МАВЗӮИ ҒАЗАЛИЁТИ КАМОЛ

МАВЗӮИ ҒАЗАЛИЁТИ КАМОЛ

Мавзӯъҳои ғазалиёти Камол хеле рангинанд: васфи ёри меҳрубон, тараннуми ишқи поки инсонӣ ва ирфонӣ тору пуди бештари ашъори шоирро фаро гирифтаанд. Камол бо камоли маҳорат симои зоҳирӣ ва ботинии маҳбубаашро доимо зебою дилкаш инъикос менамояд. Қаҳрамони лирикӣ (шоир) аз хусни расой худододи маъшуқааш шод асту меболад. Барои ӯ дидори ёри меҳрубони гандумгуну шакарлаб азиз аст ва аз ҳама олами мавҷудот маъшуқааш волотар, болотар, азизтар, зеботару муҳташамтар аст. Вақте ки ғазали «Ёри гандумгун»-ро мехонем, хуб эҳсос менамоем, ки гӯё суруди халқиеро мутолиа дорем:

1.                 Ёри гандумгуни май, гӯ, рӯи хирмансӯз пӯш

Варна хоҳад сӯхт хирман ҳар киро акл асту ҳуш.

2.                 Рӯи гандумгун намуду чони мо як ҷав фурӯхт,

Азчӣ шуд ёр инчунин гандумнамои ҷавфурӯш?

Дар байти аввал қаҳрамони лирикӣ аз ёри меҳрубонаш илтиҷо мекунад, ки ҳусну ҷамоли худододашро, ки хирмансӯз аст, ниҳон кунад, зеро агар ин корро накунад, дилро ва ҳама тару хушкро месӯзонад. Дар мисраи дуюм боз ҳамин маъниро пурра намуда аст, тақвият бахшидааст. Дар ин байт шоир аз санъатқои кинояву маҷоз истифода бурдааст. Калимаҳои «хирман» ва «хирмансӯз» ҳамин бори маъниро ба дӯш доранд. Шоир дар байти дувум натиҷа ё ҳосили байти аввалро зикр кардааст. Яъне, ин олиҳаи ҳусн сухани ошиқ (қаҳрамони лирикӣ)-ро гӯш накард, ба инобат нагирифт ва ҷони ширини ӯро (ошиқро) бо ҳусну ҷамоли худ сӯзонд. Шоир барои тақвияти фикраш дар ин маврид ба хотири ҷозибу ширин баромадани суханаш аз мақолу ҳикмати халқӣ истифода бурдааст. Дар байни халқи тоҷик мақоли «Гандумнамои ҷавфурӯш» серистеъмол аст.

Дар ғазали «Хуш меояд» шоир доманаи ҳамин мавзуъро васеътар, фарохтар гирифтааст:

1.   Навбаҳорон зи гулам бӯйи ту хуш меояд,

Ҳамаро боғу маро рӯйи ту хуш меояд.

2.   Ҳамчу наргис наниҳам чашм ба сарви лаби ҷӯй,

Ки маро қомати дилҷӯйи ту хуш меояд.

3.    3-он ҳама ҳалқа, ки шамшод занад бар сари гул

Бандаро ҳалқаи гесӯйи ту хуш меояд.

4.    Бӯйи гулзор хуш ояд ҳама касрову маро,

Накҳати хоки сари куйи ту хуш меояд.

5.    Печи сунбул ба чаман ҳеҷ намеояд хуш,

Пеши руйи ту хами мӯйи ту хуш меояд.

6.    Шеваи чаиш чу наргис чӣ кунад ишваеу ноз?

Шева аз наргиси ҷодуи ту хуш меояд.

7.    Чашм пакту да ба рӯйи гул аз он руй Камол,

Ки назар бар гули худрӯйи ту хуш меояд.

Камоли Хуҷандӣ дар байти нахуст ёд аз фасли гулу лола ва табиати зебои баҳорон мекунад. Гулҳои баҳорӣ бӯйи хуши туро ба машомам меоранд. Агар дигаронро боғу бӯи гулҳо мафтун гардонанд, маро дидори зебои ту писанд аст, хуш меояд. Дар байти дувум шоир таъкид менамояд, ки май мисли наргис назар ба сарви лаби ҷӯй накунам, зеро қаду қомати сарвмонанди ту хуш аст ва мафтуни он гардидаам. Байти сеюм давоми мантиқии байти боло буда, қаҳрамони лирики зулфони ёрашро ба ҳалқаи гул монанд кардааст. Яъне санъати ташбеҳро истифода бурдааст. Вақте ки насими баҳорӣ дар боғ мевазад, шамшод cap поён мекунад ва гесӯи ёрро навозиш менамояд. Дар ин маврид барои ифодаи фикр шоир санъатҳои киноя, таносуби сухан ва маҷозро гулчин намудааст. Дар байтҳои пасин ҳамин мавзӯъ ва ҳамин мазмун бо рангҳои дигар хеле зебо ба калам дода шудаанд.

Камол дар ғазалҳои ошиқонааш дар баробари ситоиш ва тавсифи ёри меҳрубон рақибу ағёрро мазаммату накӯҳиш кардааст, зеро ӯ дар роҳи ба мақсад расидан, яъне ба дидори маъшуқ расидан чун садди роҳ истодааст. Аз ин хотир ошиқ ба рақиб нафрату адоват дорад ва ӯро мазаммат менамояд:

Рақиб гуфт: «Ту донӣ, Камол, қимати ман?»

Бигуфтам: «Эй дили сахтат ба ғусса арзонӣ»

Туро ба соҳили Уммон ба сад дирам бихаранд,

Барои лангаркиштӣ, ки бас гаронҷонӣ.

