Мундариҷаи асар
Дар байни осори бадеии Кароматуллоҳи Мирзо романи «Дар орзуи падар» мақоми босазо дорад. Ин асар аввал чун қисса эҷод гардида, баъди таҳриру такмил то ба шакли романи сегона мерасад. Мавзуи асар зиндагии иҷтимоӣ, расму русум ва анъанаҳои хоси мардуми тоҷик ва масъалаҳои асосии он моҷарои хонадорӣ ва тақдири фарзанд дар хонадон мебошад. Нависанда дар ин асар воқеаҳои 20-25 соли охири садаи ХХ-ро ба риштаи тасвир кашидааст.
Сужети роман аз шиносшавии Нозимии рӯзноманигор ва нависанда дар мактаби деҳа ба толибаи синфи болоӣ – Мушарраф оғоз меёбад. Мушарраф, ки мақолаҳои пурмуҳтаво ва ҷолиби Нозимиро дар рӯзномаҳо ҳамвора мутолиа мекард, аз вохурии аввал ба ӯ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд: «Назари Мушарраф аз Нозимӣ, ки мӯйсари андаке расидааш болои гиребони кастюмаш хамида буд, канда набуд… Чанд чашми дигар пайдо карда, ба вай нигоҳ кардан мехост, аз тамошои ӯ гӯё серӣ надошт».
Ин духтари зебои деҳотӣ, ҳанӯз бехабар аз гармиву сардӣ ва пастиву баландии зиндагӣ, дар як дидан ба доми ишқи Нозимии зебову хушсухан гирифтор гардида, баъди хатми мактаб ба ӯ хонадор мешавад.
Симои Нозимӣ дар аввали роман хеле фаъол ба мушоҳида мерасад. Пешаи ӯ аслан омӯзгорист, вале баъди гузаштан ба кори рӯзноманигорӣ мақому манзалат ва обрӯю нуфузи вай дучанд меафзояд, ба дараҷае ки сармуҳаррири рӯзнома – Мавлонзода, нависанда – Қутосӣ, муаллими фанни адабиёти мактаб – Содиқӣ ҳамвора ӯро ситоиш мекунанд.
Рафти минбаъдаи сужети асар торафт мураккаб мешавад. Аз як тараф, таърифу тавсифи аз ҳад зиёд ва, аз тарафи дигар, нотавонбинӣ ва хусумати Шафеӣ барин ҳамкорони собиқадори ҳилагару маккор ин ҷавони бетаҷрибаро, ки акнун оила бунёд карда, соҳиби ду фарзанди дӯстрӯ – Меҳрубон ва Мижгон гардида буд, аз роҳи рост ва дурусти зиндагӣ бароварда, ба гирдоби фалокат ҳавола мекунад. Нозимии камандеша худро «алломаи даврон ва ягонаи замон» пиндошта, бо ғурур ба майнӯшӣ ва яйшу ишрат мепардозад, ба Шаҳноза ном духтари танноз ишқварзӣ карда, хонадомод мешавад ва ин ҳавову ҳаваси ноҷо боиси бадбахтиҳои ӯ ва аҳли оилааш мегардад.
Минбаъд дар асар ду хатти сужет давом мекунад: аз як тараф, аз вазифа ва хонаву дар маҳрум гардидану оворагардӣ кардани Нозимӣ ва, аз тарафи дигар, моҷарои зиндагии Мушарраф ва фарзандонаш баъди аз Нозимӣ ҷудо шуда ба хонаи падар баргаштан ва ба дигар кас ба шавҳар баромадан. Чизе, ки ин ду хатти сужети романро ба ҳам пайванд медиҳад, муҳаббату садоқати фарзандӣ ва фаъолияти ҷоннисоронаи Меҳрубон ба падари ноқобилу майзадааш Нозимӣ мебошад, ки ба маъниву моҳияти аслии асар ишора дорад.
Образҳои роман
Дар асар як зумра симоҳои мусбат чун Мушарраф, писари ӯ Меҳрубон, Шафақ Шариф, Муҳаммадӣ паҳлавон, Мавлонзода, Содиқӣ, модари Мушарраф, симоҳои манфӣ чун Нозимӣ, Шафеӣ, Абдушукур, Шаҳноза, Шоҳназар, Александр ва симоҳои мураккаб мисли эшони Неъматуллохон ва Саидҷаъфар амал мекунанд. Ин образҳо бо рафтору гаштор, муносибату муомила ва диду андешаҳои худ дар ифодаи мазмуни ғоявӣ, муҳтаво ва ҷанбаи ахлоқиву иҷтимоии асар саҳми муносиб доранд.
