АДАБИЁТИ ДАВРОНИ ШУРАВӢ

Ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ

Ғалабаи инқилоби Октябр ва табаддулоти давлатӣ дар Русия (1917) тақдири минбаъдаи давлатдории Осиёи Миёнаро муайян кард ва ҳама давлатҳои ин минтақа ба як маркази идоракунӣ – Иттиҳоди Шуравӣ (1922) тобеъ карда шуд. Ҳукмронии ҳукумати манғитияи Бухоро моҳи сентябри соли 1920 ба охир расид ва охирин амири сулолаи манғития – Олимхон моҳи марти соли 1921 ба мамлакати Афғонистон паноҳ бурд.

Ҳукумати болшевикии Русия дар ибтидои солҳои бистуми асри ХХ сиёсати тақсимоти ҳудуди миллиро пеш гирифт. Аз ин тақсимот дар байни халқҳои Осиёи Миёна беш аз ҳама халқи тоҷик зарар дид. Бо вуҷуди ин, моҳи октябри соли 1924 дар ҳайати Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Ӯзбекистон таъсис ёфтани Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон ва моҳи октябри соли 1929 барпо гардидани Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории тоҷикон ҳодисаи дорои аҳамияти калони сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буд. Ба туфайли меҳнати бунёдкоронаи халқ сарзамини кунунии Тоҷикистон ва маркази он – шаҳри Душанбе мунтазам инкишоф ёфта, ободу зебо гардид.

Дар муддати камтар аз як аср пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Душанбе аз як деҳа ба шаҳри саноатӣ ва фарҳангӣ табдил ёфт. Аҳолии Душанбе, ки соли 1926 шаш ҳазор буд, соли 1979 ба 500 ҳазор расид. Дар даврони шуравӣ шаҳрҳои дигари Тоҷикистон, аз қабили Хуҷанд, Истаравшан, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), Хоруғ, Панҷакент, Исфара, Норак, низ тараққӣ карда, ҳар кадом ифодакунандаи симои хоси миллати тоҷик гардиданд.

Солҳои 1925-1927 дар Тоҷикистон аввалин роҳи автомобилгард (Тирмиз – Душанбе ва Душанбе – Қӯрғонтеппа) сохта шуд ва солҳои 30 роҳҳои автомобилгард тамоми ноҳияҳои ҷумҳуриро ба маркази мамлакат пайваст намуд. Соли 1940 Роҳи калони Помир сохта шуд, ки дарозиаш 556 км буд. Аз солҳои 30 сар карда, роҳҳои оҳан ва ҳавоӣ низ дар баланд гардидани сатҳи зиндагии мардуми тоҷик мусоидат намуданд. Ҳамчунин, дар солҳои 30 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли қувваи барқ ва азхудкунии заминҳои бекорхобида шуруъ гардид. Неругоҳҳои барқии Варзоб, Сарбанд, Душанбе, Қайроқум, Норак, Бойғозӣ дар пешрафти ҳаёти иқтисодии сокинони Тоҷикистон саҳм гирифтанд.

Сиёсати даҳриёнаи[46] Ҳукумати Шуравӣ ва ғаразҳои мафкуравии ҳизби коммунист аз солҳои 20-уми асри ХХ сар карда, ба ҳаёти фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир расонд. Аввал бо ҳуруфи лотинӣ (1928) ва баъд бо ҳуруфи русӣ (1940) иваз гардидани алифбои арабиасоси тоҷикӣ ва баста шудани сарҳадҳои мамлакатҳои хориҷии Шарқ халқи тоҷикро ба мушкилоти иқтисодӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ кард.

Ҳаёти фарҳангӣ

Яке аз самтҳои сиёсати мафкуравии ҳизби коммунист, ки аз соли 1921 то соли 1937 бошиддат давом кард, аз байн бурдани неруҳои ақлонӣ ва хотираи таърихии сокинони

ҷумҳуриҳои миллӣ буд. Дар ин айём дар Тоҷикистон китобҳои бисёре, ки аз таърих, илм ва маънавиёти миллати тоҷик баҳс мекарданд, сӯзонда нобуд шуданд ва муллоёну олимон, адибону равшанфикрон ва таҳсилдидагони мадрасаҳо чун «душманони халқ» ҷазо гирифтанд.

Дар баробари ин, баъди инқилоби Октябр дар ҳаёти фарҳангии халқи тоҷик пешравиҳо мушоҳида шуд. Нахустин рӯзномаҳои тоҷикии баъдиинқилобӣ дар шаҳри Самарқанд таъсис ёфтанд. Рӯзномаи «Шуълаи инқилоб» аз 10 апрели соли 1919 то 8 декабри соли 1921 ҳамагӣ 91 шумора чоп гардид. Нахустин шумораи рӯзномаи «Овози тоҷик» моҳи августи соли 1924 ба табъ расид ва аз соли 1930 ба рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» табдил ёфт. Устод Айнӣ ба таъсиси «Овози тоҷик» ғазале бахшидааст:

Ба парда то ба чандин рози тоҷик,

Биё, биншин, шунав овози тоҷик...

Пас аз чанде ба хомӯшӣ ғунудан,

Баромад оқибат «Овози тоҷик».

Дар Самарқанд инчунин аз июни соли 1926 маҷаллаҳои ҳаҷвӣ ба табъ расиданд.

