Мавзӯи баҳс
Таваҷҷуҳи зиёд ба мавзуи худошиносию хештаншиносии шаҳрвандони тоҷик, бузургдошти фарзандони кабири халқ Меҳмон Бахтиро водор намуд, ки пас аз намоишномаи “Фирдавсӣ” асари дигари драмавӣ – “Шоҳ Исмоили Сомонӣ”-ро офарад. Намоишномаи «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» соли 1999 ба муносибати ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён навишта шудааст. Меҳмон Бахтӣ фаъолияти асосгузори аввалин давлати миллии тоҷикон – Исмоили Сомониро дар Мовароуннаҳру Хуросон тасвир намудааст. Намоишнома аз замони ба сари қудрат омадани шоҳ Исмоил оғоз меёбад. Сужети песа набарди шоҳ Исмоил бо бародараш Наср, ҳуҷумҳои пайдарҳами халифаҳои араб, Муҳаммади Башоро ва Амри Лайс ба зидди Бухоро ва ғалабаҳои Исмоили Сомонӣ, муносибати хонҳои бодиянишини турк ба шоҳи Бухоро, хиёнаткориҳои баъзе дарбориён ва кӯшишҳои шоҳ Исмоилро баҳри мустаҳкам намудани иқтидори мамлакат фаро мегирад.
Дар намоишнома воқеаҳо, асосан, дар қароргоҳи шоҳ Исмоил мегузаранд. Мазмуну муҳтавои асар дар ҷараёни гуфтугӯ, баҳсу мунозира ва амалиёти образҳои воқеию тахайюлӣ ошкор гардидаанд. Дар байни 18 персонаж (чун вазир Ҷайҳонӣ, девондор[247] Балъамӣ, сипаҳсолор Бозувон, Насри Сомонӣ, Муҳаммад Башоро, Амр ибни Лайс, Мансури Кешӣ, модар, Меҳрбону, Хотуной) таваҷҷуҳи хонанда ва тамошобинро бештар образи асосӣ–Исмоили Сомонӣ ба худ ҷалб менамояд. Ҳар як саҳна, намоиш ва муколама ягон тарафи хислату характери қаҳрамонро (чун қобилияти мамлакатдорӣ, донишу фаросат, дурандешӣ, адолатҷӯйию раиятпарварӣ ва ватанхоҳию саховатмандӣ) ни шон медиҳад.
Симои шоҳ Исмоил
Шоҳ Исмоил сабаби авҷ гирифтани шӯру ошӯбҳои халқро дар ниёзмандӣ ва нодорӣ медонад ва ҳатто андозеро, ки барои таъмири девори азими Бухоро аз аҳолӣ ситонида мешуд, қатъ намуда ва мегӯяд: «То ман зинда бошам, бораи[248] вилояти Бухоро ман бошам».
Донишмандӣ, заковат ва дурандешии шоҳ Исмоил ҳангоми набард бар муқобилонаш боз ҳам возеҳтар ошкор мегардад. Ӯ бо истифода аз усулҳои самараноки муҳориба ба ҳарифони пурзӯри худ ғолиб меояд. Вале ба асирафтодагон кина намегирад ва онҳоро водор менамояд, ки ба воқеият аз рӯйи ақлу фаросат баҳо диҳанд. Аз ин ҷиҳат, гуфтугӯйи шоҳ Исмоил ба ҳокими Хуросон – Амри Лайс ва сипаҳсолори ӯ – Муҳаммади Башоро, ки дубора ба мағлубият дучор шуда буданд, ҷолиби диққат аст.
Исмоили Сомонӣ: бигӯ, эй Башоро, мо туро ба ҷомаи дӯстӣ фиристодем, на бад-он андеша, ки бар рағми[249] ҷони мо бо ҷавшан ва зиреҳпӯш бозгардӣ.
Муҳаммади Башоро: шикасти пешин ман амри тасодуф донис таме, эй амир Исмоил! Хостам қувва биозмоям, ному насаб ва шуҳрати дубора бозгардонам. То абад ба бадномӣ маро ёд набаранд.
Исмоили Сомонӣ: дубора асирӣ бори бадномӣ бар сипаҳсолор наафзояд?
Муҳаммади Башоро: оре, бадномӣ гаронтар биафзояд... Валек равшан донистаме, ки шикасти аввал низ тасодуф набуда, аз амри воқеъ рух дода. Эзид таоло ин ҳақиқат бар дили ман биандохтӣ ва бори андӯҳ ва навмедӣ сабук гардондӣ. Имрӯз кишвар ва лашкари амир Исмоил тавоност.
Амри Лайс: чун ту подшоҳ надида, ки душманон ва асирони хеш ба ҳаммом биоварӣ ва сару тан озода гардонӣ...