Қаҳрамони марказии «Дар орзуи падар» Меҳрубон хеле муассир ва хотирмон тасвир ёфтааст. Меҳрубон ҳанӯз аз оғози роман ба падараш – Нозимӣ меҳр баста, зиндагии худро бе ӯ тасаввур карда наметавонад. Писарак бо тамоми ҳастӣ баҳри аз вартаи ҳалокат раҳондани падар талош меварзад ва, ҳангоме ки ҳама хешу табор аз Нозимӣ рӯ мегардонанд, ӯ падарро ҳамроҳӣ ва дастгирӣ мекунад. Вақте ки падар ӯро барои 200 сӯм қарз пурсидан ба хонаи Карими магазинчӣ фиристодан мехоҳад, Меҳрубон хоҳиши падарро рад карда наметавонад: «Вай тасаввур карда наметавонист, ки дари ҳавлии амаки Каримро мекушояд, «пул пурсида омадам» мегӯяд. Вале гапи падарро ҳам гардондан мушкил, зориву илтиҷо дорад. Ҳатто мегирист ӯ. Ба сари Меҳрубон рӯзи сахте омада. Падар фарзандашро ба дами марг тела диҳад ҳам, вай бояд рӯ натобад. Ҳа, ҳамин тавр. Вагарна барои чӣ писарро номбардори падар гӯянд?»
Нависанда сабабҳои воқеии муносибати самимонаи падару писарро ба тасвир гирифта, ба анъанаи неки ниёгон иртибот доштани ин вобастагӣ ва пайвастагиро таъкид мекунад. Нозимиро шуҳратталабӣ, булҳавасӣ, ғурури ноҷо, камандеша будан ва қобилияти ба ҷомеа муносибат карда натавонистан аз зиндагии осудаҳолона ва самимона ба ҳолати пасттарини мавҷудият расонда буд. Тамоми фаъолияти минбаъдаи ӯ аз доираи одобу ахлоқи инсонӣ берун аст. Бо вуҷуди ин, ӯ мавриди раҳму шафқат ва дилсӯзии хонанда қарор мегирад, зеро дар тарбияи фарзандонаш Меҳрубону Мижгон саҳми муносиб гузоштааст ва ба онҳо, махсусан ба Меҳрубон, чун вориси худ, аз ҷону дил муҳаббат мепарварад. Муносибати самимонаи Нозимӣ ба Меҳрубон дар тамоми хатти сужети асар мушоҳида гардида, дар охир чунин хулоса мешавад: «– Ту, бачам, гӯш кун. Гӯш кун, ки ман чӣ мегӯям. Очата суроғ кун. Вай Муҳаммадӣ паҳлавон гуфт, ки боз рӯзаш сиёҳ шудааст, рӯз надид. Рав, саробони очаат шав, рав, Мижгонро ёб, шавҳар кардааст, вайро таги бол кун. Вай духтаракам, ман вайро дӯст медорам. Ту, бачам, додоятро фаромӯш накун, аз хотир набарор, – падар канда-канда, базӯр-базӯр ҳарф мезад, васият мекард».
Мушарраф низ чун образи асосӣ дар асар мавқеи ҳалкунанда дорад. Ӯ чун яке аз хонандагони фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ ва чорабиниҳои фарҳангии мактаб ширкат варзида, маҳбуби аҳли деҳ гардидааст. Вале, дар зиндагии оилавӣ муваффақ намешавад. Сабабаш, чунонки ба бархе аз ҷавондухтарони бетаҷрибаи тоҷик хос аст, кӯтоҳандешӣ, гаправӣ ва рашки ноҷо мебошад. Ҳамин бадрашкӣ буд, ки гуноҳи шавҳарашро, ки ба доми Шаҳнозаи танноз гирифтор шуда буд, бахшида натавонист ва ҳамин ба зиндагӣ муносибати саҳлангорона доштан буд, ки ба «насиҳатҳои» Шафеӣ барин иғвогарону кӯрдилон дода шуда, оқибат ба душвориҳои зиёди зиндагии нофарҷом рӯ ба рӯ гардид.
