҳои маъмули адабиёти пешин сужети ягона надорад. Асар аз нигоҳи устухонбандӣ ба шаш дафтар қисмат шудааст ва ин шаш дафтар ба ҳам аз нигоҳи мавзӯъ пайванд ё алоқаманд нестанд. Як умумияти байни дафтарҳо ин аст, ки нахуст оёте аз «Қуръон», ҳадисе аз Расули Акрам (с), ҳикоя, латифа, накду ривоёт оварда мешавад ва пасон дар анҷоми онҳо мақсад, ҳадаф ва афкори адиб ва мутафаккир баён гардидааст. Аз ин назар онҳо афкори фалсафӣ ва ё ирфонии Мавлоноро пурра мекунанд, тақвият медиҳанд. Аз нигоҳи устухонбандй ва сабки баён «Маснавй»- ро ба «Калила ва Димна» метавон шабеҳ донист. Масалан, барои тасдиқи матлабе ҳикоёгу латоиф ва амсолу ҳикматро бедареғ истифода мебарад. Бахусус, услуби ҳикоят андар ҳикоят, латифа андар латифа, ривоят андар ривоят онҳоро ба ҳам наздик гардондааст, ки мо ҳангоми таҳлили ин асар ба ин масъала боз хоҳем гашт. Масалан, дафтари аввали «Маснавии маънавӣ» ба тариқи зайл огоз ёфтааст: «Ҳикояти ошиқ шудани подшоҳ бар канизак ва харидани ӯ он канизакро». Асоси ҳикоя ҳамин аст ва вобаста ба ҳамин ҳикоят Мавлоно мавзӯъро боз идома до да, ҳикоятро боз давом медиҳад ва боз ҳикояти «Бемор шудани канизак», «Аз шақри Самарқанд боз овардани марди заргар». Ҳамин тавр, ҳикоя хеле гӯл мекашад. Дар ҳамин ҳикояҳои силсиладор Мавлоно андешаашро дар масъалаи хомӯшӣ, адаб ва беадабӣ ва натиҷаи онҳо бамаврид баён кардааст. Андешаҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва ирфонии хешро гоҳ дар байн ва гоҳ дар анҷоми ҳикоёту ривоёт ёд мекунад, ки онҳо ба мавзӯи ҳикоёт сахт алоқаманданд.
«Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ аз нигоҳи қофиябандӣ мисли достон ё маснавиҳои асрҳои пешин: «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Офариннома»-и Абушакури Балхӣ, «Гаршоспнома»-и Асадии Тусӣ ба тариқи аа, бб, вв, гг омадааст. «Маснавии маънавӣ» ин тавр огоз ёфтааст:
а Бишнав аз най, чун ҳикоят мекунад,
а В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.
б К-аз найистон то маро бубридаанд,
б Аз нафирам марду зан нолидаанд.
в Сина хоҳам шарҳа-шарҳа аз фироқ,
в То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ.
Дар байта аввал ҳикояту шикоят қофия ва мекунаду мекунад радиф шуда омадаанд. Дар байта дуввум бошад, калимаҳои бубридаанду нолидаанд ҳамқофияанд. Ниҳоят, калимаҳои фироқу иштиёқ дар байти сеюм ҳамқофия шуда омадаанд. Ҳамин тавр, достонҳои дар боло ёдшуда ҳам бо ҳамин тарз қофиябандӣ шудаанд.
Мавлоно Ҷалолидҷини Балхӣ «Маснавии маънавӣ»-ро дар баҳри рамали мусаддаси маҳзуф эҷод кардааст, ки рукнҳои асосии ин баҳр чунинанд:
Биш-на-ваз-най-чун-ҳи-ко-ят –ме-ку-над,
Фо и ло тун фо и лотун фо и лун
Ваз-ҷу-до-и-ҳо-ши-ко-ят-ме-ку-над
Фо и ло тун фо и ло тун фо и лут
Баҳри рамал хеле сабук аст. Бо ин баҳр устод Рӯдакӣ маснавии «Калила ва Димна»-ро ба риштаи назм кашидааст ва бо байти машҳури он:
Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
маснавӣ оғоз ёфтааст. Мавлоно ҳам аз ин нигоҳ ба устод Рӯдакӣ пайравӣ намудааст.
Акнун бармегардем ба мазмуну мундариҷаи ғоявии «Маснавии маънавӣ». Вале пеш аз баёни ин масъала зарур медонем, ки нахуст дар бораи ҷараёни тасаввуф ва муносибати он ба адабиёти бадеӣ равшание андозем.
