ҚИССАИ «САНГ ДАР БАҒАЛ БА ТУФОН»

Қиссаи Саттор Турсун «Санг дар бағал ба туфон» ба масъалаи муҳимми зиндагӣ бахшида шудааст. Нависанда ба воситаи тасвирҳои муътамад ва ҷолиби бадеӣ заминаҳои воқеии зиддият, кинагирӣ ва анҷоми фоҷиабори онро табиӣ ва боварибахш ба қалам додааст.

Мундариҷаи асар

Қиссаи «Санг дар бағал ба туфон» ба айёми Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва солҳои аввали баъдиҷангӣ иртибот дорад. Хатти сужети асар аз тасвири туфони сахти тундбод дар фасли зимистон оғоз меёбад. Манзараи тундбоди шадид аз пешомади ногувор дарак медиҳад.

Дар ҳамин вазъияти басо таҳлуканоки зимистон Рашод ном даҳмардаи бистуҳаштсола рамаи колхозиро бонӣ мекунад. Ӯ дар доманаи кӯҳи Фарҳод тани танҳо мебошад. Ҳамроҳаш Собир чанд рӯз пеш ба деҳа рафта буд. Рашод дар ҳолати бади руҳӣ қарор дорад ва худро дар зиндагӣ сиёҳбахту таҳқирдида медонад. Ӯ дар ин шаби дарозу сарди зимистон барои он ки ғами зиндагиро фаромӯш кунад, ба арақ рӯ меорад, вале таъсири арақ боиси аз нав тоза гардидани хотираҳои номатлуб мегардад.

Рашод ба ёд меорад, ки айёми кӯдакӣ бо Насрин ном духтари ҳамсоя дӯстӣ дошт. Дар замони ҷанг ӯ ҳамроҳи падар ба чӯпонӣ пардохт ва баъди марги падар нуҳ сол ин касби душворро идома медиҳад. Махсусан, ба ёд овардани аҳдшикании падару модари Насрин, ки гаҳворабахши ӯро ба Раҳими Акбар ном сарватманд ба занӣ дода буданд, барояш хеле вазнин буд. Боз Раҳими Акбар мудири фермаи колхоз буда, хӯҷаини ӯ ба шумор меравад...

Рашодро дар вазъияти нобоби руҳӣ хоб мебарад. Саҳар аз хоб дер мехезад. Мебинад, ки шаб саги бақуввату бағайраташро гургҳо кушта, ду меши хароб аз сардӣ мурдаанд. Рашод бо табъи гирифта то пешин ба нигоҳубини гӯсфандон ва сагҳои дигари рама андармон мешавад. Ногоҳ дар рӯ ба рӯяш Раҳими Акбарро, ки барои хабардорӣ аз аҳволи рама омада буд, мебинад. Рашоди кинахоҳ, ки аз шаб боз дар симои Раҳими Акбар душмани ҷониашро медид, ба ӯ дастбагиребон мешавад ва хӯҷаинашро кушта, худ низ кушта мешавад. Ҳамин тариқ, воқеаи асар як рӯз давом карда, он бо фоҷиаи образҳои асосӣ ба поён мерасад.

Образҳои асар

Дар қиссаи «Санг дар бағал ба туфон», асо сан, образҳои Рашод, Раҳими Акбар ва Насрин мушоҳида мешаванд. Рашод чун қаҳрамони асосӣ дар ҳалли зиддиятҳои асар мавқеи сазовор дорад. Рашод ҷавони боғайрату ватандӯст ва ҳалолкор аст, аз понздаҳсолагӣ рамаи колхозро бонӣ мекунад ва манфиати ҷомеаро аз манфиати шахсӣ боло мегузорад. Ӯ орзу дошт, ки дар ягон шаҳри калон хонда муаллим шавад. Вале дар замони ҷанг чӯпон буданро ба ҷомеа заруртар донист.