Тасвири нобасомониҳои образҳои асосӣ боз ба як масъалаи муҳимми дигари ҳаёти оилавӣ ишора мекунад. Дар урфият мегӯянд: «Бахт бахти хонадории аввал аст». Муҳтавои ин ҳикмати халқиро, ки дорои ҷанбаи пурқуввати миллӣ мебошад, моҷарои зиндагӣ ва садамаҳои образҳои асосии асар Нозимӣ, Мушарраф ва Меҳрубон басо равшану возеҳ собит менамояд.
Умуман, романи сеҷилдаи «Дар орзуи падар» фарогири муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоии давр буда, дар насри имрӯзаи тоҷик мавқеи босазо дорад ва аз комёбиҳои адабӣ-эстетикии нависандаи он дарак медиҳад. Нависанда махсусан дар симои Меҳрубон образи типие офаридааст, ки барои ҳар як наврас ва ҷавони имрӯза намунаи ибрат аст. Забони асар низ равон, шево ва ҷолиб буда, ба мақолу зарбулмасал ва дигар воситаҳои тасвири бадеӣ ороиш ёфтааст. Кароматуллоҳи Мирзо барои романи «Дар орзуи падар» ва қиссаи «Дарди ишқ» соли 1992 барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидааст.
Ҷадид — нав, тоза. Ин истилоҳ дар ибтидои асри ХХ хеле паҳн гардид: ҳаракати ҷадидия, мактаби ҷадидия, адабиёти ҷадидия ва ғайра. ↑
Интибоҳ — бедорӣ, ҳушёрӣ, огоҳ шудан. ↑
Таҳрири охири «Тазкори ашъор»-и манзум мухтасар буда, оид ба 49 шоир маълумот медихад. ↑
Рашҳ — таровиш, он чӣ, ки метаровад. ↑
Загаронич — русии заграничный, яъне, хориҷӣ. ↑
Парастуй — русии простой, яъне, одӣ. ↑
Фалшав — русии фальшивый, яъне, сохта, сунъӣ. ↑
Мулозим — ҳамроҳ. ↑
Заиф — суст, камқувват. ↑
Қавӣ — калон, бузургҷусса, пурқувват. ↑
Хештандор — эҳтиёткор, парҳезкор. ↑
Хоҷа Аҳрори Валӣ (1404 –1490) – намояндаи машҳури силсилаи нақшбандия мебошад. ↑
Тарҷеҳ — бартарӣ, афзалӣ, беҳтар шумурдан. ↑
Мавло — соҳиб, молик, сарвар. ↑
Ям — баҳр. ↑
Тазмин — мисраъ ё байти шоиреро гирифта, дар ҳамон мазмун ва шакл шеър эҷод кардан. ↑
Ҳадис — гуфтугӯ, тавсиф. ↑
Миръот — ойина. ↑
Яди байзо — киноя аз дасти сафеди ёр. ↑
Халлоқулмаонӣ — офарандаи маъниҳои нав. ↑
Нохудо — ронандаи киштӣ. ↑
Байти тарҷеъ — байте, ки дар охири ҳар банд айнан такрор мешавад. ↑
Мустаид — омода будан, тайёр будан. ↑
Наҳҷ — тариқ, тавр, хел. ↑
Чиликин —иҷоранишини яке аз дӯстони Асирӣ будааст. ↑
Безар — безарар, безиён. ↑
Фоқа — фақр, камбағалӣ, муҳтоҷӣ. ↑
Шомма — қувваи бӯйфаҳмӣ, ҳисси бӯёӣ, димоғ. ↑
Аквондев — яке аз рақибҳои Рустам дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ. ↑
Аммома — салла. ↑
Иршод — ҳидоят кардан, раҳнамоӣ кардан. ↑
Арозӣ — ҷамъи арз, замин. ↑
Заръ — кишт, зироат. ↑
Ҳафр — кандан, кофтан. ↑
Дор — дунё. ↑
Иститоат — қувват, тавоноӣ, сабзиш. ↑
Ҷибиллӣ — фитрӣ, зотӣ, табиӣ. ↑
Тафаннун — фанҳои гуногун, ҳунарҳои гуногун. ↑
Синоот ё саноот — ҳунарҳо, пешаҳо. ↑
Ҷавда (т) – бахшандагӣ, некниҳодӣ. ↑
Дарой — занг; дар қадим номи асбоби мусиқӣ. ↑
Реҳлат — рафтан аз ҷое ба ҷое, даргузаштан, вафот кардан. ↑
Фалотун — Афлотун (428—348 то м.) файласуфи Юнони қадим. ↑
Арасту — Аристотел (384—322 то м.) мутафаккири Юнони қадим. ↑
“Комде ва Мадан”-и Бедил дар баҳри хафифи мусаддаси махбуни махбуни маҳзуф ё мақсур эҷод гардидааст:
К-ин ҷунунфитратони ғарраи ҷоҳ,
Аз ҳавас бар ҳаво фиканда кулоҳ.
