ҲАБИБ ЮСУФӢ

(1916-1945)

Ман на танҳо дил, тану ҷон ҳам фидоят мекунам,

То шавам чун қаҳрамонҳои ту ман ҳам қаҳрамон.

(Ҳ. Юсуфӣ)

Роҳи ҳаёт

Ҳабиб Юсуфӣ дар адабиёти тоҷик чун шоири навовар ва ҷанговар маълуму машҳур аст ва зиндагии кӯтоҳ насибаш гашта, ҳамагӣ 29 сол умр дидааст. Адабиётшинос ва мутарҷими варзида Раҳим Ҳошим аз хулқу атвор ва масъулиятшиносиву донишмандии ҳамсоя ва рафиқи даврони бачагиаш Ҳ. Юсуфӣ самимона ва бомуҳаббат ёдовар мешавад: “Бисёр ҷиҳатҳои истеъдоди навшукуфтаи ин ҷавони ҳалим, хушрафтор, пурдон ва ҳушманд, бо тамоми маънои мусбати шарқиаш боодоб ва эҳтиромкорро ҳанӯз пурра дарк накарда, аз вай ҷудо шудам.” Чунин хислатҳои ҳамидаи шоири оянда, пеш аз ҳама, дар оила ташаккул ёфтааст. Шоир соли 1916 дар гузари Боғимайдони шаҳри Самарқанд дар оилаи шахси бомаърифат ва донишманд – ҳоҷӣ Юсуф ба дунё омадааст. Модараш ҳам зани босаводи мактабхон будааст. Ҳабиб солҳои 1925–1935 аввал дар мактаби миёна ва баъд дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Самарқанд таҳсил мекунад. Соли 1940 Донишгоҳи давлатии Самарқандро бо баҳои аъло хатм мекунад ва ба Сталинобод ба шуъбаи тоҷикистонии Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ ба кор меояд. Баробари оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ шоир тамоми фаъолияташро ба ҳимояи Ватан равона кард ва дар рӯзи аввали ҷанг «Аз ҳавою обу замин» ном шеър навишта ватандоронро бар зидди душман даъват намуд:

Ватан гирифта саросар намуди ҷанговар,

Биёр, шоири тоҷик, суруди ҷанговар.

Ҳабиб Юсуфӣ моҳи марти соли 1942 ихтиёрӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ дохил гардид ва дар Пенза Омӯзишгоҳи ҳарбиро хатм карда, бо рутбаи лейтенантӣ командири батареяи миномётҳо таъ йин шуд. Шоири ҷанговар дар муҳофизати шаҳри Ленинград, озод кардани Соҳили Балтик ва Лаҳистон[117] иштирок дошт ва барои шуҷоату мардонагӣ ба ордени Ситораи Сурх ва медали «Барои мудофиаи Ленинград» мукофотонида шуд.

Шоир дар майдони ҷанг ҳам шеър менавиштааст ва нақшаҳои эҷодии бисёр доштааст. Мутаассифона, ба Ватан баргаштан ба Ҳабиб Юсуфӣ муяссар нагардид ва ӯ 22 феврали соли 1945, ҳамагӣ чанд моҳ пеш аз анҷоми ҷанг, ҳангоми озод намудани деҳаи Вешкуви назди Варшава ба ҳалокат расид.

Осори шоир

Шеърҳои навмашқонаи Ҳабиб Юсуфӣ аз синни 17-солагӣ ба майдон омада, нахустин намунаҳои эҷодиёташ соли 1936 ба табъ расидаанд. «Таронаи Ватан» (1939) ягона маҷмуаест, ки ҳангоми дар қайди ҳаёт будани шоир ба табъ расидааст. Баъдҳо, «Маҷмуаи шеърҳо» (1949, 1962), «Роҳи нотамом» (1973) ва «Сатрҳои нотамом» (1987) ном маҷмуаи шоир дар ду китоб чоп шудаанд. Маҷмуаи «Сатрҳои нотамом» 85 шеъри гуногунжанр, 77 рубоӣ, ду достон[118] ва як қатор тарҷумаҳои Ҳ. Юсуфиро гирд овардааст.

Шеърҳои Ҳабиб Юсуфӣ ҳанӯз пурра ҷамъоварӣ нашудаанд. Махсусан, осори дар майдони ҷанг навиштаи шоир то ҳол маълум нест. Охирин шеъре, ки то ҳол ба дасти мо расидааст, «Лаҳзаи хурсандии ман» ном дорад ва соли 1943 ҳангоми мудофиаи Ленинград эҷод гардидааст. Дар ин шеър, ки аз 16 банди чаҳормисраӣ иборат аст, орзую умеди шоир ифода ёфтааст:

Ман ҳам аз ҷон азиз медорам

Офтобу баҳору бодаю ёр,

Бешазору ҳавои хушфорам,

Шеъри ҷанговару садои тор!

