МАВЗУЪ ВА МУНДАРИҶАИ «ЁДДОШТҲО»

Қисми аввал - "Дар саҳро"

Қисми аввал аз 30 боб иборат мебошад. Касби асосии бошандагони деҳоти Соктаре ва Маҳаллаи Боло кишоварзӣ буда, ҳамчунин ба косибӣ машғул будаанд. Дар ин қисм одамони маърифатдӯст ва пешқадами ин ду деҳа ва шахсиятҳои шинохтае, ки ба ин деҳот рафтуомад доштанд, мавриди тасвир қарор гирифтаанд.

Дар қисми якуми «Ёддоштҳо» образҳои Сайидмуродхоҷа (падари Садриддин), Устоамак – Ҳидоятхоҷа (амаки Сад риддин), Тӯтапошшо, Ҳабиба, Лутфулло-гӯппон, Исо-махдуми шоир мавқеи асосӣ доранд.

Сайидмуродхоҷа образест, ки бо меҳнати ҳалол, ростқавлӣ, инсондӯстӣ ва поктинатӣ дар байни аҳолӣ эътибори баланд дорад ва фарзандони худро ҳам дар ҳамин руҳия тарбия ме намояд. Вай дар як порча заминаш мудом машғули кор мебошад. Ба болои ин ба бофандагӣ, рангрезӣ ва тарошидани санги осиё низ шуғл меварзад ва кору фаъолиятро сарчашмаи асосии зиндагӣ медонад.

Падари Садриддин одами бофарҳанг аст. Ба Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил, Соиб ва Исо эҳтироми тамом дорад ва ҳамеша фикрҳояшро бо мисолҳо аз ашъори онҳо тақвият медиҳад. Падар одамони золим ва муфтхӯру фиребгарро одамони девсор[71] меномад ва аз онҳо эҳтиёт шудани мардумро бо ин байти Саъдӣ қувват мебахшад:

Дев бар одам наёмезад, матарс,

Бал битарс аз одамони девсор.

Суханҳои ҳикматноку пандомӯзи падар ба Садриддин таъсири бузург бахшиданд, меҳру муҳаббати ӯро ба шеър, ба каломи бадеӣ зиёд намуданд ва худи ӯро ба ҳалолкорӣ, меҳнатдӯстӣ ва ростӣ ҳидоят намуданд. Васияти падар пеш аз марг муҳимтарин дастури зиндагии минбаъдаи Садриддин гардид: «Дар чӣ гуна душворӣ бошад ҳам, хон! Лекин қозӣ нашав, раис нашав, имом нашав! Агар мударрис[72] шавӣ, майлат!».

Дар қисми якуми «Ёддоштҳо» образи занон низ мавқеи муайян дорад. Устод Айнӣ симоҳои Тӯтапошшо ва Ҳабибаро хотирмону ҷолиб офаридааст. Махсусан, образи Ҳабиба бо самимияту донишмандӣ ва далерию кордонияш хонандаро ба ваҷд меорад.

Образи занон

Дар мактаби духтарона таваҷҷуҳи Садриддини кунҷковро Ҳабиба ном духтари соҳибҷамолу донишманд ҷалб менамояд. Ҳабиба шеърҳои бисёр медонист ва як ғазали Ҳофизро, ки бо байти:

Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд,

Ё тан расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд

оғоз мешуд, батакрор хонда гиря мекард. Аз тасвирҳои минбаъда маълум мешавад, ки байти боло ба ҳолати руҳии Ҳабибаи ошиқ комилан мувофиқ омада, дар роҳи расидан ба мақсад ба ӯ қувват мебахшидааст.

Азбаски ҷавони дӯстдоштаи Ҳабиба ҳам лангу ҳам баднамо будааст, падару модари духтар ба хонадор шудани онҳо муқобил баромадаанд. Баъди талошҳои зиёди бенатиҷа Ҳабиба бо ҷавони дӯстдоштааш шабона аз Соктаре ба Ғиждувон гурехта, саҳар ба қозихона меравад ва аз қозӣ талаб мекунад, ки онҳоро бо ҳам никоҳ кунад. Ба муколамаи қозӣ Абдулвоҳид ва Ҳабиба таваҷҷуҳ намоед:

  • Духтарам, туро кӣ аз роҳ баровард?
  • Маро ҳеҷ кас аз роҳ набаровардааст, ман ба ихтиёри худ ҳамин ҷавонро ба шавҳарӣ хостам, – ин овози духтар буд, ки бо ҳаяҷони гиряолуд мебаромад.
  • Агар падару модарат ин коратро шунаванд, чӣ мегӯянд? Магар онҳо ба ин кори ту розӣ мешаванд? – Ин саволи дуюми қозӣ буд.
  • Ҳозир падарам ҳам ҳамин ҷавон ҳаст, модарам ҳам, ман ба розӣ ва норозӣ шудани падару модарам кор надорам, – ин овози духтар буд, ки бо оҳанги аз аввал ҳам ҷиддитар ме баромад.

