АБДУЛҲАМИД САМАД

(таваллуд 1947)

Зиндагинома

Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад зодаи деҳаи Шикоргаҳи ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон мебошад. Маълумоти миёнаро дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ гирифтааст. Соли 1965 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе дохил мешавад. Соли 1969 баъди хатми донишгоҳ ба идораи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ба кор меояд ва бо роҳнамоиҳои рӯзноманигорони шинохтаи ҷумҳурӣ фаъолият менамояд. Ин ҷо ба як гурӯҳ ҷавонони хушзавқу боистеъдод, чун Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Салимшоҳ Ҳалимшоҳ мепайвандад ва аз донишу таҷрибаи устодони матбуот баҳравар мешавад.

Абдулҳамид Самад муддати даҳ сол (1977 – 1987) дар шуъбаи насри маҷаллаи «Садои Шарқ» кор кардааст. Ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (1987 – 1988), ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи «Фарҳанг» (1989 – 1990), сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» (1990 – 1993) буд. Аз соли 1993 то соли 2015 ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Алҳол ба корҳои эҷодӣ машғул мебошад.

Фаъолияти адабӣ

Аввалин маҷмуаи А. Самад «Шохи чанор» (1981) ном дорад. Нависанда худ ёдовар шудааст: «Китоби нахустинро, ки аз ҳикояҳои навшогирдонаам мураттаб шудааст, бо умед «Шохи чанор» ном ниҳодаам, зеро ба арзиши як шохаки дарахти наср хидмат кардан низ хушбахтист...»

Абдулҳамид Самад, ҳамчунин, муаллифи маҷмуаҳои «Паррончакҳо» (1983), «Пиёлаи шикаста» (1985), «Аспи бобом» (1986), «Косаи давр» (1987), «Майдон» (1989), «Акаи ошиқ» (1992), «Шаҳдрези садо» (1997), «Талош» (2002), «Гардиши девбод» (китоби якуми роман соли 2007, китоби дувум соли 2015), «Санги маҳак ва тарозуи ҳунар» (2013), “Ёр дар бари ёр” (2019), “Чароғи дил” (2020), “Шаҳсутун” (2020) мебошад.

Абдулҳамид Самад мақолаҳои публитсистӣ ва сафарномаҳо низ таълиф кардааст. Аз ҷумла, мақолаҳои адиб оид ба ҳаёт ва эҷодиёти нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов («Устоди наср»), суханварони тоҷик Мирзо Турсунзода («Ифтихори миллат»), Фазлиддин Муҳаммадиев («Ҷони одам»), Ғоиб Сафарзода («Уқобе буд») ва Сайф Раҳимзод («Пайроҳа ва дунёи Сайф») таълиф гардида, пурмуҳтаво ва фарогиранд.

Соли 2000 нашриёти «Сурӯш»-и Теҳрон маҷмуаи осори Абдулҳамид Самадро бо номи «Баъд аз сари падар» ба табъ расонд. Қисми зиёди ҳикояву қиссаҳои нависанда ба забони русӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Баъзе қиссаю ҳикояҳояш ба забонҳои англисӣ, украинӣ, белорусӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, эстонӣ, литвонӣ ба табъ расидаанд. Нависанда як қатор қисса ва ҳикояҳои адибони маъруфро, чун А.П.Чехов, А. Несин, С.Залигин, Н.Дунбадзе, Г. Тютюнник, ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. А. Самад соли 1990 барои қиссаҳои «Баъд аз сари падар» ва «Аспи бобом» ба Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ сазовор гардидааст.

Давраи аввали эҷодиёт

Аз қадамҳои нахустин дар соҳаи адабиёти бадеӣ диққати Абдулҳамид Самадро масъалаҳои ахлоқии ҷомеа, ҳастии инсон ва маънавиёти муосирон ба худ ҷалб намуд. Дар ҳикояҳои «Мурофиа», «Қарз», «Субҳ медамид», «Мактаби шоҳтут», «Модар», «Хаёли ширин», «Шикор», «Эҳтиёт» ва ғайра мураккабиҳои табиати инсон ва чеҳраи зоҳирию ботинии он мавриди тасвири бадеӣ қарор гирифтаанд.

