ДИГАР ОБРАЗҲОИ РОМАН

Ёрони Восеъ

Дар роман персонажҳои мусбати Назир, Ризо, Нозим, Одина, Давлат Айюб, мулло Сафар, Саидалӣ ширкат меварзанд ва ҳар кадоми онҳо дар инкишофи воқеаҳо ва ҳалли зид-

дияти асар саҳми муайян доранд.

Дар байни ёрон ва наздикони Восеъ образи писархонд ва баъдҳо домоди ӯ – Ризо зиёда диққатҷалбкунанда аст. Покиву росткорӣ, шавқу завқи ҷавонӣ, далерию чобукӣ ва ҷуръату кордонии ин ҷавон хонандаро ба ваҷд меорад. Махсусан, муқобилияти Ризо ба сарбозони Остонақул- қушбегӣ ҳангоми гузаштан аз дарёи Вахш симои ӯро хеле хуб намоён месозад. Ризо ба муқобили душман аввал гулӯлаандозӣ ва баъд сангандозӣ мекунад ва чун як қисми сарбозон ба воситаи амад[142] аз дарё гузаштанӣ мешаванд, ӯ худро ба об андохта ба амад мерасад ва бо кордча гупсарҳои[143] таги амадро чок карда, сарбозонро бо тиру туфангу шамшерҳояшон ғарқ мекунонад. Ризо вақте ки ба соҳил мебарояд, тир мехӯрад. Нозим Ризоро дар бағал гирифта чунин нола мекунад:

– Садқаат шавам, Ризоҷон, ту коре кардӣ, ки ҳеҷ фарзанди одам накардааст. Номи туро дар қиссаҳо нависанд, меарзад. Кошки тир ба ман мерасиду ту сиҳат мемондӣ.

Дар қатори симоҳои мусбат образи мулло Сафар мавқеи муносиб дорад. Мулло Сафар типи ҷавонони кӯҳистоние мебо шад, ки дар шаҳр таҳсил карда, илмҳои гуногун ва ҳунарҳои заргарӣ, наққошӣ, муҳрканӣ, хаттотиро аз худ кардааст. Баъди шиносоӣ ба ақидаҳои маорифпарварии Алломаи Дамирӣ дар ӯ инқилоби фикрӣ пайдо мешавад. Восеъ ва Назир дар Самарқанд чанд муддат дар хонаи мулло Сафар зиндагӣ мекунанд ва аз андешаҳои маорифпарварии ӯ баҳра мебардоранд. Мулло Сафар дар бораи давлатдорони замонаш, аз ҷумла, чунин андеша дорад: «Худои таоло аз ин амирони ҷоҳил, вазирони коҳил[144], сипоҳиёни гумроҳи ғофил кайҳо рӯй гардондааст». Ва муҳокимаҳои мантиқиашро чунин хулоса мекунад: «Давлати амир дер намепояд».

Мутаассифона, мулло Сафар то охир ба ақидаҳои иҷтимоии худ устувор намемонад, оқибати нохуши шӯришро ҳис карда, дар таҳлука меафтад. Хатои калони мулло Сафар ин буд, ки ӯ ба савганди риёкоронаи ҳоҷӣ Яъқуби мударрис оид ба бахшидани «гуноҳи» Восеъ бовар карда, дар паси обпари Гулдара паноҳ бурдани дӯсташро ошкор месозад.

Мулло Сафар чанд лаҳза халосӣ ва озодии Восеъро дар хаёл оварда, дар дил хурсандӣ мекард. Вале чун яқин кард, ки Восеъ, Назир ва Давлат Айюбро ба Бухоро бурда мекушанд, фаҳмид, ки беихтиёр ба дӯстони худ хиёнат кардааст. Ин фоҷиа барои ӯ бисёр вазнин буда, оқибат боиси ҳалокаташ гардид. Мулло Сафар ба дас таи бандиён расида, дар назди Восеъ худро хиёнаткор номид ва баъд ба хонаи ҳоҷӣ Яъқуб рафта ба ӯ дарафтид: «Эй беимон! Каззоби[145] қасамзада! – дар нимторикии маҳтобшаб ба гиребони мударрис бехудона чанг зад мулло Сафар. – Фиребгари дӯзахӣ! Восеъ куҷост?! Ту ӯро ба куштан додӣ? Ту – дағопешаи кофиркеш динат, имонатро ба манғит фурӯхтӣ!»

Ин марди фиребхӯрда дар коҳдони ҳоҷӣ Яъқуб ҷон дод. Фоҷиаи мулло Сафар фоҷиаи зиёиёне буд, ки ба ҷараёни пурталотуми зиндагӣ назари воқеъбинона дӯхта натавонистанд.

Образи занон

Дар роман дар қатори Фотима, Аноргул, Гулъизор ва Заррагул барин образҳои мусбат симоҳои манфие чун Марзия ва Лутфия низ тасвир ёфтаанд.