Исмоили Сомонӣ: кирдори бад осон тавонистан. Бори накукорӣ мушкил тавон бурдан...
Образҳои дигари намоишнома низ табиию воқеӣ ва барҷаставу муассир ифода ёфтаанд. Аксари шахсоне, ки дар дарбор фаъолият доранд, аз ҷумла, вазири даргоҳ Ҷайҳонӣ, девондори ҷавон Абулфазли Балъамӣ ва сипаҳсолор Бозувон мардони хирадманд, ботамкин ва дурандешу доно мебошанд. Махсусан, саҳнаи муколама ва амалиёти Бозувон бо бонуи хидматгор Хотуной ҷолиб ба назар мерасад. Дар ин саҳна дар ниҳоди сипаҳсолор бархӯрди ду ҳиссиёти ба ҳам мухолиф – яке майлу хоҳиши ишқварзӣ ба Хотуной ва дигаре ҳисси эҳтирому садоқат ба шоҳ Исмоил мушоҳида мешавад.
Бозувон (сараш сахт такон хӯрда даст аз синаи ӯ мегирад): эй ҷодугар... Ин даст ба хиёнат биёлудӣ (ба панҷаи ангуштаридораш нигариста). Ин ангуштар аз чашмаи беолоиши меҳри шоҳам берун омадӣ ва бар панҷаи гунаҳпешаи ман дармондӣ. Оҳ, гуноҳ кардам ва басо хиёнати бузург (бо хашму ғазаб давр мезанад ва ханҷар аз наём мекашад).
Эй Яздон, ман ин хиёнат ва гуноҳ ба чӣ сурат пок гардонам. Илоҷи кор нахуст ин бошад... (панҷаи ангуштаридорашро якбора бурида аз даст ҷудо мекунад ва хуншор ба вай менигарад). Ин аст сазои ту, эй хиёнатпеша... Эй Яздон, аз ту бахшоиш хоҳам, омурзиш!
Дар байни образҳои манфӣ симои девондор Мансури Кешӣ ҷолиб аст. Ин шахс айёру хиёнатпеша мебошад ва барои амалӣ сохтани ниятҳои нопокаш аз ҳеҷ пастӣ рӯ намегардонад. Ӯ барои соҳиб шудан ба мансаби вазирӣ ба хиёнати давлатӣ даст мезанад ва ба хони кишвари Яғмо Уғруқхон нома навишта чунин пешниҳод мекунад: «Агар боисрор ва қатъӣ хони кабир Уғруқхон аз амир Исмоил вазири даргоҳ шудани маро хоста бошад, ин ғулом ҳам орзуҳои ӯ ба амал биёварад».
Образи занон
Дар пиесаи «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» образи занон мавқеи босазо дорад. Ҳам Хотуной, ҳам Меҳрбону ва ҳам модарбузург дар зоҳиру ботин фарди комил ва намунаи бонувони дарбор мебошанд. Хислатҳои нотакрору собитқадамонаи модарбузург ҳангоми муомила ба фарзандонаш – писарони Аҳмади Сомонӣ ва дигар дарбориён комилан намоён мешавад. Модарбузург вақте ки дар набард бо Амри Лайс шикаст хӯрдани шоҳ Исмоилро (ин хабари дурӯғ барои озмоиши аҳли дарбор буд) мешунавад, дар замири ӯ қувваи мағлубнопазире туғён мекунад: «Эй фарзанд, бигӯ, моро чӣ ҳоли забун ва бадахтарӣ пеш омада? (якбора намуди ҷиддӣ гирифта): На-а, фарзандони Аҳмад ибни Асади Сомонӣ намурдаанд. Руҳ ва неруи Сомонхудот бо мост. Шамшер аз наём баркашед ва аҳли Бухоро ба пой бардоред!»
Комёбии дигари Меҳмон Бахтӣ дар офаридани характерҳои Меҳрбону ва Хотуной мебошад. Меҳрбону духтари Яъқуби Лайс, аз аҳли Хуросон аст, ки чун нишони иззату икром ба хидмати шоҳ Исмоил фиристода шудааст. Хотуной туркзода буда, ӯ ҳам бо супориши падараш Уғруқхон ба хидмати Исмоил омадааст. Меҳрбону ботамкин аст, анъанаву одати хонадони Сомониёнро беҳтару хубтар медонад ва кӯшиш дорад, ки бо фурӯтаниву шикастанафсӣ ба муҳаббати шоҳ Исмоил ноил гардад. Пеш аз набард бо Амри Лайс миёни шоҳ Исмоил ва Меҳрбону чунин гуфтугӯ ба вуқуъ мепайвандад.
Исмоили Сомонӣ (ҷомро бардошта): ниёиши ту киро ҷавшан бар размгоҳ бошад?
