РОМАНИ «ШӮРОБ»

Мавзуъ ва мундариҷа

Романи «Шӯроб» аз се китоб иборат аст. Китоби якуми роман солҳои 1956–1958 (дар саҳифаҳои маҷаллаи «Шарқи сурх») бо номи «Ангиштканон» ва соли 1959 бо номи «Шӯроб» ба табъ расид. Китобҳои дуюм ва сеюми «Шӯроб» соли 1967 чоп шуданд. Китоби якум 30 боб, китоби дуюм 22 боб ва китоби сеюм 17 бобро ташкил медиҳанд.

Романи «Шӯроб»-и Раҳим Ҷалил рӯзгор ва фаъолияти табақаи коргари тоҷикро дар ду давраи иҷтимоӣ дар бар кардааст. То барпо шудани сохти шуравӣ дар самтҳои ҷанубии сарзамини Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ вуҷуд надоштанд. Аммо дар қисмати шимолии Тоҷикистон, ки акнун номи вилояти Суғдро гирифтааст, то инқилоби Октябр чанд муассисаи саноатӣ фаъолият мекард. Шаҳрчаи Шӯроб дар ҳудуди ноҳияи Исфара яке аз чунин марказҳои коргарӣ буд, ки он ҷо насли аввали коргарони тоҷик тарбия ёфтааст.

Романи «Шӯроб» дар заминаи ҳаёту фаъолияти бошандагони ҳамин шаҳрак ба вуҷуд омадааст. Ин ҷо аз тамоми ноҳияву деҳоти атрофи Исфара, Конибодом, Масчоҳ, Истаравшан, Хуҷанд намояндагони аҳолии меҳнатӣ ҷамъ омада буданд. Нависанда ба гузаштаи онҳо рӯ меорад ва аз нигоҳи таърихӣ ҷараёни рӯзгори коргаронро аз поёни қарни Х1Х то солҳои 60-уми асри ХХ идома медихад.

Хатти сужет

Нависанда сужети романро аз даврони бачагии Давлат, ки ӯ дар як гӯшаи дурдасти кӯҳистони Бадахшон дар ҳолати ятимию бенавоӣ қарор дошт, оғоз мебахшад. Дар бобҳои «Сафари диёри дур», «Аҳди бародарӣ» ва «Дар оғӯши кӯҳистон» аз кӯҳистони Помир ба тарафи Фарғона сафар кардани Давлат бо собиқ аскари қисми ҳарбии ҳукумати подшоҳии рус – Пётр Данилов ва дар кони ангишти Шӯроб ба кор даромадани онҳо тасвир ёфтааст.

Бобҳои минбаъдаи китоби якуми «Шӯроб» ба меҳнати пуразобу талошҳои озодихоҳонаи ангиштканон бахшида шудаанд. Давлат миёни коргарони гуногунмиллат қарор мегирад, ба беадолатиҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мешавад ва мебинад, ки бошандагони шаҳраки коргарии Шӯроб низ дар вазъияти бади иқтисодӣ қарор доранд. Давлат бо мурури замон инкишоф ёфта, ба дараҷаи шахсияти шинохтаи кони ангишти Шӯроб мерасад ва ҳамроҳи Пётр, Холи ворухӣ, Даря, Маҳками Мухтор барин озодихоҳон ба амалиёти пинҳонкорона мепардозад. Воқеаҳои китоби якуми роман бо ғалабаи инқилоби Октябр ба охир мерасад.

Воқеаҳои китоби дуюми роман аз давраи ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфта, то охири соли 20-ум давом мекунад. Симоҳои мусбати асар, ки акнун соҳибони кони ангишти Шӯроб гардида буданд, худ ба фаъолияти роҳбарӣ мепардозанд. Образҳои мусбати Холи ворухӣ, Давлат, Пётр, Арслоналӣ, Аверченко бештар амал карда, зиддиятҳои симоҳои мусбату манфӣ камтар ба назар мерасанд. Арслоналӣ ва Петр аз сафи артиши шуравӣ ба кони ангишти Шӯроб бармегарданд ва баҳри ободии кон ва истеҳсоли ҳар чӣ бештари ангишт меҳнат мекунанд.