Аз андешаҳои Рашод маълум мешавад, ки ӯ иззати нафс дорад, ба анъанаҳои ниёгон эътиқодманд аст ва ростию росткориро мепарастад. Вақте ки Раҳими Акбар аз ҷанг баргашта, гаҳворабахши ӯ – Насринро ба занӣ гирифт, ин ҳодиса барои ӯ зарбаи сахти зиндагӣ шуд. Аввалан, дилаш аз падару модари Насрин монд. Дувум, аз Насрин озурдахотир шуд. Аз ҳамон Насрине, ки бо тамоми ҳастӣ дӯст медошт ва ҳангоми дидори ҷамоли ӯ «на танҳо дилаш, овозаш, балки дасту пойҳояш низ меларзиданд». Маълум мешавад, ки муҳаббати Насрин рӯякӣ ва риёкорона будааст.

Махсусан, дидаву дониста анъана ва расму русуми бобоёнро пушти по задани Раҳими Акбар «бечора Рашодро яксони замин» кард. Рашод амали Раҳими Акбарро ба амали гург монанд мекунад. Нависанда ҷараёни тағйироти сифатии образи Рашодро нишон додааст. Рашод аввалҳо нисбат ба Раҳими Акбар танҳо дар дил кина мепарварид. Суханҳои пасту баланди ӯро бо хомӯшӣ паси сар мекард. Вале як рӯз, дар вақти тӯлгирӣ[227] ӯ тавонист, ки «ба чашмони Раҳими Акбар чун теғ рост нигариста, ба миёни гапаш лагад занад».

Вале он гуфтугӯ ором сурат гирифта буд. Баробари эҳсоси қадру қимати инсонӣ суханҳои Рашод қувват мегиранд ва ба дараҷае таъсирнок садо медиҳанд, ки Раҳими Акбар дар ҷавоб оҷиз мемонад:

— Ту чӣ, гушнаӣ?

— Бигузор гушна бошам, лекин дар имону инсоф аз ту беҳтарам.

— Ту чӣ мехоҳӣ, ман намефаҳмам,– китф дарҳам кашид Раҳими Акбар.–Айбу шармро надониста, ба рӯйи одами аз худат калон чӣ хел медавӣ?

— Туф кардам ман ба ту барин калон,–таёқашро маҳкам фишурда, гуфт ба як нафас Рашод.

Аз ин муколама маълум мешавад, ки Рашод ба душмани худ дигар муросо карда наметавонад ва ҳисси кинаву адоват боло гирифта, ба дараҷаи интиқом расидааст.

Рашод қурбонии беадолатӣ ва беинсофиҳои давраи худ буд. Оташи кинаву кудурат саропойи вуҷуди ӯро сӯзонда ва зиндагияш моҳияти худро гум карда буд. Рашод дар набард душманаш– Раҳими Акбарро бо корд аз пушташ зада кушт. Вале бо ин корро тамомшуда намедонист: «Ҳар чӣ зудтар ба деҳа рафта, нуҳсола дарду аламашро, тану ҷони пур аз ранҷашро, ниҳоят ишқи саргардонашро дар ҳамон манзили орзуҳои бачагӣ мегӯронад. Якҷоя бо Насрин мегӯронад».

Рашод ба қарори мушкил омада буд. Вале мушкили ӯро аспи Раҳими Акбар, ки то ҳол дар назди мурдаи соҳибаш истода буд, осон намуд. Асп зоҳиран ором буд, аммо «нигоҳи чашмони амиқаш ханҷарвор тез ва гӯшҳои хурд-хурдаш сих буданд». Рашод телпаки Раҳими Акбарро дар сар карда, камони ӯро дар китф ва қамчинашро дар даст гирифт ва акнун ба лаҷом даст бурданӣ буд, ки асп аз мағзи ҷигар сахт шиҳа кашида ба вай ҷуфтлагад андохт ва Рашод аз ин зарбаи ҷонкоҳ ба зиндагии пурмоҷарои худ падруд гуфт.

Образи Раҳими Акбар низ ҷолиб ва қобили мулоҳиза аст. Моҳияти ин образ, асосан, аз нигоҳи Рашод кушода мешавад. Рашод ба Раҳими Акбар душманӣ дорад, бинобар ин, табиист, ки танҳо хислатҳои бади рақибашро пеши назар меорад.

