Дар ашъори Лоиқ Шералӣ мавзуъҳои инсон, ишқ, ватан, модар, сулҳу ваҳдат, ҳаёти иҷтимоӣ, ахлоқ мақоми босазо доранд. Инсон дар нигоҳи шоир падидаи мураккабест, ки дар ниҳоди ӯ ҳамеша ду неруи ба ҳам зид – некӣ ва бадӣ дар набард аст ва муборизаи ин қувваҳо ботини инсонро ба дараҷаи донистанашаванда расондааст. Табиати пурихтилофи инсон дар рубоии зерин ба воситаи таъкиди мазмуну оҳанги калимаҳои дил, забон ва нигоҳ, инчунин, санъатҳои бадеии муболиға, тазоду тавсиф ҷолиб ба тасвир омадааст:
Инсон ба назар дили мусаффо дорад,
Дар як дили худ ҳазор дунё дорад.
То нест забони ӯ забони дили ӯ,
Ҳар як нигаҳаш дусад муаммо дорад.
Шоир дар ин рубоӣ масъалаи ба ҳам мувофиқат кардани дилу забонро ба миён мегузорад. Ягонагии дилу забон ва ростиву росткорӣ нишонаи асосии инсони комил мебошад. Кашфи муаммои неку бад дар ниҳоди инсон чандон осон нест. Бинобар ин, шоир таваҷҷуҳи хонандаро ба паҳлуҳои гуногуни ин муаммо ҷалб намудааст. Моҳияти инсони комил дар шеъри «Ман намемирам» дар шахсияти қаҳрамони лирикӣ ва андешаҳои созандаи ӯ равшану возеҳ баён гардидааст:
То наорояд ҷавониям ҷаҳони пирро,
То набандам бо сурудам пеши роҳи тирро,
То нагирам бо қалам пеши дами шамшерро,
То набинвисам зи нав ман номаи тақдирро, Ман намемирам, Ман нахоҳам мурд!
Шоир калимаҳои ҷавон, суруд, қаламро ба калимаҳои пир, тир, шамшер муқобил гузошта, бо ҳамин аҳамияти фарҳангу маърифатро дар оромӣ ва ободии ҷомеаи инсонӣ таъкид менамояд.
Дигар аз мавзуъҳое, ки тамоми давраҳои эҷодиёти Лоиқ Шералиро фаро гирифтааст, мавзуи ишқ мебошад. Ишқе, ки Лоиқ тасвир намудааст, муҳаббати ҳақиқӣ, самимӣ ва воқеӣ буда, аз маҳорат ва услуби хоси нигорандагии шоир дарак медиҳад. Ин гуна шеърҳо чи дар жанрҳои анъанавӣ ва чи дар шаклҳои шеъри озод муассир, ҷолиб ва омӯзандаанд:
Туро ман ёфтам аз ошёни сарбаландиҳо,
Маро хушбахт кун, эй гул!
Ба даври домани гулдӯзият номи маро ҳам дӯз,
Ба боли абруят як умр биншон обрӯямро
(«Маро хушбахт кун, эй гул!»)
Таркибҳои маҷозӣ ва тавсифии ошёни сарбаландиҳо, эй гул, домани гулдӯзӣ, даври доман, ҳалқаи даст ва боли абру боиси ифоданокии порчаи боло гардида, завқи баланди интихоб, муносибати самимона ва орзуҳои наҷиби ошиқи сазоворро бозгӯ менамоянд.
Ватан ва ватанхоҳӣ
Дар адабиёти нави тоҷик адиберо пайдо кардан душвор аст, ки дар васфи Ватан асаре эҷод накарда бошад. Дар эҷодиёти шоирони давраи аввал, чун М. Турсунзода, М. Миршакар, Ҳ. Юсуфӣ, мафҳуми Ватан маънои васеъ ва умумӣ дорад, аммо дар эҷодиёти шоирони ҳамсоли Лоиқ Шералӣ мафҳуми Ватан маънои мушаххас касб мекунад ва аз хурдтарин ашё, сангу кӯҳ, қатраи обу пораи хоки диёр, зодгоҳ, хонаи падар сар шуда, ба Ватани умумӣ ва ягона – Тоҷикистон пайванд мегирад. Ба ин маънӣ Лоиқ гуфтааст:
Ватан сар мешавад аз гоҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора,[203]
Ки онро сохта дастони модар...
