Ҳикояти мазкур дар байни мардуми тоҷику форс хеле машҳур аст. Мавлоно онро бисёр шевову гуворо ба риштаи назм кашидааст:
Кӯдаке дар пеши тобути падар,
Зор менолид, бармекӯфт cap.
К- «Эй падар, охир, куҷоят мебаранд?
То туро дар зери хоке биспаранд.
Мебарандат хонаи тангу заҳир,
Не дар ӯ қолию не фаршу ҳасир.[1]
Не чароғе дар шабу не рӯз нон,
Не дар он бӯйи таому не нишон.
Не дараш маъмур, не сақфу на бом,
Не дар ӯ баҳри зиёе[2] ҳеҷ гом.
Не дар он аз баҳри меҳмон оби чоҳ,
Не яке ҳамсоя, к-ӯ бошад паноҳ.
Ҷисми ту, ки бӯсагоҳи халқ буд,
Чун шавад дар хонаи кӯру кабуд.
Хонаи безинҳору ҷойи танг,
К- андар он не рӯй мемонад, на ранг».
3-ин насак авсофи хона мешумурд,
Ва-з ду дида ашки хунин мефушурд.
Гуфт Ҷуҳӣ бо падар: «Эй арҷманд!
Валлаҳ, инро хонаи мо мебаранд!»
Хонаи морост бе тазвиру шакк!
Не ҳасиру не чароеу не таом,
Не дараш маъмуру не сақфу на бом!»
Воқеан, шояд ин латифа ё ҳикоят дар рӯзгори Мавлоно иншо шуда бошад ва ё худи Ҷалолиддин нахуст онро эҷод карда ва пасон дар байни мардум шӯҳрат ёфта бошад. Зеро дар замони зиндагии Мавлоно дар натиҷаи қатлу ғорати мугулони хунхор ҳаёти оммаҳо бисёр вазнин шуда буд ва рӯзгорашон вазнин гардид.
Рӯзгори сахти мардумро ӯ бо чашми худ дид ва дар зимни ҳикояти мазкур қашшоқӣ, нодории халқро воқеъбинона инъикос намуд. Мавлоно тасвири бурдани тобути шахси бечораеро ба гӯристон аз номи писараш басо дардомез ба қалам додааст.
Вақте ки шоир нишонаҳои гӯрро баён мекунад, Ҷуҳӣ ба падараш посух медиҳад, ки хонаи мо чунин аст ва ин майитро ба хонаи мо хоҳанд бурд. Ҷуҳӣ бошад, қаҳрамони латифаҳои халқӣ ба шумор меравад ва бисёр шоиру нависандагон ва гӯяндагони халқӣ бештари фикрҳои танқидиашонро аз номи Ҷуҳӣ баён кардаанд. Мавлоно ҳам дар ин латифа андешаашро аз номи Ҷуҳӣ овардааст.
Дар «Маснавии маънавӣ» Мавлоно ҳикояти «Қиссаи зани Ҷуҳӣ ва ишва до дани ӯ қозиро» овардааст. Қозӣ аз ишваю нози зани Ҷуҳӣ мафтун гардида, ошиқи шайдояш мешавад. Зани Ҷуҳӣ бо шавҳараш маслиҳат намуда, ошиқи зор - қозиро ба хонааш даъват менамояд. Ҳангоми сӯҳбаташон Ҷуҳӣ меояд. Занак қозиро дар сандуқ пинҳон мекунад. Ҷуҳӣ ба занаш мегу яд, ки фардо ана ҳамин сандуқро ба бозор бурда, онро дар бозор оташ мезанам. Чун фардо мешавад, Ҷуҳӣ ҳаммол меораду сандуқро ба ӯ месупорад, то бар сари чорсуяш бибарад. Хулоса, ноиби қозӣ аз ин кор хабардор шуда, сандуқро бо сад динор аз Ҷуҳӣ мехарад ва қозиро аз март наҷот медиҳад.
Баркушоям, гар намеарзад, махар,
То набошад бар ту ҳаӣфе, эӣ падар.
