ТОШХӮҶАИ АСИРӢ

(1864 – 1916)

Зиндагинома

Тошхӯҷаи Асирӣ соли 1864 дар маҳаллаи Сангбурони шаҳри Хуҷанд дар хонаводаи косиб таваллуд шудааст. Аз синни чаҳорсолагӣ ба саводомӯзӣ машғул шуда, дар назди хатто-

ти машҳур – Мирсалими Муҳркан машқи хат намудааст.

Тошхӯҷа дар мадрасаи «Шоҳӣ»-и шаҳри Хуҷанд таҳсилро идома медиҳад. Соли 1882 барои такмили илм ба яке аз марказҳои бонуфузи водии Фарғона – шаҳри Қуқанд сафар мекунад ва дар мадрасаи «Хоним» ҳашт сол ба донишомӯзӣ машғул мешавад.

Асирӣ ҳангоми таҳсил дар шаҳри Қуқанд ба намояндагони фарҳанги халқи ӯзбек (ба мисли Муҳаммадаминхоҷаи Муқимӣ, Зокирҷони Фурқат, Убайдуллоҳи Завқӣ) робитаи дӯстӣ пайдо мекунад. Дар ҳамин айём бо зиёиёни рус низ шинос гардида, ба омӯхтани забони русӣ машғул мешавад. Дар айни ҳол аз матбуоти даврии русию туркзабони Осиёи Миёна ва Қафқоз баҳравар мешавад.

Тошхӯҷаи Асирӣ баъди таҳсил ба зодгоҳаш бармегардад. Шоир дар Хуҷанд ягон мансаби илмӣ ва давлатиро қабул намекунад ва то охири умр ба касби сангиосиётарошӣ, ки аз падар мерос монда буд, шуғл меварзад. Шоир ба аҳли фарҳанги замон, аз ҷумла ба Анбари Бухороӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ ва Садриддин Айнӣ барин равшанфикрон, муносибати дӯстӣ ва мукотиба доштааст. Ба хоҳиши Садриддин Айнӣ дар хусуси мактаби куҳнаву нав қасидае иборат аз сӣ байт навишта, ба ӯ мефиристад. Асирӣ дар ин қасида оид ба мактаби куҳна чунин андеша рондааст:

Ба васфи лозими атфол дохилаш бингар,

Сивои зеру забар нест сокину ташдид.

Ба ҷуз шаллоқу адабчӯбу силлии устод

Аз ин ҷафокада дигар чӣ ҳосил аст падид?

Ҳазор сол бад-ин наҳҷ[24] агар ҳиҷо хонӣ,

Ба ғайри ҳаҷв аз он ҷо махоҳ гуфтушунид.

Асирӣ дар ҳаққи амири Бухоро гуфтааст:

Ман амиратро ба як мирӣ намегирам, бирав,

Илтифоти ӯ надорад қимати як дона ҷав.

Асирӣ аз хурдсолӣ ба шеърнависӣ оғоз намуда, ҳанӯз айёми ҷавонӣ чун шоири бомаҳорат шинохта шудааст. Аввал анъанаи адабиёти классикиро давом дода, ба ашъори шоироне, чун Абдурраҳмони Ҷомӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Васлии Самарқандӣ шеърҳои ҷавобия навиштааст. Баъдтар, вақте ки ба зиндагӣ дурусттар ошно гардида, ба рӯзгори нобасомони мардуми заҳматкаш ба дидаи ибрат менигарад, ба мавзуъҳои иҷтимоӣ ва рӯзмарраи ҷомеа рӯ меорад.

Баъдан, дар эҷодиёти Тошхӯҷаи Асирӣ ду тарзи баёни фикр– яке услуби нигориши адабиёти классикӣ, махсусан, сабки эҷоди Бедил ва дигаре шакли содаи ифода мавқеъ пайдо мекунад. Ақидаҳои маърифатпарварӣ ва равшангарии шоир бештар дар шакли дуюми баён ифода ёфтаанд.

Тошхӯҷа Асирӣ 3 марти соли 1916 дар шаҳри Хуҷанд вафот мекунад.

