ДОСТОНҲОИ МИРСАИД МИРШАКАР

Достони «Ливои зафар» аввалин таҷрибаи шоир дар роҳи достонсароӣ мебошад. Ин достон хусусияти тарҷумаиҳолӣ дорад ва дар панҷ боби он саёҳати якрӯзаи шоир ба сохтмони Вахш тасвир ёфтааст. Дар охири солҳои 30 шоир нусхаи аввали достони «Қишлоқи тиллоӣ»-ро ба анҷом мерасонад. Баъдтар ин достон такмил ёфта, боиси шуҳрати эҷодии муаллифаш мегардад.

Достони сеюми М. Миршакар «Панҷи ноором» ном дорад. Асар аз шаш боб иборат аст ва ҳар боб ба воситаи банди васила пайваст мешавад:

Мевазад боди тозаву форам,

Барги гулҳо ба ҷунбишанд аз он.

Мешавад паҳн дар фазо ҳар дам,

Ин суруди қадими кӯҳистон:

«Рӯзу шаб рӯди Панҷи ноором,

Мезанад доду мезанад фарёд,

Меравад худсарона,

Лекин ром

Ҳеҷ касро намешавад.

Ҳайҳот!»

Мундариҷаи достон дар асоси муқоисаи тарзи ҳаёти мамлакатҳои хориҷӣ ба тарзи зиндагии мардуми шуравӣ корбаст шудааст.

Достони «Ленин дар Помир» як саҳифаи таърихи зиндагии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар бар кардааст. Дар достон солҳои аввали Ҳукумати Шуравӣ дар кӯҳистони Бадахшон ва паҳн шудани ғояҳои ленинӣ тараннум мешавад.

Дар байни асарҳои калонҳаҷми М. Миршакар достони «Исёни хирад» боз ҳам ҷолибтар мебошад. Ин достон солҳои 1977– 1978 эҷод гардида, ба рӯзгори пурмоҷарои шоир ва файласуфи тоҷик – Носири Хусрав бахшида шудааст.

Қишлоқи тиллоӣ

Достони «Қишлоқи тиллоӣ» дар асоси афсонаи халқӣ эҷод гардидааст. Достон чунин оғоз меёбад: сайёде ҳангоми шикор ба як дараи кӯҳӣ меравад, ки он ҷо ҷӯйи обе равон буд. Дар даруни ҷӯй себи сурхеро дида, дар ҷустуҷӯйи боғ мешавад ва дар роҳ ба деҳаи зебое дучор меояд:

Халоиқ ҷумла он ҷо бахтиёранд,

Ҳама шоду ҳама масти баҳоранд.

Намедонанд номи зулму золим,

Хирадманданду доноянду олим...

Ба зери пояшон марҷону гавҳар,

Ҳама асбобашон аз симу аз зар...

Занон ҳам мисли мардон сарфарозанд,

Ғазал хонанду рақсанду навозанд...

Сайёд барои ба он макони ободу зебо бурдани аҳли оилааш ба хона бармегардад. Вале вафот карда, орзуҳояшро ба гӯр мебарад. Нақли сайёд дар бораи қишлоқи тиллоӣ паҳн мешавад. Дувоздаҳ нафар аз камбағалон ба ҷустуҷӯйи қишлоқи тиллоӣ мебароянд. Аксарияти онҳо ҳангоми ҷустуҷӯ ба сахтиҳо тоб наоварда талаф мешаванд. Як нафари онҳо зинда монда, ба орзуи Ватан аз баҳри мусофират мебарояд. Ӯ ба деҳае меояд, ки ба ҳамон қишлоқи тиллоии афсонавӣ шабоҳат дошт. Мусофир ба писараш – Шарафҷон дучор меояд. Шарафҷон ба падар мефаҳмонад, ки ин ҳамон деҳаи пешина ҳаст. Вале дар натиҷаи меҳнати дастҷамъонаи одамон ба қишлоқи тиллоии ҳақиқӣ бадал гаштааст:

Падарҷонам, нарезон ашки худро,

Нигар, охир, диёри туст ин ҷо!

Нигар, акнун туӣ андар диёрат,

Дар он ҷое, ки мондӣ рӯзгорат.

Ҳар он чизе, ки мебинӣ дар ин ҷо,

Гулу гулзору бустонҳои зебо,

Иморатҳои зебою дилоро,

Бувад маҳсули ранҷу меҳнати мо.

Дар қисмати охири достон ба ҳақиқат табдил ёфтани афсонаи мардуми Помир ва дар оянда боз ҳам беҳтару ширинтар гардидани ҳаёти халқ таъкид ёфтааст.

Достони «Қишлоқи тиллоӣ» дар шакли маснавӣ (қофиябандиаш аа, бб, вв...) ва дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф ё мақсур навишта шудааст.

Нишастам дӯш бо марди куҳансол,

Аҷаб пири суханвар буду хушҳол.

Мафоӣлун / мафоӣлун/ мафоил

V – – – /V – – – /V– ~

Достон ба бобҳо ҷудо нашудааст ва дар шакли монолог аз забони пири суханваре, ки баъди азобу машаққати ҷонгудоз ҳаёти хушбахтона насибаш гаштааст, эҷод гардидааст.

