ИНЪИКОСИ ВАЗЪИ ЗАМОН ДАР ҚАСОИДИ САЙФИ ФАРҒОНӢ

ИНЪИКОСИ ВАЗЪИ ЗАМОН ДАР ҚАСОИДИ САЙФИ ФАРҒОНӢ

Қаламкашоне, ки дар асри XIII, дар асри хунрезии чингизиён умр ба cap бурданду ҳамаи ваҳшоният, қатлу ғорати ононро бо чашми худ дида буданд, ангушти ҳайрат газида, то зиндагию рӯзгор доштанд, аз он хдрф заданд, ба он хунхӯрон лаънат хонданд.

Таърихнигорон бо асарҳои таърихиашон, наққошон бо асарҳои наққошиашон, нависандагон ба воситаи асарҳои адабиашон дилашонро холй карданд ва ба ояндагон аз кору рафтори ин ваҳшиёни гургтабиат огоҳӣ додаанд. Шояд аз дигарон бештар ва сахттар Сайфи Фарғонӣ ин ваҳшоният, ин дарди ҷонгудозро аз cap гузаронида бошад. Зеро ӯ аз бими ҷон сарсону гурезон, деҳоти сӯхтаю хароб, шаҳрҳои ба хок яксон, мардуми ниммурдаю қашшоқро дидаю дида роҳ паймуд. Бо баъзе зиндамондаҳо сӯҳбат намуд. Дар бораи афъоли бади муғулҳо қиссаҳои бадард шунида-шунида ба пеш, ба Эронзамин, ба Табрез рафт ва дар ин шаҳри бостонию номдори форсиён андак осуда бишуд. Пас ин дидаву шунидаҳояшро бо оби чашм нишасту нигошт ва ғазалу қасидаҳои пурсӯз эҷод кард, ки имрӯз барои мову шумо огоҳномае ҳастанд аз кору амали аҷнабиён, паёме ҳастанд аз рӯзгори дардомези хдмзабонон, ҳаммиллатон, то биҳонему аз онҳо панде бигирем, бароямон панди судманде шавад, то оянда барои ягонагӣ, ваҳдати миллатамон яктан ва якҷон бошем. Барои истиқлоли кишвар ҷони хешро нисор намоем.

Қасидаҳои Сайфи фарғонӣ соддаю фаҳмост. Маънои онро ба хубӣ мегавон дарк кард.

Сайфи Фарғонӣ дар қасидаи «Манам, ёро, бад-ин сон уфтода» садои эътирозу шикояташро боз ҳам балағщтар кардааст. Метавон ин қасидаро қасидаи ҳасбиҳолӣ донист. Худи ҳамин ном ҳам то андозае мазмуни қасидаро бозгӯ мекунад:

1.    Манам ёро, бад-ин сон уфтода,

Диламро сӯз дар ҷон уфтода.

2.    Гами чандин парешонҳоли имрӯз

Дар ин табъи парешон уфтода.

3.    Бубин дар нони халқ ин каждумонро,

Ки чу дар гӯшт кирмон уфтода.

4.    Дареғо, мукнати чандин тавонгар

Ба дасти ин гадоён уфтода.

6.    Аз ангушти Сулаймонрафта хотам,

Вале дар дасти девон уфтода.

7.    Раият гӯсфанданд, ин сагон гург,

Ҳама дар гӯсфандон уфтода.

8.    Зи дасту пойи ин гарданзанон аст,

Саросар му лк вайрон уфтода.

9.    Зи ҷаври золимон дар шаҳри хеши

Ба хорӣ чун ғарибон уфтода.

10. Кулоҳи иззат андар пойи хорӣ

Зи сарҳои азизон уфтода.

11. Ба оҳи чун ту мазлум афсари му лк

Зи фарқи тоҷдорон уфтода.

12. Ту низ, эй Сайфи Фаргонӣ, чароӣ

13. Ҳазин дар байтулаҳзон уфтода?

Қасидаи мазкурро метавон аз руйи масъалагузорӣ ба се бахш қисм кард. Дар бахши аввал рӯзгори вазнин, ҳоли парешон ва сарсону саргардониҳои хешро баён кардааст. Дар баробари ин ҳаёти тоқатфарсои халқи бечора ёд шуда, ҳамаи ин талхиҳои рӯзгорро аз гадоён медонад ва ин гадоён муғулони қашшоқи хунхоранд. Дар бахши дувум омадани истилогарони муғул тавсиф шудааст. Шоир онҳоро ба дев ташбеҳ намудааст. Балки ба девҳое, ки ангуштарини Ҳазрати Сулаймонро дуздида бурданд. Яъне, ин маънои онро дорад, ки шоҳону амирони ин сарзамин мулкро ба осонӣ ба дасти девон, яъне чингизиён доданд. Адиб дар ин маврид ба воситаи санъати талмеҳ фикрашро тақвият додааст.