Мундариҷаи ашъор

Ашъори Асирӣ ба забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ эҷод шудаанд. Вале дар шеърҳои алоҳидаи шоир порчаҳое вомехӯранд, ки ба забонҳои арабӣ ва русӣ низ ба қалам омадаанд. Аз Асирӣ то замони мо шеъре ёдгор мондааст, ки «Манзумаи омехтаи арабӣ, форсӣ, туркӣ ва русӣ» ном дорад. Ин шеър аз 51 байт иборат буда, ба чор забон навишта шудааст:

Мустаъзири ҳавлият Чиликин[25],

Он кофири бовиқори бекин .

Аз хона баромадаш ягона,

Таклиф намуд сӯйи хона.

Гуфто зи раҳи вафопарастӣ:

«Приходите камне гӯстӣ».

Асирӣ ба жанрҳои маснавӣ, қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ, мухаммас, фард таваҷҷуҳ доштааст. Адиб ба наср низ шуғл варзидааст. Мутаассифона, мероси адабии ӯ ҳанӯз пурра ҷамъоварӣ нашудааст. «Ашъори мунтахаб»-и шоир (1987) 1278 байтро дар бар мегирад.

Тошхӯҷаи Асирӣ меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат, донишмандӣ ва меҳнатдӯстиву бунёдкорӣ барин хислатҳои ҳамидаи инсониро васф намуда, ҳарисию чашмгуруснагӣ, золимию авомфиребӣ, куҳнапарастиву кӯтоҳандеширо низ мавриди накуҳиш қарор додааст. Дар қасидаи «Бурҳони Асирӣ» ё «Одамият чист?», ки соли 1909 чун назира ба қасидаҳои Мирзо Абдулқодири Бедил («Чист гардун? – Он, ки яксар сифларо мепарварад») ва Таҷаллии Кашмирӣ («Чист мардӣ? – Он, ки худро чун ғазанфар доштан») эҷод гардидааст, вазифа ва уҳдадориҳои муқаддаси инсон дар ҷомеа бо маҳорати баланди нигорандагӣ таъкид ёфтааст:

Одамият чист? – Худро дур аз шарр доштан,

Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар[26] доштан.

Аз сафо ойина бастан хонаи дилро мудом

В-аз чароғи сидқ хотирро мунаввар доштан.

Хешро дар шоҳроҳи фақр афкандан ба хок,

Дар тариқи фоқа[27] худ аз хор камтар доштан.

Аз шамими атри зулфи шоҳиди ҳусни баён

Шоммаи[28] асҳоби маъниро муаттар доштан.

Аз назари адиб масъулияти инсон дар ҷомеа хеле баланд аст. Шоир ба таври мухтасар чанд хислати ҳамидаи инсониро (чун накукорӣ, хайрхоҳӣ, дастгирӣ, садоқат, хоксорӣ) ном бурда, моҳияти ҳар кадоми онҳоро таъкид менамояд. Забони сода, вазни мувофиқ (рамали мусаммани маҳзуф: – V – – / – V– – /– V– –/–V– ) ва дигар воситаҳои тасвир андешаи шоирро басо ҷолиб ифода мекунанд.

Қисми дуюми ин қасидаи ҳаҷман калон ба мазаммати шахсони мансабдоре, ки илму динро ба манфиатҳои ғаразкоронаи худ истифода карда, боиси бадбинӣ ва нафрати мардум гардидаанд, бахшида шудааст. Дар байтҳои алоҳидаи қасида мавқеи шоир нисбат ба судхӯрон ва манфиатҷӯёни золимтабъ равшан таъкид ёфтааст:

Оҳ, аз ин ҷинси наҷосаттинатони зуҳдкеш,

Ҷуз ба оби теғ натвонӣ мутаҳҳар доштан.

Умуман, вақте ки Асирӣ ба накуҳиши хурофотпарастону мансабталошон мепардозад, дар ашъори ӯ ҳаҷв мавқеъ пайдо мекунад. Дар порчаи зерин шоир шахсони авомфиребро, ки бо ороиши зоҳирии худ дар ҷомеа эътибор ёфтанӣ мешуданд, ба Аквондев[29] ташбеҳ дода, онҳоро мавриди ҳаҷву тамасхур қарор додааст:

Бад-ӯ гуфтам: «Ту гар аллома бошӣ,

Чаро дар банди ин аммома[30] бошӣ?!