Дар китоби сеюми романи «Шӯроб» замони воқеаҳо ба охирҳои солҳои 50-ум ва ибтидои солҳои 60-уми асри ХХ тааллуқ дошта, он фаъолияти иҷтимоӣ ва ташкилотии персонажҳои асосиро дар айёми пиронсолӣ дар бар кардааст. Р. Ҷалил дар боби аввал – «Ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд» воқеаро аз маъракаи ба нафақа баромадани Давлат Назаров оғоз намуда, баъд ба таври вопасгирона (ретроспективӣ) ба замони 30 – 40 сол пеш мегузарад. Дар панҷ боб воқеаҳои даврони баркамолӣ ва ба ҳаёти оилавӣ қадам гузоштани Давлату Иноят, Пётру Лида ва Акбару Рокия тасвир меёбад.

Нависанда дар чанд боби дигари асар масъалаҳои тарбияи фарзанд ва дар асоси илм пеш бурдани истеҳсолотро ба миён мегузорад. Зиддият миёни нафақагир Давлат Назаров ва раиси кони ангишт Шукуров авҷ мегирад ва он ба ғалабаи Назаров анҷом меёбад.

Образои Хол

Романи «Шӯроб» асари серперсонаж буда, дар он 236 нафар иштирок менамояд. Р. Ҷалил ба воситаи персонажҳои мусбату манфии Холи ворухӣ, Давлат, Пётр, Акбар, Буров, Эсанпай, Даря, Арслоналӣ, соҳибони кони ангишт Александров, Пе тухов, Идрисенко, сардори маҳалла, ҳисобчӣ Писин, қӯрбошӣ, Ҳасан-кӯса зиндагии табақаи гуногуни мардуми тоҷикро дар аввали асри ХХ нишон додааст.

Дар романи «Шӯроб» симои аз ҳама назаррасу хотирмон Холи ворухӣ мебошад. Хол монанди Лутфулло-гӯппон (аз «Ёддоштҳо»-и Айнӣ) ва Восеъ (аз «Восеъ»-и Улуғзода) дорои қувваи азими ҷисмонист. Хол зодаи яке аз қарияҳои кӯҳии Исфара – Ворух мебошад, ки дар кони ангишти Шӯроб заҳмат мекашад. Ӯ аввал чун шахси дағал, майзада ва бесару сомон тасвир ёфтааст. Баъд аз кор ба шароб дода шуда, зану фарзандонро ҳақорат ва латукӯб мекунад.

Вақте ки Хол ба коргарони русу украин ошноӣ пайдо мекунад, оҳиста-оҳиста дар шуури ӯ ҳисси муқобилият ба зулму ситам пайдо мешавад. Ӯ дар сари қабри ҳампешааш Суренко мардуми ҷамъомадаро ба корпартоӣ даъват мекунад: «Нафсуламри гапро гӯям, одам ба дунё чанд бор меояд? – пурсид ӯ ва худаш ҷавоб дод: – Як бор. Ҳамин тавр, ки бошад, як омадан ҳасту як рафтан. Раҳматии Суренко дирӯз ҳамин вақт дар ҳамин ҷо, дар байни мо буд. Имрӯз бурда гӯр мекунанд. Мо бошем, монанди сангпушт сари худро ба даруни ҷома мекашем, ба гӯр карданаш ҳам намеравем, ба болокориаш аз ин нокасон гап мешунавем. Ман рафтам».

Ҷаҳду талоши Хол баҳри ҳуқуқи худ тадриҷан ташаккул меёбад. Нависанда сурату сират ва амалиёти Холи ворухиро дар ҷараёни меҳнату муносибат ба табақаҳои гуногуни ҷомеа нишон медиҳад. Сухани Хол низ мувофиқи характери ӯ ибратомӯз ва пандомез аст. Аз нутқи қаҳрамон, ки бо мақолу зарбулмасалҳо ва порчаҳои шеърӣ оро ёфтаанд, хислатҳои инсондӯстӣ, хайрхоҳӣ ва некандешии ӯ маълум мешавад:

  • Ҳамин тавр гуфтию мондӣ, додарҷон. Туф кунӣ, ба рӯйи худат меафтад, – гуфт Холбобо. – Муфаттиш шинос буду маро аз худам хубтар медонист. Аммо ширро сафед гӯям, қабул намекард.

