АДАБИЁТИ ДАВРАИ НАВ

Мафҳуми адабиёти давраи нав ба адабиёти садаи ХХ ва минбаъда тааллуқ дорад, ки он қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи таърихи адабиёти зиёда аз сеҳазорсолаи форсу тоҷик мебошад. Тағйироту дигаргунии адабиёти давраи нав дар заминаи анъанаҳои адабии адабиёти классикии форсу тоҷик ва таъсири адабиёти русу дигар халқҳо ба вуҷуд омадаанд. Аз ин рӯ, адабиёти давраи нав як марҳалаи тозаи таърихи адабиёти тоҷик ба шумор меравад.

Дар оғози садаи ХХ дар адабиёти тоҷик аз ҷиҳати навъҳои адабӣ, сабку услуб ва забон дигаргунии ҷиддӣ ба амал омад. Садриддин Айнӣ дар китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» гуфта буд: «Ҳарчанд Аҳмад-махдуми Дониш (1242 – 1314 ҳиҷрӣ) дар боби адабиёти мансура хеле роҳи нав ва услуби тозаро ба илҳоми даҳо ва истеъдоди фитрии худ эҷод карда, лекин ин равиш то соли 1905-и мелодӣ, яъне то инқилоби нахустини Русия шоеъ нашуда буд. Вақте ки инқилоби мазкур ба вуқуъ омада, омадшуди рӯзномаҷот ва китобҳои тоза дар Бухоро ва Туркистон умумият гирифт, соҳибқаламони тозанавис ҳам ҷо-ҷо сар бароварданд. Бинобар ин, мо сари таърихи адабиёти нави тоҷикро соли 1905 қарор додаем».

Дар ҳақиқат, дар асри XIX, махсусан нимаи дувуми он, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварҳои Машриқзамин, аз ҷумла Эрону Афғонистон, Ҳиндустон, Туркия ва Осиёи Миёна, дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омад, ки ин тағйирот, пеш аз ҳама, ба таназзули сохти феодалӣ ва рӯй овардани кишварҳои номбурда ба ҷомеаи сармоядорӣ мусоидат намуд. Ин падида дар солҳои 80-90-уми садаи XIX дар минтақаи Осиёи Миёна хеле қувват гирифта, таъсири худро ба адабиёту фарҳанг низ расонд.

Дигаргуниҳои иҷтимоию фикрӣ дар адабиёт ҷараёни маорифпарвариро ба вуҷуд оварданд. Дар адабиёти тоҷики Осиёи Миёна ҷараёни маорифпарварӣ – равшангароӣ дар эҷодиёти Аҳмади Дониш ва шогирдону пайравони ӯ – Возеҳи Бухороӣ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Шамсиддин Шоҳин, Ҳайрат ва дигарон арзи вуҷуд кард. «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Савонеҳ-ул-масолик фи фаросих-ул-мамолик»-и Возеҳ, «Бадоеъус-саноеъ»-и Шоҳин ва ашъори гуногуннавъи Савдову Ҳайрат ҷомеаро ба роҳи нави муносибатҳои иҷтимоӣ ҳидоят менамуданд.

Дар бедории фикрӣ ва вусъати ҷаҳонбинии ҷомеаи тоҷикон, инчунин, асарҳои маорифпарварони Эрону Афғо нистон, аз ҷумла «Саёҳатномаи Иброҳимбек»-и Зайнуло бидини Мароғаӣ (1838 – 1910) ва «Саёҳат дар се қитъаи рӯйи замин дар 29 рӯз»-и Маҳмуди Тарзӣ (1867– 1935), ки маҳсули сафар ба мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон мебошанд, саҳми муносиб гузоштанд. Бо ин ҳама тағйирот дар адабиёти маорифпарварӣ ҳанӯз аломату ҷанбаҳои адабиёти пешин устувор ва таъсири анъанаҳои адабӣ пойдор мебошад. Аз ин ҷиҳат, адабиёти маорифпарварӣ як навъ ҷамъбасти адабиёти гузашта ва заминаи тағйироти адабиёти давраи нав мебошад.

