Назарияи адабиет
Воқеа ё силсилаи воқеаҳои ба ҳам алоқаманд, ки мазмуни асари бадеиро ташкил медиҳад, сужет (калимаи фаронсавӣ sujet) номида мешавад. Яъне, алоқа, мухолифат, ҳусни
таваҷҷуҳ, нафрат ва дигар муносибатҳои байниҳамдигарии одамон ва дигар мавҷудоти олам сужети асари бадеиро фароҳам меоваранд.
Сужет аз рӯйи таркиб сода ва мураккаб мешавад. Сужети сода дар асоси як воқеа ё чанд воқеаи хурди ба ҳам алоқаманд офарида мешавад. Сужети сода аксаран дар латифа, тамсил, баллада ва ҳикоя барин жанрҳои хурди ҳамосӣ ё намоишномаҳо мушоҳида мешавад, аммо сужети мураккаб аз чандин воқеа, баъзан аз чанд силсилаи воқеаҳо фароҳам меояд.
Сужет танҳо дар асарҳои ҳамосӣ (роман, қисса, ҳикоя, достони ҳамосӣ, афсона, ёддошт, сафарнома ва ғайра) ва намоишномаҳо (фоҷиа, мазҳака, драма ва ғайра) мушоҳида мешавад. Асарҳои лирикӣ (ғазал, қасида, қитъа, рубоӣ, дубайтӣ, мусаммат, мустазод ва ғайра) сужет надоранд, зеро дар асарҳои лирикӣ воқеаву ҳодисаҳо не, балки фикру ҳиссиёти адиб оид ба зиндагӣ ифода меёбад.
Унсурҳои сужет
Рафти воқеа хатти сужети асарро ташкил медиҳад ва барои муайян кардани қисматҳои хатти сужет унсурҳои асосӣ ва унсурҳои иловагӣ муқаррар шудааст. Сужет панҷ унсури асосӣ
ва ду унсури иловагӣ дорад.
Унсурҳои асосӣ:
Унсурҳои иловагӣ:
Ибтидо
Дар ин қисмат хонанда ба замону макони воқеа ва персонажҳои асосии асар шинос мешавад ва заминаи пайдоиши зиддиятро дарк мекунад. Ин унсур дар романи «Ман гунаҳ-
горам»-и Ҷ. Икромӣ чунин ифода ёфтааст: нависанда нахуст хонандаро ба баҳори деҳаи Лолазор шинос мекунад. Баъд таваҷҷуҳи ӯро ба хонавода ва зиндагии хушбахтонаи директори мактаби деҳа Анвар Салимов ҷалб менамояд. Анвар ҳамроҳи зан ва ду фарзандаш баъди истироҳат ба хонаашон бармегашт. Ӯ дар назди бинои шурои деҳа котиби деҳшуро Мухтор Махсумов ва корманди шуъбаи маорифи вилоят Зайнаб Кабироваро мебинад. Хонанда аз боби аввал минбаъд миёни Анвар ва Мухтору Зайнаб давом ёфтани воқеаро ба хубӣ дарк менамояд.
Гиреҳ
Гиреҳ дар байни ду қувва пайдо шудани зиддиятро ифода мекунад. Дар романи «Ман гунаҳгорам» гиреҳ дар байни Анвар ва Мухтор пайдо мешавад. Мухтор ба Зайнаб муно-
сибати наздик дошт. Вақте ки Зайнаб рӯзҳои дар Лолазор будан дар хонаи Анвар ҷой мегирад, Мухтор аз ин рашк бурда Анварро рақиби худ мешуморад.
Қимати гиреҳ дар он аст, ки аз ҳамин лаҳза сар карда, хислати персонажҳо ба инкишофёбӣ шуруъ менамояд. Гиреҳ дар ҳамаи асарҳои ҳамосӣ ва драмаҳо дида мешавад.
Рабт
Дар ин қисмати сужет зиддияти қувваҳои мутақобила пай дар пай инкишоф меёбад. Ҳамаи персонажҳои асосию ёридиҳанда босуръат ба ҳаракат меоянд ва самтҳои асосии
фаъолияти персонажҳо ба таври возеҳ ошкор мегардад. Дар романи «Ман гунаҳгорам» Анвар дар зиндагӣ бемасъулиятӣ зоҳир намуда ба Зайнаб ошиқ мешавад ва ин як лаҳзаи кӯтоҳандешӣ барои ӯ басо гарон меафтад.
Авҷ
Дар ин қисмати сужет воқеа ба ҳадди ниҳоии худ мерасад. Қувваҳои муқобил ошкоро ба мубориза бармехезанд ва яке дигареро ба мағлубият маҷбур мекунад. Дар ин ҳолат
симои ҳақиқии образҳо ва муносибатҳои иҷтимоию ахлоқии онҳо пурра ошкор мегардад.
Дар романи «Ман гунаҳгорам» ишқи нобаҳангоми директори мактаб натиҷаи манфӣ медиҳад. Анвар ҳолати бади руҳӣ дорад ва дар ҳамин вазъият маоши муаллимонро дар роҳ гум карда, ба мақомоти тафтишотӣ меафтад. Халтаи пулро Мухтору Зайнаб меёбанд. Муносибат бо халтаи пул боиси тамоман ошкор гардидани хислату ҷавҳари инсонии ин ду персонаж мегардад: Мухтор дар фикри пурра мағлуб кардани рақиби худ мешавад, аммо Зайнаб симои манфури Мухторро хеле хуб дарк карда, аз ӯ тарки алоқа мекунад.
Қатъ
Дар ин қисмати сужет яке аз қувваҳо пирӯз гардида, воқеа анҷом меёбад. Яъне, гиреҳе, ки дар аввал ба миён омада буд, кушода мешавад. Дар қисмати қатъи сужети романи маз-
кур воқеа ғайричашмдошт тағйир ёфта, ба таври мусбат ҳал мешавад: Зайнаб аз Мухтор дилмонда шуд ва дар вақти набудани ӯ халтаи пулро бурда ба мактаб месупорад. Бо ҳамин воқеа ба манфиати қувваҳои некӣ ва адлу адолат ҳал мегардад.
Оғоз ва анҷом
Оғоз ва анҷом чун унсурҳои иловагии сужет ба силсилаи воқеаҳои ба ҳам алоқаманд дохил намешаванд. Баъзан барои дарки дурусти воқеаҳои асосӣ нависанда шарҳу эзоҳро
лозим медонад. Ҷ.Икромӣ дар оғози романи «Ман гунаҳгорам» сабаби худро гунаҳгор шумурдани образи асосӣ – Анварро шарҳ медиҳад. Нависандагон қисмати оғозро кам истифода мекунанд.
Реклама