АШЪОРИ БА МОДАР БАХШИДА

Дар шеърҳои «Модар», «Замин чун модари ман масти хоб аст», «Модари ҷаҳонгирам», «Нони гарме, ки меканӣ зи танӯр», «Дар раҳи охирин», «Ҳар шабат хоб мебинам», «Ману волидайн» модар самимона ва дилсӯзона ситоиш гардидааст.

Ашъори ба модар бахшидаи Гулназар дар шаклҳои мураббаъ ва шеъри озод дар давраҳои гуногуни фаъолияти эҷодии шоир суруда шудаанд. Шеъри «Модар» аз чор банди чаҳормисраӣ иборат мебошад ва дар он ҳолати модар дар мавриди гусели фарзанди баркамол тасвир меёбад. Шеър бо пухтани тӯшаи роҳ оғоз меёбад. Дар ин ҳолат модар хеле муносиб ба ахгар[251] ташбеҳ мешавад:

Кунун вақти саҳар шуд, модари ман,

Бароям мепазӣ ту тӯшаи роҳ.

Чу ахгар тоб дорӣ, сӯз дорӣ,

Ки дар нон гармии худро гузорӣ.

Бо вуҷуди бо тамоми ҳастӣ омода намудани тӯшаи сафар гусели фарзанд барои модар басо душвор ва сангин аст. Изтиробу ошуфтаҳолии ӯ дар банди мақтаъ тавассути такрори калимаи хомӯш ва таркибҳои чашмони тар ва чашмҳои интизор ифода ёфтааст:

Гуселам мекунӣ хомӯш, хомӯш,

Панаҳ бинмуда чашмони тари худ.

Фидои чашмҳои интизорат,

Назодӣ охирам танҳо бари худ...

Дар шеъри «Модари ҷаҳонгирам» тарафи дигари бузургии модари тоҷик ва ба модарони тамоми дунё ҳамтақдир будани ӯ ба тасвир омадааст. Шеъри мазкур аз нуҳ банди чаҳормисраӣ иборат буда, қофияи бандҳо ба тарзи ббба, ввва, ггга... сохта шудааст. Яъне, се мисраи ҳар банд қофияи алоҳида дошта, дар ҳамаи бандҳо мисраи чорум дар шакли Модарам, модари ҷаҳонгирам так рор ёфтааст. Мисраи такрор ё васила бандубасти шеър ва муносибати маънавии бандҳоро таъмин намудааст. Шоир аз маънои рамзии калимаи «ҷаҳонгир»[252] истифода карда, мавқеи ҷаҳонии модарро нишон додан хостааст. Дар ин ҳолат мафҳуми ҷаҳонгирии модар бар хилофи амали ҷаҳонгирони воқеист:

Сад Сикандар ба пеши ту ҳеҷ аст,

Фавҷи лашкар ба пеши ту ҳеҷ аст,

Теғу ханҷар ба пеши ту ҳеҷ аст,

Модарам, модари ҷаҳонгирам.

Гулназар ба воситаи санъатҳои бадеии талмеҳу муболиға (Сад Сикандар ба пеши ту ҳеҷ аст) баландии мақоми модарро нисбат ба яке аз ҷаҳонгирони ҳарис – Искандари Мақдунӣ (356–323 то м.) таъкид менамояд. Модар «дасти ларзон», «дили пурармон» ва «чашми гирён» дорад. Бо вуҷуди ин, Искандар бо ҳамон тавоноӣ, фавҷи лашкар ва яроқу аслиҳа қувваи ҷаҳонгирии модарро надорад.

Дар бандҳои минбаъда роҳҳои ҷаҳонгирии модари тоҷик тасвир меёбанд. Қувваи ҷаҳонгирии модар дар оҳкашию дарду доғи ӯст, ки дар ҳама ҷо асар доранд. Фарзандҳои ӯ дар гӯшаҳои мухталифи олам ба муқобили душманони молу ҷони инсонӣ пайкор карда ҳалок гардидаанд ва модар ба ин восита дар тамоми дунё иртибот пайдо кардааст. Ин маънӣ ба воситаи таркибҳои маҷозии нури чашм, пораи дил ва руҳи гирён (фарзанд дар назар аст) ва талмеҳҳои Лаҳистон, Олмон ва Фаронса хеле муносиб ифода ёфтааст:

Нури чашми ту дар Лаҳистон аст,

Пораи дил ба хоки Олмон аст.