—V — — / V — V — / VV ~ ↑
Сиёсати даҳриёна — сиёсате, ки бо Худову дин мухолифат дорад. ↑
Баллада аз як ё чанд асари манзум иборат буда, воқеаҳо дар атрофи як сужет гирд оварда шудаанд. ↑
Сонет (калимаи италиявӣ) шеърест, ки аз 14 мисраъ иборат буда, қофияааш абба, абба, ввг, дгд мебошад. ↑
Асарҳои фантастикӣ — асарҳое, ки дар онҳо ҳаёти инсон ба таври асотирӣ ва ғайривоқеӣ тасвир меёбад. ↑
Дар адабиётшиносӣ ҳолномаи устод такмил ёфтааст. Адабиётшинос Соҳиб Табаров дар «Зиндагиномаи Садриддин Айнӣ» (Душанбе, 2008.-480 с.) ном китобаш шаҷараи устод Айниро аз Абуабдуллоҳ Пояндаи Соктарегӣ (вафот соли 1601) оғоз карда, таъкид намудааст: «Акнун вақти он расидааст, ки моҳу соли таваллуди Садриддин Айниро на 15 апрели соли 1878, балки 15 апрели соли 1875 шуморем». ↑
Воқеаи Колесов — раиси Шурои комиссарони халқии Туркистон И.Ф. Колесов 2 марти соли 1918 ҳамроҳи ҷавонбухориён барои сарнагун кардани ҳукумати амир ба Бухоро ҳуҷум намуд, вале бемуваффақият анҷом ёфт. ↑
Шаҳри Душанбе аз соли 1929 то соли 1961 Сталинобод ном гирифта буд. ↑
Иона — ёрӣ додан, мадад кардан. ↑
Имзои мустаор — имзои пӯшида ва муваққатӣ. ↑
Айнӣ — чашма, чашм, аслӣ, баробарӣ ва ғайра. ↑
Арбоби ғано — шахсони доро ва бой. ↑
Марселеза — суруди инқилобии фаронсавӣ, гимни давлатии Фаронса мебошад. Муаллифи матн ва мусиқии он Руже де Лил (1760 – 1836) аст. ↑
Яке аз хусусияти услубии эҷодиёти С. Айнӣ он аст, ки ӯ асарҳояшро пеш аз чопи навбатӣ таҳрир мекунад. ↑
Тарака — тақсим намудани моли меросӣ байни меросхӯрҳо. ↑
Сағир — хурд. ↑
Матни куллиётии «Ғуломон» 610 саҳифа мебошад. ↑
Амир Ҳайдар чорумин амири Бухоро аз сулолаи манғития буда, солҳои 1802 – 1826 ҳукмронӣ кардааст. ↑
Суд — фоида, манфиат; судхӯрӣ — манфиатпарастӣ. ↑
Гузаро — касе ё чизе, ки дар ягон сифат аз ҳад гузашта бошад. ↑
Орият — чизеро ба касе барои истифодаи муваққатӣ додан. ↑
Заъф — сустӣ, нотавонӣ, беқувватӣ. ↑
Нахл — дарахт. ↑
Пиростан — қайчӣ задан, ороиш додан. ↑
Муқотила — ҷанг ва кушокушӣ. ↑
С. Айнӣ дар Анҷумани якуми нависандагони Иттиҳоди Шуравӣ (1934) дар Маскав ба А. М. Горкий шинос ва ҳамсуҳбат шуда буд. ↑
Девсор — монанди дев, зиштнамо. ↑
Мударрис — дарсдиҳанда, муаллими мадраса. ↑
Хутба — хондани дуо ва оятҳои Куръон. ↑
Банорас — матои майданақши сиёҳу сафед, ки тораш абрешиму пудаш ресмон мебошад. ↑
Риёкорӣ — дурӯягӣ ва покдомании зоҳирӣ. ↑
Ақоид — ҷамъи ақида, эътиқод. ↑
Ҳикмат — илмҳои фалсафӣ, фалсафа. ↑
Фиқх — илм оид ба қонунҳои шариати ислом. ↑
Хонақоҳ — ҷойе, ки шайхҳо ва дарвешон ибодат ва зиндагӣ мекунанд. ↑
Саттор — пӯшанда, пардапӯш. Яке аз номҳои Парвардигор. ↑
Адвор — ҷамъи давр, қисматҳои “Шашмақом”. ↑