Гуфт: «Эй Саттор! Бар макшой роз
Сарбубаста меҳарам, бо ман бисоз».
Моҷаро бисёр шуд дар манязид,
Дод сад динору он аз вай харид.
Албатта, Мавлоно аз кору рафтори баъзе намояндагони дини ислом хуб огоҳ буд. Дар байни онҳо ашхоси нолоиқ, ки ба корҳои ношоиста даст мезаданд ва аз мансабу ҷоҳи худ истифода мебурданд, кам набуданд. Рафтори ҳамин гуна ашхосро Мавлоно дар симои қозӣ нишон додааст. Гузашта аз ин, дигар ҳамкорони қозӣ, аз ҷумла ноиби қозиро низ ба зери тозиёнаи танқид мегирад. Зеро ноиб сирри қозиро пинҳон намуда, ӯро бо ҳар роҳу восита аз ҷазо, аз шармандагӣ наҷот медиҳад. Ба ин восита Мавлоно таъкид менамояд, ки дар содир шудани чунин корҳо қозӣ бо ноибонаш ҳамкоса ва шариканд.
Мавлоно дар ҳикояи «Марди аблаҳ ва хирс» низ ашхоси беақлу аблаҳро ба зери тозиёнаи танқид гирифтааст. Қаҳрамони ҳикоя - ҷавонмарди паҳлавоне мебинад, ки аждаҳое хирсеро дар мекашид. Он замон ҷавонмард омаду аждаҳоро бикушт ва хирсро аз марг наҷот дод. Ба ҳамин хотир хирс дар хизматаш камар барбаст. Боре ҷавонмард хеле монда шуду хобаш омад. Ӯ майли хоб карду хирс болои сараш истода ва пашаҳояшро аз сару рӯяш меронд. Марде мегузашт ва амали хирсро дид ва ангушти ҳайрат газид. Он мард аз ҷавонмард ҳоҳиш кард, то бо хирс ин қадар дӯстӣ накунад, ки пешомадаш хуб набошад. Биё, то бо ҳам бошему дар ғаму шодии якдигар шарик шавем. Вале ҷавонмард қабул накард ва бо хирс дустӣ карданро нисбати ба дӯстӣ бо ҷинси худ - инсон беҳтар донист.
Қисса вогуфту ҳадиси аждаҳо,
Гуфт: «Бар хирсе манеҳ дил, аблаҳо!
Дӯстӣ з-аблаҳ батар аз дуишанист.
У ба ҳар ҳила, ки донӣ, ронданист»
Гуфт: «Валлоҳ аз ҳасудӣ гуфт ин В-арна хирси бингарӣ, ин меҳр бин».
Пас он мард бирафту ҷавонмард ба хоб шуд ва хирс аз сару рӯи ӯ пашша меронд. Пашшаҳо хирагй карданд, хирс ба ғазаб омад ва рафта санги бузургеро бардошта овард ва бар пашшаҳо, ки рӯи он ҷавонмард сайру гашт доштанд, зад. Аз зарби санг ҷавонмард ҷон ба Ҳақ таслим намуд.
Мазмуни ҳикоя ҳамин аст ва Мавлоно ба ин восита гуфтанист, ки дӯстӣ бо ҳамҷинси худ шоиста бошад, дӯстӣ бо аблақон арзандагй надорад. Нависанда дар ин маврид аз санъати маҷозу киноя ва рамз истифода бурдааст. Дар симои хирс ашхоси аблаҳ, нодонро, ки шоистаи боварию эътимод нестанд, нишон додааст:
Меҳри аблаҳ - меҳри хирс омад яқин,
Кини ӯ меҳр асту меҳри ӯст кин.
Гар хӯрад савганд ҳам, бовар макун,
Бишканад савганд марди каҷсухун....
Ҳар ки ӯ гӯяд ба назди мо дурӯғ,
Дар нагирад гуфту савгандаш фурӯғ.
[1] ҳacup - бӯрё, палас
[2] зиё - кишту зироат.
Реклама