Бояд гуфт, ки ҷараёни тасаввуф аз оғози пайдоиши худ бо халқ ва эҷодиёти вай муносибати наздик дошт. Ин муносибат чӣ дар ифодаи афкори пешқадами халқӣ ва чӣ дар истифодаи сюжету мотив ва образҳои халқӣ зуҳур ёфтааст. Роҳбарон ва намояндагони аввалини ҷараёни тасаввуф аз байни ҳунармандон баромада буданд. Масалан, Ҷунайди Багдодӣ - косиб, Сирин - кӯҳнафурӯш, Абдулҳафиз - оҳангар, Ҳабибӣ - тунукасоз буданд. Пас аз асри XII намояндагони ин ҷараён адабиёти бадеиро ҳамчун воситаи асосии баёни ақидақои тасаввуфии худ қарор медиҳанд. Онҳо дар асарҳои худ идеяи кор кардан ва бо меҳнати ҳалоли худ зиндагӣ намудани ҳар як фарди ҷамъиятро талқин мекарданд. Аз ин ҷо, мантиқан он молу сарват ва боигарие, ки синфи ҳукмрон аз халқ бо зулму истисмор ҷамъ менамуд, ҳаром шуморида мешуд. Ба ҳамин тариқ, шоирони тасаввуф ба воситаи эҷодиёти худ золимон ва истисморкунандагони халқро зери танқиди сахт гирифта, садои шикоятомези худро нисбат ба замона баланд менамуданд. Дар баробари ин, меҳнати ҳалол, ғояҳои инсондӯстӣ, илму донишомӯзи ва дигар хислатҳои неки инсониро бо як ҳиссиёти баланд тараннум мекарданд. Аз ҷумла, Абдуллоҳи Ансорӣ инсони комил гуфта касеро медонад, ки ӯ бо халқи хеш, бо ғаму андӯҳи ӯ шарик бошад, дурӣ наҷӯяд. Чунончи:
Айб аст бузург баркашидан худро,
Аз ҷумлаи халқ баргузидан худро.
Аз мардумаки дида бибояд омӯхт,
Дидан ҳама касрову надидан худро.
Танқиди золимон, тарғиби идеяҳои пешқадами инсонӣ дар эҷодиёти Ҷалолиддини Румӣ боз ҳам инкишоф ёфта, ба дараҷаи камолот мерасад. Барои барҷаста ифода ёфтани ақидаҳои файласуф эҷодиёти даҳанакии халқ роли калоне бозидааст.
Масалан, Ҷалолиддин дар «Маснавӣ» мегуяд:
Чоҳи мазлум гашт зулми золимон,
Инчунин гуфтанд ҷумла олимон:
«Ҳар ки золимтар - чаҳаш пурҳавлтар,
Адл фармудаст бадтарро батар».
Эй, ки ту аз зулм чоҳе меканӣ,
Аз барои хеш доме метанӣ.
Бар заифон гар ту зулме мекунӣ,
Дон, ки андар қаъри чаҳ пай мезанӣ.
Шоир ба воситаи зарбулмасали халқии «Чоҳкан зери чоҳ» золимони замонашро мазаммат карда, онҳоро гӯшзад мекунад, ки агар ба халқ зулму беадолатӣ кунанд, рӯзе ба он чоҳи аз зулм кандаи худашон меафтанд.
Ба ҳамин тариқ, аксарияти жанрҳои халқӣ ба адабиёти китобӣ дохил шуда, аз ҳар ҷиҳат таҳаввул ва инкишоф ёфтаанд ва боз дар шакли мукаммали худ ба адабиёти даҳонӣ баргаштаанд. Ин таҳаввулу инкишоф, асосан дар вазн, сохти композитсионӣ, тарзи қофиябандӣ ва васеъ гардидани доираи мавзӯъҳо ба амал омадааст. Чунончи, мавзӯи рубоиёти халқии давраҳои қадим ишқу муҳаббати инсонист. Вале ба воситаи адабиёти китобй мавзӯъҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ, пандуахлоқӣ низ дохил шудаанд. Рубоиёти халқие, ки дар асрҳои XIX-XX эҷод шудаанд, аз ин мавзӯъҳо саршоранд.
Ғайр аз ин, жанрҳои адабиёти китобӣ, аз кабили ғазал, қитъа, мусамман, мухаммас ва ғайра ба эҷодиёти даҳанакии халқ то андозае таъсир расонидаанд. Мо намунаҳои зиёдеро пайдо карда метавонем, ки онҳо дар жанрҳои мазкур аз тарафи халқ эҷод карда шудаанд.
Дигар ин ки таъсири суханҳои пурҳикмат ё афоризмҳои адибони бузурги ғузашта ба эҷодиёти даҳанакии халқ хеле калон аст. Суханони пурҳикмати устод Рӯдакӣ, Саъдӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва дигарон имрӯз ҳам ҳамчун зарбулмасалу мақол аз тарафи халқ дар ҳар маврид истифода мешаванд.
Реклама