ҲАЁТИ АДАБӢ

Баъди инқилоби Октябр ва ташкили Иттиҳоди Шуравӣ дар адабиёти тоҷик тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд омад. Пеш аз ҳама, ба адабиёти ин давра на чун навъи ҳунар, балки ҳамчун навъи мафкура муносибат карда шуд. Адабиёти бадеӣ дар замони шуравӣ бояд мувофиқи дастурҳои ҳизби коммунист, ки ба воқеаҳои зиндагӣ аз мавқеи синфӣ ва табақавӣ баҳо медод, амал мекард.

Созмонҳои адабии «Ҷамъияти шоирон» (1922), «Қалами сурх» (1924), Тоҷ АПП (ҷамъияти нависандагони пролетарии Тоҷикистон – 1931), Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (майи 1934) масъалаи иртиботи адабиётро ба инқилобу манфиатҳои синфӣ ҷиддан ба миён гузошта, баҳри ба воя расонидани адибони пролетарӣ чораҳо меандешиданд. Махсусан, Анҷумани якуми Иттифоқи нависандагони шуравӣ, ки моҳи сентябри соли 1934 дар шаҳри Маскав баргузор гардид, реализми сотсиалистиро чун методи асосии адабиёти даврони шуравӣ эълон карда, бо ҳамин роҳи ояндаи мафкуравии адибонро муайян намуд. Чунин муносибати синфигароӣ ба озодандешии анъанавии адибони тоҷик рахна ворид намуд.

Дар охири солҳои 20-уми садаи ХХ маркази қувваҳои адабии тоҷик асосан ба Душанбе кӯчид, вале насли калонсоли адибон, чун Садриддин Айнӣ, Аҳмадҷон Ҳамдӣ, Абдуррауфи Фитрат, Ҳабибуллоҳи Авҳадӣ, Абдулвоҳиди Мунзим, Аккоси Бухороӣ, Тамҳиди Самарқандӣ, Пайрав Сулаймонӣ, аксаран дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро зиндагӣ ва эҷод мекарданд.

Дар ибтидои солҳои сиюм ҳавзаҳои адабии Душанбе ва

Хуҷанд аз ҳисоби адибони ҷавон, чун Ҳаким Карим, Муҳаммадҷон

Раҳимӣ, Обид Исматӣ, Муҳиддин Аминзода, Ҷалол Икромӣ, Ғанӣ Абдулло, Мирзо Турсунзода, Сотим Улутзода, Алӣ Хуш, Мирсаид Миршакар, Баҳриддин Азизӣ, Боқӣ Раҳимзода, Абдусалом Деҳотӣ, Раҳим Ҷалил, Фотеҳ Ниёзӣ, Нодир Шанбезода, Ҳабиб Юсуфӣ, ки онҳоро "адибони насли комсомол" меномиданд, пурра гардид. Эҷодиёти онҳо бо ғамхорӣ ва ёриву дастгирии ду сутуни адабиёти давраи нави тоҷик – Айнӣ ва Лоҳутӣ ташаккул ёфт ва аз ҷиҳати мавзуъ ва мундариҷа фарогиртару васеътар гардид.

Мавзуъҳои асосии адабиёти даврони шуравӣ васфи инқилоби Октябр, озодии занон, накуҳиши дин ва намояндагони он, танқиди ҷомеаи гузашта ва мамлакатҳои сармоядор, васфи заҳмату фаъ олияти қаҳрамононаи заҳматкашон ва дӯстиву иттиҳоди меҳнаткашони тамоми дунё ба шумор мерафтанд. Дар ҳар лаҳзаи тақдирсози солҳои 30-юм ва 40-ум аҳли фарҳангу адаб ҳамвора ҳамдаму ҳамнафаси мардуми меҳнаткаш буданд. Эҷодкорон корномаи меҳнаткашони фидоиро дар иншооти Вахш, Канали калони Ҳисор, Канали калони Фарғона, Роҳи калони Помир васф карда, ба онҳо руҳи тоза мебахшиданд.

