ФАЪОЛИЯТИ ДРАМАТУРГИИ С. УЛУҒЗОДА

Сотим Улуғзода аз аввалин драманависҳои касбии тоҷик аст. Нахустин пиесаҳои ӯ – «Шодмон» (1939), «Калтакдорони сурх» (1940) ва «Дар оташ» (1944) аз ҷиҳати ҳунари нависандагӣ нисбат ба драмаҳои дар он давра таълиф гардидаи дигар адибони тоҷик баландтар ва мукаммалтар буданд.

Баъдҳо С. Улуғзода, чун «Ҷӯяндагон» (1951),«Рӯдакӣ» (1958), «Ҷавонии Ибни Сино» (1960; ҳамроҳи В. Виткович), «Гавҳари шабчароғ» (1962), «Темурмалик» (1968), «Алломаи Адҳам ва дигарон» (1971), «Восеъ» (1971), асарҳои саҳнавии бисёре офаридааст, ки онҳоро намунаи беҳтарини драматургияи тоҷик номидан мумкин аст. Дар намоишномаҳои таърихии адиб симои шахсиятҳои таърихии Рӯдакӣ, Ибни Сино, Темурмалик, Аҳмади Дониш, Восеъ воқеӣ ва ҳунармандона офарида шудааст.

“Ҷавонии Ибни Сино”

Зиндагӣ ва шахсияти алломаи бузурги Машриқзамин Абуалӣ ибни Сино таваҷҷуҳи Сотим Улуғзодаро ҳанӯз солҳои 30-юми асри XX ба худ ҷалб намуда буд. Адиб аввалин маротиба бо ҳамкории В. Виткович киноповести «Ибни Сино»- ро таълиф намуд, ки муҳимтарин давраҳои ҳаёт ва фаъолияти илмии Шайхурраисро дар бар мегирифт. Муаллифон баъди 30 сол боз ба ин шахсияти оламшумул муроҷиат карда, соли 1960 пиесаи «Ҷавонии Ибни Сино»-ро таълиф намуданд.

Сужет ва бандубаст

Намоишномаи «Ҷавонии Ибни Сино» аз ду қисм ва ҳафт саҳна иборат буда, поёни зиндагии Шайхурраисро дар Бухоро фаро мегирад. Баъди муқаддима амалиёти образҳои мусбату манфӣ, аз як тараф, Ҳусайн (Ибни Синои 20-сола), Ситорабону (модари Ҳусайн), Ноҳид (хоҳари Абуиброҳими Сомонӣ, дӯстдоштаи Ҳусайн), Абулфайз Чағонӣ (китобдори китобхонаи шоҳӣ – «Саввон-ал-ҳикмат», устоди Ҳусайн ва Ноҳид), Хуррам, Шамс, Убайд, Наҳвӣ (дӯстони Ҳусайн) ва, аз тарафи дигар, шайх Абутоҳир, марди олусчашм ва марди бинипачақ (муридони Абутоҳир) давом мекунад.

Дар саҳнаи аввал зиддияти воқеаҳо сар мешавад. Ҳусайн аз дарки фалсафаи ҳакими юнонӣ – Аристотолис ниҳоят шод шуда, ба мардум садақа медиҳад. Ин хурсандии Ҳусайн ба чашми шайх Абутоҳир чун хор мехалад. Шайх Ҳусайни ба фалсафаи Юнон машғулшавандаро бидъаткор ва кофир номида, аз пайи таъқиби ӯ мешавад.

Дар саҳнаҳои II–IV қисми якум паҳлуҳои гуногуни амалиёти Ҳусайн ошкор мегардад. Аз ҷумла, аз имтиҳони устод Чағонӣ бо сарбаландӣ гузаштан, ба шоҳдухтар Ноҳид шинос шудан, дар хонаи падарӣ ҳамроҳи модараш ба табобати мардум машғул шудани образи асосӣ ба тасвир омадааст.

Дар саҳнаҳои қисми дуюм бархӯрдҳои образҳои мусбату манфӣ ба авҷи аълои худ мерасад. Шайх Абутоҳир ба хони Туркистон – Насри Илек ба таври махфӣ алоқа намуда, таъқиби Ҳусайн ва устод Чағониро қувват медиҳад. Аз тарафи дигар, муҳаббати Ҳусайну Ноҳид назди устод Чағонӣ ва Ситорабону ошкор мегардад. Пиеса бо як рубоии машҳури Умари Хайём анҷом меёбад:

Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон,

Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.

В-аз нав фалаке дигар чунон сохтаме,

К-озода ба коми дил расидӣ осон.

Дар «Ҷавонии Ибни Сино» порчаҳои шеърӣ зиёд истифода шудаанд.