Маъа шуаботаш — бо шуъбаҳояш. ↑
Рамл — фолбинӣ, пешгӯйӣ. ↑
Найранҷот — ҷамъи найранг. ↑
Ҳаз — баҳравар, бархурдор будан. ↑
Мил — чӯби қаламшакли нӯлборик, ки бо он ба чашм сурма мемоланд. ↑
Мамолик — ҷамъи мамлук, ғулом. ↑
«Одамият» ҷамъиятест, ки дар Эрон нимаи дуюми асри XIX ташкил ёфта буд ва намояндагони он дӯстӣ, бародарӣ, иттиҳод ва ёрии якдигарро таблиғ мекарданд. ↑
Машрута аз рӯйи қонун фаъолият намудани ҳукумат. Машрутахоҳӣ – талаби ҳукумати конститутсионӣ. ↑
Ордени Сатторхон ба шарафи роҳбари ҳаракати озодихоҳии миллии Эрон таъсис ёфта буд. ↑
Чанта — кашкул, зарфест, ки қаландарон ва дарвешон ба миён баста мегарданд. ↑
Лаолӣ — ҷамъи луълуъ; суханҳои фасеҳ. ↑
Кеш — мазҳаб, дин, оин. ↑
Таҳтонӣ — пӯшида, зимнӣ, дуюмӣ. ↑
Сензура — системаи назорати давлатӣ ба матбуот ва воситаҳои ахбор. ↑
Тирамоҳи соли 1941 28 кас аз дивизияи генерал–майор И.В.Панфилов (1893– 1941) дар назди Москва корнамоии бемисл нишон медиҳанд. Қариб ҳама ҳалок мешаванд, вале ҳуҷуми душмани чандин баробар зиёдро мегардонанд. ↑
Масруъ — касе, ки бемории саръ (эпилепсия) дорад. ↑
Венетсия — шаҳр дар шимоли шарқии Италия. ↑
Кипр — давлатест дар қисмати ғарбии Осиё. ↑
Дож — роҳбар ↑
Кӯра — оташдоне, ки дар он маъдан мегудозанд; хумдон. ↑
Гурд — паҳлавон, далер. ↑
Ситсилия Бенсиановна Хейфитс, бо тахаллуси Бону (1911–2003), шоира ва тарҷумони рус, ки баъди хатми курси шарқшиносии ш. Киев ба Осиёи Миёна омада дар соҳаи адабиёт ва фарҳанги тоҷик фаъолият мекунад. ↑
Устод Лоҳутӣ падари чор фарзанд – ду писару ду духтар мебошад. ↑
Моҳи гирифта – моҳе, ки нуқс дорад ва рӯшноиаш хира аст. ↑
Духтари Чингиз — ишора ба Нина ном тотордухтар аст, ки шоир ба ӯ ошиқ буд. ↑
МОПР — ташкилоти байналхалқии ёрирасон ба муборизони инқилобӣ. ↑
Истибдод — худсарӣ, худкомӣ, ҳукмронии ба сари худ. ↑
Ҳашам — дабдаба, шукӯҳу ҷалол. ↑
Занах — манаҳ, зери манаҳ. ↑
Ҳадиқа — косахонаи чашм. ↑
Оҳу — айб, нуқсон, хато. ↑
Расан — таноб, ресмон. ↑
Сибоъ — хайвони даранда, дад. ↑
Сулаймон — шоҳ ва пайғамбар дар аҳди қадим, ки тамоми дарандагону парандагон мутеи ӯ будаанд. ↑
Меш — гӯсфанд. ↑
Лаҳистон — Полша. ↑
Достони “Оби ҳаёт” ҳамроҳи С. Айнӣ, М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ навишта шудааст. ↑
Хорей — дар назми русӣ рукни дуҳиҷоӣ, ки ҳиҷои якумаш заданок мешавад. ↑
Ковуси Кай ё Кайковус — шоҳе аз қавми ориёиён, ки чун паҳлавон ва лашкаркаши бузург ном баровардааст. ↑
Наём — ғилоф. ↑
Парӣ — симои афсонавии ба чашм нонамоён, ки хушрӯю зебо тасаввур мешавад. ↑
Маънои луғавии Қаратоғро “Қарияи тоғ” гуфтаанд. ↑
Мирзо — котиб, муншӣ. Шахси бо хатнависӣ сарукордошта. ↑
