Туғрал эътиқодманди анъанаҳои ғании шеъри классикии тоҷик, махсусан жанри ғазал мебошад. Шоир ғазалиёти Саъдӣ, Ҳофиз, Камол, Бедил, Нозим ва Шоҳин барин суханварони бузургро мавриди баҳрабардорӣ ва пайравӣ қарор додааст. Махсусан, тарзи ифода ва услуби нигориши Мирзо Абдулқодири Бедил ба Туғрал басо писанд афтодааст. Ӯ эътиқоду самимияти худро ба ин суханвари воломақом чунин баён намудааст:
Баланд аст аз фалак маъвои Бедил, Набошад ҳеҷ касро ҷойи Бедил. Намоям тӯтиёи дидаи хеш, Агар ёбам ғубори пойи Бедил. Надидам аз сухангӯёни олам, Касеро дар ҷаҳон ҳамтои Бедил... Ба рафъат бартар аз кӯҳ аст, Туғрал, Ҷаноби ҳазрати Мирзои Бедил.
Шоир дар васфи пири руҳонии худ ифодаҳои сода, вазни сабук (рукнҳои маъруфи баҳри ҳазаҷ: мафоӣлун/мафоӣлун/ фаӯлун), қофияи солим (калимаҳои ҷойӣ, пойӣ, савдойӣ, Мирзойӣ...) ва радифи мувофиқро (такрори калимаи Бедил) интихоб намудааст, аз санъатҳои бадеӣ чун муболиға, тавсиф, маҷоз ва ташбеҳ мӯшикофона истифода кардааст ва ба ин восита дараҷаи баланди муҳаббату садоқати шогирдонаашро самимона иброз доштааст.
Умуман, Нақибхони Туғрал ба мутафаккирони бузурги гузашта садоқату самимияти зиёд дошта ва дар «Қасидаи бузургон» ном асараш баҳри офаридани симои ҳақиқии қисмате аз суханварони адабиёти классикии тоҷик кӯшиш намудааст:
Унсурию Асҷадию Фаррухӣ:
Нағмаи ҳар се ҳама аз як садост. Хоҷа Ҷамол аст агар муддаӣ, Даъвии ӯ дур аз ин муддаост.
Ӯ кию бо Саъдӣ муқобил шудан? Бин, тафовут зи куҷо то куҷост! Нағмасаро Булҳасани Рӯдакӣ,
Гунбази чарх аз суханаш пурсадост...
Мавзуи марказии ғазал дар адабиёти классикии тоҷик ишқ аст. Туғрал ҳам ин мавзуъро асоси ашъори лирикии худ қарор додааст ва кулли масъалаҳои фалсафиву ахлоқӣ, фарҳангиву иҷтимоиро ба мавзуи ишқу муҳаббат вобаста кардааст. Бинобар ин, вожаи ишқ ва муродифҳои он дар ғазалиёти шоир бо тамоми тобишҳои маъноӣ ба ҷилва омадаанд. Туғрал, одатан, як мисраъро аз ашъори Бедил чун тазмин[16] интихоб намуда, дар партави он тасвиргарӣ ва суханварӣ мекунад. Аз ҷумла, «Ҳайф бошад ҷуз дили ошиқ ба дасти ёр гул» ном мисраи Бедил боиси эҷоди ғазали дилошӯбе гардидааст, ки матлааш ин аст:
Эй зи субҳи оразат шарманда дар гулзор гул, Пеши рухсорат бувад имрӯз ҷойи хор гул.
Дар ғазал аз аввал то охир чеҳраи маҳбуба васф мешавад ва ин тавсиф ба воситаи ташбеҳкунандаи гул сурат мегирад. Дар тасвири шоир гул бо ин ҳама рангу бӯй ва зебоиву раъноӣ назди орази маҳбуба дар хиҷолат аст, зеро аз он рӯзе, ки маҳбуба чеҳраашро намоён кардааст, бозори гул касод шудааст:
Кас намебинад кунун дар чорсӯйи эътибор Ҷуз ҳадиси[17] он гули рӯйи ту дар бозор гул. Гар зи миръоти[18] рухат аксе фитад ногаҳ дар об, Сарв ҷойи барг орад бар лаби ҷӯбор гул.
Дар ин ғазал калимаву таркибҳои ҳамнисбати ораз, гул, гулзор, баҳор, гулшан, гулистон, сарв, ҷамоли ёр, дили ошиқ хонандаро ба маърифати олами зебоӣ ҳидоят менамояд.
Дар ғазалҳои давраи аввал Туғрал ба тавсифҳои ҷилодор ва баёни рангоранги шоирони пешин таваҷҷуҳ мекунад. Дар баробари ин, истифодаи моҳиронаи воситаҳои тасвир аз равонии табъи шоир гувоҳӣ медиҳад. Дар васфи ҳусну ҷамоли маҳбуба санъатҳои тавсиф, муболиға, тафсир ва ташхис мусоидат намудаанд:
Яди байзо[19] агар аз остини худ бурун орад, Ҷаҳонро нур афзояд, шавад шаб дур аз кӯяш.
