Дар ашъори гуногунмавзуи шоир зулму истибдод ва поймолкунии ҳуқуқи инсон мазаммат мешавад. Ин ҳолатро дар шеърҳои «Ду ҳуҷум», «Якуми Май ва МОПР»[107], «Ба тахтнишин», «Як қурбонии кӯчаи буржуазии Аврупо» равшан мушоҳида кардан мумкин аст.
"Як қурбонии..."
Дар шеъри «Як қурбонии кӯчаи буржуазии Аврупо» беқадрӣ ва беҳуқуқии инсони меҳнатӣ дар ҷомеаи сармоядорӣ ба тасвир омадааст. Ин шеър бо тасвири симои зоҳирии
зани сарсону саргардон ва беҳолу бемадор дар фасли зимистон оғоз меёбад:
Бо сару пойи бараҳна фасли зимистон
Пираҳани пора-пора пӯшида бар тан,
Хаставу бемору бемадор яке зан
Дар бағал андар гирифта кӯдаки гирён...
Пайрав дар бандҳои минбаъда сабабҳои ба ин вазъият гирифтор шудани зан ва ҳолати руҳии ӯро ба воситаи унсурҳои тасвир, монанди таҷнис, тазод, хитоб ва махсусан тавсиф (хаставу бемору бемадор, бекасу беёру бемакону бепарастор, дилфигору парешон) нишон медиҳад. Зан, кӯдаки гуруснааш дар бағал, навмедона аз кӯчае мегузарад, ки чашмаш ба бинои мунаққашу шишакории «ошхонаи кафешантан» меафтад. Аз девори шишакорӣ манзараи айшу ишрат ва дастархони пурнозу неъмат равшан намудор буд. Зани бечора ба ин манзара хомӯшона менигарист, вале кӯдаки гурусна тоқат надошт:
Кӯдак чашмаш чу ба таом бияфтод,
Аз алами гуруснагӣ ба шиша дарафтод.
Модараш оғоз кард зорию фарёд,
– Мусю, як луқма гӯшт!
Мистирис, нон!
Воқеа торафт шиддат мегирад. Полиси шаҳр аз доду фарёди кӯдак дар ғазаб шуда, занро лагадкӯб мекунад. Аз зарби лагад кӯдак аз дасти модар афтида нобуд мешавад. Банди ҷамъбастии шеър басо риққатовар ва пурсӯз аст:
Хӯрд сари ӯ ба санги сахти сари роҳ,
Мағзи сараш пош-пош гашт ба ҳар ҷо.
Мӯйканон модар уфтод, ки:
– Эй воҳ!
Тифлаки бечораам талаф шуда.
Қурбон!
Шеъри «Як қурбонии кӯчаи буржуазии Аврупо» аз 10 банди чаҳормисраӣ иборат аст. Пайрав Сулаймонӣ дар ин шеър ба воситаи нидоҳо, муроҷиатҳои хитобӣ, такрор, таҷнис, тавсиф ва калимаҳои ҳамовоз (Хӯрд сари ӯ ба санги сахти сари роҳ) ифоданокии шеърро боз ҳам афзун мегардонад ва нисбат ба гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа ҳам раҳму шафқат ва ҳам нафрату бадбиниро бедор мекунад.
«Тахти хунин»
Пайрав Сулаймонӣ достонҳои «Тахти хунин», «Ҷумҳурияти Тоҷикистон ва матбуоти ранҷбари тоҷик» ва асари нотамоми «Манораи марг» низ дорад, ки ҳар се дар жанри
маснавӣ (аа, бб, вв...) эҷод гардидаанд. Достони «Тахти хунин» (1931) аз оғоз ва ҳашт боб иборат аст ва, чунонки худи шоир ишора кардааст, дар он манзараҳои истибдоди[108] охирин амири сулолаи манғитияи Бухоро – Олимхон (1880 –1946) тасвир гардидааст. Дар оғоз макони воқеа нишон дода мешавад. Аз ифодаҳои пайдарпайи тазодиву маҷозӣ дар баробари намуди зоҳирӣ маркази зулму истибдод ва қатлу ғорат будани қасри подшоҳӣ равшану возеҳ эҳсос мешавад:
Дар миёнаҷойи боргаҳ ба ҳашам[109]
Тахти сангин ситода мустаҳкам.
Ранги ӯ ранги гулгуни сиёҳ,
Нест гулгун, балки хуни сиёҳ.
Зери ӯ чорпояи пӯлод,
Назди ҳар поя буд як ҷаллод.
Шоир ба воситаи калимаҳои хун, сиёҳ, ҷаллод, шамшер, гург, ханҷар ва санъатҳои бадеии такрору тавсиф моҳияти ҳақиқии ин қасри зоҳиран боҳашамату ботинан даҳшатнокро ошкор месозад.
Образҳои асар
Дар боби якум образи соҳиби ин тахти даҳшатбор – амир Олимхон тасвир меёбад. Симои образи асосӣ чунон ҳунармандона офарида шудааст, ки хонанда аз тасвир боти-
ни даҳшатноку воҳимаангези ӯро бо тамоми ҳастӣ эҳсос мекунад. Санъатҳои ташбеҳ, тавсиф, такрор ва махсусан муболиға (аз нигоҳаш ба ларза сад Чингиз), хислатҳои ғайриинсонӣ ва ботини нопоки ин амири ситамгарро ҷамъбаст намудаанд. Ифодаҳои чашмони пурхун, абрӯвони хамидаи пурчин, лаби ташнаи хун, панҷаи хунрез ва мисли бабр нохуни тез доштан дар ифодаи мукаммали образ саҳм гирифтанд:
Рӯйи он тахтасанги пурдаҳшат
Буд биншаста марди бадҳайбат.
