Назарияи адабиёт
Асарҳои бадеӣ аз рӯйи сохт ва тарзи тасвир ба се гурӯҳи калон ё се ҷинс ҷудо мешаванд.
Ҳамоса
Ҳамоса чун ҷинси адабӣ таърихи қадима дорад. Дар фаҳмиши таърихӣ ҳамоса асари калонҳаҷму фарогири манзум мебошад, ки зиндагии мардумро ба таври васеъ ва тасвир гирифта, аз гузаштаи қаҳрамононаи ҷомеаи инсонӣ ҳикоят мекунад. Шоири ҳамосасаро бештар ба сужети асар, саргузашту амалиёти қаҳрамонон ва кӯшишу талоши онҳо баҳри ҳимояи марзу бум[170] диққат медиҳад. «Иллиада» ва «Одиссея»-и Гомери юнонӣ, «Маҳабҳарат» ва «Рамаяна»-и ҳиндӣ, «Нибелунгҳо»-и немисӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар адабиёти хаттӣ ва «Манас»-и қирғизӣ, «Гӯрӯғлӣ»-и тоҷикӣ дар адабиёти даҳонӣ намунаи хуби ҳамоса мебошанд.
Дар адабиётшиносӣ ҳамоса ба истилоҳи эпос (юнонӣ – достон, ҳикоя) муродиф аст. Дар асарҳои ҳамосӣ ё эпикӣ ҳодисаҳои ҳаёт ба воситаи нақлу ҳикоя баён меёбад. Нависанда ё шоир саргузашти як ё якчанд касро ба тасвир гирифта, рафтору кирдори онҳоро нишон медиҳад. Яъне, дар асарҳои ҳамосӣ зиддияти асар ба воситаи тасвири воқеа, амалиёту муносибати образҳо, сужет, симои персонажҳо ҳал мегардад. Фарқи асарҳои ҳамосӣ аз асарҳои лирикӣ ва намоишномаҳо дар забони асар низ равшан мушоҳида мешавад. Дар асарҳои лирикӣ, асосан, сухани тавсифии нависанда ба назар мерасад. Дар асарҳои драмавӣ сухани персонажҳо мушоҳида мешавад, дар асарҳои ҳамосӣ ҳам сухани персонажҳо ва ҳам сухани нависанда мавқеъ дорад.
Навъҳои ҳамосӣ
Навъҳои асосии ҷинси ҳамосӣ латифа, тамсил, ривоят, ҳикоя, баллада, қисса, ро ман, достон, ёддошт ва ғайра мебошанд. Дар жанрҳои латифа, тамсил, баллада, ҳикоя домани воқеа маҳдуд ва тарзи баён муъҷазу мухтасар мебошад. Бинобар ин, онҳо ба гурӯҳи хурди жанрҳои ҳамосӣ мутааллиқанд. Аз ҷумла, латифа хурдтарин жанри ҳамосӣ ба шумор меравад. Латифа мазмуни ҳазломез ва ҳаҷвӣ дошта, образҳои он шахсони зирак, доно ва зариф мебошанд:
Султон Маҳмуд, ки сар болои зонуи Аёз гузошта буд, аз ӯ пурсид:
— Ба аҳмақон чӣ мешавӣ?
Гуфт:
— Болишт!
Калимаи болишт, ки ҷавҳари латифаро ташкил медиҳад, аз як тараф, симои Аёзро чун шахси ҳозирҷавобу ҳазлкаш, аз тарафи дигар, образи султон Маҳмудро чун шоҳи золиму кӯтоҳандеш ошкор месозад.
«Бежан ва Манижа»
Достони «Бежан ва Манижа» аз базми шоҳи Эрон Кайхусрав бо лашкаркашону паҳлавононаш оғоз меёбад. Ҳангоми базми шоҳӣ сокинони Ирмон ном сарзамини сарҳадӣ аз тороҷи гурозон шикоят мекунанд ва Кайхусрав Бежани ҷавону далерро ба ҷанги гурозон мефиристад:
Бад-ӯ гуфт Хусрав, ки: «Эй пурҳунар,
Ҳамеша туӣ пеши ҳар бад сипар.