Шаҳир — маъруф, машҳур, шуҳратёр. ↑
Калимаи шодон дар аксар маҷмуаҳои шоир саҳван шодам омадааст. ↑
Наполеон Бонапарт (1769 – 1821) — императори Фаронса дар солҳои 1804 – 1814. ↑
Таҳаввулот — ҷамъи таҳаввул, тағйирот, дигаргунӣ. ↑
Каста — табақа. Дар Ҳиндустон аҳолӣ ба кастаҳои бараҳманҳо (ходимони дин), кшатрия (ҳарбиҳо), вайся (савдогарон), шудра (деҳқонон, ҳунармандон, коргарон), чухра ва чамар (“нафратзадагон”) ҷудо мешавад. ↑
Махав — касе, ки ба бемории махавӣ гирифтор аст. Махавҳо алоҳида зиндагӣ мекарданд ва ҳуқуқи наздик шудан ба дигар гурӯҳҳои аҳолиро надоштанд. ↑
Санъати бадеие, ки эҳсосоти адибро ба воситаи саволгузориҳо ифода мекунад, таҷоҳули ориф (дониста худро ба нодонӣ задан) ном дорад. ↑
Шафиқ — меҳрубон, мушфиқ, дилсӯз. ↑
Хайра мақдам — қадам ба хайр бод, хуш омадед! ↑
Ноҳа — шакли кӯтоҳшудаи ноҳия (кишвар, мамлакат). ↑
Муттафиқ — якдилу якзабон. ↑
Либретто – матни адабии асарҳои саҳнавӣ. ↑
Ария — порчае, ки як кас бо ҳамоҳангии оркестр иҷро мекунад. ↑
Хор — матне, ки дастаи сарояндагон иҷро мекунанд. ↑
Уммед — мувофиқи талаби вазн ҳарфи “м” ташдид гирифтааст. ↑
Улуғзода (Благовешенская) Клавдия Александровна (1909-1965) – мутарҷим ва фолклоршинос, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. ↑
Табаррук — баракатдошта, муборак. ↑
Амад — чӯбҳои ба ҳам баста, ки барои гузаштан аз дарё ба кор мебаранд. ↑
Гупсар — машки оббарӣ, ки дарунашро пурбод карда, дар таги амад мебанданд. ↑
Коҳил — суст, танбал, лаванд. ↑
Каззоб — дурӯғгӯ. ↑
Питпилиқ — овози тақлидии бедона (парандаи кӯтоҳпарвози хушхони ҷангара). ↑
Тортуқ кардан — пешкаш кардан, пора додан. ↑
Валиаҳд — писари амир ё подшоҳ, ки ҳуқуқи баъди вафоти падар ба тахт нишастанро дорад. ↑
Кармина — шаҳри 8 км дуртар аз Бухоро. ↑
Рақоб — назорат кардан. ↑
Мутаассиб — шахсе, ки чизеро кӯркӯрона тарафдорӣ ва пуштибонӣ мекунад. ↑
Насри мустанад — насре, ки ба санадҳо, хуҷҷатҳо ва воқеияту тасвирҳои воқеӣ асос ёфтааст. ↑
Падари ӯгай — падарандар. ↑
Дасиса — макру ҳила. ↑
Доми тазвир — фиреб, ҳила. ↑
Оқсақол — сардори маҳалла, шахси боэътибор. ↑
Чимилчиқ — чодар, чодари арӯсӣ. ↑
Пошшохон — шоҳдухтар, духтари баландмартаба. ↑
Телба — саросема шудан, шитоб кардан. ↑
Ниқор — қасос ↑
Наузанбиллоҳ ё наузубиллоҳ — ба Худо паноҳ металабем. ↑
Шакароб задан — андак об пошидан ↑
Афоризм — ҳикмат, суханҳои ҳикматнок. ↑
Ҳамъинон — ҳамроҳ, шарик. ↑
Тоҷи Маҳал — Тоҷмаҳал, ёдгории машҳури асри 17 дар шаҳри Аграи Ҳиндустон. ↑
Чашмаи Носир дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнон ҷойгир шудааст. ↑
Замир — ботин, сират, моҳият. ↑
Арш — осмон. ↑
Деҳаест дар қисмати Бадахшони Афғонистон. ↑