Образҳои асар

Дар байни образҳои мусбату манфӣ нақши Ҳусайн мавқеи асосӣ дорад. Ҳусайн ҷавони зирак, соҳибистеъдод ва ташнаи илму дониш мебошад. Ӯ дар овони ҷавонӣ асарҳои

китобхонаи «Саввон-ал-ҳикмат»-ро аз бар карда, ба фалсафаи Юнони қадим шинос мешавад, китоби муқаддаси Зардушт – Авас торо мутолиа мекунад, барои мухлисон китоб менависад. Ноҳид барои Абулҳасани Наҳвӣ доир ба фалсафа ва ахлоқ 21 рисола навиштани Ҳусайнро шунида тааҷҷуб мекунад:

Ноҳид: бисту як рисола... Чанд вақт навиштед?

Ҳусайн: ду сол.

Ноҳид: дар ду сол ҳамин қадар китоб навиштед? Чӣ, магар шумо нахӯрдед, нахобидеду фақат навиштед?

Ҳусайн: ҳар рӯз ва аксаран шабҳо ҳам то бомдод. Ҳар шабонарӯз сӣ, чиҳил ва ҳатто панҷоҳ варақ навишта мешуд.

Дар мубоҳиса бо шайх Абутоҳир, ки ба қавли ӯ ҳамаи китобҳои ғайри дини исломро сӯзондан даркор аст, Ҳусайн мегӯяд: «Дониши ҳақиқӣ дар оташ намесӯзад, балки обутоб меёбад». Бо ин ҳама донишу фаросат ва қобилияти беҳамтои фитрӣ бо сабаби ҷавонӣ ва камтаҷрибагӣ ҷаҳонбинии Ҳусайн ҳанӯз пурра ташаккул наёфта буд. Ҳусайн фикри устодашро, ки «аҷаб нест Абутоҳир ва пайравонаш қасди нобуд сохтани китобхонаро кунанд» мегӯяд, рад менамояд: «Онҳо ҳарчанд мутаассиб[151] ҳам бошанд, гумон намекунам, ки ба чунин ҷинояти азим ҷуръат кунанд».

Драматург характер ва шахсияти Ҳусайнро дар инкишоф ва такомул тасвир менамояд. Баробари таҷрибаи зиндагӣ андӯхтан, аз байн рафтани давлати Сомониён ва оташ гирифтани китобхонаи шоҳиву устодашро дидан иродаи ӯ қавӣ ва ҷаҳонбиниаш мустаҳкам мегардад. Ҳусайн як умр гӯё васияту супориши устоду маҳбубаи нокомашро ба ҷо меорад, ки аз нав барқарор кардани ганҷинаи дониши «Саввон-ал-ҳикмат»-ро дархост намуда буданд. Ноҳид: «Ҳусайн! Шумо «Саввон-ал-ҳикмат»- ро зинда мегардонед, вай дар сару ёди шумост. Инро ба шумо на ман, балки устодамон мегӯяд. Шумо ин корро дар Хоразм анҷом медиҳед».

Образҳои устод Чағонӣ, Ситорабону ва Ноҳид низ ҳунармандона ва табиию ҷолиб ба тасвир омадаанд. Дар симои Абулфайз Чағонӣ анъанаи бойи китобдорӣ, мактабдорӣ ва таълиму тарбияи ҷавонон дар замони Сомониён таъкид ёфтааст. Устод Чағонӣ донишманди бузург аст, аз илмҳои диниву табиӣ огоҳии комил дорад ва ба тамоми ҳастӣ ба таълиму тарбияи шогирдонаш – Ҳусайн ва Ноҳид кӯшиш менамояд.

Аз файзи таълими устод Чағонӣ Ҳусайн ва Ноҳид забонҳои авастоӣ ва арабиро ба дараҷаи аъло аз худ менамоянд, таърихи илму адабиёту фарҳанги хеш ва ҷаҳонро мукаммал меомӯзанд ва ба фалсафаву ахлоқи Юнони қадим мутаваҷҷеҳ мешаванд.

Дар пиесаи «Ҷавонии Ибни Сино» қувваҳои бадиро шайх Абутоҳир ва муридони ӯ намояндагӣ мекунанд. Онҳо боиси сӯхта нобуд шудани китобхонаи бузург, китобдори хирадманд ва оворагию бадбахтиҳои Ҳусайну Ноҳид гардиданд.

Муҳтавои пиеса

С. Улуғзода руҳи таърихии даврро дуруст ба инобат гирифтааст. Масъала ва муҳтавои асосии пиеса нишон додани қисмати шахсиятҳои бузурги таърихӣ ва истеъдодҳои

нодири фарҳангии халқи тоҷик мебошад. Драматург як давраи кӯтоҳи ҳаёти Шайхурраисро дар айёми ҷавонӣ нишон дода, таъкид мекунад, ки асоси эътибору эътирофи шахсиятҳои бузурги фарҳангӣ илму дониш аст. Донишро бошад, маҳз дар давраи ҷавонӣ аз худ кардан зарур аст.