Байти шашум ҳам ба рафтору кирдори чингизиён мутааллиқ асг. Шоир дар ин байт онҳоро ба гургу саге монанд кардааст, ки ба рамаи гӯсфандон ҳуҷум кардаанд. Шоир дар симои гӯсфандон раиягро нишон додааст. Сайфи Фарғонӣ дар байти 8-ум таъкид менамояд, ки имрӯз мо дар Ватани хеш ғарибу мусофирем, хору зорем. Кулоҳи шоҳӣ, тоҷу тахти ачдодон аз сари бузургон нагун афтодааст. Ҳамин тавр, адиб аз нотавонию тарсончакӣ ва бехирадии амирону ҳокимон шикоят менамояд. Зеро онҳо натавонистанд, ки мамлакатро аз душманон муҳофизат намояд, тоҷи шоҳиро дар cap мустаҳкам нигоҳ доранд. Ағар, аз як тараф, ноӯхдабароии шоҳону ҳокимон сабаб шуда бошад, аз тарафи дигар, ба хотири он ки ба халқ ҷабру зулми беҳад карданд, ғазаби Худо шуд ва онҳо аз точу тахт маҳрум гардиданд. Ниҳоят, дар байти мақтаъ шоир ба худ садо карда мегуяд, ки ман ҳам мисли садҳо, ҳазорҳо ҳамватанони бехонаю беватан дарбадар шудам ва ба ин рӯзҳои сахт расидам. Вале дар ин қасида роҳи халосӣ, роҳи муборизаро алайҳи бегонагон - мугулҳо нагуфт. Ин мазмунро метавон дар шеъри дигари у пайдо кард. Шеър бо номи «То кай х(в)оҳем» омадааст. Ин ном ва ё ин радифи шеър маънои то кай сабр кунем, то кай ба ин ҳама бенизомӣ, зулму тааддии бегонагон тоқат намоем. Ин даъвати ошкорост ба муборизаи зидди чингизиёни истилогар:

1. Эй ҳама они my, ҳоҷат з-ину он то кай х(в)оҳем!

Бекас онро кас туй, аз нокасон то кай х(в)оҳем!

2.    Аз амирон ҷуд ҷӯем, аз авонон мардумй,

Мо зи гурба мушу аз саг устухон то кай х(в)оҳем!

3.    Мурдаи ҳирсанд эшон, мардумй оби бақост,

Мо дами оби бақо аз мурдагон то кай х (в) оҳем!

4.    Одамй он аст, к- у сагро чу мардум нон диҳад,

Мо ба гавҳар одамй, нон аз сагон то кай х (в) оҳем!

5.    Мулки Иблис аст ин вайронаи пурдеву дад,

Мо дар ӯ унси дилу ороми ҷон то кай х(в)оҳем!

6.    Аҳли ин давр одамиро чун шаётин раҳ зананд,

Мо нишони роҳи ту аз раҳзанон то кай х (в)оҳем!

7.    Сайфи Фарғонӣ, зи ҷаври золимони сагсифат,

Шуд ҷаҳон пурранҷ, азроҳат нишон то кай х(в)оҳем!

Шоир дар байти нахуст ба ҳокимон, волиёни кишвар муроҷиат намуда, таъкид менамояд, ки ин ватан ва мардумй бесоҳибу бекасро кас шумоед. Охир, то кай мо аз бекасон, бегонагон беадолатӣ, зулму тааддй бинем. Аз ин амирони бетона хайру некӣ ҷустан мисли он аст, ки муш аз гурбаву устухон аз саг талабӣ. Ҳамин маънӣ дар байтҳои дуюм ва сеюм ҳам тақвият ёфтааст.

Дар байти панҷум шоир бо сад дарду алам диёрашро «мулки Иблис шудааст» мегуяд. Дар ин до шоир санъати рамзу кинояро бамаврид истифода бурда, дар симои шайтон чингизиёнро нишон додааст. Дар байти шашум шоир мақсади асосиашро ифшо кардааст. Ӯ ба ҳокимону волиёни таҳҷойӣ таъкид мекунад. ки ба макру фиреби онон фирефта нашавед, шумо бояд роҳнамо бошед ва пеши роҳи роҳзанонро бигиред, зеро зи ҷабри ин сагони малъун ҷаҳон пурранҷу косаи сабри мардум лабрез гардидааст. Дар ҷойи дигар бисёр афсӯс мехӯрад, ки лашкараш, халқаш бесоҳиб аст ва мисли Рустами Дастон сарлашкар надорад, то кишварро аз мугулҳо озод ва мардумро дилшод гардонад:

Сафи лашкари ман надорад саворе,

Ки бо Рустам ӯро ба майдон фиристанд.

Хулоса, Сайфи Фарғонӣ марди худшиносу худогоҳ буд. Ӯ солҳои тулонй бо калам ба муқобили истилогарон - чингизиёни хунхор мубориза бурд ва кору кирдори онҳоро ба воситаи асарҳояш ифшо намуд ва мардумро алайҳи душмани ғаддор ба мубориза тайёр кард, ҳидоят намуд.

Реклама