Нахустин асари калонҳаҷми Муъмин Қаноат – «Мавҷҳои Днепр» маҳсули сафари шоир ба Украина (1962) мебошад. Ин асар аз ҷиҳати жанр достони лирикӣ буда, аз қисматҳои оғоз, ҳашт фасл («Мавҷи нур», «Мавҷ дар пешонаи поки Тарас»[186], «Мавҷ дар саҳро», «Мавҷи одам», «Мавҷи пӯлод», «Мавҷи суруд», «Мавҷи ханда», «Мавҷи бародарӣ») ва анҷом иборат аст. Муъмин Қаноат вожаи мавҷро чун воситаи ҳампайвандиву ягонагии фаслҳои асар истифода кардааст. Чунин образҳои рамзӣ дар достонҳои минбаъдаи шоир низ истифода шуда, чун нишонаи асосии услуби эҷодиёти ӯ қарор гирифтаанд.
Асари дувуми калонҳаҷми нависанда «Достони оташ» ном дошта, аз оғоз, шаш фасл ва анҷом иборат мебошад ва вожаи нур образи рамзиест, ки фаслҳои асарро ба ҳам мепайвандад: 1.«Нур дар зулмот». 2. «Нури саҳар». 3. «Нур дар роҳ». 4.«Нур дар қуллаҳо». 5. «Нур дар пойи мазор». 6. «Нур дар дарё». Ин достон асари иҷтимоии таърихӣ мебошад. Шоир дар он таърихи сохтмони истгоҳи барқии Норак ва зиндагии гузаштаву кунунии мардумонашро ба қалам додааст. Дар достон чун байти зерин тасвирҳои ҷолиб бисёранд:
Дина дар ин ҷо ба лабҳо ханда буд,
Ғусса аз завқи ҳама шарманда буд.
Муъмин Қаноат баъди достонҳои «Китобҳои захмин» ва «Сурӯши Сталинград» достони «Тоҷикистон – исми ман» (1974)ро менависад. Достон аз сарахбор ва панҷ нақш (боб) иборат мебошад. Дар ин асар сухан аз тақдири халқи тоҷик меравад:
Замин дар зери суми аспҳои турку тозӣ буд,
Ва ин рӯбоҳи румиро[187] ба думи шер бозӣ буд.
Достони «Падар» аз 255 байт иборат аст. Асар аз достонҳои пешинаи шоир аз ҷиҳати тарзи баён фарқ дорад ва дар шакли маснавӣ (аа, бб, вв...) суруда шудааст:
Осмон ҳамчу ташти зар будӣ,
Вақт вақти ситорапар будӣ.
Мавзуи достон воқеаҳои таърихии ибтидои солҳои 20 ва макони амалиёт ҷойи таваллуди шоир – деҳаи Курговад ва атрофи он мебошад. Образҳои асар – Диловар, Ғайратшоҳ ва Қаноат (падари шоир) ҳар кадом дорои симои ба худ хос бу да, дар ҳалли масъалаҳои асосии асар саҳм мегиранд.
Достони «Гаҳвораи Сино» ба муносибати ҷашни ҳазорсолагии мутафаккири оламшумули тоҷик Абуалӣ ибни Сино эҷод гардидааст. Он аз оғоз, даҳ «Мушкилот» (боб) ва анҷом («Ҳалли мушкилот») иборат мебошад. Дар ин достон шоир бори аввал аз мавзуи замон дур рафтааст ва бо равиши достонсароии гузашта як асари санъаткорона ва ҳакимона офаридааст.
Соли 1990 достони «Ситораи Исмат» ба табъ расид, ки он аз рӯзгор ва корномаи ҷангии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ Исмат Шарифов (1915 – 1944) баҳс мекунад. Ин достон аз се боб ва хотима иборат аст. Шоир тавассути тасвирҳои барҷастаи бадеӣ хонандаро ба раҳму шафқат ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ хидоят менамояд.