Аз душманон баранд шикоят ба дӯстон,

Чун дӯст душман аст, шикоят куҷо барем?

  • гуфтаанд.

Ҳамин тавр, Холи ворухӣ дар охири роман ҳамчун муаллими коргарони ҷавон шуҳратёр мешавад. Роҳбарони кон ҳамеша аз вай маслиҳат мепурсанд ва ҳамчун собиқадори кони ангишти Шӯроб қадршиносиаш менамоянд.

Образи Давлат

Дар образи Давлат беҳтарин хислатҳои мардони заҳматкаши тоҷик тасвир гардидаанд. Меҳнатдӯстӣ ва хушзеҳнии Давлат ҳанӯз аз давраи кӯдакиаш аён мегардад. Дар кӯдакӣ аз падараш – Ҳакимбек ҳунар ёд мегирад, баъди вафоти падару модар дар тарбияи Саломатшоҳу Пётр монда, аз Пётр забони русӣ меомӯзад. Ин ятимбачаи зирак ба воқеаҳои замон дуруст сарфаҳм меравад.

Давлат ҳамроҳи бародархондаш Пётр ба Шӯроб омада, тақдирашро ба кони ангишт, ба шаҳраки коргарӣ ва сокинони ин макон мепайвандад. Давлат вақти дар нафақа будан ҳам назди халқу мамлакат масъулияти зиёде ба дӯш дорад. Ӯ дар рӯйи ҳавлии корхона беҳуда талаф ёфтани ғарамҳои ангиштро дида, аз бепарвоӣ ва бесалоҳиятии роҳбари кони ангишт – Шукуров озурдахотир мегардад ва роҳбарро ба инсофу адолат водор менамояд. Давлат Назаров типи коргарони тоҷики замони шуравӣ мебошад, ки устухонашон дар меҳнати ҳалол мустаҳкам шудааст.

Образи Пётр

Р. Ҷалил дӯстиву ҳамкории халқҳои гуногунро, пеш аз ҳама, дар симои Пётр Данилов васф намудааст. Аскари қатории армияи подшоҳии рус дар яке аз деҳаҳои дурдасти Бадахшон хидмат менамояд ва ба аҳолии он ҷо дӯстӣ пайдо мекунад. Пётр ба эҳтироми мардуми Бадахшон сазовор гардидааст. Муносибату муомилаи ӯ ба оилаи осиёбони помирӣ – Саломатшоҳ, Давлату Даря, оҳу афсӯсаш аз вафоти бемаҳали Суренко симои ӯро ҳамчун инсони комил ва хайрхоҳ нишон медиҳад. Ба муносибати хешутаборӣ табдил ёфтани дӯстии Пётру Давлат дар вохӯрие, ки баъди се соли ҷудоӣ, ҳангоми аз ҷанги якуми ҷаҳонӣ баргаштани Пётр ба вуқуъ мепайвандад, самимӣ ва табиӣ тасвир ёфтааст:

  • Акаҷон, акаҷони азизи ман! – ба тоҷикию русӣ фарёд зад Давлат ва ӯро ба оғӯш кашида бӯсидан гирифт.– Укаҷони ман, Давлати ман! – мегуфт дар навбати худ Пётр ба оғӯши худ ҷавони нозукандом, лекин боқуввату симпайро маҳкам кашида, – Ҳой, ту ба ман нигар! Ин қадар калон шудӣ? – сонияе аз бӯсу канор боз истода ба рӯйи укаи худ нигарист. Пётр Данилов типи шахсони ғамхору поквиҷдон аст, ки умри азизро баҳри хушбахтии мардум ва беҳдошти ҷомеа сарф кардаанд.