Бузург аст орзу, умеди ман,

Гирам аз душманон қасоси мулк.

Пас зи ҷанговари замонашумул

Бинависам ба тоҷикӣ роман.

Ҳабиб Юсуфӣ мақолаҳои зиёди илмӣ низ навиштааст. Мақолаҳои «Пушкин ва Байрон» (1937), «Подшоҳи идрок ва озодӣ» (1939), «Боз якчанд калима дар бораи поэзияи имрӯзаи мо» (1940), «Барои поэзияи муносиби давр» (1940), «Баҳр дар пиёла» (1940), «Шеърҳои зиддифашистии Лоҳутӣ» (1941), «Шоири гениалии рус» (1941) ба масъалаҳои гуногуни адабиётшиносӣ ва нақди адабии давр бахшида шудаанд.

Як қисмати муҳимми эҷодиёти Ҳабиб Юсуфиро тарҷумаи бадеӣ ташкил медиҳад. Фаъолияти тарҷумонии адиб баробари фаъолияти шоирияш ҳангоми донишҷӯйӣ оғоз гардида буд ва ӯ бори аввал «Бандии Кавказ» ном достони шоири бузурги рус А. С. Пушкинро тарҷума кардааст. Шоир ҳамчунин ба тарҷумаи осори М. Ю. Лермонтов, Н. А. Некрасов, А. И. Крилов, Т. Г. Шевченко, В. В. Маяковский, Демян Бедний шуғл варзида, сатҳи тарҷумаи бадеиро дар адабиёти тоҷик баланд бардоштааст.

Тарҷумаҳои Ҳабиб Юсуфӣ нисбат ба ашъори шоир аз ҷиҳати ҳаҷм ду-се баробар зиёд мебошанд. Матни асарҳои тарҷумашуда ба нусхаи асл мувофиқати комил дорад. Дар айни ҳол ҳангоми тарҷума хусусияти назми тоҷик ҷиддан ба эътибор гирифта мешавад. Ба порчаи «Аллаи зани казак» ном шеъри Лермонтов ҳам дар асл ва ҳам дар тарҷума таваҷҷуҳ намоед. Асл:

Спи, младенец мой прекрасный,

Баюшки – баю,

Тихо смотрит месяц ясный

В колыбель твою.

Стану сказывать я сказки,

Песенку пою,

Ты ж дремли, закрывши глазки,

Баюшки – баю...

Тарҷума:

Алла кун, эй бачаи зебоякам,

Алла гӯям, аллаё.

Моҳаки тобон нигарад нарм-нарм

Сӯйи ту гаҳвора-ба.

Гуфта диҳам қиссаи зебову хуш,

Лек ту роҳат куну чашмон бипӯш,

Алла гӯям, аллаё...

Ҳабиб Юсуфӣ аз тарҷумаи ҳарф ба ҳарф ё калима ба калима парҳез кардааст. Ӯ калима ва таркибҳое ёфтааст, ки дар ифодаи маъно ва хусусияти услубии матни асл саҳми муносиб доранд. Ифодаҳои русии «стану сказыватъ» ва «в колыбелъ твою» чун таркибҳои «гуфта диҳам» ва «сӯйи ту гаҳвора-ба» тарҷума шудаанд. Ин таркибҳо ба забони гуфтугӯйии тоҷикӣ наздик буда, руҳи халқии асарро нигоҳ доштаанд. Ғайр аз ин, мутарҷим барои тарҷумаи шеъри мазкур баҳри рамалро (рукни аслиаш фоилотун: –V – –) интихоб кардааст, ки ба вазни хореи русӣ[119] (вазни «Аллаи зани казак») наздик аст.

Ҳамин тариқ, Ҳабиб Юсуфӣ умри зиёд надид, вале аз худ мероси гаронбаҳои адабӣ, тарҷумавӣ ва илмӣ ба ёдгор гузошт, ки ба воситаи он зиндаву ҷовид гардид.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Ҳабиб Юсуфӣ кай ва дар куҷо ба дунё омадааст?
  2. Шоир кай ба майдони ҷанг рафт ва ба кадом рутбаи ҳарбӣ соҳиб шуд?
  3. Ӯ дар дил чӣ орзу дошт ва чаро орзуҳояш амалӣ нашудаанд?
  4. Маҷмуаҳои Ҳабиб Юсуфиро номбар кунед.
  5. Дар бораи охирин шеъри ба мо расидаи Ҳабиб Юсуфӣ чӣ медонед?
  6. Оё Ҳабиб Юсуфӣ мақолаҳои илмӣ низ дорад?
  7. Дар бораи мавқеи тарҷума дар эҷодиёти Ҳабиб Юсуфӣ маълумот диҳед.

Реклама