Касеро куҷо чун ту кеҳтар бувад,
Зи душман битарсад, сабуксар бувад».
Ба Гургини Милод гуфт он гаҳе,
Ки: «Бежан ба Ирмон надонад раҳе.
Ту бо ӯ бирав бо сутуру наванд[171],
Ҳамаш роҳбар бошу ҳам ёрманд».
Нахуст воқеа байни Бежану Гургин сар мезанад. Гургин хоҳиши Бежанро дар бораи ёрӣ расондан ҳангоми набард бо гурозон рад мекунад. Бежан яккаву танҳо бар гурозон ғолиб меояд. Ва Гургин иғво андохта, Бежанро ба доми Манижа ном духтари шоҳи Тӯрон гирифтор мекунад. Манижа ба Бежан ошиқ мешавад ва ӯро доруи беҳушӣ дода ба қасри худ меорад. Бежан дар қаср ба ҳуш меояд. Дар ҳамин вақт хатои худро мефаҳмад, вале аллакай дер шуда буд.
Воқеа торафт шиддат мегирад ва ба моҷаро табдил меёбад. Бо фармони Афросиёб Гарсеваз Бежанро даст баста назди ӯ меорад ва шоҳи Тӯрон паҳлавони ҷавони Эронро ҳукми қатл медиҳад. Пирони оқилу доно Афросиёбро водор менамояд, ки дар куштани Бежан шитоб накунад. Бежан аз зиндон ва Манижа аз қаср ронда мешаванд. Гургин танҳо ба Эрон бармегардад. Шоҳи Эрон – Хусрав ба воситаи ойинаи гетинамо зинда будани Бежанро муайян карда, Рустамро барои чораҷӯйӣ аз Систон даъват мекунад.
Амалиёти Рустам
Минбаъд дар маркази воқеаҳо образи Рустам қарор мегирад. Амалиёти Рустам басо оқилона, дурандешона ва эҳтиёткорона мебошад. Рустам бо сад шутур мол, ҳазор савор ва ҳафт сарлашкари баргузида ба сафар мебарояд ва дар сарҳади Тӯрон саворонро пинҳон карда, худ ва сарлашкаронаш дар ҷомаи бозоргонӣ бо сад шутур мол ба Хутан назди Пирон меравад.
Манижа хабари аз Эрон омадани корвонро шунида, назди корвониён меояд ва Рустам бо эҳтиёткории тамом аз ӯ макони Бежанро фаҳмида, паҳлавонро аз банд раҳо мекунад. Дар ин лаҳза зӯри бозуи Рустам бармало маълум мешавад. Рустам ҳамроҳи ҳафт сарлашкараш шаб бо нишони оташ назди чоҳ меояд. Чун ҳафт паҳлавон сангро аз рӯйи чоҳ бардошта наметавонанд, Таҳамтан худ ба кор даст мезанад:
Зи асп андар омад гави[172] шери нар,
Зиреҳдоманашро бизад бар камар.
Зи Яздони зӯрофарин зӯр хост,
Бизад дасту он санг бардошт рост.
Бияндохт бар бешаи шаҳри Чин,
Биларзид аз он санг рӯйи замин.
Рустам баъди ғалаба бар лашкари Афросиёб ба Эрон бармегардад ва ба таҳсину офаринҳои бисёр сазовор шуда, роҳи Систонро пеш мегирад.
Фирдавсӣ дар охири достон Манижаро боз ёдовар шуда, бо ҳамин хатти сужети онро пурра намудааст. Шоҳ Бежанро наздаш даъват мекунад. Бежан гоҳи суҳбат аз некиҳо ва ҷаҳду талоши Манижа ёдовар мешавад. Шоҳ ба Манижа туҳфаи арзанда фирис тода, Бежанро чунин панд медиҳад:
Ту бо ӯ ҷаҳонро ба шодӣ гузор,
Нигаҳ кун бар ин гардиши рӯзгор.
Реклама