Ҳаёти сиёсӣ ва Ҳаёти сиёсӣ ва
Аз миёнаҳои солҳои 80-уми асри ХХ дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Иттиҳоди Шуравӣ тағйироти куллӣ ба амал омад. Ҳизби коммунист дар ҷомеаи шуравӣ адолати иҷтимоӣ ва демократия барқарор карданӣ шуда, масъалаи бозсозӣ ва ошкорбаёниро ба миён гузошт. Ин тағйирот боис гардид, ки соли 1991 Иттиҳоди Шуравӣ аз ҳам пош хӯрда, ҳамаи 15 ҷумҳурии иттифоқӣ ба сари худ мустақил гарданд. Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон низ 9 сентябри соли 1991 истиқлол ба даст дароварда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ном гирифт ва дар олам ҳамчун кишвари тозаистиқлол муаррифӣ гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки моҳи майи соли 1992 оғоз ёфт, ба сари мардуми Тоҷикистон хонавайрониҳо ва сарсониҳои гӯшношунид овард.
Хушбахтона, Сессияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати XII, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар қасри «Арбоб»-и ноҳияи Хуҷанд (ҳоло ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) давом кард, ҷомеаи тоҷиконро аз буҳрони шадиди сиёсӣ раҳоӣ бахшид. Вазъияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол ба эътидол омадан гирифт.
Моҳи ноябри соли 1994 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи оштии миллии тоҷикон ба имзо расид. Комиссияи Оштии Миллӣ (1997) барои барқарор намудани сулҳу салоҳ дар Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом дод. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои мамлакатҳои даргири дунё намунаи ибрат шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат аз таърихи 20 марти соли 2001 таъкид намуда буданд: «Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори[228] сулҳ ва ризоияти миллӣ, амалӣ гаштани шартҳои он, ки маҳз ба шарофати хиради воло ва фарҳанги асили халқамон ба мо муяссар шуд, ба тариқи демократӣ, бо иштироки фаъолонаи ҳизбҳои сиёсӣ ва кулли мардуми кишвар баргузор шудани интихоботи Президент ва парламенти касбии депутатӣ дар роҳи эҷоди ҷомеаи демократӣ иқдомоти[229] ниҳоят ҷиддӣ гардидаанд».
9-уми сентябри соли 2021, 16-уми ноябри соли 2017 ва 6-уми ноябри соли 2014 дар сатҳи баланди сиёсӣ ва иҷтимоӣ таҷлил намудани ҷашнҳои 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии Сессияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати XII ва 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳ бар он аст, ки пос доштан, ҳифз намудан ва афзун гардонидани дастовардҳои истиқлоли миллӣ барои қишрҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистон тақозои виҷдон, қарзи шаҳрвандӣ ва амри воқеӣ гардидааст.
Истиқлоли сиёсӣ имкон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакатҳои дунё муносибатҳои иқтисодӣ ва дипломатӣ барқарор намояд. Аз ҷумла, роҳи оҳани васеъбари Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хум – Қароқурум – Кулма, нақбҳо ва пулҳои азим минтақаҳои Тоҷикистонро ба ҳам пайваст намуда, алоқаи мамлакати моро ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ барқарор мекунанд. Соли 2018 аввалин ва соли 1919 дувумин агрегати неругоҳи обии Роғун ба кор даромаданд. Он рӯз дур нест, ки ин неругоҳ бо тамоми иқтидор барқ истеҳсол намуда, истиқлолияти иқтисодии Тоҷикистонро таъмин намояд.
Ҳаёти фарҳангӣ
Дар тамоми давраҳои таърихӣ ҳастии миллати тоҷикро, пеш аз ҳама, фарҳанг муайян мекунад ва як рукни муҳимми фарҳанги миллии мо забони тоҷикӣ ба шумор меравад. Ҳанӯз дар замони бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ дар Тоҷикистон Қонуни забон (1989) қабул гардид, ки мувофиқи он ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд. Ҳамчунин, аз соли 2009 сар карда, ҳар сол 5 октябр Рӯзи забони давлатӣ ҳамчун ҷашни умумимиллӣ дар саросари мамлакат таҷлил мегардад. Ин чорабиниҳо ва як қатор чорабиниҳои дигари сатҳи давлатӣ боис гардиданд, ки забони тоҷикӣ аз нав дар иҷрои вазифаи таърихии худ имконият пайдо намояд. Аз ҷумла, дар замони истиқлол луғатҳои зиёди тафсирӣ, соҳавӣ, коргузорӣ ва дузабонаву бисёрзабона ба вуҷуд омаданд, ки дар тозагӣ ва мавқеи ҷамъиятии забони тоҷикӣ хеле арзиш доранд. Бо амри Президенти кишвар як қатор нашрия ва муассисаҳо ба дарёфти мақоми миллӣ сарфароз гардиданд (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Нашрияи миллии адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Садои Шарқ», Донишгоҳи миллии Тоҷикистон).