Аз образҳои мусбат, пеш аз ҳама, хоҳари Восеъ – Фотима дар хотири хонанда нақш мебандад. Фотима ҳамагӣ дар се лаҳза (дар бобҳои IV, ХХУ ва ХХХШ) фаъолият дорад. Симои Фотима, махсусан дар боби охири асар, хеле муассир ба назар мерасад. Вақте ки сарбозон Восеъ ва ду нафар бандии дигарро аз Балҷувон ҷониби Ҳисор мебаранд, «Фотима монанди девонаҳо афтону хезон дод зада» ба корвон ҳамроҳ мешавад. Сарбозон ҳарчанд кӯшиш мекунанд, ӯро аз корвон дур карда наметавонанд. Дар роҳ Фотима пӯшокҳои Восеъро мешӯяд, нон, қурут, меваи хушк барин хӯрданиҳоеро, ки бошандагони маҳаллаҳои сари роҳ ба ӯ медоданд, ба бародараш пешкаш менамояд. Хоҳари дилсӯз то пояи дори Шаҳрисабз ба бародараш қувват бахшида, охирин нигоҳи ӯро дар худ эҳсос мекунад ва боз пойи пиёда, танҳову саргардон ба зодгоҳаш баргашта, хабари сарбаландона ба марг рӯ ба рӯ гаштани бародари шаҳидашро ба ҳамдиёронаш мерасонад: «Акама ба дори баланд кашидан. Акам натарсид, сарбаланд ҷон дод. Халқон гуфтанд: «Ёдуш ба хайр, баҳодур будай!»

Нависанда бо тасвири пурсӯзи ҷонфидоиҳои Фотима нисбат ба бародари гирифтораш ба офаридани симои миллии духтари тоҷик муваффақ гаштааст.

Дар боби ХХ1 лаҳзаи хайрбоди Восеъ бо аҳли оилааш тасвир ёфтааст. Восеъ ба шӯриш печидани норозигии мардумро дида, аҳли оилаашро ба деҳаи кӯҳии Баландсар гусел менамояд ва ҳангоми хайрухуш ҳамсари азизашро дилбардорӣ менамояд. Аноргул низ ба шавҳараш хайрухуш мекунад ва аз ҳар ибора ва ҷумлаи ӯ бӯйи меҳр, садоқат ва вафодорӣ меояд:

– Доғ кардӣ маро, Восеъ, диламро об кардӣ, – гуфт Аноргул. – Илоҳӣ сиҳат-саломат, хушу хуррам гашта биёӣ. Хонаи манғит бисӯзад, ки ба сари мо ин аламу кулфат, ин зиндаҷудоиро овард... Ман агар мард мебудам, дар ҷойи ту ман ҳам ба манғит теғ мекашидам. Ман туро аз барои шердилӣ, мардонагӣ, ростқавлиат дӯст доштам, ҳозир аз пештара ҳам зиёд дӯстат медорам... Тани зори ман дар ин ҷо ё дар Баландсар мемонад, аммо дилам, ҷонам бо туст. Ман ҳам аз ту розиям, Восеъ, сад бор розӣ...

Марзия ва Лутфия бошанд, аз образҳои мусбат бо ҷоҳилӣ, беномусӣ ва бадтинативу бахилӣ фарқ доранд. Макру ҳила ва рашку ҳасад дар ниҳоди онҳо чунон пурқувват мебошанд, ки ҳар ду ба куштор даст задаанд.

Марзия зоҳиран бадрӯй ва ботинан нопок аст ва ба ҳар ҷое, ки қадам гузорад, он ҷо ба вайрона табдил меёбад. Назири сайёд баъди вафоти занаш ба Марзия хонадор шуда, дар андак муддат хонахароб ва сарсону саргардон мегардад. Ягона дилхушии Назир набераи дӯстрӯяки дусолааш – Азиза буд. Марзия ҳамин тифли бегуноҳро ба ҷарӣ тела дода мекушад ва бо ҳамин оилаи Назирро тамоман бадбахт мегардонад. Умуман, Марзия ва Лутфия чун симоҳои манфур боиси бадбахтиҳои мардуми бегуноҳ гардиданд.

Образи ҷафопешагон

Дар байни образҳои манфии асар Мирзоакрамбой, амир Абдулаҳадхон, Ҷобир доруға, Саидасрор ва ҳоҷӣ Яъқуби мударрис мавқеи бештар доранд. Махсусан, кирдор ва фаъоли-