Дар ин шеър шоир кӯшидааст, ки ба саволи «Чаро Ватан барои ҳар як ватандор азиз аст?» ҷавоб гӯяд. Ватан ҷойест, ки хуни нофи навзод он ҷо мерезад ва тифлро баробари модар дар оғӯш мегирад. Ватандор бо ҳазор риштаи аёну ноаён ба Ватан пайваст мешавад, ба дараҷае ки худро бе ин макони муқаддас тасаввур карда наметавонад.
Қаҳрамони лирикии «Хоки Ватан» тақдири худро ба тақдири Тоҷикистони камзамин пайвастааст ва таърихи гузаштаи онро бо дарду алам эҳсос менамояд:
Тоҷикистон – маҳзари[204] ман,
Сарзамини камзамин.
Ту саросар кӯҳсорӣ,
Ту саросар сангзорӣ,
Чунки фарзандони ту дар тӯли таърихи дароз
Ҳар куҷо рафтанд, муште хок бо худ бурдаанд,
Чунки фарзандони ту дар ҷустуҷӯйи бахти худ
Дар биёбонҳои тафсон дур аз ту мурдаанд.
Ниёгони мо ҳангоми ҳаҷ ва дигар сафарҳои тӯлонӣ ба хориҷи кишвар муште хокро бо худ мегирифтанд. Лоиқ дар ин шеъри 64-мисраӣ аз камзаминии сарзамини Тоҷикистон маъниҳои амиқи ватанхоҳӣ бардоштааст. Ба қавли шоир, сарзамини Тоҷикистон кӯчак бошад ҳам, хоки он ба воситаи шахсиятҳои барҷастае, чун Деваштич, Рухшона, Бедил, Ибни Сино ба тамоми ҷаҳон паҳн шудааст, ки ин боиси ифтихор аст. Саросар кӯҳсору сангзор будани Тоҷикистон мардуми тоҷикро водор мекунад, ки масъулияти баланди ватандорӣ ба дӯш дошта бошанд ва баҳри аҷдодони ҷонсупори худ аз санги Ватан пайкараҳо сохта, ободию зебоии диёри ҳамешабаҳори худро таъмин намоянд.
Дар ҳар шеъри ба Ватан бахшидаи Лоиқ Шералӣ, аз ҷумла дар «Суруди мавҷдори рӯди Варзоб», «Душанбе», «Фардои Душанбе», «Деҳи кӯчида», «Кӯҳистон», «Ифтихор», «Ганҷи кӯҳистон» ягон масъалаи марбут ба диёр ва табиати пурсахои он мавриди баррасии бадеӣ қарор мегирад.
Дар ашъори шоир мазмунҳои фалсафию ҳикматомез мавқеи муносиб доранд. Қаҳрамони лирикӣ ба соҳаҳои гуногуни зиндагӣ ҷиддан дахолат намуда, аз мушоҳидаҳо хулосаҳои амиқи пандуахлоқӣ мебарорад. Аз ҷумла, ӯ одамонро ҳушдор медиҳад, ки аз ҳар як лаҳзаи умр самаранок истифода баранд, зеро зиндагӣ яксон намемонад. Беҳуда гузаронидани умр натиҷаҳои номатлуб ба бор меорад ва пушаймонӣ суде нахоҳад дошт. Дар шеъри «Ало, шодоб соҳилҳо» ин муаммо басо ҷолиб мавриди баҳс қарор гирифтааст:
Ало, шодоб соҳилҳо,
Ба қадри обҳои ҷорӣ мебояд расид имрӯз,
Ки рӯзе хушк хоҳад шуд.
Ало, зебои маҳфилҳо,
Ба қадри ҳар чароғи давра мебояд расид имрӯз,
Ки рӯзе аз шамоли ҳодиса хомӯш хоҳад шуд...
Ало, эй соҳибони вақт,
Вақти хеш дарёбед,
Шумо ҳоло ҷавону комрону шодмону зиндаед охир!...
Мавзуъҳои пандуахлоқӣ, махсусан дар қисматҳои «Суханреза» ва «Хурдаҳо ва такбайтиҳо», ки, асосан, байтҳои шоирро дар бар мегиранд, бештар ба мушоҳида мерасанд. Ин байтҳо, ки чун маҳсули натиҷагириҳои шоир аз паҳлуҳои ҳазорранги зиндагӣ бадеҳатан[205] гуфта шудаанд, аксаран ҳукми панду андарз ва суханҳои ҳикматнокро доранд:
Эй писар, хоҳӣ агар руҳи падар шод кунӣ,
Хонавайрон шавӣ ҳам, гӯри вай обод кунӣ.
* * *
Дил сӯхт, сипас қадри шарар донистем,
Қадри дили модару падар донистем.
* * *
Шоирӣ ғояти қудрат будааст,
Адабиёт абадият будааст.
Реклама