Дар адабиёти ин давра таълифи асарҳо дар се ҷинси адабӣ – назм, наср ва драма сурат гирифта бошад ҳам, дар аввал назм мавқеи калонтар дошт. Шоирон дар ифодаи мазмунҳои нав аз шаклҳои суннатии шеър, чун маснавӣ, қитъа, қасида, ғазал, рубоӣ, дубайтӣ, мусаммат, мустазод, истифода мекарданд. Масалан, мавзуи озодии занон дар «Таронаи духтари Помир» ном ғазали Деҳотӣ ин тавр садо медиҳад:

Нағмаи шодӣ баро аз сози ман,

Дар фазо ҷавлон кун, эй шаҳбози ман!

Булбули Помирам аз Боми Ҷаҳон,

Ғулғулафкан дар ҷаҳон овози ман!

Масканам боғи дилосои Ватан,

Неъмати халқам физояд нози ман.

Аз Бадахшонам, зи кони лаълҳост

Порае лаъли суханпардози ман...

Дар баробари ин, шоирон дар солҳои 30 аз шаклҳои нави шеърӣ, ки ба воситаи адабиёти рус омада, аз бандҳои чаҳормисраъгии гуногунқофия (аабб; абаб; абвб) иборат мебошанд, истифода карданд. Навпардозӣ ва қолабшиканӣ дар шеър аз назми давраи ҷадидия оғоз гардида, дар солҳои 30 дар осори Лоҳутӣ, Пайрав ва Юсуфӣ мавқеъ пайдо кард ва минбаъд дар эҷодиёти дигар шоирон густариш ёфт. Вобаста ба ин, дар адабиётшиносии тоҷик истилоҳҳои шеъри нав, баъдҳо шеъри озод, шеъри сафед, баллада,[47] сонет[48] роиҷ гардиданд. Таваҷҷуҳ намоед ба порчае аз «Ишқи духтари Черкас» ном шеъри Ҳабиб Юсуфӣ:

Рафт номеҳрубон,

Бирафт!

Афсӯс...

Рост,

Эй руста дар ҳавои тимол,

Ишқ,

Оташ – алам ба дил аз туст, Лек мазмун не барои шумо! Додаӣ дил –

Ба осмони чашм,

Бурда ҳуши ту –

Офтоби мӯй,

Тирамӯю сиёҳчашмӣ ту?..

Дар адабиёти даврони шуравии тоҷик бо таъсири дигаргуниҳои сиёсиву фарҳангии давр ва густариши равобити адабӣ насри бадеӣ низ шакли худро тағйир дод. Агар насри Фитрат чун намунаи насри марҳалаи ҷадидия асосан ифодагари мавқеъ ва назари иҷтимоии муаллифи он бошад, дар насри Айнӣ, аз қиссаи «Одина» сар карда, тақдири шахс мавқеъ пайдо мекунад ва зиддияти асар ба воситаи амалиёту муносибати образҳо ҳал мегардад. Агар насри Фитрат дар мақоми реализми ибтидоӣ қарор дошта бошад, дар насри Айнӣ ва нависандагоне чун Ҳаким Карим, Икромӣ, Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Фотеҳ Ниёзӣ, тасвири реалистӣ инкишоф ёфт.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавзуъҳои асосии адабиёти шуравӣ, аз ҷумла адабиёти тоҷик, ҳимояи Ватан ва мубориза ба муқобили фашизми Германия буд. Асарҳои адибони тоҷик, чун мисраъҳои зерини Боқӣ Раҳимзода, моломоли ғояҳои ватанхоҳона ва душманбадбинона буданд:

Кунун, ки меҳри ин Ватан

Ба ҷисми мо чу ҷон бувад.

Магар фашизми шумро,

Зи дасти мо амон бувад?

Адибони тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ, Сотим Улуғзода, Абдушукур Пирмуҳаммадзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Боқӣ Раҳимзода, Ҳаким Карим, Аширмат Назаров, Лутфулло Бузургзода дар майдони ҷанг бевосита ширкат доштанд ва Ҳаким Карим, Абдушукур Пирмуҳаммадзода, Ҳабиб Юсуфӣ ва Лутфулло Бузургзода дар ин ҷанг қаҳрамонона ҳалок гардиданд.