Образи занон

Даря Суренко, модари Арслоналӣ, духтур Любов Василевна, Ҳидоят, Ҷамила симоҳое мебошанд, ки баробари мардон бори зиндагиро ба дӯш доранд, чун маҳбубаву ҳамсар хеле содиқ, чун модар басо меҳрубон ва чун корманд фаъолу ҳалолкор мебошанд. Духтари ширфурӯши деҳотӣ Ҳидоят дар назди Любов Василевна шогирд истода, касби табибиро аз худ мекунад ва ҳамроҳи устодаш деҳ ба деҳ мегардад, то ба дарди мардум даво бахшад. Давлат маҳбубаашро дар либоси мардона дида, ҳайрон мешавад:

  • Наход ҳеҷ кас надониста бошад, ки духтар дар либоси мард аст? – нобоварона пурсид Давлат. – Ман охир ӯро аз дур шинохтам.
  • Барои ин чашмони Давлат даркор буданд, – далели баҳснопазир овард модархонд.

Меҳнати софдилона ва шароити мусоиди оилавӣ ба Ҳидоят обрӯю эътибор меорад. Ӯ ҳамчун намояндаи занони тоҷик дар анҷумани аввали занон дар Маскав ширкат варзида, баъдҳо чун мудири боғчаи бачагон дар таълиму тарбияи фарзандони халқ саҳм мегирад.

Аз образҳои лаҳзавие, ки басо ҷолиб тасвир ёфтаанд, модари Арслоналӣ мебошад. Дар бобҳои «Наузанбиллоҳ!»[161] ва «Ҳодисаи ҳайратангез»-и китоби аввали роман ин пиразани қирғиз бо илтимоси домодаш Даряро дар хонааш пинҳон кардааст. Дар ниҳоди кампир ду қувваи ба ҳам зид пайдо шуда, ӯро азоб медиҳад. Аз як тараф, ӯ хурсанд аст, ки ин ятими бекасро дар хонааш пинҳон кардааст, аз тарафи дигар, ӯ дар тарсу ҳарос аст, ки Даря «кофир» аст ва аз «касофати ӯ» мумкин аст дар хонааш бадбахтие рӯй диҳад. Вақте ки ба ин духтар дил бохтани писараш Арслоналиро мушоҳида намуд, ҳуш аз сараш парид. Наход ки «писари қирғиз, бачаи муъмину мусулмон, ба урусдухтар, ба духтари ғайри дин, дил додааст?!» Дар ботини ин кампири солхӯрда оқибат ҳисси раҳму шафқат ба Даряи ятим ғалаба мекунад ва ӯ ин духтари бадбахтро ба ҳимоя мегирад.

Образҳои манфӣ

Дар тасвири симоҳои манфӣ нависанда аз ҳаҷв истифода кардааст. Соҳиби кони ангишт Александров марди ҷисман ғафсу ботинан пуч аст. Ӯ типи роҳбарони муфтхӯру бадахлоқ, бевиҷдону фиребгар мебошад ва маънии зиндагиро танҳо дар танпарварию фориғболӣ медонад. Симои зоҳирии Александров ботини нопоки ӯро ҷилва медиҳад: «Александров марди тақрибан шастсола, миёнақад, ба андозае фарбеҳу лабу лунҷаш ба ҳар сӯ овезон буд, ки бинанда гумон мекард, вай ҳозир ба як тараф шорида меравад. Шиками вай аз ҳад калон буд. Ба назар чунин менамуд, ки ӯ ба болои ишкам аз зери либос бӯғчаи калонро ҳам бас тааст...»

Ба ҳамин тариқ, сарнавишти Холи ворухӣ, Давлат Назаров, Акбар ва дигар коргарони кони ангишти Шӯроб баёнгари пайдоиш ва ташаккули синфи коргари тоҷик мебошад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. “Шӯроб” дар байни кадом солҳо навишта шудааст ва аз чанд китоб иборат аст?
  2. Роман кадом мавзуъҳоро дар бар гирифтааст?
  3. Сужети асар чӣ хел оғоз меёбад?
  4. Оё дар хатти сужети асар лаҳзаҳои вопасгирона (ретроспективӣ) истифода шудаанд?
  5. Образҳои мусбати романро номбар кунед.
  6. Образҳои манфии асар кадомҳоянд?
  7. Дар бораи образи Холи ворухӣ маълумот диҳед.
  8. Давлат Назаров чӣ хел образ аст?
  9. Дӯстии халқҳо ба воситаи кадом образҳо таъкид ёфтааст?

Реклама