Чашмҳо хира-хираву пурхун,
З-он ҳувайдост қаҳру хашму ҷунун.
Абрӯвони хамидаи пурчин,
Чини ӯ сар кашида то ба ҷабин.
Риши хурмоирангу пурхаму тоб
Бар занах[110] печ хӯрда ҳамчу таноб.
Лаб ба хун ташна, панҷааш хунрез,
Бабрсон нохунаш даррандаву тез.
Синааш пур зи ҷавру зулму ситез,
Аз нигоҳаш ба ларза сад Чингиз...
Таркибҳои тафсилии чашмҳои хира-хира, абрӯвони пурчини то ба пешона сар кашида, риши мисли таноб ба манаҳ печутобхӯрда бо тобишҳои ҳаҷвии худ ҷаҳолати амирро боз ҳам бештар ошкор месозанд.
Образи дигари достон мири ғазаб мебошад, ки он ҳам асоси таърихӣ дорад. Қушбегии аморати Бухоро Низомиддинхӯҷа бо ҳаммаслаконаш моҳҳои март-апрели соли 1918 дастгоҳи нави одамкушӣ – ба ғарғара кашидани одамонро «ихтироъ» мекунад. Амир Олимхон барои ин «хидматаш» ба ӯ «мири ғазаб» ном мениҳад, ки маънои раиси ҷаллодонро дошт. Образи мири ғазаб дар бобҳои чорум ва панҷуми достон тасвир меёбад.
Мири ғазаб бо ифодаҳои такрор ба такрори каммазмун амирро васф мекунад. Вале дар суханони бетартибу каммазмунаш нисбат ба амир садоқату самимият ҳис намешавад. Пайрав Сулаймонӣ ба воситаи санъатҳои киноя, тазод, муболиға ва талмеҳ руҳи ҳаҷвии суханони мири ғазабро афзудааст:
Эй ба фармонат шаҳрҳо вайрон,
Фуқаро кӯ ба кӯю саргардон!
Эй ки бо як ишора, дар як он
Мамлакатро намуда гӯристон...
Эй ту бо амну сулҳ дорӣ ситез,
Эй ки паймонаат зи хун лабрез!
Таркибҳои киноявии авлоди поки шоҳи араб будан, дар олам шуҳрат афкандан, ташбеҳи ба гӯристон монанд кардани мамлакат ва муболиғаи ба як амр сад ҳазор фақир ҳалок намудан кулли хислатҳои манфури амирро ошкор месозанд.
Дар айни ҳол аз суханони мири ғазаб симои нафратовару ботини нопоки худи ӯ ҳам маълум мешавад. Мири ғазаб дар бераҳмӣ, ваҳшигӣ, ҷаллодӣ ва бадмастиву бадахлоқӣ аз амир камӣ надорад. Ӯ беибо назди амир аз қатлу ғоратҳояш ҳисобот медиҳад ва аз ин рафтори ваҳшиёнаи худ ифтихор ҳам мекунад:
Кӯдаконро ба кӯра дардодам,
Сӯз дар синаи падар додам.
Наъшҳо дар танӯр сӯзондам,
Чашмҳоро ба тир дӯзондам.
Дасту бинию гӯш буррондам,
Зинда-зинда ба гӯр гӯрондам.
Хун чун дар ҷӯйҳо равон кардам,
Даштро боғи арғувон кардам...
Дар боби ҳафтуми «Тахти хунин» образи намояндагони халқи мазлум мушоҳида мешавад. Инҳо шаш нафар аз нажоди кӯҳистонанд ва азбаски аз супурдани андози подшоҳӣ саркашӣ карданд, навкарон онҳоро дасту по баста назди амир овардаанд. Фақирони кӯҳистонӣ чунон «пиру ранҷуру хаставу беморанд», ки ҳатто қувваи додхоҳӣ кардан ва ба пурсишҳо ҷавоб доданро надоранд. Шоир сабаби тарсӯӣ ва беҷуръатии фақирони кӯҳистониро дар мустаҳкам будани пояи зулм медонад:
Хостанд то зи шаҳ суол кунанд,
Додхоҳиву арзи ҳол кунанд.
Муштҳои қавии ҷаллодон,
Хӯрд бар фарқҳояшон чандон
Чашмҳо аз ҳадиқа[111] берун шуд,
Мағзҳо ҳар тараф парешон шуд.
Пайрав Сулаймонӣ дар ҳафт боби достон ба дараҷаи ниҳоӣ расидани ҷабру зулмро дар аҳди ҳукумати манғития нишон медиҳад. Дар боби хотимавии асар шоир бо қувваи халқи меҳнатӣ аз байн бурдани тахти хунини амир Олимхонро мухтасар тасвир мекунад ва бо ҳамин ғояи бебақо будани пояи зулм талқин мешавад.
1. Таркибҳои чашмони пурхун, абрувони хамидаи пурчин, лаби ташнаи хун, панҷаи хунрез, нохуни тез (ифодакунандаи чеҳраи амир Олимхон) ба кадом асари Пайрав тааллуқ доранд?
А) «Манораи марг»;
Б) «Ду ҳуҷум»;
В) «Фироқнома»;
Г) «Асира ё худ исён»;
Ғ) «Тахти хунин».
Реклама