Достони «Ҳамосаи дод» ҳангоми мусофирати шоир дар шаҳрҳои Алмаато ва Бишкек таълиф гардида, бори аввал соли 1999 дар маҷаллаи «Симурғ» дар Теҳрон ба табъ мерасад. Достон аз оғоз, ҳафт боб, ду фасл ва анҷом иборат мебошад ва воқеаҳои нангини Тоҷикистонро дар солҳои 1992 – 1994 инъикос менамояд. Дар ҳафт боби достони «Масъуднома» (2006) кору пайкор, адолатхоҳиву озодандешӣ ва ишқу армони Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд тавассути рамзу тамсил басо воқеъбинона ва муассир тасвир ёфтааст.
«Китобҳои захмин»
Достони «Китобҳои захмин» аз ҳафт фасли беунвон иборат мебошад. Достон ба тасвири мактаби деҳа дар айёми Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз меёбад. Ногоҳ муаллима омада ба шогирдон хабари ба ҷанг рафтани муаллимро мерасонад ва таъкид мекунад, ки ӯ ба ҷойи шавҳараш низ дарс медиҳад. Муаллима талабагони чор синфро дар як синфхона ҷамъ оварда, ба дарс шурӯъ мекунад. Бо вуҷуди худро ба даст гирифтан вазъи ногувори муаллима аз чашми мактаббачагон пинҳон намемонад:
Аз ин тахта ба он тахта муаллима[188] гузар мекард,
Ба як соат зи худ мерафт, Оламро сафар мекард.
Миёни тахтаҳову бачаҳо озод меболид,
Зи рӯйи лутф механдид,
Даруни сина менолид.
Дар боби сеюми асар лаҳзаи аз ҳамсари ҷанговараш мактуб гирифтани муаллима тасвир мешавад. Муаллима як пагоҳӣ шоду хандон ба мактаб меояд ва мактуби сегӯшаеро назди шогирдон мехонад. Муаллим ба ҳамсари маҳбуб ва шогирдони азизаш салом фиристода, ба ёди онҳо будан ва дар назди Ленинград мардонавор ҷангиданашро ёдрас шудааст.
Мактаббачагон ҳам аз меҳр ба муаллими азизашон мактуби ҷавобӣ менависанд ва илтимос мекунанд, ки муаллим ба онҳо китоби нав фиристад. Дар боби панҷум аз Ленинград китоб фиристодани муаллим тасвир гардидааст:
Китоб омад,
Ба ҷӯйи хушк об омад.
Ва ҳар кас бо китоби тоза саргардон,
Намуда з-аввалу охир варақгардон:
Дар онҳо бӯйи аскар буд,
Захми тиру ханҷар буд.
Мактаббачагон ин китобҳои захминро бо шавқу завқ мутолиа мекунанд, саводнок мешаванд ва мактубҳои омадаро назди падару модар ва хешовандон мехонанд.
Дар боби VI муаллима аз майдони ҷанг хатти сиёҳ[189] мегирад ва ба марги шавҳари ҷавонмаргаш навҳа мекунад. Хатти сиёҳ ба дасти мактаббачагон меафтад. Онҳо он хатти манҳусро пора-пора карда, китобҳои захминро чун ёдгории муаллим ба рӯйи сина пахш менамоянд. Дар қисмати хотимавӣ шоир сабаби таълифи китобро чунин ёдовар шудааст:
Ба ёди рӯзҳои рафтаю монда,
Ба ёди номаҳои ишқи нохонда,
Ба ёди захмҳои дар ҷигар монда,
Ба ёди мурдаҳои дар сафар монда,
Ба ёди ҳар ду устодам
Зи дунёи дарунам роз бикшодам.
Дар достони «Китобҳои захмин» тасвирҳои рангорангу диққатҷалбкунанда бисёранд ва ин тасвирот дар ифодаи равшану возеҳи вазъи мактабу мактаббачагон, муаллимони замони Ҷанги Ватанӣ ва дигар мушкилоти зиндагии он айём саҳми муносиб доранд.