Меҳрбону: ман ба ҳар ду оштӣ хоҳам, на разм, шоҳам!
Исмоили Сомонӣ (бо лабханди нобоварона): имрӯз (ҷомро нанӯшида пас мегардонад) ман бо бародари падари ту набард кунам. Рост бигӯ, эй духти хонадони саффорӣ, бар сар ин соат чӣ андеша парварӣ!
Меҳрбону (аз назди шоҳ дур рафта): чӣ чора кунам, бузургмодар. Маро духти Яъқуби Лайс гӯянд, на Амри Лайс. Маро душман ба хонадони боавранг мапиндор, шоҳам... (гиря ӯро гулӯгир мешавад).
Хотуной бошад, чолок ва дар роҳи иҷрои мақсад фаъол аст. Ӯ ба шоҳ Исмоил боҷасорат сухан мегӯяд ва беибо изҳори андеша мекунад.
Хотуной (бо нозу адо): ё амирам, маро духти хони шерчангол Уғруқхон гӯянд ва падар бар ман панд аз меҳр гуфта, ки бар ин ҷойгоҳи олӣ хидмат аз ҷон кунам. Ин гулоб нӯши равон бошад ва муждагонӣ аз пирӯзиҳои амирам бар Саффориён!
Исмоили Сомонӣ (гулобро гирифта): ту дилбарона ва меҳрҷӯёна гап мезанӣ. Бовар кунам ё на?
Хотуной лаълии ҷомҳоро бар фарш гузошта, бо суръат ва чолокии тамом ханҷар аз наёми Аҳмади Сомонӣ мегирад ва бар дили хеш рост мекунад.
Хотуной: эй беназирам, агар бӯйи бовар аз сухани ман нахезад, дили хеш пора кунам, то он мурод аз пирӯзиҳои амирам бошад.
Ба Исмоил нармгуфторӣ, малоҳат ва одоби шоистаи Меҳрбону хуш меояд ва шоҳ ин бонуи хуросониро ба занӣ мепазирад. Хотуной аз ин беилтифотии амир нисбат ба худ навмед намешавад ва бо тамоми вуҷуд ба сипаҳсолор Бозувон дил бас та, ӯро низ ба роҳи ишқи пок хидоят мекунад. Умуман, дар симои Меҳрбону ва Хотуной ду хислат ва ду роҳи талош барои бахт моҳирона тасвир гардидааст.
Намоишномаҳои таърихии Меҳмон Бахтӣ, аз ҷумла пиесаи «Шоҳ Исмоили Сомонӣ», аз ҷиҳати забону тарзи баён низ ҷолиб мебошанд. Забони ин асар ба руҳи замон ва муҳити дарбор созгор афтода, боиси инъикоси боз ҳам возеҳтари симои персонажҳо гардидааст. Махсусан, саҷъ ва тавсиф барин воситаҳои тасвири бадеӣ ба сухани персонажҳо руҳи баланди ифоданокӣ ато намудаанд. Масалан, ҷумлаи зерин сабаби дилбастагӣ ва таваҷҷуҳи Хотунойро ба мардуми зебопайкар ва хушахлоқи тоҷик самимона ва дилкаш ифода намудааст: «Орзу мепарваридам, ки шавҳар кунам ва аз ин мардум кунам, то ки фарзандони ман низ чеҳраи сафеди дилбар, чашмони калони афсунгар ва қомати болои зебо дош та бошанд».
Меҳмон Бахтӣ кӯшиш кардааст, ки хислатҳои фардии ширкаткунандагонро ҳар чӣ мукаммалтар инъикос намуда, ба рафтору кирдори ҳар як қаҳрамон вобаста ба замону макони давр баҳои воқеӣ диҳад.
Ҳамин тариқ, намоишномаи «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» бо сужети ҷолиб, ҷараёни мувофиқи амалиёти образҳо ва забони фасеҳу услуби гирои худ аҳамияти калони маърифатӣ ва таълимию тарбиявӣ касб карда, ба хонанда ва тамошобини имрӯз ғояи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро талқин менамояд.
1. Драмаҳои «Фирдавсӣ» ва «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» ба қалами кадом нависанда тааллуқ доранд?
А) Раҳим Ҷалил;
Б) Саттор Турсун:
В) Баҳманёр;
Г) Аброри Зоҳир;
Ғ) Меҳмон Бахтӣ.
2. Меҳрбону ва Хотуной образҳои кадом намоишномаи Меҳмон Бахтӣ мебошанд?
А) «Бародарон»;
Б) «Лаҳзаи ҷовид»;
В) «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ»;
Г) «Фирдавсӣ»;
Ғ) «Шоҳ Исмоили Сомонӣ».
Реклама