Раҳими Акбар дар қисса танҳо ду маротиба ба назари хонанда намоён мешавад. Бори аввал ҳангоми тӯлгирии гӯсфандон дар аввалҳои баҳор ва бори дувум дар зимистони шадид. Дар ҳар ду маврид ҳам Раҳими Акбар бо Рашод мунозира мекунад. Мунозираи дувум ба ҷанги танбатан оварда, боиси ҳалокати Раҳими Акбар мегардад. Хислатҳои бад ва амалҳои номатлуби ӯро Рашод ҳангоми афтонда мушткорӣ карданаш чунин мешуморад: «Инаш барои он ки чӣ будани раҳму шафқатро намедонӣ! Инаш барои он ки дар лаб ханда дошта бошӣ ҳам, дилат ба мисли ангишт сип-сиёҳ! Инаш барои он ки ҳаргиз мусулмон нестӣ, аз Худо бехабарӣ! Инаш барои он ки бо вуҷуди давлатманд будан дуздӣ мекунӣ, як гӯсфанди колхозро дута шудан намемонӣ! Инаш барои он ки мани камбағалро аз сони одам баровардӣ, пулу молатро пеш андохта ба фиребу найранг гаҳворабахши маро ба занӣ гирифтӣ! Инаш барои он ки дидаву дониста, расму оини падару бобоёнамонро зери по кардӣ».

Бо вуҷуди ин, образи Раҳими Акбар тамоман манфӣ ба назар намерасад. Ӯ иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад ва бо Насрину се фарзандаш оилаи хуб барпо намудааст. Бекинагӣ ва рафтори мардонаи Раҳими Акбар, махсусан, ҳангоми набард бо Рашод бармало маълум мешавад. Ӯ бо пофишориҳои Рашод маҷбур шуд, ки ба ҷанги тан ба тан бархезад ва ҳангоми набард тавонист, ки рақиби кинахоҳашро мағлуб созад. Ва ин муқоиса ҳам ҷолиб аст: Рашод вақте ки мағлуб мешавад, афсӯс мехӯрад, ки камонашро ҳамроҳ нагирифтааст, вале Раҳими Акбар корду камон дошта бошад ҳам, онҳоро ба ёд намеорад.

Дар ҳар сурат, ба анъана ва урфу одати ниёгон эътибор надода, гаҳворабахш ва дӯстдоштаи Рашодро ба занӣ гирифтани Раҳими Акбар хатои зиште буд, ки оқибат ба ҳалокати ӯ боис гардид. Раҳими Акбар намунаи одамони пулдор ва худхоҳу худбовар мебошад, ки ба суннатҳои миллӣ ва қонунияти табиии зиндагӣ муносибати саҳлангорона доранд.

Дар қиссаи «Санг дар бағал ба туфон» тасвирҳои гуногуни бадеӣ, аз ҷумла тасвирҳои рамзӣ, андешаҳои ботинӣ ва психологӣ, якдигарро такмил додаанд. Ширкати ҳайвонот, манзараҳои табиат, лаҳзаҳои хоббинӣ ҳолатҳои руҳии образҳоро мукаммалтар намуда, ба мундариҷаи асар таъсири мусбат расондаанд. Ин асар саҳифаи тозае дар насри давраи нави тоҷик мебошад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Оид ба мундариҷаи асар маълумот диҳед.
  2. Образҳои асосии асарро номбар кунед.
  3. Дар бораи образи Рашод маълумот диҳед.
  4. Чаро Рашод ба Раҳими Акбар кина мепарварид?
  5. Оё образи Раҳими Акбар тамоман манфӣ аст?
  6. Дар ин асар кадом навъи тасвирҳо мушоҳида мешавад?

7.

САВОЛИ ТЕСТӢ

1. Рашод, Раҳими Акбар образҳои кадом асари Саттор Турсун мебошад?

А) «Санг дар бағал ба туфон»;

Б) «Камони Рустам»;

В) «Барф ҳам мегузарад»;

Г) «Аз субҳ то шом»;

Ғ) «Девор».

Реклама