Образҳои асар
Дар асар, пеш аз ҳама, симои муаллима ба назар мерасад. Ӯ баъди ба ҷанг рафтани шавҳараш бори зиндагиро мардона ба дӯш мегирад ва кӯшиш мекунад, ки ғаму шодӣ ва вазъи ноҳинҷори худро аз шогирдон пинҳон дорад. Вале шогирдони кунҷков ба хурдтарин тағйироти ҳолати руҳии муаллима эътибор медоданд ва аз ҳар дигаргунии симои устод рамуз мегирифтанд. Шоир вазъияти муаллимаро баъди дар назди шогирдон хондани аввалин мактуби шавҳари ҷанговараш чунин ба қалам додааст:
Муаллима табассум кард, аз чашмони хандонаш
Бурун омад сиришки дона-дона мисли марҷонаш.
Касе дар рӯйи коғаз муҳраро дидаст, медонад,
Аз ин сурху сафедӣ номаи душвор мехонад.
Нахустин бор дидам гиряи талхи худоёнро[190],
Баландиҳои инсонро,
Сукути абру боронро.
Санъатҳои бадеии ташбеҳ, тазод ва муболиға ифоданокии тасвирро афзун намудаанд. Сиришки муаллима ба марҷон ва муҳраҳои рӯйи коғаз монанд шудааст. Ашке, ки аз чашмони хандони устод баромадааст, гиряи талхи худоёнро ба хотир меорад. Ва ин гиряи талх қадри устодро назди шогирдон боз ҳам афзудааст.
Дар достони «Китобҳои захмин» ҳаёти мактаббачагон низ табиӣ ва самимӣ тасвир ёфтааст. Рӯзҳои вазнини ҷанг хурдсолонро водор намуд, ки дар паҳлуи калонсолон қарор гирифта, дар ғаму шодии онҳо шарик бошанд. Хусусан, хабари ба ҷанг рафтани муаллим ба қалбу руҳи кӯчаки мактаббачагон таъсири манфӣ расонд:
Ва духтарҳо газида рӯймоли заргарониро,
Фурӯ бурданд фарёди аёниро.
Писарҳо – чӯҷаҳои навпари шаҳбоз
Фурӯ монданд аз парвоз.
Нахустин дарси мо бо ин сабақ сар шуд,
Варақҳо – боли ширкафтар ҳама тар шуд,
Сабақҳо бастаю парвозҳои мо таҳи пар шуд,
Кашида занг овози ҳазину дарс дигар шуд.
Вале даҳшату наҳсии ҷанг иродаи бачагони деҳаро батамом шикаста натавонист. Онҳо худро ба шароити давраиҷангӣ мувофиқ карда, аз имкониятҳои андаки дилхушӣ истифода мебурданд. Аз ин ҷиҳат, тасвири лаҳзаи бозии мактаббачагон дар байни дарсҳо ҷолиби диққат аст. Бозӣ аксаран «муҳорибаҳои ҷангӣ» буд. Мактаббачагон овози занги баромадро бонги хатар тасаввур карда, дартоз ба саҳни мактаб мебароянд ва ба ду ҷабҳа ҷудо шуда, ба «шамшерзанӣ» мепардозанд. Дар ин «ҷангҳо», албатта, «аскарони шуравӣ» ғалаба мекарданд ва онҳо «фашистони истилогар»ро ҷазо медоданд. Ин тасвир айёми бачагии падаронро пеши рӯйи фарзандон меорад, ки хеле ҷолиб ва омӯзанда аст.
Достони «Китобҳои захмин» заминаи воқеӣ дорад. Шуъбаи ленинградии Нашриёти давлатии Тоҷикистон дар солҳои сиюм ва аввали солҳои чилум ба забони тоҷикӣ китобҳои зиёд ба табъ расондааст. Шаҳри Ленинград дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 900 рӯз дар муҳосира қарор дошт. Табиист, ки дар қатори китобҳои дигар китобҳои фиристодаи муаллим низ аз тири душман захмин гашта буданд. М. Қаноат ҳамин хотираи айёми бачагиашро ба риштаи назм кашидааст.
Реклама