Образҳои достон

Дар достони «Қишлоқи тиллоӣ», асосан, се образ мушоҳида мешавад, ки ҳар се мусбатанд. Яке сайёд мебошад, ки бо вуҷуди кӯшиши зиёд дар роҳи зиндагии хушбахтона ба мақсад намерасад. Сайёд аз зиндагии бофароғат, муносибату муомилаи хайрхоҳонаи сокинони қишлоқи тиллоӣ ба ваҷд омада, мехоҳад аҳли оилаашро низ он ҷо барад. Вале баъди ба хонааш баргаштан дигарбора барои ба он диёри зебо рафтан ҷуръат намекунад. Суханҳои пеш аз марг гуфтаи пирамард ҷонгудоз ва пурҳасрат садо медиҳанд:

Дареғо, мемурам акнун, дареғо,

Надида як дами роҳат ба дунё.

Зи аввал бенаво будам, дареғо,

Раҳи ҳасрат бипаймудам, дареғо.

Бикардам орзуи бахтро, лек

Ба сӯйи бахт роҳам гашт торик.

Образи асосӣ падари Шарафҷон мебошад. Падари Шарафҷон дар ҷустуҷӯйи қишлоқи тиллоӣ бародараш, дигар ҳамдеҳагонаш ва боз ҷавониашро аз даст медиҳад. Ба тасвир калимаҳои муқобилмаънои баҳору хазон ва ҷавониву пирӣ қувват бахшидаанд:

Ба ҳар ҷое, ки рафтему расидем,

Ба ҷуз хорию бадбахтӣ надидем.

Баҳори умри мо охир хазон шуд,

Ҷавонӣ рафту пирӣ ҳамъинон[164] шуд.

Дар достон рӯзҳои охири оворагардиҳои пирамард боз ҳам хотирмонтар тасвир ёфтааст. Пирамарди танҳову озурда аз баҳри қишлоқи тиллоӣ гузашта, роҳи хонаашро пеш мегирад. Бадбахтона, роҳи хонаро низ гум мекунад. Дар ин ҳолат тасвир шиддат мегирад ва шоир дар ифодаи ҳолати руҳии образ аз воситаҳои тасвири ташбеҳу истиора, тавсиф ва саволу хитоб истифода мекунад. Пирамард аз ғояти ғаму дард ва гуруснагию хастагӣ аз ҳуш меравад ва дар беҳушӣ ҳам симоҳои аҷиби ба қишлоқи тиллоӣ монанд ро мебинад:

Зи байни абрҳо қасри кабуде,

Кабуду дилписанду хушнамуде.

Намоён гашт:

Ҳайронам, чӣ бошад?

Агар қаср аст вай, пас аз кӣ бошад?

Магар ин гунбади Тоҷи маҳал[165] буд?

Ва ё ин ҳилакории аҷал буд?

Ниҳоят, ин мард ҳангоми пирӣ ба деҳаи худ баргашта, онро шабеҳи қишлоқи тиллоӣ мебинад. Ӯ аз нав руҳ мегирад ва баҳри боз ҳам зеботар намудани Ватан камар мебандад.

Шарафҷон аз ду образи аввал фарқ дорад. Ӯ босавод аст ва ба қудрати одам бовар дорад. Суханҳои пурҳарорати Шарафҷон дар бораи ободии диёр симои ӯро чун шахси ватандӯсту воқеъбин ва сухандону маънирас ба назар ҷилва медиҳад. Ӯ дастгоҳи барқҳосилкуниро чунин тасвир менамояд:

Нигар бар хонаи болои дарё...

Ту гӯйӣ чанги пуртор аст он ҷо,

Ва ё зулфи каҷи ёр аст он ҷо.

Дар он ҷо торҳои мусиқӣ аст,

Кунад нохун бар онҳо паҳлавондаст.

Чу мутриб бар навозиш мекунад сар,

Шавад равшан диёри мо саросар.

Мирсаид Миршакар анъанаи эҷодиёти шифоҳӣ ва осори Низомии Ганҷавӣ («Искандарнома»), Абдурраҳмони Ҷомӣ («Хирадномаи Искандарӣ»), Аҳмади Дониш («Наводир-улвақоеъ»), Сиддиқии Аҷзӣ («Миръоти ибрат») барин суханваронро эҷодкорона истифода карда, асари басо ҷолиб таълиф намуд. Ғояи афсонаи қишлоқи тиллоӣ адолат, бахту саодат ва озодӣ мебошад. Шоир роҳҳои воқеии ба хушбахтӣ ва бахту саодат расидани ҷомеаро тасвир намудааст. Ба қавли адиб, ободии Ватану хушбахтии ватандор дар натиҷаи кӯшишу талош ҳосил мегардад.

Достони «Қишлоқи тиллоӣ» бо забони содаву фасеҳ, услуби дилкаши бадеӣ ва мазмуни баланди худ дар адабиёти даврони шуравӣ эътибори калон пайдо кард ва ҳоло ҳам яке аз асарҳои дӯстдоштании хонандаи тоҷик ба шумор меравад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Достонҳои М. Миршакарро номбар кунед.
  2. Муносибати «Қишлоқи тиллоӣ»-ро ба афсонаи халқӣ шарҳ диҳед.
  3. Мазмуни достон аз чӣ иборат аст?
  4. Вазну қофияи «Қишлоқи тиллоӣ»-ро муайян кунед.
  5. Дар достон кадом образҳо мушоҳида мешаванд?
  6. Образи Шарафҷон аз образҳои дигар чӣ фарқ дорад ?
  7. Оид ба истифодаи анъанаи адабиёти тоҷик дар «Қишлоқи тиллоӣ» чӣ гуфта метавонед?

Реклама