Дар Душанбе ва баъдтар дар дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муассисаҳои илмию фарҳангӣ бори аввал кушода мешуданд. Дар пойтахти Тоҷикистон нахустин рӯзнома бо номи «Бедории тоҷик» (шумораи якумаш «Иди тоҷик») моҳи апрели соли 1925 ва нахустин маҷалла – «Раҳбари дониш» (шумораи якумаш «Дониш – биниш») моҳи апрели соли 1927 ба табъ расиданд.

Таъсиси рӯзномаю маҷалла ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пай дар пай меафзуд. Танҳо дар соли 1941 дар Душанбе се маҷалла – «Шарқи сурх» (ҳоло «Садои Шарқ»), «Бо роҳи ленинӣ» (барои занон) ва «Бо ёрии коркунони партиявӣ» ба табъ расиданд. То оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945) 54 рӯзномаву маҷалла ба забони тоҷикӣ нашр мешуданд ва дар солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ чопи воситаҳои ахбори умум боз ҳам густариш ёфт. Аз ҷумла, рӯзнома ва маҷаллаҳои «Тоҷикистони сурх» (баъдҳо «Тоҷикистони советӣ»), «Комсомоли Тоҷикистон», «Пионери Тоҷикистон», «Маориф ва маданият», «Мактаби советӣ», «Машъал» дар ҳаёти фарҳангии халқи тоҷик саҳми муносиб доштанд.

Соли 1925 дар пойтахт Нашриёти давлатии Тоҷикистон таъсис ёфт. Баъдҳо дар заминаи нашриёти мазкур нашрияҳои «Ирфон», «Дониш», «Маориф» ва «Адиб» ба вуҷуд омаданд ва табиист, ки санъати китобчопкунӣ ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам аз ҷиҳати миқдор мукаммал гардид.

Аввалин театри касбии тоҷик соли 1929 дар Душанбе таъсис ёфт, ки он минбаъд Театри давлатии академии драмаи Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ ном гирифт. Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Айнӣ, Театри давлатии русии ба номи В.В. Маяковский, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов ва театрҳои касбии шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Исфара, Панҷакент сатҳи маърифати мардуми тоҷикро баланд бардоштанд. Дар замони шуравӣ, чун Муҳаммадҷон Қосимов, Аслиддин Бурҳонов, София Тӯйбоева, Туҳфа Фозилова, Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳошим Гадоев, Ато Муҳаммадҷонов, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Малика Собирова, Майрам Исоева, Ҳабибулло Абдурраззоқов барин шахсиятҳое ба воя расиданд, ки бо ҳунари волои худ санъати теат рии тоҷикро дар ҷаҳон муаррифӣ намудаанд.

Дар рушди фарҳанги халқи тоҷик баргузории даҳа ва ҳафтаҳои санъату адабиёти халқҳои гуногуни Иттиҳоди Шуравӣ саҳми муносиб гузоштанд. Махсусан, се маротиба (апрели соли 1941, сентябри соли 1949, апрели соли 1957) дар пойтахти Иттиҳоди Шуравӣ – шаҳри Маскав баргузор шудани Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик барои зиёиёни Тоҷикистон мактаби бузурги маҳорат буд. Аз ҷумла, дар аввалин Даҳаи санъати тоҷик дар Маскав операҳои «Шӯриши Восеъ»-и С.Баласанян (матн аз Турсунзода ва Деҳотӣ), «Коваи оҳангар»-и С.Баласанян (матн аз Лоҳутӣ), намоишномаҳои «Отелло»-и Шекспир (тарҷумаи Лоҳутӣ), «Калтакдорони сурх»-и Улуғзода, «Рустам ва Суҳроб»-и Пирмуҳаммадзода ва Волкенштейн намоиш дода шуда, аз тарафи мунаққидони рус баҳои сазовор гирифтанд ва дар даҳаи дувум ба Мукофоти давлатии Иттиҳоди Шуравӣ сазовор гардидани устод Айнӣ, М.Турсунзода ва М.Миршакар гувоҳи эътирофи умумииттифоқӣ пайдо кардани адабиёти тоҷик мебошад.

Дар даврони шуравӣ дар соҳаи илму маорифи тоҷик низ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Соли 1933 Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ кушода шуд. Ин китобхона минбаъд ба муҳимтарин маркази илму маърифати Тоҷикистон мубаддал гардид.

Соли 1932 аввалин мактаби олии Тоҷикистон – Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе таъсис ёфт. Соли 1948 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва соли 1951 Академияи илмҳои Тоҷикистон бунёд гардиданд ва аввалин Президенти АИ Тоҷикистон устод Айнӣ интихоб шуд. Баъдҳо дар Душанбе ва дар марказҳои вилоятҳои Тоҷикистон муассисаҳои зиёди омӯзгорӣ, касбӣ ва илмӣ таъсис ёфтанд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Дар бораи вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Иттиҳоди Шуравӣ маълумот диҳед.
  2. Оид ба вазъи иҷтимоии Тоҷикистон дар ин давра чӣ медонед?
  3. Чаро тоҷикон дар солҳои 20 –30-и асри ХХ ба мушкилоти фарҳангӣ дучор гардиданд?
  4. Дар бораи аввалин рӯзнома ва маҷаллаҳои тоҷикии баъдӣ маълумот диҳед.

САВОЛИ ТЕСТӢ

1. Аввалин нашрияе, ки баъди инқилоби Октябр (1917) ба забони тоҷикӣ ба табъ расид, кадом аст?

А) «Овози тоҷик»;

Б) «Шуълаи инқилоб»;

В) «Бедории тоҷик»;

Г) «Зарафшон»;

Ғ) «Барои адабиёти сотсиалистӣ».

Реклама