Агар алломаӣ, аммомаат чист?

В-агар аммомаӣ, алломаат кист?»

Дар ашъори Асирӣ масъалаҳои рӯзмарраи зиндагӣ мавриди андеша қарор гирифтаанд. Шоир таваҷҷуҳи хонандаро ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти инсон ҷалб намуда, бо ҳамин уҳдадориҳои ҳар фардро назди ҷомеа таъкид менамояд. Шоир дар мисоли лаҳзаҳои пӯшидан ва кушодани чашм суръати бошиддати гузаштани умри инсонро мувофиқ ифода кардааст:

Айёми бақо чу боди Наврӯз гузашт,

Рӯзу шаби мо ба меҳнату сӯз гузашт.

То чашм ниҳодем ба ҳам, субҳ дамид,

То чашм кушодем зи ҳам, рӯз гузашт.

Ашъори пандуахлоқии Асирӣ дорои руҳи фолклорӣ буда, зуд мақбули хотири хонанда мегардад. Аз ин ҷиҳат, рубоии зерин, ки дар тақвияти мақоли «гандум аз гандум бирӯяд, ҷав зи ҷав» таълиф гардидааст, ҷолиб аст:

Гар подшаҳиву тоҷ бар сар дорӣ

В-ар ҳукму валои баҳру бар дорӣ.

Пиндор, ки арзанат наёрад гандум,

Ҳар дона, ки киштаӣ, ҳамон бардорӣ.

Тошхӯҷаи Асирӣ чун шахси озодандеш кушодашавии мактабҳои усули навро чун ҳодисаи барҷастаи мусбат арзёбӣ мекунад ва бо тамоми ҳастӣ ба тарғиби таълиму тадриси мактабҳои усули нав, омӯхтани забонҳо ва илму техникаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мепардозад. Табиист, ки чунин асарҳои шоир бо забони сода ва ба қадри фаҳми омма наздик нигошта шудаанд. Ӯ дар қасидаи «Мактаби қадим ва ҷадид» ва «Ҷӯйи Бекобод» ном маснавиаш, ки дар ҷавоби «Миръоти ибрат»-и Аҷзии Самарқандӣ эҷод гардидааст, ягона роҳи аз вартаи муҳтоҷӣ раҳо ёфтани мардумро дар рӯ овардан ба мактабу маорифи нав медонад:

Макотибҳои нав эҷод кардан,

Раҳи дарси ҷадид иршод[31] кардан...

Сару кори дигар бояд гирифтан,

Ба роҳи тоза бояд пеш рафтан...

Агар Чин аст ё Маскав, ба ҳар ҳол,

Сазад рафтан пайи таҳсили икмол.

Ҳамин тариқ, ашъори Тошхӯҷаи Асирӣ аз ҷиҳати лафзу маънӣ мукаммал буда, аксаран ба мавзуъҳои муҳимми иҷтимоӣ бахшида шудаанд ва бо ифоданокӣ ва хусусиятҳои омӯзандагии худ дар адабиёти ҷадидаи тоҷик мавқеи арзанда доранд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Зиндагии Асирӣ дар кадом шаҳрҳо ва чӣ гуна гузаштааст?
  2. Дар эҷодиёти шоир кадом тарзҳои тасвир мавқеъ доранд?
  3. Шоир бештар кадом мавзуъҳоро мавриди тасвир қарор додааст ва барои чӣ?
  4. Порчаеро аз қасидаи «Одамият чист?» аз ёд кунед.
  5. Оид ба ашъори пандуахлоқии Асирӣ маълумот диҳед.

САВОЛИ ТЕСТӢ

1. Ин байт ба кадом шоири ибтидои асри ХХ тааллуқ дорад?

Агар Чин аст ё Маскав, ба ҳар ҳол,

Сазад рафтан пайи таҳсили икмол.

А) А. Мунзим;

Б) А. Ҳамдӣ;

В) С. Айнӣ;

Г) Тошхоҷаи Асирӣ;

Ғ) Аҷзии Самарқандӣ.

Реклама