Руҳи ту дар Франса гирён аст,

Модарам, модари ҷаҳонгирам.

Бузургӣ ва безаволии модари тоҷик, махсусан тавассути тасвири хаёлҳои ширин (бибӣ шуд келини хаёлии ту, танг шуд хонаҳои холии ту), муносибат ба мактубҳои ёдгорӣ (номаҳо куҳнаву ғами ту ҷавон) ва истодагарии ӯ дар интизори фарзанд (кӯр гаштӣ, валек раҳпойӣ) равшану возеҳ ифода ёфтааст. Дар банди мақтаъ моҳияти ҳақиқии ҷаҳонгирии модар ҳунармандона ҷамъбаст гардидааст. Шоир ба воситаи тобишҳои маъноии калима ва таркибҳои рехтаи рӯсиёҳ[253], куштаи оҳ, ҷаҳони зинда ба гунаҳгории ҷаҳонгирон дар назди модар ишора карда, вориси ҳақиқии дунё модарро медонад:

Ҳар ҷаҳонгир рӯсиёҳи туст,

Куштаи пургуноҳи оҳи туст.

Ин ҷаҳон зинда дар паноҳи туст,

Модарам, модари ҷаҳонгирам.

Шеъри «Нони гарме, ки меканӣ зи танӯр» ҳаҷман калон нест. Ин шеър аз шаш банди чаҳормисраӣ иборат буда, ҳар банд қофияи абвб дорад. Гулназар кӯшиш намудааст, ки дар шеър чанд хислати зотии модари тоҷикро мавриди тасвири бадеӣ қарор диҳад ва баъди тасвири одати меҳмоннавозӣ ва серфарзандии модари тоҷик шеър чунин ҷамъбаст шудааст:

Бод равшан ситораи бахтат,

К-аз ту равшан ситораи тоҷик.

То ту ҳастӣ, ҳамора[254] меҷунбад,

Дар замин гоҳвораи тоҷик.

Гулназар ба воситаи тасвирҳои маҷозиву рамзии ситораи бахт, ситораи тоҷик, гаҳвораи тоҷик ва таносуби калом (ситора, равшан, мазор, гаҳвора, ҷунбидан, замин) ба тасвир қувваи баланди ифоданокӣ ато намуда, мақоми модарро дар зиндагии орому осудаи фарзандон нишон додааст. Махсусан, ба ҷунбидани мунтазами гаҳвора нисбат додани ҷараёни муътадили зиндагии халқи тоҷик зарурат ва шарофати ҳастии модар – гаҳвораҷунбонро ба таври барҷаста ифода кардааст.

Шеърҳои ба модар бахшидаи Гулназар заминаи воқеӣ дошта, ба ҷараёни зиндагии шоир пайвастагӣ доранд. Аз ин ҷиҳат, «Ҳар шабат хоб мебинам», ки дар шакли шеъри озод эҷод гардидааст, ҷолиби диққат аст. Ин шеър аз чор банди семисраӣ ва ду банди панҷмисраӣ иборат буда, мисраъҳои охири ҳар банд ҳамқофия мебошанд:

Ҳар шабат хоб мебинам, – а

Ки ҳарири симгуни саҳоб[255] ба бар, – б

Аз миёни себзори шукуфта мегузарӣ. – в

Боди бомдод мекунад пар-пар – б

Барги гулҳову сарандози сафеди туро – г

Ва ту ошуфта мегузарӣ. – в

Дар боғи биҳишт ошуфтаву бехоб ва ноором будан рамзи он аст, ки модар баъди марг ҳам руҳан ҳамроҳи фарзанд буда, аз ғами бозмондагонаш озод нест. Худафрӯзиҳои модар ба хотири фарзанд ва пайванди ногусастании онҳо дар банди хотимавӣ ба воситаи таркибҳои марги нобаҳангом, хобҳои дурӯғин, розҳои нуҳуфта равшану возеҳ тасвир ёфтаанд:

Ё дурӯғ аст марги нобаҳангомат,

Ё ки хобҳои ман дурӯғинанд...