яти Мирзоакрамбой ҷолиб аст. Ҳирси манфиатҷӯйӣ ва мансабталошӣ тамоми вуҷуди Мирзоакрамбойро фаро гирифтааст. Симои Мирзоакрамбойи мансабталош ҳангоми ба амри Абдулаҳадхон мисли бедона ба «ҷанг» даромаданаш хеле ночиз ва нафратовар ба назар мерасад: «Мирзоакрами шӯрбахт хоҳу нохоҳ хам шуда, ҳамчунин ҳолати чорпо ба худ гирифту ба ҷойи бедонаҳои худ ба ҷанг даромад. Ҳоҷиқул ва ӯ ба якдигарашон нӯл мезаданд, каллаҷанг мекарданд, якдигарашонро ба танашон пахш менамуданд. Ҳоҷиқул мисли бедона бол меафшонд, питпилиқ[146] мекард ва гоҳо бедона буданашро фаромӯш карда, монанди хар ҷуфтак мезад. Оқибат Мирзоакрамбойи фарбеҳу ғафс ба обу арақ ғӯтида, нафасаш танг шуда ғалтида монд. Пешхидматони ҳоким ӯро ба пойгаҳ кашида, ба сараш аз сатил оби хунук рехтанд. Бечора тамоман аз ҳол рафта қариб буд, ки қолиб тиҳӣ кунад».

Хислату характери манфури Мирзоакрамбой аз забони зани сеюмаш ба таври возеҳ ошкор гардидааст. Вақте ки модари Зебӣ хабари ба Абдулаҳадхон пешкаш намудани духтари ноболиғашро мешунавад, ӯ ба Мирзоакрамбой дарафтода, дар зери қамчинзании шавҳараш фарёд мекашад: «Куш маро! Ё зиндаву зор дар гӯрам тиққону баъд духтарамро бурда ба ҳокимат тортуқ[147] кун! Шумо шармандаҳо, беномусҳо, мансаб гуфта бачаҳотонро мефурӯшед, ҳатто духтарҳои ноболиғатонро ба фоҳишагӣ медиҳед!..»

Образи Мирзоакрамбойро симои Абдулаҳадхон боз ҳам тақвият медиҳад. Абдулаҳадхон, чи дар замони валиаҳд буданаш ва чи дар замони амириаш, танҳо ба айшу нӯш, дилхушӣ, бедонабозӣ, шаҳватпарастӣ ва ришваситонӣ машғул аст.

Дар боби XIV лаҳзаи марги падараш – амир Музаффарро интизори кашидани Абдулаҳадхони валиаҳд[148] ҷолиби диққат аст. Абдулаҳадхон дар Кармина[149] хабари вафоти падарро бесаброна интизор аст. Зеро «ин хабар ӯро якбора соҳиби тахти аморат, молики рақоби[150] сеюним миллион фуқарои мамлакат хоҳад кард. Ба назари тӯра вақт хеле ба оҳистагӣ мегузарад. Ӯ хавотир кашида фикр мекунад, ки мабодо мисли ду моҳ пеш падараш боз сиҳат ёбад! Инро фикр мекунаду ба худ ларзида дар дилаш мегӯяд: не, не, ҳеҷ мумкин нест, ки вай намирад! Бояд бимирад!»

Ҳирси бемайлони ба мансаби олӣ ва сарвату ҷоҳу ҷалол соҳиб гардидан Абдулаҳадро аз камтарин ҳиссиёти инсонӣ ва одатҳои одамгарӣ маҳрум гардонидааст, ба дараҷае ки ҳар чӣ тезтар вафот ёфтани падарашро бо ҷону дил хоҳон аст.

Нависанда дар офаридани характерҳои мусбату манфии роман услуби пуртазоди тасвирро истифода кардааст. Барои Назири шикорчӣ вафоти набераи дусолааш фоҷиаи бузургест, аммо Абдулаҳадхон хоҳони ҳар чӣ тезтар вафот ёфтани падараш мебошад; чун Фотима хабари қатли Восеъро ба ҳамдиёронаш расонд, мардум азо гирифт ва «маъракаи азодорӣ як ҳафта давом кард. Аз деҳу дараҳои дуру наздик ба Дараи Мухтор тӯда- тӯда мардумон саллаҳошонро ба миён баста, ба даст асо гирифта меомаданд, мотам мегирифтанд», аммо мурдаи амир Музаффарро «бо шитобу ҷадал... ба хок супурданд. Аз пушти тобути ӯ на вориси тахташ рафт ва на ягон писари дигараш».

Ҳамин тариқ, образҳои романи «Восеъ» ҳар кадом дорои хислату характери ба худ хос буда, дар маҷмуъ зиндагии як давраи таърихии халқи тоҷикро хеле табиӣ ва бо тамоми паҳлуҳояш инъикос намудааст.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Дӯстон ва ҳаммаслакони Восеъ киҳо буданд?
  2. Дар бораи корнамоии Ризо маълумот диҳед.
  3. Сабаби ба фоҷиа анҷом ёфтани ҳаёти мулло Сафар дар чист?
  4. Симои Фотима чӣ тавр тасвир ёфтааст?
  5. Кадом хусусияти образи Мирзоакрамбойро медонед?
  6. Образи Абдулаҳадхон чӣ гуна тасвир ёфтааст?
  7. Нависанда дар офаридани образҳо аз услуби пуртазоди тасвир чӣ тавр истифода кардааст?

Реклама