Марзу бум — кишвар, сарзамин. ↑
Сутуру наванд — савориву аспи тезрафтор. ↑
Гав — паҳлавон, шуҷоъ. ↑
Асари детективӣ — асаре, ки ба ҳодисаҳои мураккаби дорои хусусияти ҷиноятӣ бахшида шудааст. ↑
Баъзе мақола ва эссеҳои нависанда ҳанӯз соли 1954 бо имзои мустаори Ф. Амин ба чоп расидаанд. ↑
Пойкор — пешхидмат, ходими гузар ё деҳа барои даъват кардани мардум ба тӯй, азо ва ғайра. ↑
Ресторан гуфтан мехоҳад. ↑
Фаръ — чизе, ки аз асл мерӯяд, чизи ғайриаслӣ, дуюмдараҷа ↑
Зуфунун — соҳиби фанҳо ва ҳунарҳои бисёр. ↑
Иёр — дилфиреб, дилрабо. ↑
Локӣ — миёнбанд. ↑
Кул(л) — бо талаби вазни шеър бо як «л» навишта шуд. ↑
Одер — дарё дар Аврупои Ғарбӣ, ки аз сарзамини Германия низ мегузарад. ↑
Доро — номи подшоҳи сулолаи Ҳахоманишиён (558—330 то м.). ↑
Ҷамшед — чорумин подшоҳ аз силсилаи Пешдодиён. ↑
Рукнобод — номи ҷӯйе дар Шероз. ↑
Шоири украин Тарас Григоревич Шевченко (1814—1861) дар назар аст. ↑
Рӯбоҳи румӣ — вазири ҳарбии собиқи Туркия Анварпошшо (вафот 1922) дар назар аст. ↑
. Мувофиқи қоидаи имлои нави забони тоҷикӣ (2021) ҷинсияти калимаҳои иқтибосӣ ба ҳисоб гирифта намешавад. Калимаи муаллима, бинобар дар матни достон истифода шуданаш, тағйир дода нашуд. ↑
Хатти сиёҳ — хатти азо нисбат ба қурбон шудани аскарон. ↑
Худоён — ин ҷо: шахсони баландмартаба. ↑
Муҳорибаи Сталинград аз 17.07.1942 то 2.02.1943 давом кард. ↑
Сурӯш — фаришта, малоика; пайғом аз ғайб. ↑
Сайёра — ҳаракаткунанда. ↑
Маллоҳ — киштирон, оббоз, шиновар. ↑
Данко — қақрамони ҳикояи М. Горкий – “Кампир Изергил”. ↑
Зуҳра — сайёраи Ноҳид, ки онро мутриб фалак меноманд. ↑
Хонаи Павлов — бино дар Волгоград, ки он ҷо шадидтарин муҳориба сурат гирифтааст. ↑
В. И. Чуйков (1900 – 1982) маршали Иттиҳоди Шуравӣ, сарфармондеҳи армияи 62-юм. ↑
Бародари Лоиқ — Қоришариф шикастабанди мумтоз аст. ↑
Мазор — деҳаи Мазори Шариф дар назар аст. ↑
Лоиқ Шералӣ ба наср низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, як қатор мақола, эссе, тақриз, пешгуфтор, мусоҳиба таълиф намудааст. ↑
Рукн — ба порчаҳои тараннумӣ ҷудо кардани мисраъҳо. ↑
Тавора — чапарак, девори аз шохҳо бунёдгардида. ↑
Маҳзар — ҷойи ҳозиршавӣ, макон. ↑
Бадеҳатан — сухане, ки бе тайёрии пешакӣ, якбора гуфта мешавад. ↑
Саҳли мумтанеъ — сухани мансур ва манзуми осонфаҳми баландмазмун, ки эҷоди он хеле мушкил аст. ↑
Наъш — тани беҷон, мурда, ҷасад. ↑
Фарри каёнӣ — шукӯҳу ҳашамати подшоҳони сулолаи Сосониён. ↑
Амон — паноҳ, наҷот. ↑
Ремарка — қайд, эзоҳ, тавзеҳ. ↑
Панҷ ҳисси зотӣ – панҷ воситаи дарки таъсири беруна: бӯйиш, сойиш, чашиш, шунавоӣ ва биноӣ. ↑
Чамидан — ҳаракат кардан, сойиш. ↑
Шамидан — бӯйидан, бӯй кардан. ↑
Самоъ — шунидан, гӯш кардан. ↑