Розҳое нуҳуфта мегузарӣ...

Мавқеи воситаҳои тасвир

Дар ашъори Гулназар воситаҳои тасвири бадеӣ бамавқеъ ва устокорона истифода шудаанд. Дар ашъори шоир таносуби сухан қавӣ буда, калимаву таркибҳо дар ҷойи худ ва дар муносибати комили якдигар истифода шудаанд. Як шеъри ватанхоҳонаи шоир чунин ҷамъбаст шудааст:

Дар он марзе, ки шоирҳои мо бо сабза ҳамрозанд,

Бигуфтӣ: «Як замонат ҳаст ин ҷо навбати хуфтан».

Чӣ бемаргист, зери чанбари гардуни бобоӣ

Баҳорон аз замин рӯйидану бо ғунча бишкуфтан.

Дар ин порча калима ва таркибҳои марз, замин, сабза, шо ир, беморӣ, ҳамроз, замон, гардуни бобоӣ, баҳор, рӯйидан, ғунча, бишкуфтан байни худ муносибати комил доранд ва барои тақвияти ҳамдигар хидмат намуда, зикри яке зикри дигареро талаб мекунад. Шоир гуфтан мехоҳад, ки дар хоки Ватан мурдан барои ҳар ватандор хушбахтист. Дар ифодаи малеҳу дилкаши фикр ҳам калимаҳои ҳамнисбат ва ҳам маҷозу тазод (баҳорон аз замин рӯйидани марҳум, хуфтан, рӯйидан) барин санъатҳои бадеӣ саҳм гирифтанд.

Гулназар аз мақолу зарбулмасал ва афоризмҳои халқӣ мувофиқ истифода мекунад. Дар порчаи зерин шоир маънии ҳикмати «гандум корӣ, гандум бидравӣ, ҷав корӣ – ҷав»-ро тағйир дода, фикри ҷолибу пандомез баён намудааст:

Бубояд ҳамчу об омад ба ҷунбиш,

Ки бахшояд ба гул ҳусни табассум,

Агар бар қасди мо ҷав кишта буданд,

Зи хоки мо дамад амвоҷи гандум.

Дар ин порча табиати некбинона ва хайрхоҳонаи халқи тоҷик, ки бо вуҷуди озорҳои пайдарпайи бадхоҳон танҳо некию некукориро салоҳ медонад, таъкид ёфтааст. Ё худ, бо тағйир додани маънои ҳикмати «кӯри хешу бинои мардум» масъулиятшиносии ҳар фардро дар ҷомеаи инсонӣ басо ҷолиб баён намудааст:

Ғайри ман нуқсе надорад зиндагӣ,

Ин манам кӯри касу бинои хеш!

Гулназар шоирест, ки ба зиндагӣ назари амиқ дорад ва воқеъбинона аз ҳодисаҳои сершумори давр хулосаҳои муътамади бадеӣ мебардорад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Шеърҳои ба модар бахшидаи Гулназарро ном баред.
  2. Дар бораи шеъри «Модар» чӣ медонед?
  3. Дар шеъри «Модари ҷаҳонгирам» мисраи васила «Модарам, модари ҷаҳонгирам» дорои кадом вазифа мебошад?
  4. Шеъри «Нони гарме, ки меканӣ зи танӯр»-ро таҳлил кунед.

САВОЛҲОИ ТЕСТӢ

1. Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӣ навиштааст?

А) Бозор Собир;

Б) Лоиқ Шералӣ;

В) Гулназар Келдӣ;

Г)Гулрухсо;

Ғ) Сайдалӣ Маъмур.

2. Ин байт аз кадом шеъри ба модар бахшидаи Гулназар гирифта шудааст?

Сад Сикандар ба пеши ту ҳеҷ аст,

Фавҷи лашкар ба пеши ту ҳеҷ аст.

А) «Модар»;

Б) «Замин чун модари ман масти хоб аст»;

В) «Дар роҳи охирин»;

Г) «Модари ҷаҳонгирам»;

Ғ) «Ману волидайн».

Реклама