Ҳикояи «Мурофиа» чунин оғоз меёбад: «Хишир-хишири чизе ба торҳои асаби Мурод нохун зад. Вай ба паҳлуи дигар гашта, сарашро бо кӯрпа пӯшонд. Не, садо боз гӯшашро ҳарошид. Ӯ чашм накушода хост зану бачаҳояшро коҳиш диҳад (ӯ ҳамин хел одат дошт), ки намемонанд ором хоб равад. Вале аз чӣ бошад, лаби кӯрпаро поин тела дода, чашм кушод. Нигоҳаш ба шифти дудаолуди хона бархӯрд ва пай бурд, ки дар шаҳр не, дар деҳа хоб рафтааст».

Хонанда аз сархатти аввалин ба макони воқеа («шифти дудаолуди хона», «дар шаҳр не, дар деҳа хоб рафтааст») ва баъзе хислату одатҳои қаҳрамони ҳикоя («хост зану бачаҳояшро коҳиш диҳад») шинос мешавад ва пай мебарад, ки Мурод дар зиндагӣ шахси собитқадам ва масъулиятнок нест.

Нависанда дар ин ҳикоя масъалаи доғи рӯз – суст шудани пайвандҳои оилавӣ ва хешутабориро бардоштаст ва ин масъалаи муҳимми иҷтимоиро дар мисоли амалиёту муносибати Мурод ба модар, бародар ва ҳамқишлоқиён воқеӣ ва самимӣ нишон додааст. Мурод аз хурдӣ чун бачаи нозпарвард ба воя расид, баъд дар шаҳри Душанбе хонду дар яке аз мактабҳои олии Душанбе муаллим шуд ва дигар ба деҳа барнагашт. Мурод хислатҳои дурӯғгӯйӣ, нокорагӣ ва ваъдабозӣ дорад, ба майнӯшӣ дода шудааст. Бинобар ин, дар байни ҳамдеҳагон ва дӯстон эътиборашро гум кардааст.

Табиати номувофиқ ва рафтори номатлуби Мурод аз ҷониби модараш ва бародараш – Даврон маҳкум мешавад: «Ака, одам, ки аз меҳнат битарсад, дастаи бела каҷ мегӯяд, сад баҳонаи дигар меёбад. Ҳунарат, ки ҳамин буд, чиба ҳаваси олимшавӣ кардӣ? Ту дар шаҳр мегардиву маломат ба сари мо мерезад».

Махсусан, суханҳои талху ҷонкоҳи модар Муроди чилсоларо ба фикру андеша водор мекунанд. Аз ҷумла, чунин суханҳои модар: «сабилмондаро камтар бинӯшӣ, намешавад?», «бемеҳр шудаӣ», «раис васият кард, ки ба ҷанозааш Зокиру худата хабар накунанд», «мардака фиребҳои туву беномусиҳои Зокир ғамбемор кард», «мулоимхунукӣ кардӣ, аз ту умедам ин набуд», «раис ба ту чӣ бадӣ карда буд, ки дар чашмаш хок пошидӣ, дурӯғ гуфтӣ» Муродро маҷбур кард, ки ба худ ояд, тамоми амалҳои ношоистаашро пеши рӯ орад ва ақли солимро ба кор андозад. Мурод, ки дар ниҳодаш андаке ҷавҳари инсонӣ монда буд, аз суханҳои модар, бародар ва муомилаи ҳамдеҳагон хулосаи муфид бароварда тавонист.

Ҳикоя бо тасвири ҳолати пуршиддати руҳии Мурод ба анҷом мерасад: «Мурод айнакашро рӯйи раф гузошта бархесту берун баромад. Вуҷудашро ларзише фаро гирифта буд. Ба гумонаш аз паси ҳар дарахт, дару девор ҳамсояҳо ба ӯ менигаранду ришханд мезананд. Вай бо сари ҳамида бел дар даст боғ даромад ва ду навниҳолро решакан карда гирифту ба фарози теппа, ба сӯйи мазор, ба зиёрати оромгоҳи раиси Усмон роҳӣ шуд. Ӯ мисли касе, ки дар мурофиа[257] бо тамоми айбҳояш иқрор карда бошад, гунаҳгорона қадам мезад».