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» қабул гардид, ки он бузургдошти шахсиятҳои таърихию фарҳангӣ, обод кардани мақбараву оромгоҳҳои онҳоро пешбинӣ намуд.
Дар мамлакат 680 ва 700-солагии олим ва маърифатпарвари бузург Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1995, 2015), 675-ва 700-солагии шоир ва мутафаккири барҷаста Камоли Хуҷандӣ (1996; 2020), 90-солагии шарқшиноси номӣ, ходими барҷастаи ҳизбӣ ва давлатӣ Бобоҷон Ғафуров (1998), 1100-солагии давлатдории хонадони Сомониён (1999), 960-солагии олим ва шоири маъруф Умари Хайём (2001), 90-солагӣ ва 100-солагии шоир ва мунодии сулҳу дӯстии халкҳо Мирзо Турсунзода (2001, 2011), 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан (2002), 2700-солагии шаҳри Кӯлоб (2006) ва 20, 25, ва 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 800-солагии шоир ва орифи бузург Ҷалолуддини Балхӣ, 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), 1310-солагии бузургдошти Имоми Аъзам (2009), 600-солагии шоир ва мутафаккири бузург Абдурраҳмони Ҷомӣ (2014), 3000-солагии Ҳисори Шодмон, 400-солагии Сайидои Насафӣ (2018) ботантана ҷашн гирифта шуданд. 23 феврали соли 2010 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ ба Соли нави миллии тоҷикон – Наврӯз мақоми байналмилалӣ дода шуд. Таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳар сол дар сатҳи ҷумҳури озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” баргузор мегарданд.
Воситаҳои ахбори умумро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» ба танзим медарорад. Мувофиқи ин Қонун то соли 2014 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 511 рӯзномаву маҷалла, аз ҷумла 309 рӯзномаву маҷаллаи хусусӣ, 44 шабакаи радио ва телевизион, аз ҷумла 28 шабакаи ғайриҳукуматӣ фаъолият доранд. Ин миқдор аз воситаҳои ахбори оммаи даврони шуравӣ ба дараҷот зиёд мебошад. Рӯзнома, радио, телевизион, агентии иттилоотӣ ва интернет ҳар соату ҳар дақиқа ба шаҳрвандон навигариҳои рӯзро ба чандин забон пешкаш менамоянд. Ин ҳолат ба дӯши кормандони воситаҳои ахбори омма масъулияти зиёд мегузорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 1332 китобхона, 43 осорхона ва 2300 муассисаи фарҳангию фароғатӣ мавҷуданд.
Театрҳои касбию халқӣ ва муассисаи кинои тоҷик низ фаъолияти назаррас доранд. Дар Тоҷикистон 15 театри касбӣ ва дар ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ театрҳои халқӣ мавҷуданд. Ҳунарпешагони маъ руф, чун Ҳошим Гадоев, Ато Муҳаммадҷонов, Тоҳир Собиров, Ҳабибулло Абдурраззоқов, Марям Исоева, Тӯрахон Аҳмадхонов, Тағоймурод Розиқов, Нурулло Абдуллоев, Убайдулло Раҷабов, Ибодулло Машрабов, Мирзоватан Миров, Толибҷон Бобоев, Дилбар Умарова, Фаррух Қосимов, Шералӣ Абдулқайсов, Давлат Убайдулло, Шодӣ Солеҳов, Исо Абдуррашидов, Барзу Абдурраззоқов, Толиб Бобоев Аловиддин Абдуллоев, Хуршед Мустафоев, Моҳпайкар Ёрова ва дигарон дар офаридани нақшҳои хотирмон ва чеҳраҳои барҷастаи таърихӣ саҳми муносиб гузоштанд ва мегузоранд. Театрҳои касбии тоҷик дар озмунҳои мамлакатхои Осиёи Миёна, Ҷумҳурии исломии Эрон ва давлати Олмон ширкат варзиданд. Солдармиён дар сатҳи ҷумҳуриявӣ гузаронидани озмунҳои «Парасту» ва «Андалеб» дар рушду нумуи санъатҳои театрӣ ва тасвирӣ мусоидат мекунад.
Дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон боис шуд, ки дар ҷумҳурӣ ҳам мусиқии классикӣ («Шашмақом»), ҳам мусиқии халқӣ («Фалак») ва ҳам мусиқии эстрадӣ такмил ёфта, берун аз мамлакат боз ҳам маъруф гарданд. Соли 2014 бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон ва мусоидати СММ дар мамлакат 100-солагии бастакори маъруфи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ ботантана ҷашн гирифта шуд.Танҳо дар чанд соли охир ба Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ сазовор гардидани овозхонҳои шинохта Зафар Нозимов, Саидқул Билолов, Давлатманд Холов, Файзалӣ Ҳасанов ва Гулчеҳра Содиқова гувоҳ ба он аст, ки анъанаи неки овозхонии устодон Акашариф Ҷӯраев, Ғуломалӣ Ғуломҳайдаров, Одина Ҳошимов ва Ҷӯрабек Муродов дар инкишоф ва такомул аст.
Ҳаёти адабӣ
Воқеаҳои сиёсӣ ва иҷтимоие, ки дар айёми бозсозиву ошкорбаёнӣ ва солҳои аввали Истиқлоли Тоҷикистон ба амал омаданд, ба ҳаёти адабии давр бетаъсир намонданд. Махсусан, ҷанги шаҳрвандӣ барои адибони наслҳои гуногун ногаҳонӣ ва ғайричашмдошт буд.
Бо вуҷуди ин, дар ҳамон айёми душвор маҷмуаи ашъори шоирони шинохта М. Қаноат, Л. Шералӣ, Б. Собир, Гулрухсор рӯйи чопро диданд. Дар солҳои аввали истиқлол маҷмуаҳои ашъори А. Ҳаким, Ҷ. Каримзода, Ҳақназар Ғоиб, К. Насрулло, Шаҳрияву Меҳринисо, Салими Хатлонӣ низ чоп гардиданд. Ҳамчунин, дафтари ашъори шоирони хушсалиқа Фарзона ва Муҳаммадалии Аҷамӣ дар Теҳрон ба табъ расидаанд.
Баъдҳо дар қисматҳои назм, наср ва драматургия асарҳои бисёри адибони тоҷик чоп шудаанд, ки намоишномаи «Фирдавсӣ»-и М. Бахтӣ (1999), «Достони писари Худо»-и Сорбон (2000, ҷилди дувум 2005),«Ҳайҷо»-и Ӯ Кӯҳзод (2007) «Мунтахаби осор»-и С. Айюбӣ (2000), «Панҷи ноором»-и М. Миршакар (2002), «Ойинаи беғубори ман»-и М. Қаноат (2002), «Талош»-и А. Самад (2002), «Зулфи парешон»-и Зулфия (2002), «Хайрбоди баҳор»-и А. Муродӣ (2003), «Фиреби меҳр»-и А. Раҳим (2003), «Сармаддеҳ»-и Баҳманёр (2002), Девони Гулрухсор (2004), «Мунтахаби ашъор»-и Салими Хатлонӣ (2005), «Ҷазираи танҳоӣ»-и Сурӯш (2009), дуҷилдаи "Ҳама гул, ҳама тарона"-и Фарзона (2014) «Нурполо»-и Назри Яздонӣ (2009) намунаи онҳост. Нашри асарҳои бадеӣ, илмӣ ва таълимӣ сол то сол меафзояд. Аз соли 2002 ин тараф ҳар сол даҳҳо асари адибон бо дастгирии Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи нашриёти «Адиб» ба табъ мерасанд. Ҳамчунин, нашриёти «Адиб» бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон бо номи «Ахтарони адаб» 50-ҷилдаи Осори классикон ва муосирони адабиёти тоҷикро ба нақша гирифта буд, ки ин нақша то соли 2021 идома ёфта пурра ба анҷом расид. Ҳамчунин, соли 2013 дар доираи “Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 - 2015” Сарредаксияи илмии ЭМТ китоби ҳаҷман бузургеро бо номи “Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон” ба табъ расонд. Ва ҳоло 10 ҷилди "Энсиклопедияи миллии тоҷик" ба табъ расидааст. Муассисаи нашриявии “Маориф”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва доираи васеи хонандагон армуғоне бо номи “30 баҳори Истиқлол” пешниҳод кард, ки он сӣ маҷмуаро аз асарҳои адибони муосири тоҷик дар бар мегирад. Ба ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров бо теъдоди 1 600 000 нусха чоп шуда, ба ҳар як хонадони сокинони ҷумҳурӣ туҳфа гардид.