Дар ин давра шоири куҳансол Зуфархон Ҷавҳарӣ, ки шеърнависиро тарк карда буд, боз ба майдони адабиёт дохил шуд ва Розия Озод дар синни миёнсолӣ ба навиштани шеърҳои ватандӯстона шуруъ кард. Ҳамчунин, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шоирони ҷавон Аминҷон Шукӯҳӣ, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Муҳиддин Фарҳат шеърҳои аввалини худро ба хонандаи тоҷик пешкаш карданд.

Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар адабиёти тоҷик тағйироти назаррас ба амал омад. Қувваҳои нав ба нави адабӣ ба майдони адабиёт ворид гардида, ба инкишофи мундариҷавию шаклии адабиёт мусоидат карданд. Дар солҳои 40 - 50 баробари наслҳои пешин адибоне чун Ғаффор Мирзо, Ашӯр Сафар, Бобо Ҳоҷӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Пӯлод Толис, Муъмин Қаноат, Аъзам Сидқӣ, Файзулло Ансорӣ, Мавҷуда Ҳакимова ба эҷод шуруъ карданд.

Дар солҳои 60-80 насли дигари адибон, чун Ҷумъа Одина, Шодон Ҳаниф, Сорбон, Муҳиддин Хоҷаев, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Меҳмон Бахтӣ, Қутбӣ Киром, Ибод Файзулло, Ӯрун Кӯҳзод, Баҳром Фирӯз, Бозор Собир, Лоиқ, Гулназар, Ҳадиса, Гулрухсор, Алӣ Бобоҷон, Ғоиб Сафарзода, Саидҷон Ҳакимзода, Аскар Ҳаким, Султон Шоҳзода, Ҳақназар Ғоиб, Абдулҳамид Самад, Саидалӣ Маъмур, Саттор Турсун, Кароматуллоҳи Мирзо, Доро Наҷот, Алимуҳаммад Муродӣ, Зиё Абдулло, Ҳабибулло Файзулло, Ҳоҷӣ Мурод, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Абдурофеъ Рабиев, Ҷонибек Акобир, Раҳмат Назрӣ, Зулфия Атоӣ бо диди нав ба адабиёт ворид гардида, ба тасвири олами руҳӣ ва тақдиру мавқеи инсон дар ҷомеа пардохтанд.

Дар адабиёти шуравии тоҷик адабиёти бачагон чун соҳаи мустақили адабиёти бадеӣ ривоҷ ёфт ва наслҳои гуногуни адибон ба эҷоди асарҳои бачагона низ шуғл варзиданд. Мирсаид Миршакар, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Акобир Шарифӣ, Убайд Раҷаб, Наримон Бақозода чун адибони бачагон шинохта шудаанд.

Дар насри тоҷики баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ жанри фантастикаи илмӣ[49] мавқеъ пайдо кард. Қиссаву ҳикояҳои «Амри ишқ» (Миршакар), «Занбӯри айнакдор», «Аҷоиботи Нодар», «Бозгашт» (Абдумалик Баҳорӣ), «Дарахти пахтачормағз», «Баъди ҳазор сол», «Санги сарнавишт» (Адаш Истад) намунаи чунин асарҳо мебошанд.

Эҷодиёти шифоҳии халқ ва мероси бойи адабиёти классикӣ дар ташаккул ва такомули адабиёти шуравии тоҷик мусоидат намуданд. Дар назми шоирони халқ Сайдалӣ Вализода, Бобоюнус Худойдодзода, Ҳикмат Ризо, Юсуф Вафо ва дигарон таъсири достон, бадеҳа, рубоӣ, суруд барин жанрҳои осори шифоҳии халқи тоҷик басо равшан мушоҳида мешавад. Нависандагон ба сухани сардафтари адабиёти шуравии рус М.Горкий (1868–1936) – «Ибтидои санъати сухан фолклор аст», ки дар Анҷумани якуми нависандагони Иттиҳоди Шуравӣ гуфта буд, такя карда, аз мақолу зарбулмасал, суруду тарона, латифа ва сужети асарҳои фолклорӣ фаровон истифода мебурданд. Андешаҳои инсондӯстона ва ҳунари волои нигорандагии Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Сайидо, Аҳмади Дониш манбаи боэътимоди эҷодиёти адибони шуравии тоҷик ба ҳисоб мерафтанд.