А. Самад асарҳои калонҳаҷм низ навиштааст ва нахустин қиссаи нависанда «Баъд аз сари падар» (1979) ва ягона романаш «Гардиши девбод» мебошанд. Дар қисса масъалаҳои худшиносӣ ва ҳимоя намудани шарафи инсонӣ бардошта шудааст. Мундариҷаи асар гуфтаи Сайидои Насафӣ – “Бепадар фарзанд помоли маломат мешавад”-ро тақвият медиҳад. Ҳаёти хушу хурсандонаи қаҳрамони асар – Хусрав баъд аз марги падар дар хонаи тағояш – Аҷик тамоман тағйир меёбад. Ӯ ҳамагӣ ҳашт моҳ дар хонаи тағояш зиндагӣ кардааст. Вале дар муддати кӯтоҳ қадду баст, тарҳи рӯ ва муносибати писарак ба одаму олам ба куллӣ тағйир меёбад. Хусрав дар деҳаи нообод ва камодами тағояш мефаҳмад, ки баъзан ширинсуханӣ ва хандаву меҳрубонӣ ҳам ниқобе барои пинҳон доштани хислатҳои разилонаву манфури инсон мешудааст.

Писарак ҳис мекунад, ки баъд аз сари падар бори масъулияти оила ва нигаҳбонии он ба дӯши ӯ афтодааст ва ба ин санҷиши тақдир бояд мардона тоб оварад: «Ту агар бачаи нангу номусдор бошӣ, хонаи падаратро напарто, обод нигоҳ дор. Чароғи хонаи падарата доимо даргирон, ки руҳаш шод шавад, одамҳо ба ту раҳмат бигӯян», – гуфтани модари Хусрав – Маҳингул вазифаи ҳар як фарзандро баъди марги падар муайян мекунад.

Хусрав дорои ахлоқи ҳамида ва ҷаҳонбинии солим мебошад ва рафтору кирдори одамони гуногунро дар тарозуи ақлу хирад бармекашад.

Такмили тасвир

Саргузашти Хусрав барои ҳар як наврас ибратомӯз аст. Бо қиссаҳои «Ҳавои тирамоҳ» ва «Рӯдапо» давраи сифатан нави тасвироти А. Самад оғоз меёбад. Дар ин қиссаҳо ва асарҳое чун «Сарлашкар» муносибати образҳо ба муҳит ва ҳаёти воқеӣ равшан эҳсос мешавад. Нависан-

да бар он аст, ки зиштӣ, худпарварӣ ва дигар амалҳои бади одамон натиҷаи муносибатҳои номувофиқи иҷтимоӣ мебошад. Дар қиссаи «Сарлашкар» ба воситаи ҷузъиёти пурзарофат характери мардуми деҳот ҳунармандона офарида шудааст. Масалан, занҳои деҳа дар кӯча қомати баланду сурати зебои Султонро дида чунин муҳокима меронданд: Лекин беваи сарсахт якта зоиду зӯр...

— Аҳ нагӯ... Худо ҳамин хел як писари баҷигарат диҳад, бас аст. Чӣ лозим одамсурати човасару каҷалапои зиёд?

— Рост. Худо лоиқ донист, – гуфта, ҳай зоидаму зоидам,–нолишомез ба суҳбат шарик мешуд дигаре. – Азоби сага кашида ба воя расондам, ки як рӯз даст мегиранд, ба дардам дармон мешаванд. Шукронаи ҷоншон, ки ғайр аз ташвишу саргардонӣ то ҳол ба хона сари хас наоварданд...

— О, диламро наков, ки халтаи зардов аст, – бо ҳасрат мегуфт дигаре. – Бо чи умеду орзу як лахт гӯшта одам кардам. Тамоми дороиямро ба хоку об зада, аҷинасареро додамашу дар балои азим гирифтор шудам.

Эҷодиёти А. Самад анъанаи насри ҳазорсолаи тоҷикро давом дода, дар ифодаи ҳолатҳои руҳии табақаҳои гуногуни ҷомеа саҳми муносиб гузоштааст.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Дар бораи зиндагиномаи А. Самад маълумот диҳед.
  2. Асарҳои нависандаро номбар кунед.
  3. Дар ҳикояи «Мурофиа» кадом масъала тасвир ёфтааст?
  4. Оё суханони модар ба Мурод таъсир карданд?
  5. Чаро ҳикоя «Мурофиа» номгузорӣ шудааст?
  6. Оид ба забони ҳикояҳои А. Самад чӣ гуфта метавонед?
  7. Дар бораи образи Хусрав (аз қиссаи «Баъд аз сари падар») маълумот диҳед.
  8. Дар қиссаи «Сарлашкар» хислатҳои мардуми деҳот чӣ гуна ифода ёфтаанд?

Реклама