Дар айёми истиқлол адибони зиёде соҳиби унвону ҷоизаҳои Тоҷикистон ва кишвархои хориҷӣ гардиданд. Соли 1997 Садриддин Айнӣ ва соли 2001 Мирзо Турсунзода ба унвони олӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон қадр шуданд. Дар ин давра М. Қаноат, Лоиқ, Қутбӣ Киром, Ашӯр Сафар, А. Қаҳҳорӣ, Ғ.Мирзо, Убайд Раҷаб, А. Шукӯҳӣ, Гулназар, Ҳақназар Ғоиб, Аскар Ҳаким, Гулрухсор, С. Айюбӣ, Раҳмат Назрӣ, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, Саидалӣ Маъмур, Ширин Бунёд, Мирзо Файзалӣ, Меҳмон Бахтӣ, Ҳадиса Қурбонова, Фарзо на, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Зулфия Атоӣ Низом Қосим, Доро Наҷот, Озарахш, Озар, Алимуҳаммад Муродӣ, Рустами Ваҳҳоб, Зулфия, Атоӣ, Муҳтарам Ҳотам, Ҷӯра Ҳошимӣ, ба унвони Шоири халқии Тоҷикистон, А. Баҳорӣ, С. Турсун, А. Самад, Кароматуллоҳи Мирзо, Ӯ. Кӯҳзод, Юсуф Акобиров, Шодон Ҳаниф, Муҳиддин Хоҷазод, Сорбон, Ҷонибек Акобиров, Б. Абдураҳмон, Шералӣ Мусо, Маъруф Бобоҷон, Бахтиёр Муртазо, Ато Ҳамдам, Гурез Сафар ба унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон сазовор гардиданд. Аскар Ҳаким, Кароматуллоҳи Мирзо, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Қутбӣ Киром, Ашӯр Сафар, Гулназар, С. Маъмур, Ӯ. Кӯҳзод, Меҳмон Бахтӣ, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Сайф Раҳимзод, С. Айюбӣ, Гулрухсор, Саттор Турсун, Низом Қосим, Фарзона, М.Ғоиб, Б.Абдурраҳмон, Соҳиб Табаров, Доро Наҷот, Аҳмадҷон Раҳматзод, Ҷӯра Ҳошимӣ, Атахон Сайфуллоев, Мирзо Файзалӣ, Одил Икром, Ато Мирхоҷа, Азизи Азиз, Юнус Юсуфӣ, ба Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ сарфароз гаштанд. Соли 1989 дар назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода таъсис ёфтанд. То ин дам зумрае аз адибону мунаққидон ба дарёфти ин ҷоизаҳо лоиқ дониста шуданд. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки соли 2021 85-сола шуд, алҳол зиёда аз 400 аъзо дорад. Нашрияҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ», маҷаллаи «Памир» ва ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» барои такомули адабиёт ва фарҳанги тоҷик хидмати босазо доранд.
Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшҳои гуногуни эҷодӣ фаъолият доранд. Дар замони истиқлол фаъолияти бахшҳои адабиёти бачагона (У. Раҷаб, Г. Сулаймонӣ, А. Баҳорӣ, А. Шарифӣ, Н. Бақозода, А. Бобоҷон, Ҷ. Ҳошимӣ, Л. Кенҷаева, Г. Муҳаммадиева, F. Сафар ва дигарон), тарҷумаи бадеӣ (С. Салоҳ, И. Қосимзода, С. Хоҷаев, Ҷ. Азизқулов, А. Насимов, Ю. Юсуфӣ, М. Сурӯш ва дигарон) ва нақди адабиву адабиётшиносӣ (С. Табаров, М. Шакурӣ, Х. Отахонова, А. Сайфуллоев, Х. Шарифов, Ҳ. Шодиқулов, А. Сатторзода, Р. Мусулмониён, А. Абдуманнонов, А. Саъдуллоев,Ҷ. Бақозода, В. Самад, Ю. Акбарзода, А. Худойдодов, А. Абдусаттор, А. Насриддинов, А. Набавӣ, М.Мулоаҳмадов, У.Тоиров, Ш. Раҳмонов, А. Маҳмадаминов, А. Раҳмонзода, Н. Салимӣ, М. Хоҷаева, М. Имомзода, Р. Раҳмонӣ, А. Давронов, Н. Файзуллоев, Ш. Исрофилниё, И. Икромов, Ш. Солеҳ, М. Солеҳ, Ш. Сӯфизода, М. Нарзиқул, М. Зайниддинзода, М.Шукурзода, Ҷ. Саидзода ва дигарон) назаррас мебошад.
Реклама