Қозӣ хутбаи[73] никоҳ сар кард.

Чунин рафтори боҷуръатона ва бебоконаи Ҳабиба дар Бухорои охири асри XIX ва ибтидои асри XX як қаҳрамонӣ буд.

Қисми якуми «Ёддоштҳо» ба тасвири вабои умумие, ки охири солҳои 80-уми асри XIX дар қаламрави Бухоро боиси аз байн бурдани одамони зиёде, аз ҷумла падару модари Садриддин гардида буд, ба охир мерасад. Баъди вафоти падару модар тамоми бори зиндагӣ ба дӯши Садриддин меафтад, боз як соли дигар додаронаш Сироҷиддин ва Киромиддинро нигоҳубин мекунад. Садриддин дар назди Муҳиддин, ки ҳангоми таътил ба деҳа омада буд, масъалаи дар Бухоро таҳсил карданро ба таври қатъӣ мегузорад. Онҳо ҳавлии дар Маҳаллаи Боло доштаашонро мефурӯшанд ва бо пули он оши соли падару модарро дода, додаронро хатна мекунанд ва баъд бародарони хурдсолашонро ба парастории тағояшон – Қурбонниёз вогузор намуда, ба сафари Бухоро омода мешаванд.

Қисми дувум – «Дар шаҳр»

Қисми дувуми «Ёддоштҳо» аз 32 боб иборат мебошад. Дар бобҳои аввал дар бораи мадрасаҳои Бухоро маълумот дода шудааст. Ба гуфти С.Айнӣ, «мадрасаҳои Бухоро ба мадрасаи динӣ будан ва муллоҳои Бухоро ба олими мутахассиси улуми динӣ будан шуҳрат доштанд ва ба ин сабаб Бухоро на танҳо ба Осиёи Миёна, балки ба мусулмонони дохили Русия ҳам – ба тоторҳо ва бошқирдҳо ҳам нуфузи динӣ дошт».

Образи Садриддин

Дар қисми дувуми «Ёддоштҳо», пеш аз ҳама, симои Садриддин ба назар мерасад ва тамоми воқеаҳо вобаста ба ҳолатҳои руҳию вазъи зиндагии ӯ таҳлил меёбад.

Садриддин чун ҷавони ҷиддӣ, кордон ва соҳиби таҷрибаи муайяни зиндагӣ ба шаҳри Бухоро омад. Ин аст, ки ба тамоми мушкилиҳои зиндагӣ тоқат карда тавонист. Дар солҳои аввали мадрасахонӣ ӯро ҳамеша камбағалӣ, нодорӣ ва муҳтоҷӣ таъқиб мекард. Масалан, зимистони соли 1890 дар мадрасаи Мири Араб бо чунин аҳвол таҳсилро давом медод: «Ман бошам, маҳсӣ надош там, як кафши сарипоии маҳаллидӯхт доштам, ки аз вай об мегузашт ва намро ба худ мекашид. Хоҳ дар такрор бошад, хоҳ дар кӯча аз рӯйи курта як ҷомаи пахтадор пӯшида, бо як қабат лозимӣ мебаромадам... Бемаҳсигӣ маро бисёр азоб медод ва поҳоям торс-торс кафида, замини сахти дандонакашӣ кардашуда барин мешуд. Дар рӯзҳои барфу борон, вақте ки ба кӯча ё ба рӯйи мадраса бароям, даруни кафшам пур аз барфу об мешуд ва аз кафидагиҳои поям, гӯё ки бо корд чок карда бошанд, хун шорида мерафт.

Ягона доруи ман дар кафидагиҳои по равғани шамъи ҷойдорӣ буд, шамъро даргиронида, бар рӯйи кафидагиҳо хам карда нигоҳ медоштам, равғани доғи шамъ аз канори оташи пилтааш ба рӯйи ҷароҳат чакра-чакра мечакид ва фавран озорро таскин медод».