Дар ин маврид шоир аз санъати саволу ҷавоб моҳирона истифода бурда, муносибати хешро нисбати ракиб иброз доштааст. Камол ракибро марди дилсахт, ва бо лутфи хоси хеш гаронҷонӣ (кундфаҳмӣ ва безавқии) ӯро ҳаҷв мекунад.

Ғазали «Ошӯби ҷонӣ» низ дар мавзӯи ишқи софи беолоиши инсонӣ суруда шудааст. Ин ғазал аз нигоҳи соддагию равонӣ таронаи халкиро ба ёд меорад:

1. Ошӯби ҷонӣ, шӯхи ҷаҳонӣ,

Безътиқодӣ, номеҳрубонӣ.

2.    Гоҳам навозӣ, гоҳам гудозӣ,

Гоҳе чунинӣ, гоҳе чунонӣ.

3.    А з ту сабурӣ кардан, нигоро,

Натвон, валекин ту метавонӣ.

4.    3-ин сон, ки дорӣ аз хеш дурам,

Гар мирам аз ғам, ҳолам надонӣ.

5.    Гуфтам: «Нисорат созам дури ашк?!»

Гуфто: «Чӣ гӯям?» Дурр мечаконӣ».

6.    Гар аз Камол, эй мӯнис, малулӣ,

Рафтам зи пеишт бурдам фиғоне.

«Ошӯби ҷонӣ» дар асоси се санъати бадеӣ: тавсиф, такрор ва саволу ҷавоб бунёд ёфтааст. Истифодаи калимаҳои «ошӯби ҷон», «шӯхи ҷаҳон», «беэътиқод», «номеҳрубон» чун шаддаҳои марҷон ва дурру марворид бамаврид омада, матлаъи ғазалро рангин, дилнишин ва зебою равон намудаанд.

Дар байти дувум калимаи «гоҳ» чанд бор такрор омада, фасоҳату балоғати шеърро афзун гардонидааст, онро гӯшнавозу дилнишин намудааст. Дар байтҳои сеюму чорум санъати тазод ҳолати рӯҳӣ, дунёи ботинии қаҳрамони лирикӣ (шоир)-ро нисбати маъшуқа ифшо кардааст. Боз дар ҳамин байтҳо шоир ба тарзи саволу ҷавоб ҳолати хеш ва ёри бевафои хешро хеле табиӣ ва шоирона ба қалам додааст. Камол дар мақтаи ғазал аз рафтору номеҳрубонии дилдодаи хеш ошуфтаю малоли хотир шуда мегӯяд, ки агар аз ман малоли хотир шуда бошӣ, ман бо оби чашму бо оҳу нола аз наздат меравам. Аз ин нигоҳ, ғазал бо санъати ҳусни мақтаъ ҷамъбаст гардидааст ва басо самимӣ ва хушоҳанг баромадааст.

Дар ғазал, чуноне ки дар боло ёд кардем, шоир ишқи ҳақиқӣ, ишқи зиминии инсонҳоро ситудааст. Барои исботи ин фикр Камол дар байти ҳафтум ишораи хубе дораду мегӯяд, ки қасд ё" мурод аз ин ғазал тавсиф ва тараннуми сурати зебост. Вале Камол ғазалҳои орифона низ эҷод кардааст, ки дар онҳо ишқи илоҳӣ ва саъю талоши ошиқ дар роҳи ба Ҳақрасидан инъикос ёфтааст. Масалан, Камол дар ғазали «Ид шуд» ишқи илоҳиро хеле хуб тараннум намудааст ба матлаи ин ғазал таваччӯх намоед:

1.  Ид шуд, хоҳем дидан моҳ, яъне рӯи дӯст,

Рӯзадорон моҳи нав бинанду мо абрӯи дӯст.

Ҳамин мазмун дар байтҳои зер низ ба маврид омадааст.

2.    Офтобӣ ту, мо чу зарра ҳама,

Ту бузургию мо ҳақир, эй дӯст.

3.    Роҳ паймуд басе дар талаби дуст Камол,

Дӯст дap хонаву мо гирди чахон гардидем.

4.    Худ нест дар миёна дуӣ аз ягонагӣ

Гар нек бингарӣ, ҳама бар хеш ошиқем.

Камол дар байти дуввум дар зимни калимаи офтоб ишора ба парвардигор дорад. Ӯро Офтобу хешро зарра ба қалам додаст. Шоир аз санъати кинояю истиора (офтоб) ва тазоду муқобила (офтобу зарра) истифода бурдааст. Дар мисраи дуюми байти дуввум бузургу ҳақир бо ҳамдигар тазод шуда омадаанд.

Дар байти сеюм вожаи дӯст рамзист ва шоир Худоро дар назар дорад. Яъне гуфтан мехоҳад, ки қаҳрамони лирики дар талаб ё ҷӯстуҷӯи Оллоҳ аст. Вале пай намебарад ва намедонад, ки дӯсти ӯ дар хонаи ӯст яъне дар дили ӯст ва беҳуда саргардон аст. Мисраи дуюм мақоли халқӣ мебошад:

Об дар кӯзаю мо ташналабон мегардем.

Ер дар хонаю мо гирди ҷаҳон мегардем.

Ба хотир меорад, ки адиб басо нодиракорона аз асари мардумӣ истифода бурдааст.

Дар байти чорум низ ҳамин мазмуни орифонаро адиб бо тарзи дигар баён намудааст. Ба андешаи Камол инсони комил, бандаи мусулмон бояд бо ҳам меҳру муҳаббат дошта бошанд.

Реклама