Ҳамин тариқ, давраи нави адабиёти тоҷик аз ибтидои асри ХХ оғоз гардида то замони мо давом меёбад. Дар муддати зиёда аз як қарн адабиёти тоҷик боз ба тағйироти марҳалавӣ дучор гардидааст ва ин дигаргуниҳо бештар ба ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва адабии мардуми тоҷик иртибот доранд. Адабиёти давраи нави тоҷикро аз ин дидгоҳҳо марҳалабандӣ кардан зарур аст. Марҳалабандии адабиёти давраи нав имконият медиҳад, ки хонанда ба ҳаёти фарҳангӣ ва ҷараёни адабии давраи муайян амиқтар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар айни ҳол муносибати адабиёти бадеиро ба гардишҳои муҳимми сиёсиву иҷтимоии ҷомеа равшан дарк намояд. Ҳамчунин, марҳала бандии адабиёти давраи нав барои амиқтар аз худ кардани мавзуъҳои обзорӣ ва монографӣ, сабабҳо ва роҳҳои таҳаввули адабиёт, тағйироти мундариҷавию услубии осори адибон ва масъалаҳои робитаи адабӣ имконият фароҳам меоварад.

Мувофиқи қонунияти дохилӣ ва ҷараёни таҳаввули он, тағйироти сифатӣ дар шаклу мундариҷаи осори бадеӣ ба се марҳала табақабандӣ кардани адабиёти давраи нав ба мақсад мувофиқ аст:

  1. Адабиёти ҷадидия[1] – ибтидои асри ХХ то нимаи солҳои 20-уми асри ХХ.
  2. Адабиёти Шуравӣ – нимаи дуюми солҳои 20-ум то поёни солҳои 80-уми асри ХХ.
  3. Адабиёти давраи истиқлол – ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ то имрӯз.

Дар навбати худ адабиёти шуравиро ба ду давра гурӯҳбандӣ кардан мумкин аст: а) аз нимаи дувуми солҳои 20-ум то нимаи солҳои 50-ум; б) аз нимаи дувуми солҳои 50-ум то поёни солҳои 80-ум.

Адабиёти ҷадидия ба ҳаракати зиёиёни Бухоро, ки ҷадид номида мешуд, иртиботи қавӣ дорад. Ин ҳолат боиси таҳаввули фарҳанг ва завқи эстетикии ҷомеа гардид, ки он қадами бузурге дар шинохти воқеъбинонаи адабиёти бадеӣ буд. Равшанфикрони ибтидои асри ХХ аморати Бухоро аксаран шоир ва аҳли адаб буданд ва онҳо дар ривоҷи таърихи адабиёти тоҷик нақши амиқ гузоштанд. Дар ин давра забони назму наср сода шуда, аксари шоирон аз душворписандиҳои бедилона даст кашиданд, акнун унсурҳои сабки бедилӣ, таъбироти ишқиву ирфонӣ барои ифодаи мазмуни иҷтимоӣ хидмат мекарданд.

Дар ин давра мафҳумҳои Ватан ва миллат бештар маънои иҷтимоӣ гирифт. Хусусияти миллии адабиёт афзуд ва адибон бештар сарнавишт ва имрӯзу фардои миллатро ба доираи тасвир мекашиданд. Ин кӯшишҳо ба ташаккули худшиносии миллӣ мусоидат намуд. Хулоса, номи ҷадидро гирифтани марҳалаи аввали адабиёти давраи нав воқеӣ ва табиӣ мебошад.

Марҳалаи дувуми адабиёти давраи нав ба номи давлати болшевикӣ – Иттиҳоди Шуравӣ вобаста аст. Инқилоби Октябр (1917), барҳам хӯрдани аморати Бухоро (1920) ва ба вуҷуд омадани Иттиҳоди Шуравӣ (1922) ба ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, дигаргуниҳои зиёд ворид намуд. Табиист, ки сиёсати ба вуҷуд овардани адабиёти шаклан миллӣ ва мазмунан сотсиалистии давлати Шуравӣ умуман ба адабиёт, аз ҷумла ба адабиёти тоҷик низ, таъсири ҷиддӣ расонд. Дар адабиёт ҷойи оҳангҳои маорифпарваронаи тарғибу ташвиқи адабиро таблиғи сиёсӣ ва ташвиқи инқилобӣ гирифт. Мавзуъҳои адабиёт дучори таҳаввулот шуда, ба худ мазмун ва муҳтавои дигар гирифтанд. Услуби воқеъбинонаи тасвир қувват гирифта, методи ба ном реализми сотсиалистӣ ба миён омад.

Дар наср ҳикояи нави реалистӣ ва жанрҳои роману повест паси ҳам арзи вуҷуд намуданд. Драманависӣ, ки нахустин қадамҳоро дар ин ҷода намояндагони адабиёти ҷадидия гузошта буданд, дар андак муддат баробари пайдо шудани театрҳои касбӣ хеле пеш рафт. Дар аҳди Шуравӣ дар самти назм ҳам тағйироти муҳим рӯй дод. Шеър ҳам ба худ шаклу мазмуни тоза пайдо кард. Адабиёти тоҷик ба адабиёти русу Ғарб робитаи мустаҳкам барқарор намуд.