Муҳтоҷӣ ва қашшоқӣ Садриддинро водор мекард, ки ба муллобачагони давлатманд ошпазӣ ва ҷомашӯйӣ намояд, хонаи онҳоро рӯбад, ба онҳо сабақ омӯзад. Баъзан ба хидмати бойе даромада, дафтардорӣ мекард ва баъзан дар мадраса фаррошӣ менамуд. Садриддин баъди ба охир расидани соли таҳсили 1890 – 1891 тобистон баҳри хабаргирии бозмондагон ва хешовандонаш ба деҳоти Маҳаллаи Боло ва Соктаре меравад. Бародари хурдиаш – Киромиддин дар зимистон вафот карда будааст, Сироҷиддинро бо худ гирифта ба Бухоро меорад.

Шиносоӣ бо аҳли адаб

Дар қисми дуюми «Ёддоштҳо» аввалин шиносоии Садриддин бо намояндагони фарҳангу адабиёти Бухоро – Аҳмади Дониш, Садри Зиё, Назруллои Лутфӣ, Бурҳони Муштоқӣ ёдрас шудааст. Махсусан, боби «Одами аҷиб» ҷолиби диққат аст. Ин боб бо тасвири муфассали симои Аҳмади Дониш оғоз меёбад: «Ин одам қомати баланде дошт, баландии қоматаш ба дараҷае ки ҷомаи банораси[74] подшоҳии дар тан доштааш баробари зонуяш буд ва ҳол он ки ин гуна ҷома дар тани одамони одӣ ба замин мерасад. Тани ин одам ба тарзе пурра буд, ки баландии қоматаш он қадар ҳис карда намешуд ва ба назар миёнақад менамуд. Гардани ин кас ҳам мувофиқи қадаш дароз ва муносиби баданаш пурра буд.

Аммо сари ин одам аз одат берун калон буд. Шояд бори он каллаи калон ба он гардани дароз вазнинӣ мекарда бошад, ки дар вақти роҳ рафтан гарданаш гоҳ ба ин тараф ва гоҳ ба он тараф хам мехӯрд...

Рӯйи ин шахс сабзина ва пурра буд ва, бо вуҷуди ин ки синни ин касро аз шаст боло тахмин кардан мумкин буд, ба рӯяш он қадар чинҳои ҳискардашаванда наменамуд. Риши ӯ миёна ва кулӯта (лӯнда) буда, торҳои сафедаш аз сиёҳаш бештар менамуд».

Дар аввалин шинохти Аҳмади Дониш Садриддин ба ихтилоф дучор мешавад. Садриддин мебинад, ки ин одами аҷибро калонҳои мадраса зоҳиран эҳтиром мекунанд, пеши ӯ аз ҷой хеста салом медиҳанд, вале дар ғайбаш ӯро худобехабар, гумроҳ, дағдағанок, кофир меноманд. Ва танҳо мушоҳидакорӣ ва муҳокимарониҳои мантиқӣ ба Садриддин ҳақиқати ҳолро мекушоянд. Маълум мешавад, ки Аҳмади Дониш олими бузург ва мунаҷҷими ҳақиқӣ будааст. Азбаски дурӯягӣ ва риёкории[75] куҳнапарастону мутаассибонро медонистааст, ба саломи онҳо ҷавоб намегардондааст.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Қисми аввали «Ёддоштҳо» чӣ ном дорад ва ба кадом давраи ҳаёти Садриддин бахшида шудааст?
  2. Дар бораи образи падари Садриддин – Сайидмуродхоҷа маълумот диҳед.
  3. Кадом хислатҳои Ҳабиба ба шумо маъқул шуд?
  4. Чаро қисми II «Ёддоштҳо» «Дар шаҳр» ном дорад?
  5. Дар ташаккули хислати Садриддин дар деҳот киҳо саҳм гузоштаанд?
  6. Дар солҳои аввали мадрасахонӣ шароити зиндагии Садриддин чӣ гуна буд?
  7. Садриддин дар солҳои аввали мадрасахонӣ ба кадом шахсиятҳои фарҳангӣ шинос шуд?
  8. Симои Аҳмади Дониш дар «Ёддоштҳо» чӣ гуна тасвир ёфтааст?

Реклама