Озарм — роҳат, осудагӣ, осоиш. ↑
Озор — ранҷ, азоб, шиканҷа. ↑
Оҷ — устухони фил, дандони фил, ки хеле қиматбаҳо аст. ↑
Луқмони Ҳаким — дар асотири халқҳои аҷаму араб номи марди ҳакиме, ки аслаш ҳабашӣ буда, дар аҳди Довуд пайғамбар мезистааст. Дар байни халқи тоҷик Луқмони Ҳакимро ба Абуалӣ ибни Сино айният додаанд. ↑
Қутайба ибни Муслим (соли вафот 715) – сарлашкари араб, ки солҳои 705 – 715 қисми зиёди Осиёи Миёнаро забт кардааст. ↑
Подаи касофати маркаб — чарогоҳи чиркини чорпоён. ↑
Фаришта — малак; фариштахӯ — некусиришт, поктабиат. ↑
Қашоғу — асбоб барои тоза кардани асп. ↑
Ашқар — асп, аспи рангаш сурхи ба зардӣ моил. ↑
Муттако — такягоҳ. ↑
Ем — хӯроки ҳайвонот. ↑
Тирукамонро рангинкамон ё камони Рустам ҳам мегӯянд. ↑
Тӯл — мавсими зоидани бузу гӯсфандхо. ↑
Истиқрор — барқарорӣ, пойдорӣ, устуворӣ. ↑
Иқдомот — ҷамъи иқдом, қадам мондан, шуруъ намудан ба коре. ↑
Минётур (миниатюра) — тасвирҳои нозуку зебо ва хурд дар санъати наққошӣ. ↑
Тоҷи Фаридун рамзи хушбахтии бардавоми миллат аст. Фаридун образи асотириест дар “Шоҳнома”. ↑
Ирфон — шинохтан, донистан, шинохтани Худо. ↑
Мувофиқи тибби қадим, агар зани ҳомила биҳӣ бештар хӯрад, тифли зебо таваллуд мекунад. ↑
Адам — нестӣ. ↑
Уруҷ — боло баромадан, боло рафтан. ↑
Ҳайҷо – набард, ҷанг, муҳориба. Майдони набард. ↑
Сӯфия ё тасаввуф — ҷараёни фалсафии асримиёнагӣ буда, бо роҳи завқу шавқ кашф намудани асрори одаму оламро таълим медиҳад. ↑
Бармакиён — хонадони қадимаи тоҷикон, ки аз Балх буда, бо фазилат ва кордонӣ шуҳрат доштанд. ↑
. Интермедия – намоиши иловагии хурдакаки байни пардаҳои драма, ки бештар мазмуни ҳаҷвӣ дорад. ↑
Пайкор — ҷанг, мубориза, муҳориба. ↑
Дар солҳои баъдиҷангӣ нусхаи нави фоҷиаи “Рустам ва Суҳроб” пешниҳод мешавад. ↑
Бадкуништ — бадкор, бадкирдор, бадамал. ↑
Мағмура — зери об шуда, нобуд гардида. ↑
Воқеъ дар ноҳияи Рашт. ↑
Зиндиқ — бедин, бехудо. ↑
Авранг — тахт, маснади шоҳӣ, шукӯҳ, бузургӣ. ↑
Девондор — мутасаддии ҳукму фармонҳои дарборӣ. ↑
Бора — девори қалъа ё девори шаҳр. Хоктӯдаи баланд дар гирдогирди шаҳр. ↑
Рағм — кори баръакс кардан. Бар рағми – бар хилофи, бар зидди. ↑
Ниёиш — дуои хайр, дуо аз рӯйи зорӣ ва илтиҷо. ↑
Ахгар — оташпора, лахча, ангишти афрӯхта. ↑
Ҷаҳонгир — ҷаҳонхоҳ, ҷаҳонҷӯй. ↑
Рӯсиёҳ – гунаҳгор, шарманда, беобрӯ. ↑
Ҳамора – ҳамеша, доимо, ҳамвора. ↑
Саҳоб — абр. Ҳарири симгуни саҳоб — либоси озодае мисли абри сафед. ↑
Лирика — аз калимаи юнонии лира (асбоби торноки мусиқии Юнони қадим) гирифта шудааст. ↑
Мурофиа — даъво ва ҷавобе, ки дар маҳкама гузориш меёбад. ↑
Ноқил ва ровӣ — дар асари бадеӣ образе, ки воқеаҳо аз забони ӯ нақл меёбанд. ↑
Реклама