Услуби нигориш

Забони «Ҷавонии Ибни Сино» сода, равон ва образнок буда, ба руҳи таърихии асар ва замону макони воқеаҳои тасвиршаванда иртиботи комил дорад. Аз ҷумла, калима ва

таркибҳои нузул, улум, ашхос, ихвонуссафо, муслимин, алҳақ, анқариб, кутубхона, аҳком, уламо шароит ва руҳи таърихии замони Сомониёнро батамом ҷилвагар месозанд.

Сухани устод Чағонӣ фасеҳ, образнок ва муассир мебошад. Панду ҳикмат, мақолу зарбулмасал ва таркибҳои маҷозӣ нутқи устодро рангин карда, ҷанбаи ахлоқии онро афзудаанд. Чағонӣ амалиёти хиёнаткоронаи Абутоҳир ва муридони ӯро чунин хулоса мекунад: «Ҳар ҷо ки қадами ин тоифа шахсҳо расид, ҳафт сол алаф намерӯяд». Ҳусайн ва Ноҳид, ки давраи донишҷуйӣ ва айёми пурасрори ҷавониро аз сар мегузаронанд, гуфторашонро бо порчаҳои шеърии шоирони тоҷику араб ва иқтибосҳои илмии машҳур тақвият мебахшанд.

Услуби нигориши «Ҷавонии Ибни Сино» низ ҷолиби диққат аст. Хонанда ва тамошобин аз ҷараёни ташаккули шахсияти Ҳусайн дар айёми ҷавонӣ ба ваҷд омада, мехоҳад, ки оид ба тақдири минбаъда ва дастовардҳои илмии ин нобиғаи даврон низ маълумот дошта бошад. Нависанда дар оғози қисмҳо ва анҷоми пиеса симои Умари Хайёми Нишопуриро ба тасвир гирифтааст, ки ӯ баъди чил соли вафоти Ибни Сино тақдири минбаъда ва моҳияти таълимоти Шайхурраисро мухтасар иброз медорад. Гуфтори Умари Хайём ҳикматомез ва пурмуҳтаво садо медиҳад: «Дар ҷайби фалак рози ниҳон бисёр аст. Шайхурраис он розҳоро як-як ошкор намуда, шаҳри донише бунёд карданд. Баландтарин манораи ин шаҳр на он аст, ки ҳама медонанд, на панҷ китоби «ал-Қонун», балки китоби «Шифо» аст».

Ҳамин тариқ, симои Умари Хайём ва рубоиҳои алоҳидаи ӯ бандубаст, хатти сужет, забону услуби нигориш ва мундариҷаи ғоявии пиесаи «Ҷавонии Ибни Сино»-ро такмил дода, ба асар тамомият бахшидааст.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Нахустин драмаҳои С. Улуғзода чӣ ном доранд?
  2. Адиб кадом драмаҳоро дар мавзуъҳои таърихӣ эҷод кардааст?
  3. Драмаи «Ҷавонии Ибни Сино» чанд муаллиф дорад?
  4. Дар бораи сужет ва устухонбандии асар маълумот диҳед.
  5. Оид ба образи Ҳусайн сухан ронед.
  6. Боз кадом образҳои мусбатро медонед?
  7. Оид ба забони драма маълумот диҳед.

САВОЛИ ТЕСТӢ

1. Кадом нависанда ҳангоми таҳсил дар Дорулмуаллимини Тошканд повести «Сом ва Дик»-и М.А Алексеевро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст?

А) Раҳим Ҷалил;

Б) Ҳаким Карим;

В) Пӯлод Толис;

Г) Ҷалол Икромӣ;

Ғ) Сотим Улуғзода.

2. Аноргул, Давлат, Гулъизор, Ризо образҳои кадом асар мебошанд?

А) «Ёддоштҳо»-и С. Айнӣ;

Б) «Духтари оташ»-и Ҷ Икромӣ;

В) «Восеъ»-и С. Улуғзода;

Г) «Вафо»-и Ф. Ниёзӣ;

Ғ) «Тобистон»-и П. Толис.

3. Образи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар кадом асари С. Улуғзода офарида шудааст?

А) Дар «Ёрони боҳиммат»;

Б) Дар «Навобод»;

В) Дар «Қисмати шоир»;

Г) Дар «Субҳи ҷавонии мо»;

Ғ) Дар «Ривояти суғдӣ».

Реклама