Торафт қувват гирифтани робитаҳои адабӣ низ ба адабиёти шуравии тоҷик таъсири файзбор расонд. Солҳои 30 аз Иттиҳоди Шуравӣ ва берун аз он адибони бисёре, чун В. Шкловский, Б. Лапин, З. Хатсревин, В. Луговской, П. Лукнитский (рус), В. Мисик, Л. Первомайский (украин), К. Каладзе (гурҷӣ), Бруно Ясенский (лаҳистонӣ), Юлиус Фучик (чех) ба Тоҷикистон сафар карданд. Дар натиҷаи ин сафарҳо ба забонҳои гуногун, чун «Нисо», «Одам пӯсти худро дигар мекунад», «Данғара», «Ҳикояҳои Помир», чандин асари ҷолиб ба вуҷуд омаданд, ки дар баъзеи онҳо нависандагони тоҷик ҳаммуаллиф буданд. Ҳамчунин, адибони тоҷик ба воситаи тарҷумаи асарҳои нависандагони хориҷӣ доираи назар, ҷаҳонбинӣ ва маҳорати ниго рандагии худро такмил медоданд.

Нақду баррасии адабиёти шуравӣ аз «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926)-и устод Айнӣ оғоз меёбад ва дар солҳои минбаъда дар “Намунаҳои адабиёти тоҷик” (1940) ва асару мақолаҳои А. Лоҳутӣ, Н. Бектош, Т. Зеҳнӣ, С. Улуғзода, Ҳ. Юсуфӣ барин адибону адабиётшиносон густариш меёбад.

Дар солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар адабиётшиносӣ ва танқиди адабии тоҷик тағйироти сифатӣ ба амал омад. Дар маҷмуаҳои дастҷамъии «Адабиёти советии тоҷик» (1954), «Ҳаёт ва адабиёт» (1958), «Масъалаҳои адабиёти тоҷик» (1970), «Ҳаёт, адабиёт ва қаҳрамон» (1977), таҳқиқоти шашҷилдаи таърихи адабиёти тоҷик бисёр масъалаҳои таърихи адабиёт ва ҷараёни адабии давр мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирифтаанд. Асару мақолаҳои Шарифҷон Ҳусейнзода, Иосиф Брагинский, Холиқ Мирзозода, Носирҷон Маъсумӣ, Соҳиб Табаров, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Раҷаб Амонов, Воҳидҷон Асрорӣ, Юрий Бобоев, Расул Ҳодизода, Абдулқодир Маниёзов, Хуршеда Отахонова, Ҷонон Бобокалонова, Асадулло Сӯфизода, Худоӣ Шарифов, Раҳим Мусулмониён, Абдунабӣ Сатторзода, Аълохон Афсаҳзод, Масъуд Муллоҷонов ва дигарон ба масъалаҳои адабиётшиносӣ ва хусусияти мундариҷавӣ ва услубию бадеии осори адибон бахшида шудаанд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Дар солҳои 20-30 асри XX дар Тоҷикистон созмонҳои адабӣ амал мекарданд?
  2. Чаро дар солҳои 20-30 Душанбе маркази қувваҳои адабии тоҷик қарор гирифт?
  3. Аз ҳар насли адибони даврони шуравӣ чанд танро номбар кунед.
  4. Дар назми давраи шуравӣ чӣ тағйирот рӯй дод?
  5. Дар насри ин давра-чӣ?
  6. Кадом адибони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат варзиданд ва киҳо аз майдони ҷанг барнагаштанд ?
  7. Адабиётшиносон ва мунаққидони шинохтаро номбар кунед.

Реклама