Чаман аз эътидоли қоматаш мегуфт бо наргис:
Саропо дида шав в-он гаҳ назар кун қадди дилҷӯяш! Асири як нигоҳаш гаштам, аз ишқаш чӣ мепурсӣ, Сукуни сабру тоқатро рабуда чашми ҷодуяш.
Тавсифҳои қадди дилҷӯ, чашми ҷоду, зулфи суманбӯ, тоқи абрӯ хонандаро водор мекунад, ки ба ҳусни худододи дилбар зиёда мутаваҷҷеҳ шавад. Махсусан, муболиға сафедию сеҳрнокии дасти маҳбубаро хеле ҷолиб ифода намудааст. Дасти ӯ агар аз остин бурун ояд, ҷаҳонро нур медиҳад. Чунин тасвирҳо ба хонанда завқ бахшида, ҳиссиёти зебопарастии ӯро афзун мегардонад.
Қаҳрамони лирикии ғазалҳои Туғрал худро подшоҳи ошиқон медонад ва чун симоҳои ҷовидонии адабиёт аз ишқ ёдгор гузоштанро орзу дорад. Дар ин ҳолат шоир аз санъати талмеҳ бамаврид истифода кардааст:
Шуҳраи офоқ шуд аз ишқи Ширин Кӯҳкан, Номи Маҷнун аст аз савдои Лайлӣ ёдгор.
Умуман, дар ашъори лирикии Туғрал таъбирҳои дарди ишқ, китоби ишқ, дардманди ишқ, дарси ишқ фаровон истифода шудаанд ва ҳар кадом дар баёни ақидаҳои шоир саҳм доранд. Дар ашъори ғиноии шоир дигар мавзуъҳо, аз ҷумла мавзуи шикоят аз муҳити носозгор низ мушоҳида мешавад. Замона, ба қавли шоир, сифлапарвар аст ва ба қадри аҳли донишу фарҳанг намерасад. Дар ин ҳолат Туғрал ба мавқеъ ва манзалати худ ишора карда, ба тафохури шоирона мепардозад:
Маро хонанд халлоқулмаонӣ[20], Набудам қабл аз ин, аммо кунунам... Агар бо фазл гаштӣ рутба ҳосил, Дар оғӯши қамар будӣ сукунам. Валекин чарх бошад сифлапарвар, Асири қайди ин гардуни дунам.
Лирикаи Туғрал моҳияти некбинона дорад. Шоир инсонро ба бедории шуур, адолат ва ҳақталошӣ водор мекунад ва андешаҳояшро бо далелҳои мантиқӣ тақвият медиҳад. Инсон бояд ба ҳама душвориҳои зиндагӣ омода бошад ва «киштии мақсуд»-ро бофаросат ба соҳил расонда тавонад:
Ҳеҷ мумкин нест дар гирдоби ин амвоҷи ғам Киштии мақсудро бе нохудо[21] рафтан дар об.
Шоир ба воситаи рамзу киноя (амвоҷи ғам киноя аз ноба- сомониҳои рӯзгор, нохудо киноя аз одамон, киштии мақсуд киноя аз марому мақсад) моҳияти зиндагии бошууронаро нишон медиҳад.
Умуман, забони ашъори Туғрал моломоли санъатҳои дилнишини бадеӣ, забони содаву равон, вазну қофияи солим ва оҳанги дилкашу гӯшнавоз мебошад ва гоҳо услуби баёни лирикаи шифоҳиро ба хотир меорад:
Аз рухат ойина то лаззати дидор гирифт В-аз нигоҳи дигарон ҷониби худ ор гирифт, Хоки раҳ аз қадамат рутбаи гулзор гирифт,
Аз ту гулҳои чаман зинати дастор гирифт,
Ман чӣ гуфтам, ки дили нозукат озор гирифт, Хотират аз мани бечора ба як бор гирифт?!
Дар ин порча низ маҳбуба васф мегардад. Зебоии рухи маҳбуба ба ойина лаззат мебахшад, ба дараҷае ки минбаъд аз нигоҳи дигарон ор мекунад. Ёр сар то по латофат аст, ба ҳадде ки хоки роҳ аз қадамаш ба гулзор табдил меёбад. Ифоданокии фикр ро байти тарҷеъ[22], ки дар шакли пурсиш истифода шудааст, боз ҳам меафзояд.
Устод Айнӣ гуфтааст: «Истеъдоди Туғрал бисёр комил ва хаёлаш мустаиди[23] болоравӣ буд». Дар ҳақиқат, шеърҳое, ки ба ҳунари шоирӣ ва услуби хоси эҷодии Туғрал ишора мекунанд, бисёранд. Як қатор порчаҳои шеърии шоир маънои баланди ҷамъбасткунанда доранд:
Ҳеҷ нахле нест андар боғи имкон бесамар,
Шуҳрати Рустам намояд зинда руҳи Сомро!
1. Дар байти зерини Нақибхони Туғрал кадом санъати бадеӣ истифода шудааст?
Шуҳраи офоқ шуд аз ишқи Ширин Кӯҳкан, Номи Маҷнун аст аз савдои Лайлӣ ёдгор.
А) Ташбеҳ;
Б) Такрор;
В) Тавсиф;
Г) Талмеҳ;
Ғ) Ташхис.
Реклама