Марҳалаи адабиёти шуравӣ қариб 70 сол давом кард ва табиист, ки дар ин муддат адабиёти бадеӣ бетағйир намонд. Махсусан, анҷумани 20-уми ҳизби коммунист (1956) имконият дод, ки адабиёти шуравӣ аз қолабҳои якранги тасвир як андоза канорагирӣ кунад. Аз ин рӯ, дар солҳои шасту ҳафтод тарзи тасвир тағйир ёфт. Дар наср тасвирҳои андешапарварона ва таҳлилӣ мавқеъ пайдо кард. Ҳам дар назм ва ҳам дар наср мавзуъҳои таърихӣ мавриди таҳлили адабӣ қарор гирифтанд. Акнун адибон дар бораи таърих ва сарнавишти шахсиятҳои барҷастаи сиёсию фарҳангӣ мулоҳиза ронда, хонандагонро ба худшиносию ифтихори миллӣ ҳидоят мекарданд. Дар адабиёт арзишҳои умумиинсонӣ ва масъалаҳои одобу ахлоқ мавқеъ пайдо карданд. Ин аст ки аз нимаи солҳои 50-ум давраи дуюми адабиёти шуравӣ оғоз гардид. Вале то барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ (1991) адибон аз мафкураи коммунистӣ ва доираи расмии Давлати Шуравӣ берун баромада наметавонистанд.

Баробари барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид. Истиқлол дар муддати кӯтоҳ тамоми соҳаҳои ҳаёти халқи тоҷикро фаро гирифт. Аз ҷумла, дар ҳаёти адабӣ низ як қатор тағйирот ва таҳаввулот ба амал омаданд. Дар осори қаламкашони шинохта руҳи истиқлол ва эҳёи Тоҷикистон, ҳофизаи таърихии ҷомеа ва бунёдкориҳои азими кишвар басо равшан эҳсос мегарданд. Дар эҷодиёти адибон, бахусус адибони ҷавон, сабки тозаи адабӣ мушоҳида шуд.

Бо фаро расидани истиқлол Тоҷикистон робитаи фарҳангию адабӣ бо ҷумҳуриҳои исломии Эрон ва Афғонистон мустаҳкам гардид. Ҷараёни робитаҳои адабӣ боиси ҳар чӣ бештар ғанӣ гардидани адабиёти ин кишварҳо шуд. Бахусус, аз ҷиҳати тасвир наздик шудани шеъри тоҷик ба шеъри форсии Эрону Афғонистон равшан ба назар расид.

Боз як хусусияти муҳимми адабиёти давраи пасазшуравӣ дар он зоҳир мегардад, ки тафаккури бадеии адибони тоҷик бештар хусусияти миллӣ ва худшиносӣ гирифт. Мавзуъҳои ҷолиби зиндагии мардуми соҳибистиқлол мавриди тасвири бадеӣ қарор гирифтанд. Бинобар ин, марҳалаи сеюм адабиёти давраи истиқлол ном гирифт. Дастовардҳои адабии бисту панҷ соли истиқлол гувоҳ бар ин аст, ки адабиёти давраи истиқлоладабиёти комилан миллӣ гардид ва он дар остонаи тағйироти куллии сифатӣ қарор дорад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Доир ба мафҳуми адабиёти давраи нав маълумот диҳед.
  2. Чаро адабиёти давраи нав аз ибтидои асри ХХ оғоз мегирад?
  3. Адабиёти давраи нави тоҷик ба чанд марҳала ҷудо мешавад?
  4. Барои чӣ марҳалаи шуравии адабиёт боз ба ду давра тақсимбандӣ шуд?
  5. Оид ба номгузории марҳалаҳои адабиёти давраи нав маълумот диҳед.
  6. Чаро марҳалаи сеюм адабиёти давраи истиқлол ном гирифт?

САВОЛҲОИ ТЕСТӢ

  1. Адабиёти давраи нави тоҷик мувофиқи таъкиди кадом суханвар аз ибтидои садаи ХХ оғоз меёбад?

А) Аҳмади Дониш;

Б) Зайнулобидини Мароғаӣ;

В) Маҳмуди Тарзӣ;

Г) Садриддин Айнӣ;

Ғ) Абдуррауфи Фитрат.

  1. Адабиёти давраи нав ба чанд марҳала тақсимбандӣ мешавад?

А) Ба ду марҳала;

Б) Ба се марҳала;

В) Ба чор марҳала;

Г) Ба панҷ марҳала;

Ғ) Ба ҳашт марҳала.

Реклама